Боздиди хонандагон аз қисми низомии 3502

Ба Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ. 

Маъмурияти Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон ба Шумо ҷиҳати дастгирӣ оид ба боздиди хонандагони литсей аз қисми низомии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ менамояд.

 
Арзи сипос

 
Сипосгузорӣ

Ба Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон   

генерал-лейтенанти   милитсия

Раҳимзода Рамазон Ҳамро 

Ба маълумотатон мерасонам, ки санаи 17.03.с.2015 саҳарӣ соатҳои 07:00, ман аз назди маркази савдои «Мардон» ба як мошини таксӣ савор шуда то ба бозори «Корвон» рафта, дар дохили мошин чизу чораҳоямро, ки  ба маблағи зиёда 2500 сомониро ташкил медод, фаромӯш кардам. Ман рақамҳои қайди давлатии ин мошинро дар ёд нагирифта будам, фақат медонистам, ки ранги ин мошин сурх буда, дар пешаш трафарети «Корвон» дошт. Ман ин мошинро ду рӯзи дароз кофтам, вале дарёфт карда натавонистам. Баъд дар шӯъбаи милитсияи назди Маркази савдои «Мардон» ба ман маслиҳат доданд, ки ба маркази «Шаҳри бехатар» муроҷиат намоям ва ба ман рақами телефони марказ: 221-04-65-ро доданд.

 
Изҳори миннатдории Вазири мудофиа ба ВКД

Ба Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ. 

Мӯҳтарам Рамазон Раҳимзода! 

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва масъулини Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидати ҳаматарафа ва иштироки фаъол дар ташкил ва баргузории машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии минтақаи мудофиаи ҳудудии №1 ва ҷузъу томