Ворид гардидани 37069 хабар тариқи телефон ба мақомоти милитсия

Тибқи сиёсати роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳамкории зич бо аҳолӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти кормандони милитсия “Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020” ва “Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020” қабул карда шудааст. Дар партави татбиқи Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия дар назди мақомоти корҳои дохилӣ шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, ҳамкорӣ бо аҳолӣ наздик гардида, эътимоду боварии мардум ба кормандони милитсия афзудааст. Њамкории ҷомеа бо мақомоти корҳои дохилӣ на танҳо ба воситаи Шӯроҳои ҷамъиятӣ, ки дар он намояндагон аз ҷомеа фаъолият доранд, инчунин ба воситаи механизмҳои нави ҳамкорӣ ба монанди «Телефони боварӣ», «Телефони 02», «Хизмати мадад - 1919» ва ғайра амалӣ гардида истодааст.

Дар муддати нуҳ моҳи соли 2016 аҳли ҷомеа тариқи телефонҳои боварӣ 1750 маротиба муроҷиат намудаанд, ки аз ин зиёда 1000 муроҷиат ба Вазири корҳои дохилӣ, 452 муроҷиат ба сардори РВКД дар вилояти Суғд, 206 муроҷиат ба сардори РВКД дар вилояти Хатлон, 50 муроҷиат ба сардори РВКД дар ВМКБ, 33 муроҷиат ба сардори РВКД дар шаҳри Душанбе ва 9 муроҷиат ба сардори РВКД дар ноҳия ва минтақаи Рашт мебошад.

 
Ошкор намудани зиёда аз 70 ҷиноят аз ҷониби дружиначиёни ихтиёрӣ

Тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» таҳти №566 аз 03.12.с.2009 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №400 аз 02.08.с.2010 «Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи Дружинаҳои ихтиёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷумҳурӣ 67 ситодҳои дружинаҳои ихтиёрӣ ташкил шудааст, ки дар нимсолаи аввали соли равон 17 113 нафар дружиначиёни ихтиёриро муттаҳид менамоянд. Дар давоми нимсола  ба сафи дружинаҳои ихтиёрӣ 512 нафар қабул ва 174 нафар озод карда шудаанд.

Ба ҳисоби миёна ҳар шабонарӯз зиёда аз 500 нафар дружиначиён якҷоя бо кормандони милитсия ба хизмат сафарбар карда мешаванд, аз он ҷумла аз шаҳри Душанбе 100 нафар, вилояти Суғд 112 нафар, Хатлон 170 нафар, Рашт 12 нафар, НТҶ 100 нафар, ВМКБ 20 нафар.

 
Саҳми босазои «Телефони боварӣ» дар пешгирии ҷинояткорӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси ботантана ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик, қайд намуда буданд, ки «Маҳаки асосии ислоҳоти милитсияро бояд ҳамкории зичи мақомот бо ҷомеа ташкил намуда, дар раванди пешбурди фаъолият зимни пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо он бояд аз имкониятҳои аҳли ҷомеа ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ васеъ истифода намуд».

Бо мақсади дар амал иҷро намудани ин дастури ҳаётан муҳими сарвари давлатамон роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста чораҳои зарурӣ андешида, ҳамкории мақомоти милитсияро бо аҳолӣ дар раванди пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо унсурҳои ҷинояткор хеле пурзӯр намудааст.

 
Кор бо муроҷиатҳо тариқи телефони боварӣ боз ҳам тақвият дода мешавад

Сол аз сол муроҷиати шаҳрвандон тариқи телефони боварӣ афзуда истодааст. Ин шаҳодати боварии мардум ба Вазири корҳои дохилӣ ва ба роҳбарияти Раёсатҳои ВКД дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Тариқи телефони боварӣ дар семоҳаи аввали соли 2016 ҷамъ 516 нафар муроҷиат намудаанд, ки аз ин ба Вазири корҳои дохилӣ 268 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар вилояти Суғд 154 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар вилояти Хатлон 62 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар ВМКБ 18 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар шаҳри Душанбе 9 нафар ва ба телефони боварии сардори РВКД дар ноҳия ва минтақаи Рашт 5 нафар муроҷиат намудаанд.

Дар ин муддат аз муроҷиатҳои ба телефони боварӣ ҷамъ 150 хабар тасдиқ шудааст, ки аз муроҷиатҳо ба Вазири корҳои дохилӣ пешниҳодгардида 58 хабар, ба сардори РВКД дар вилояти Суғд пешниҳодгардида 57 хабар, ба сардори РВКД дар вилояти Хатлон пешниҳодгардида 16 хабар, ба сардори РВКД дар ВМКБ пешниҳодгардида 12 хабар, ба сардори РВКД дар шаҳри Душанбе пешниҳодгардида 7 хабар мебошад.  

 
52260 муроҷиат тариқи телефони 02 ва 102

Дар Вазорати корҳои дохилӣ тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд, ки алоқа ва ҳамкории аҳли ҷомеа бо мақомоти корҳои дохилӣ дар сатҳи хуб қарор дошта бошад. Албатта барои ин воситаҳои гуногуни алоқа, ба монанди телефони 02 ва 102, телефони боварии Вазири корҳои дохилии Љумҳурии Тоҷикистон (2212121) ва сардорони Раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе (2211500), вилоятҳои Хатлон (221313), Суғд (2263038), ВМКБ (2224203) ва минтақа ва ноҳияи Рашт (22121) ташкил карда шудааст ва фаъолият доранд. 

 
Ба телефони боварӣ эътимод меафзояд

Телефони боварӣ воситаи муҳими алоқаи мардум бо роҳбарияти вазорату идораҳои давлатӣ мебошад. Дар Вазорати корҳои дохилӣ зиёда аз се сол аст, ки телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2212121) ва сардорони Раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе (2211500), вилоятҳои Хатлон (221313), Суғд (2263038), ВМКБ (2224203) ва минтақа ва ноҳияи Рашт (22121) фаъолият доранд. Ба воситаи ин телефони боэътимод сокинони кишварамон имконияти васеъ доранд, ки ба Вазири корҳои дохилӣ ва сардорони раёсатҳои номбаршуда муроҷиат намоянд. Муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби кормандони телефони боварӣ қабул гардида, дар китобҳои махсус ба қайд гирифта мешаванд ва ҳамарӯза ба Вазири корҳои дохилӣ ва сардорони раёсатҳо пешниҳод мегарданд.

 
Телефони боварӣ – воситаи самарабахши ҳамкорист

Фаъолияти телефонҳои боварии Вазорати корҳои дохилӣ  доимо таҳти назорати роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ мебошад. Натиҷаи фаъолияти онҳо мунтазам тавассути сомонаи www.vkd.tj, www.mvd.tj ва ба воситаи ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» ба аҳли ҷомеа расонида мешавад. Телефонҳои боварӣ яке аз роҳҳои ба пуррагӣ ба қайд гирифтани муроҷиати шаҳрвандон мебошад. Тавассути рақамҳои телефонҳои боварӣ шаҳрвандон имкон доранд бевосита ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардорони Раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва минтақа ва ноҳияи Рашт муроҷиат намоянд.

 
Хизматрасонӣ тариқи телефони 02 ва 102 ба мардум

Телефони 02 ва 102 (милитсия) мададрасони мардум аст. Дар дилхоҳ вақт одамон аз ин рақамҳои телефон истифода намуда дар бораи содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳо ба милитсия хабар мерасонанд. Дар муддати шаш моҳи сипаригардидаи соли 2015 дар ҷумҳурӣ тариқи телефони 02 ва 102 оиди содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо 30587 нафар шаҳрвандон занг зада хабар расонидаанд, ки дар 25761 ҳолат хабари расонидашуда тасдиқ гардидааст. Танҳо 4827 хабар тасдиқ нагардидааст. Дар ин муддат 4512 ҳуқуқвайронкунӣ дар асоси хабарҳои телефони  «02 ё 102» сари вақт, яъне дар гармогармӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст. Санҷиши 2550 хабари қабулгардида аз рӯи муҳлати муқарраргардида давом доранд.

Аз 30587 хабари қабулгардида 5163 хабар дар бораи ҷиноятҳо мебошад, ки аз онҳо 4936 хабар тасдиқ гардида, 3711 ҷиноят сари вақт (дар гармогармӣ) кушода шудааст. Аз хабарҳои дар бораи ҷиноят расонидашуда дар 227 ҳолат онҳо тасдиқ нагардидаанд. Аз рӯи 2510 хабар санҷишҳо идома доранд.

 
Телефони боварӣ» таҳкимбахши робита бо ҷомеа

Барои мустаҳкам ва тавсеа бахшидани ҳамкорӣ бо ҷомеа телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ, сардорони Раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои ҷумҳурӣ шабонарӯзӣ фаъолият доранд. Ба фаъолияти ин телефонҳо эътибори махсус дода мешавад. Натиҷаи кори онҳо мунтазам баҳогузорӣ мегардад. Дар ним соли ҷорӣ ба рақамҳои ин телефонҳо ҷамъ 1232 нафар занг зада муроҷиат намудааст.

Ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ (2212121) 603 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар шаҳри Душанбе (2211500) 12 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар вилояти Суғд (83462222) 361 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар вилояти Хатлон (8322221313) 210 нафар, ба телефони боварии РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт (8313122121) 16 нафар ва ба телефони боварии сардори РВКД дар ВМКБ (8352222121) 30 нафар муроҷиат намудаанд.

 
Эътимоди мардум ба телефони боварӣ

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рӯз аз рӯз эътимоду боварии мардум ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ, сардорони Раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои ҷумҳурӣ зиёд гардида истодааст.

Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ (2212121) 586 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар шаҳри Душанбе (2211500) 16 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар вилояти Суғд (83462222) 292 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар вилояти Хатлон (8322221313) 178 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт (8313121769) 14 нафар ва ба телефони боварии сардори РВКД дар ВМКБ (8352222121) 23 нафар муроҷиат намудаанд.

 
Телефони 02 ва 102 мададрасони мардум

Телефони 02 ва 102 (милитсия) мададрасони мардум аст. Дар дилхоҳ вақт одамон аз ин рақамҳои телефон истифода намуда дар бораи содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳо ба милитсия хабар мерасонанд. Дар муддати чор моҳи соли 2015 дар ҷумҳурӣ тариқи телефони 02 ва 102 оиди содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо 11541 нафар шаҳрвандон занг зада хабар расонидаанд, ки дар 11004 ҳолат хабари расонидашуда тасдиқ гардидааст. Танҳо 537 хабар тасдиқ нагардидааст. Дар ин муддат 3445 ҳуқуқвайронкунӣ дар асоси хабарҳои телефони  «02 ё 102» сари вақт, яъне дар гармогармӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст. Санҷиши 1612 хабари қабулгардида аз рӯи муҳлати муқарраргардида давом доранд.

 
Муроҷиатҳо ба телефони боварӣ бе назорат намемонанд

Барои мустаҳкам ва тавсеа бахшидани ҳамкорӣ бо ҷомеа телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ, сардорони Раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои ҷумҳурӣ шабонарӯзӣ фаъолият доранд. Ба рақамҳои ин телефонҳо дар ду моҳи соли ҷорӣ 373 нафар занг зада муроҷиат намудааст.

Ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ (2212121) 197 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар шаҳри Душанбе (2211500) 7 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар вилояти Суғд (83462222) 100 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар вилояти Хатлон (8322221313) 61 нафар ва ба телефони боварии сардори РВКД дар ВМКБ (8352222121) 8 нафар муроҷиат намудаанд. Аз муроҷиаткунандаҳо 156 нафар дар бораи содиршавии ҷиноятҳо хабар додаанд.

 
Муроҷиатҳо ба «Телефони боварӣ» бе назорат намемонанд

Барои мустаҳкам ва тавсеа бахшидани ҳамкорӣ бо ҷомеа телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ, сардорони Раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои ҷумҳурӣ шабонарӯзӣ фаъолият доранд. Ба рақамҳои ин телефонҳо дар се моҳи соли ҷорӣ 604 нафар занг зада муроҷиат намудааст.

Ба телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ (221-21-21) 310 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар шаҳри Душанбе (221-15-00) 12 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар вилояти Суғд (8346-22-22) 167 нафар, ба телефони боварии сардори РВКД дар вилояти Хатлон (8322-22-13-13) 103 нафар ва ба телефони боварии сардори РВКД дар ВМКБ (8352-22-21-21) 12 нафар муроҷиат намудаанд.

 
Телефони боварӣ - таҳкимбахши ҳамкории ҷомеа бо милитсия

Дар ҷаласаи Мушовараи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 12 январи соли ҷорӣ фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2014 ҷамъбаст гардид, вобаста ба пуррагӣ ба қайд гирифтани ҷиноятҳо таъкид гардида, дар ҳамаи самтҳои хизматӣ дар ҷумҳурӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратура 16419 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2013-ум 892 ҷиноят зиёдтар мебошад.

Дар ҳақиқат ба хотири ба пуррагӣ ба қайду ҳисоб гирифтани ҷиноятҳои содиршуда ва ба роҳ мондани ҳамкории аҳли ҷомеа бо мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷониби роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зиёде солҳои охир ба амал бароварда шуд, ки  ҳолати ба пуррагӣ бақайдгирии ҷиноятҳо назар ба солҳои пешин хело беҳтар гардид. Яке аз чунин тадбирҳо ташкил намудан ва ба роҳ мондани телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ (2212121) ва сардорони Раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе (2211500), вилояти Хатлон (221313), Суғд (2263038) ва ВАБК (2224203) мебошанд, ки шабонарӯзӣ фаъолият доранд. Тавассути ин телефонҳо шаҳрвандон вобаста ба мушкилоти пешомада  бевосита ба Вазири корҳои дохилӣ ва сардорони Раёсатҳои ВКД дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ муроҷиат менамоянд.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3876273
ИмрӯзИмрӯз439
МоҳМоҳ26777
ХамагиХамаги3876273

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.