Изҳори сипос аз саҳми кормандони милитсия дар бартарафсозии офатҳои табиӣ

Ба Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ.

 Аз ҷониби сокинони деҳаи Навбаҳори

ноҳияи Восеи вилояти Хатлон

  

                                                                                       Муҳтарам Рамазон Раҳимзода!

 Мо сокинони деҳаи Навбаҳори ноҳияи Восеъ, ки дар рӯзҳои 12 ва 13-уми апрели соли равон бар асари офатҳои табиӣ мардуми деҳаамон зарари ҷиддӣ дида будем ба Шумо ва кормандонатон дар ноҳияи Восеъ барои кӯмакашон изҳори сипос менамоем.

Дар давоми рух додани офати табиӣ ва бартарафсозии оқибатҳои он мардуми деҳаи мо ҳамеша дастгирӣ ва кӯмаки ҳаматарафаи кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Восеъро баръало ҳис намуда аз онҳо сипосгузор мебошанд.  Махсусан дар ҳолати омадани ин офат мардуми деҳаро кормандони ШВКД-и ноҳия аз ҷойи хавфнок ба ҷойи бехавф кӯчонида, хонаҳои холимондаи онҳоро таҳти назорат гирифта, барои нигоҳдории молу мулки мардум шабонарӯзӣ хизмат расониданд. Аз ин ҷост, ки дар ин ҳолат ягон дуздии молу мулки шаҳрвандони зарардида ва қурбонӣ аз ин офати табиӣ ҷой надошт.

Бо эҳтиром сокинони деҳаи Навбаҳори ноҳияи Восеи вилояти Хатлон.

 
Миннатдорӣ

Ба Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Рамазон Ҳамро

 Аз номи сокинони деҳаи

Чордараи ноҳияи Восеъ

 

Муҳтарам Рамазон Раҳимзода!

 

Мо сокинони деҳаи Чордараи ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, ки дар рӯзҳои 12 ва 13-уми апрели соли равон бар асари офатҳои табиӣ зарари ҷиддӣ дида будем ба Шумо ва кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Восеъ барои хизмати софдилонаашон изҳори миннатдорӣ баён менамоем.

Дар ҳолати рух додани офати табиӣ, ки дар деҳаи Чордара рӯй дод, пеш аз ҳама бо дастгирии ҳаматарафаи кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Восеъ ва нозирони минтақавии ҷамоати деҳоти Тугарак, ки дар ин ҷо минтақаи хизматии милитсияи №3 Шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ фаъолият дорад, саҳми арзандаи худро гузоштаанд ва то имрӯз дар якҷоягӣ бо кормандони ҷамоати деҳоти Тугарак барои мардуми аз офати табиӣ зарардида хизмат расонида истодаанд.

Ҳангоми рӯй додани офати табиӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои нигоҳ доштани молу мулки мардуми зарардида шабона хизмат расониданд, ки молу мулки шаҳрвандони зарардидаро ба яғмо набаранд.

Бо эҳтиром як гурӯҳ сокинони деҳаи Чордараи ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеи вилояти Хатлон.

 
Сипосномаи сокинони деҳаи Тугарак

Ба Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ.

 Аз номи сокинони деҳаи Тугараки

ноҳияи Восеи вилояти Хатлон

  

                                                                                   Муҳтарам Рамазон Ҳамро!

 Шаҳрвандони деҳаи Тугараки ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба Шумо ва кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Восеъ барои хизмати содиқонаашон изҳори миннатдорӣ баён менамоянд, ки дар рӯзҳои 12 ва 13-уми апрели соли 2014 деҳаи мо зери хатари офати табиӣ монда буд, тамоми қувваю малакаҳои худро сафарбар намуда мардумро ба ҷойи бехавф кӯчониданд.

Инчунин, кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо дружиначиёни ихтиёрӣ шабонарӯзӣ дар деҳаи мо тартиботи ҷамъиятиро нигоҳ доштанд. Хулоса сокинони деҳаи мо сиёсати пешгирифтаи Шуморо дар симои кормандони ҳифзи ҳуқуқ мебинанд ва ба Шумо изҳори сипос менамоянд.

