Ворид гардидани 37069 хабар тариқи телефон ба мақомоти милитсия

Тибқи сиёсати роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳамкории зич бо аҳолӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти кормандони милитсия “Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020” ва “Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020” қабул карда шудааст. Дар партави татбиқи Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия дар назди мақомоти корҳои дохилӣ шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, ҳамкорӣ бо аҳолӣ наздик гардида, эътимоду боварии мардум ба кормандони милитсия афзудааст. Њамкории ҷомеа бо мақомоти корҳои дохилӣ на танҳо ба воситаи Шӯроҳои ҷамъиятӣ, ки дар он намояндагон аз ҷомеа фаъолият доранд, инчунин ба воситаи механизмҳои нави ҳамкорӣ ба монанди «Телефони боварӣ», «Телефони 02», «Хизмати мадад - 1919» ва ғайра амалӣ гардида истодааст.

Дар муддати нуҳ моҳи соли 2016 аҳли ҷомеа тариқи телефонҳои боварӣ 1750 маротиба муроҷиат намудаанд, ки аз ин зиёда 1000 муроҷиат ба Вазири корҳои дохилӣ, 452 муроҷиат ба сардори РВКД дар вилояти Суғд, 206 муроҷиат ба сардори РВКД дар вилояти Хатлон, 50 муроҷиат ба сардори РВКД дар ВМКБ, 33 муроҷиат ба сардори РВКД дар шаҳри Душанбе ва 9 муроҷиат ба сардори РВКД дар ноҳия ва минтақаи Рашт мебошад.

Баъди санҷишҳои мақсаднок гузаронидашуда дар 497 ҳолат хабарҳо тасдиқ  гардидаанд, ки аз ин 188 муроҷиат ба Вазири корҳои дохилӣ, 165 муроҷиат ба сардори РВКД дар вилояти Суғд, 71 муроҷиат ба сардори РВКД дар вилояти Хатлон, 35 муроҷиат ба сардори РВКД дар ВМКБ, 30 муроҷиат ба сардори РВКД дар шаҳри Душанбе ва 8 муроҷиат ба сардори РВКД дар ноҳия ва минтақаи Рашт мебошад. Вобаста ба 133 муроҷиати шаҳрвандон санҷишҳои дахлдор идома дошта, дигар муроҷиатҳо дар рафти санҷиш тасдиқ нагардидаанд.

Тариқи телефони боварӣ ҷамъ дар 1039 ҳолат оиди ҳуқуқвайронкуниҳо хабар дода шудааст. Баъди санҷишҳо муайян гардид, ки аз ин дар 119 ҳолат оиди содиршавии ҷиноятҳо ва дар 1020 ҳолат оиди содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ хабар дода шудааст. Аз он ҷумла ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ оиди содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо 1055 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар вилояти Суғд 246 нафар, ба сардори РВКД дар вилояти Хатлон 181 нафар, ба сардори РВКД дар ВМКБ 50 нафар, ба сардори РВКД дар ноҳия ва минтақаи Рашт 9 нафар муроҷиат намудаанд.

Омӯзиши муроҷиатҳо нишон дод, ки шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун тариқи телефони боварӣ муроҷиат менамоянд, лекин бештари муроҷиатҳо оиди ҳуқуқвайронкуниҳо мебошанд. Дар давоми 9 моҳ аз рӯи муроҷиати шаҳрвандон ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 20 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Тариқи телефони 02 (милитсия) низ шаҳрвандон мунтазам ва  таъҷилан оиди содиршавии ҳодисаю воқеаҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо хабар мерасонанд. Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ тариқи телефони 02 (милитсия) 37069 маротиба шаҳрвандон ба қисмҳои навбатдории мақомоти корҳои дохилӣ занг зада хабар расонидаанд. Аз ин хабарҳо 33751 хабар тасдиқи худро ёфта, 3318 хабар тасдиқ нагардидааст. Дар 6065 ҳолат ҳуқуқвайронкуниҳо сари вақт ошкор гардида нисбати ҳуқуқвайронкунандаҳо чораҳои қонунӣ андешида шудааст.

Аз хабарҳои тариқи телефони 02 (милитсия) воридгардида 7548 хабар оиди ҷиноятҳо мебошанд, ки 7406 хабар тасдиқ гардида, 142 хабар тасдиқ нашудааст. Аз рӯи ин хабарҳо 5869 ҷиноят кушода шуда, санҷиши 3386 хабар аз рӯи мӯҳлат идома доранд.

Тариқи телефони 02 (милитсия) дар 42 ҳолат оиди ҷиноятҳои одамкушӣ, дар 202 ҳолат оиди расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ, дар 27 ҳолат оиди таҷовуз ба номус, дар 445 ҳолат оиди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дар 17 ҳолат оиди тамаъҷӯӣ, дар 13 ҳолат оиди ҷиноятҳои роҳзанӣ, дар 43 ҳолат оиди ҷиноятҳои ғоратгарӣ, дар 241 ҳолат оиди ҷиноятҳои авбошӣ, дар 2119 ҳолат оиди ҷиноятҳои дуздӣ, дар 9 ҳолат оиди ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқу аслиҳа, дар 23 ҳолат оиди рабудани автомашина, дар 3 ҳолат оиди убури сарҳади давлатӣ ва дар 161 ҳолат оиди ҷиноятҳои самти иқтисодӣ мебошанд. Аз хабарҳои ба қайд гирифташуда 3706 хабар оиди ҳодисаҳо ва 25815 хабар оиди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мебошанд.

Таҳлили хабарҳои тариқи телефони «Боварӣ», «Хизмати мадад» ва «02» воридгардида нишондиҳандаи ҳамкории зичи аҳолӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

Ғуломов Қудратулло, мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3742787
ИмрӯзИмрӯз770
МоҳМоҳ22489
ХамагиХамаги3742787

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.