Саҳми босазои «Телефони боварӣ» дар пешгирии ҷинояткорӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси ботантана ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик, қайд намуда буданд, ки «Маҳаки асосии ислоҳоти милитсияро бояд ҳамкории зичи мақомот бо ҷомеа ташкил намуда, дар раванди пешбурди фаъолият зимни пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо он бояд аз имкониятҳои аҳли ҷомеа ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ васеъ истифода намуд».

Бо мақсади дар амал иҷро намудани ин дастури ҳаётан муҳими сарвари давлатамон роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста чораҳои зарурӣ андешида, ҳамкории мақомоти милитсияро бо аҳолӣ дар раванди пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо унсурҳои ҷинояткор хеле пурзӯр намудааст.

Яке аз чунин тадбирҳои судманд, ки ҳамкории мақомоти милитсияро бо ҷомеа таъмин намуда истодааст, фаъолияти босамари телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ мебошад, ки зиёда аз се сол аст, ки фаъолият дорад.  Бо дарназардошти аҳамияти чунин алоқаи муфид бо аҳолӣ телефонҳои боварии сардорони Раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва дар минтақаи Рашт ташкил шудааст ва фаъолият доранд.

Дар муддати нимсолаи аввали соли 2016 аҳли ҷомеа тариқи телефонҳои боварӣ 1080 маротиба муроҷиат намудаанд, ки аз ин 574 муроҷиат ба Вазири корҳои дохилӣ, 312 муроҷиат ба сардори РВКД дар вилояти Суғд, 130 муроҷиат ба сардори РВКД дар вилояти Хатлон, 33 муроҷиат ба сардори РВКД дар ВМКБ, 24 муроҷиат ба сардори РВКД дар шаҳри Душанбе ва 7 муроҷиат ба сардори РВКД дар  минтақаи Рашт мебошад.

Баъди санҷишҳои мақсаднок гузаронидашуда дар 317 ҳолат хабарҳо тасдиқ  гардидаанд, ки аз ин 102 муроҷиат ба Вазири корҳои дохилӣ, 125 муроҷиат ба сардори РВКД дар вилояти Суғд, 46 муроҷиат ба сардори РВКД дар вилояти Хатлон, 23 муроҷиат ба сардори РВКД дар ВМКБ, 20 муроҷиат ба сардори РВКД дар шаҳри Душанбе ва як муроҷиат ба сардори РВКД дар ноҳия ва минтақаи Рашт мебошад. Вобаста ба 101 муроҷиати шаҳрвандон санҷишҳои дахлдор идома дошта, дигар муроҷиатҳо дар рафти санҷиш тасдиқ нагардидаанд.

Тариқи телефони боварӣ, ҷамъ дар 692 ҳолат оиди ҳуқуқвайронкуниҳо хабар дода шудааст. Баъди санҷишҳо муайян гардид, ки аз ин дар 75 ҳолат оиди содиршавии ҷиноятҳо ва дар 617 ҳолат оиди содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ хабар дода шудааст. Аз он ҷумла ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ оиди содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо 358 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар вилояти Суғд 172 нафар, ба сардори РВКД дар вилояти Хатлон 115 нафар, ба сардори РВКД дар ВМКБ 32 нафар, ба сардори РВКД дар минтақаи Рашт 7 нафар муроҷиат намудаанд.

Омӯзиши муроҷиатҳо нишон дод, ки шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун тариқи телефони боварӣ муроҷиат менамоянд, лекин бештари муроҷиатҳо оиди ҳуқуқвайронкуниҳо мебошанд. Дар давоми нимсола аз рӯи муроҷиати шаҳрвандон ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ 12 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Масалан: аз рӯи аризаи шаҳрванд Тоирова Нодира Разоқбердиевна аз ҷониби РВКД дар шаҳри Душанбе 13.01.с.2016 барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ  нисбати шаҳрванд Назаров Бахтиёр парвандаи ҷиноятӣ №94397 бо моддаи 110, қисми 1 оғоз гардидааст.

09.01.с.2016  аз тарафи ШВКД дар ноҳияи Рўдакӣ аз рӯи аризаи шаҳрванд Бердиева Гулчеҳра Қаюмовна барои лату кӯб парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237, қисми 3 нисбати шаҳрвандон Миров С. ва Юсупов Д. оғоз гардидааст.

22.01.с.2016 аз ҷониби ШВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ аз рӯи аризаи шаҳрванд Абдурасулова Фарида барои лату кӯб парвандаи ҷиноятӣ   № 98099 бо моддаи 237 нисбати шаҳрвандон Каримовҳо оғоз гардидааст, аз ҷониби ШВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ аз рӯи аризаи шаҳрванд Ҷалолов Раҳматулло Абдураҳимович барои дуздии ҷавоҳироти тиллои парвандаи ҷиноятӣ №73128 бо моддаи 244, қисми 3, банди «А» нисбати шаҳрванд Фозилов А. оғоз гардидааст.

16.02.с.2016 аз тарафи ШВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ аз рӯи аризаи шаҳрванд Эралиева Қаратоҷ Бураевна барои лату кўб парвандаи ҷиноятӣ №98123 бо моддаи 237, қисми 2 нисбати шаҳрвандон Буриев Зарифҷон Латифович, Буриев Азизҷон Латифович ва Ширинбоев Ҷаҳонгир оғоз гардидааст.

Дар ШВКД дар ноҳияи Масчоҳ аз рӯи аризаи шаҳрванд Нуров Нураҳмад Одинаевич барои дуздии ашёҳои хонаи истиқоматӣ парвандаи ҷиноятӣ №2037 бо моддаи 244, қисми 2, банди «А» нисбати шахсони номаълум оғоз гардидааст.

16.02.с.2016 ШВКД дар ноҳияи Рўдакӣ аз рӯи аризаи шаҳрванд Худойбердиев Фахриддин барои лату кўби писару ҳамсараш парвандаи ҷиноятӣ №6533 бо моддаи 237, қисми 3 нисбати шаҳрванд Шеров Ҷамшед оғоз гардидааст.

16.02.с.2016 РВКД дар ш.Душанбе аз рӯи аризаи шаҳрванд Қурбонхолов Баҳодур барои лату кўби писару ҳамсараш парвандаи ҷиноятӣ №95261 бо моддаи 110, қисми 2, банди «К» нисбати шаҳрванд Умаров Суҳроб Баҳриддинович оғоз гардидааст.

25.05.с.2016 ШВКД дар ноҳияи Фархор аз рӯи аризаи шаҳрванд Салимов Ёраҳмад Маҳмадраҳимович барои лату кўб парвандаи ҷиноятӣ №6676 бо моддаи 237, қисми 3, банди «А» нисбати шаҳрванд Қурбоналӣ Саидхон Сафарзод оғоз гардидааст.

10.06.с.2016 ШВКД дар ноҳияи Масчоҳ аз рӯи аризаи шаҳрванд Бобоев Мирзораҳим Шарифович барои лату кўб парвандаи ҷиноятӣ №2927 бо моддаи 237, қисми 1 нисбати шаҳрванд Сафарова Қумриниссо Алиевна оғоз гардидааст.

ШВКД дар ноҳияи Восеъ аз рӯи аризаи шаҳрванд Очилов Нуриддин Турахонович барои лату кўб парвандаи ҷиноятӣ №18575 бо моддаи 111, қисми 2 нисбати шахсони номаълум ва ШВКД дар ноҳияи Данғара аз рӯи аризаи шаҳрванд Кенҷаев Саидамин Абдулазизович барои дуздии 13000 доллари ИМА парвандаи ҷиноятӣ №6421 бо моддаи 244, қисми 2, банди «А» нисбати шахсони номаълум оғоз гардидааст.

Ҳамин тавр дар дигар шаҳру ноҳияҳо боз аз рӯи муроҷиатҳо тариқи телефони боварӣ ба сардорони РВКД дар дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Таҳлили фаъолияти телефонҳои боварӣ нишон дод, ки ба воситаи телефони боварӣ ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти милитсия, бо аҳолӣ дар раванди пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо унсурҳои ҷинояткор вусъат бахшида шуда истодааст.

Бояд махсус қайд кард, ки ҳамкориҳо баъди Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ», ки моҳи июни соли 2012 интишор гардидааст, вусъат пайдо карда, рӯз аз рӯз беҳтар гардида истодааст, зеро шароити имрӯза чунин ҳамкориҳоро тақозо дорад. Вазорати корҳои дохилӣ ҳам бо мақсади боз ҳам беҳтар таъмин кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҳамкории мақомоти корҳои дохилиро бо аҳолӣ на танҳо тариқи телефони боварӣ, инчунин бо дигар роҳу воситаҳои таҳкимкунанда ба роҳ мондааст.

Телефонҳои боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2212121) ва сардорони Раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе (2211500), вилоятҳои Хатлон (221313), Суғд (2263038), ВМКБ (2224203) ва минтақа ва ноҳияи Рашт (22121) шабонарӯзи фаъолият дошта, ҳамеша омодаанд муроҷиати сокинони кишвари азизамонро қабул намоянд.

Боварии комил аст, ки чунин ҳамкории судманд бо ҷомеа на танҳо таъсири мусбии худро дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, инчунин дар пешгирии амалҳои ифротгароёнаву тундравона, бахусус дар байни ҷавонон ва ноболиғон мерасонад ва вазъи  риояи қонун ва тартибот боз ҳам беҳтар мегардад.  

Ғуломов Қудратулло, мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3742767
ИмрӯзИмрӯз750
МоҳМоҳ22469
ХамагиХамаги3742767

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.