Бо эҳтиром як гурӯҳ сокинони деҳаи Тугарак.

 
Номаи мардуми Зарбдор ба Вазири корҳои дохилӣ

                                                                  Ба Вазири корҳои дохилии

                                                                  Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                      генерал-лейтенанти милитсия

                                                                  Раҳимзода Р.Ҳ.

                                                                                         Муҳтарам Рамазон Ҳамро!

Бо арзу сипоси беандоза ва миннатдории бепоён мо сокинони деҳаҳои М.Ибронов, Панҷосиёб ва Зарбдори шаҳри Кӯлоб тавассути ин нома фикру ақидаамонро ба Шумо нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мерасонем.

Дар таърихи 11-12  апрели соли 2014  боридани бориши шадид ва жола шурӯъ гардид. Аз ин ҷиҳат, заҳбурҳои обгузар пур шуда, мардуми деҳаҳои зикргардида аз ба вуқӯъ омадани чунин вазъ дар таҳлука афтода, роҳи ҳалли ин ҳодисаро меҷӯстанд.

Барои ҳалли ин ҳодиса ва расонидани ёрии амалӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ҳайати шахсии ШВКД дар шаҳри Кӯлоб зери роҳбарии бевоситаи Шумо ба ёрии зарардидагон шитофтанд. Онҳо тавонистанд, ки тавассути истифодаи воситаҳои нақлиёти боркаш сокинонро ба ҷои бехавф кӯчонанд.

Мо сокинон пайваста  дар баромадҳои  Ҷаноби Олӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешунидем, ки «Мақомоти корҳои дохилӣ сипари боэътимоди ҷомеа мебошад», ҳангоми иҷроиши вазифаҳои ба ӯҳдаашон вогузоршуда ин гуфтаҳо тасдиқи худро ёфтанд. Дар охир ҳаминро қайд карданием, ки:

Ба мақсад мерасад он миллату он садри бо номус,

Дар он ҷое, ки қонуни муқаддас ёдрас бошад.

 

Бо эҳтиром,  сокинони ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб.

 
Сипосгузорӣ ба кормандони милитсия

Ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ.

 Аз номи сокинони деҳаи ба номи

«Р.Файзов»-и ҷамоати деҳоти Тугараки

ноҳияи Восеи вилояти Хатлон

 

Муҳтарам Вазири корҳои дохилӣ!

 Мо сокинони деҳаи «Рамазон Файзов» ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, ки дар рӯзҳои 12 ва 13-уми апрели соли равон бар асари офати табиӣ мардуми аҳолии деҳамон  зарари ҷиддӣ дида  будем, ба Шумо ва кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Восеъ барои кӯмакашон изҳори миннатдорӣ баён менамоем.

Дар давоми рух додани офати табиӣ ва бартарафсозии оқибатҳои он мардуми деҳаи мо ҳамеша дастгирӣ ва кӯмаки хаматарафаи кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Восеъро ҳис намуда, аз онҳо сипосгузор мебошанд.

Махсусан  дар ҳолати омадани ин офат мардуми деҳаамонро кормандони ШВКД-и ноҳияи Восеъ аз ҷои хавфнок ба ҷои бехавф кӯчонида, хонаҳои холии онҳоро шабонарузӣ таҳти назорат гирифта молу мулки онҳоро ҳифз намуданд. Кордонӣ ва малакаи хуби касбии онҳо буд, ки дар деҳаи мо ягон ҳолати дуздии молу мулки шаҳрвандони зарардида аз офати табиӣ ҷой надошт.

Бо эҳтиром, сокинони деҳаи «Рамазон Файзов»-и ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ.                                                     

 
Изҳори миннатдорӣ

                                                                               Ба Вазири корҳои дохилии

                                                                         Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                               генерал лейтенанти милитсия

                                                                                    Мӯҳтарам Раҳимзода Р.Ҳ.

