|
Номаи раисони ҷамоатҳои «Гули Сурх», «Зарҳалол», «Пошкент», «Правда», «Ленинобод», «Савристон», «Қалъаи баланд», «Нофароҷ», «Ниҷонӣ» ва маҳаллахонаҳои ноҳияи Истаравшан ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов…
Донистани қадру қимати зан-модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар фарди баору номус аст. Мо низ метавонем номи чандин занони меҳнатқарине, ки дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмат кашидаанд ва саҳми сазовори хешро дар ташаккули он гузоштаанд, ба забон орем. Дар байни сохторҳои қудратӣ шояд мақомоти корҳои дохилӣ бо доштани теъдоди зиёди занон фарқ кунад. Зеро дар мақомоти корҳои дохилӣ зиёда аз 1500 нафар занон фаъолият мекунанд, ки аз инҳо 9 нафар бо рутбаи полковники милитсия ва 71 нафар бо рутбаи подполковники милитсия мушарраф гаштаанд.
Бегоҳии 16 январи соли 2013 тахминан соати 16:45-дақиқа, ҳангоми бозгашт аз тайёрии қадамзании ҳарбӣ, бахшида ба 20-солагии Артиши миллӣ, чор нафар курсантони курси 2-юми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати роҳи кӯчаи Дӯстии халқҳо, назди хонаи №25 аз автомашинаи сӯхтаистода ронандаашро наҷот дода, кашида ба берун бароварда, аз чанголи оташ халос карданд. Амали наҷотдиҳии ронандаро курсанти курси 2-юми Академияи мазкур Ҳоҷиев Зулфиқор Мухторович анҷом дода, курсантон Буронов Т.М., Солеҳов А.М. ва Юсупов С.М. ба ӯ мусоидат намудаанд.
Бо фарорасии фасли зимистон ва сард шудани боду ҳаво ба вуқӯъ омадани ҳодисаҳои сӯхтор хусусан дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, ки барои гарм намудани манзилҳои зист аз ҳар гуна асбобҳои гармидиҳандаи барқиву газӣ ва оташдонҳо истифода бурда, қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро аксар вақт риоя намекунанд, зиёд мегардад.
Ҳамин амал буд, ки дар санаи 19 декабри соли 2012 соати 14:02 дақиқа дар манзили истиқоматии шаҳрванд Аҳмад Очилдиев, воқеъ дар кӯчаи Раҳим Ҷалили шаҳри Турсунзода сӯхтор ба амал омад. Алангаи оташ дар масоҳати 18 метри мураббаъ дохили ҳуҷраро фаро гирифта, ба зуди ба шифти хона паҳн мегашт.
Шоми дирӯз баъд аз баромади бомуваффақона ва ба даст овардани нишони биринҷии 30-умин бозиҳои Олимпии Лондон лейтенанти милитсия нозир-методисти ҷамъияти варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ Мавзуна Чориева ба Ватан баргашт. Ӯро дар Фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамкорон, ёру дӯстон ва шумораи зиёди мухлисонаш аз минтақаҳои гуногуни кишварамон пешвоз гирифтанд ва ӯро бо ин дастоварди бузургаш самимона табрик гуфтанд. Маросими пешвозгирии Мавзуна Чориева бо шукӯҳу шаҳомати хосса, зери садои мусиқии мутантани миллӣ сурат гирифта, садҳо ҳаводорони маҳорати баланди варзишии ӯ ба пешвозаш баромада буданд ва аз ӯ гарму самимӣ ва бо гулу гулдастаҳо истиқбол гирифтанд
Аз санаи 8-ум то 11-уми ноябри соли равон дар шаҳри Маямии штати Флоридаи Амрико чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини тарзи «дзюдо» байни устодони варзиш баргузор гардид. Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ устодони варзиши зиёда аз 46-давлати дунё, дар вазни 100 кг ва аз он боло бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар баробари дигар варзишгарон аз давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ аз ҷумҳурии мо низ устодони ин навъи варзиш Хайрулло Назриев ва Исмоил Исломов узви Ҷамъияти варзишии «Динамо»-и ВКД иштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар ин мусобиқа устоди варзиш Хайрулло Назриев бо варзишгарони давлатҳои Нидерландия, Венгрия, Чехия, Амрико ва Германия дар вазни мутлақ ва вазни аз беш 100 кг сабқат намуда, ба онҳо дастболо гардидааст. Хайрулло Назриев, полковники хизмати дохилӣ дар ин мусобиқаи ҷаҳонии навъи дзюдо дар вазни мутлақ сазовори ҷойи якум бо медали тилло ва дар вазни аз 100 кг боло сазовори ҷойи 3-юм бо медали биринҷӣ ба Ватан баргашт. Хайрулло Назриев ифтихори хамкорону ҳамкасбон буда, ӯро бо ин дастоварди бузургаш самимона табрик менамоем. Ҳамчунин Хайрулло Назриев барои ин нишондоди олии варзишиаш аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо тӯҳфaҳои қимматноки хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.
Асадуллоев М.
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.