                                                                                Аз номи сокинони деҳаи

                                                                                   Меҳрвари ҷамоати Чубек

 

 

Мӯҳтарам Вазири корҳои дохилӣ,

 

Тавре огаҳӣ доред, ба деҳаи Меҳрвари ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бар асари боришоти зиёд ва омадани  сел зарари калони иқтисодӣ ва моддию маънавӣ расид.

Дар ин рӯзҳои вазнин барои аз офат наҷот ёфтан ва ба ҷои  бехавф кӯчонидан, кӯмаки нозирони минтақавии ШВКД-и ноҳияи мазкур бо сардории подполковники милитсия Аминҷонов Б.С басо назаррас буд. Дар рӯзҳои 12-13-14-ӯми апрели соли 2014 аз тарафи нозирони минтақавӣ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шуд.

Бинобар ин, мо сокинони деҳаи Меҳрвар ба сардори ШВКД-и ноҳия, ҳайати шахсӣ ва нозирони минтақавии ҷамоати мазкур изҳори миннатдорӣ баён намуда, дар фаъолияти минбаъдаи ҳайати шахсии ШВКД-и ноҳия муваффақиятҳо орзу менамоем.

 

Раиси маҳаллаи деҳаи Меҳрвари ҷамоати Чубеки ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Одинаев С. ва ҳаждаҳ нафар сокинони ҳамин деҳа.

 
Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯхтарам Эмомалӣ Рахмон ба муносибати Рӯзи милитсияи точик, 10 ноябри соли 2013

          Мӯҳтарам афсарону сарбозон ва кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Имрӯз ҳамаи шумо – муҳофизони ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятй, манфиатҳои давлату ҷомеа ва сулҳу ваҳдати миллиро ба ифтихори ҷашни касбиатон - Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоматон саломатй, хонаободй ва дар фаъолияти пуршарафи хизматиатон комёбиҳои рӯзафзун орзумандам.

Воқеан ин касби пурифтихор аз ҳар як корманди милитсия устувориву иродаи қавӣ, дасту дили пок ва садоқат ба халқу Ватанро тақозо менамояд.

Давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати таҳкими асосҳои моддиву техникии ин сохтори бонуфуз, ба хизмат ҷалб кардани кормандони баландихтисос, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва хизмати ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷӯҳи мунтазам зоҳир менамояд.

Тавре, ки ба ҳама маълум аст, соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон барои мо сарвати гаронбаҳотарин маҳсуб меёбад, зеро он таҷассумгари орзуву умеди чандинасраи халқи тоҷик мебошад.

Дар ин росто зикр кардан зарур аст, ки кормандони милитсия ҷиҳати барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини оромиву суботи сиёсӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар сафи пеши мубориза бар зидди гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шуҷоатмандиву далерӣ ва фидокориву ҷоннисорӣ нишон дода, дар таҳкими нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳон саҳми арзанда гузоштаанд.

Итминони комил дорам, ки ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҷомеа минбаъд низ шарафмандона захмат кашида, донишу малака ва таҷрибаву маҳорати касбии худро мунтазам такмилу тақвият мебахшанд.

Бори дигар хамаи шумо - кормандони мақомоти корҳои дохилиро бо ҷашни касбиатон табрик намуда, дар иҷрои қарзи муқаддаси фарзандӣ дар назди Ватан ва миллати куҳанбунёди тоҷик бароятон тансиҳатӣ, хотири осуда, шуҷоату ҷасорат, ҳушёриву зиракӣ, иродаи қавӣ ва барори кор орзу менамоям.

           Ҳамеша сарфарозу сарбаланд бошед!

 
Сипоснома

                                                                                                                         Ба Вазири корҳои дохилии

                                                                                                                Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                                                                                генерал лейтенанти милитсия

                                                                                                                       Мӯҳтарам Раҳимзода Р.Ҳ.

 

            Мӯҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро,

 

 Мо як гурӯҳ сокинони  деҳаи Таги-намаки ҷамоати деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба маълумоти Шумо мерасонем, ки рӯзи 12-уми апрели соли равон дар натиҷаи офати табиӣ - боридани борони сел, ба манзили истиқоматиамон, ки иборат аз 14 ҳуҷра буд, зарари калон расид. Дар натиҷа оби сел ба даруни заминҳоямон даромада, хисороти калон ба бор овард. Дар ин ҳолати ногувор кормандони милитсияи ноҳияи Ҳамадонӣ сари вақт бохабар шуда ба назди мо омада, то манъ шудани об тартиботи ҷамъиятиро таъмин намуданд. Бар замми ин ашёҳои рӯзғор ва моли калони шохдорамон низ ҳифз гардиданд.

Мо, имзокунандагони зерин ба Шумо мӯҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва тамоми кормандони милитсияи ноҳияи Хамадонӣ миннатдории худро баён мекунем.

 

Бо эҳтиром, раиси маҳаллаи деҳаи Таги-намак ва ҳафт нафар сокинони  деҳа.

 
Сипоснома

Ба Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал лейтенанти милитсия

Раҳимов Рамазон Ҳамроевич

 

 

 

Сипоснома

Ҳайати коллективи омӯзгорон, хонандагони мактаби таҳсилоти умумии асосии №18 деҳаи Бағуи ноҳияи Рӯшон ва истиқоматкунандагони деҳаи мазкур барои ҳаматарафа дастгирӣ намудани мактаби номбурда, ки бори аввал ва аввалин шахсе мебошед, ки ба чунин мактаби на он қадар калон аз маркази ноҳия дур буда, Шумо мӯҳтарам Вазир ба он ҷо дидан намудеду аз таҷҳизоти нави замонавӣ, ки барои мактабамон хеле зарур дониста шуд дар арафаи 22-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфа намудед, сипоси беандоза ва миннатдории хешро ба Шумо мӯҳтарам Вазир баён мекунем. Мо бошандагони деҳаи Бағу ҳеҷ вақт қадрдонии Шуморо мӯҳтарам Раҳимов амазон фаромӯш нахоҳем кард.

Дар ивази ин мо ба Шумо ваъда медиҳем, ки барои ободии диёри Тоҷикистонамон саҳми худро мегузорем.

Ба Шумо Вазири накукору саховатманд аз даргоҳи Худованд пеш аз ҳама саломатии хонадон, умри дарозу пурбаракат ва хонаи ободро дарталабонему дар корҳои ояндаатон муваффақиятро орзумандем.

Бо арзи сипос: омӯзгорон, хонандагон, истиқоматкунандагони деҳаи Бағуи ноҳияи Рӯшон.

 

 

Директори мактаби таҳсилоти умумииҚурбонбеков С.

асосии №18-и деҳаи Бағуи ноҳияи Рӯшон                                       

  

 
Изҳори сипос ба кормандони милитсия

                                                                                                                         Ба Вазири корҳои доҳилии

                                                                                                                 Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                                                                                генерал-лейтенанти милитсия

                                                                                                       Раҳимзода Р.Ҳ.

 

Мӯҳтарам Рамазон Раҳимзода,

 

Маъмурияти муассисаи давлатии «Маркази Ҷумҳуриявии бемориҳои асабу  равонӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Турсунзода миннатдории хешро ба сардори ШВКД дар шаҳри Турсунзода генерал-майори милитсия Искандаров М.А. мерасонад.

Санаи 19 апрели соли 2014 таҳти роҳбарии Искандаров Муҳаммадшо ба Маркази мо маводи ғизоӣ, аз қабили 10 кило гӯшт, 50 дона нон, 30 кило сабзӣ, 25 кило биринҷ, 10 кило пиёз, 5 кило мандарин  ва 10 кило равған ёрӣ расонида шуд.

Барои саховатмандӣ ва кӯмак ба Искандаров Муҳаммадшо ва ҳамаи кормандони ШВКД-и шаҳри Турсунзода, ки таҳти роҳбарии Шумо кору фаъолият менамоянд, миннатдорӣ баён мекунем.

 

Бо эҳтиром,

 Директори «Маркази Ҷумҳуриявии бемориҳои асабу равонӣ» дар

дар шаҳри Турсунзода, Одинаев С.Р.

 
Номаи сипос

Ба Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Р.Ҳ.

 Мӯҳтарам Рамазон Ҳамроевич!

Тавассути ин нома арзи сипоси худ, аҳли ҳонаводагӣ ва мардуми кӯҳистони Муъминободро, ки як пора аз хоки муқаддаси Тоҷикистони азиз аст бо Шумо ҳамакнун устоди азиз ва роҳнамои минбаъдаи ман дар ҷодаи зиндагии шоиста ва мактаби шӯҷоату мардонагӣ ироа медорам.

Шумо мӯҳтарам Рамазон Ҳамроевич, пеш аз ҳама муҷиби амалӣ гардидани орзӯҳои чандинсолаи як духтари кӯҳистони тоҷик ва дар ин моҳи поки шарифи Рамазон, ки худ зодаи ҳамин моҳи пок ҳастед, хотири арвоҳи модари манро шод гардонидед, ки то дами марг дар пайи орзуҳои ман буд ва ҳамчунин боиси сарбаландии падари  омӯзгорам гардидед.

 
Шаҳрвандон ибрози миннатдорӣ менамоянд

Раҳматнома ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хадамоти оташнишонӣ ҷиҳати аз сӯхтор наҷот додани молу амволи шаҳрвандон ва хомӯш намудани оташ дар бозори марказии шаҳри Қурғонтеппа, ки рӯзи 24 апрели соли 2013 ба вуқӯъ омада буд…

 
Изҳори сипос

Салом ба ҳамаи кормандон  ва хонандагони ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии "Қонун ва ҷомеа".

Ҳадаф аз қалам ба даст гирифтану навиштани ин нома арзи эҳтиром ба хизматҳои софдилонаву содиқонаи Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар баробари ин мо мехоҳем ба носипосоне, ки ба қадри хизматҳои Сарвари давлат намерасанд ва дар ҳар гӯшаву канор аз фаъолияти ин марди накӯву наҷиб беҳуда интиқод менамоянд, ёдрас намоем, ки ҳеҷ гоҳ солҳои нооромии кишвар, солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992-1997-ро фаромӯш насозанд ва шукри тинҷию оромии имрӯза намоянд.

 
Миннатдорӣ

Ба Вазири корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
генерал-лейтенанти милитсия
Раҳимов Р. Ҳ.


Мӯҳтарам Рамазон Ҳамроевич!

Аз Шумо миннатдорам, ки иншооти варзишии «Динамо»-ро аз нав эҳё намудед. «Динамо» барои варзишгарони тоҷик таърихи бузург дорад. Зеро, дар варзишгохи ҷамъиятии «Динамо» Чемпионхои олимпӣ ба монанди Лобанов  Юра, Старостин Александр, Андрей Абдувалиев, чемпионҳои ҷахон Саидмумин Раҳимов, Саид Гусейнов ва дигарон тарбия ёфтаанд.  Худам ҳам аз тарафи ҳамин ҷамъяит иштирок мекардам. Чи хеле ки Шумо хабардор ҳастед Мавзуна Чориева ҳам, аъзои  ташкилоти Шумо мебошад. Ҳамаи мо дар ҳамин иншоотҳои варзишии “Динамо” машқу тамрин ва  дар мусобиқаҳои байналхалқӣ, олимпӣ, ҷаҳонӣ иштирок мекардем. Боварии комил дорам, ки дар оянда низ ҷамъияти Шумо варзишгарони номиро омода сохта, сафи варзишгаронро боз ҳам зиёдтар мегардонад ва дар вилоятҳо низ чунин иншоотҳо сохта мешаванд.

Боз як маротиба барои  дастгирӣ ва рушди соҳаи варзиш ба Шумо миннатдории худро баён менамоям.

Бо эҳтиром,

Зебинисо Рустамова
Президенти Ассосиатсияи Олимпичиёни Тоҷикистон

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3784478
ИмрӯзИмрӯз1373
МоҳМоҳ29493
ХамагиХамаги3784478

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.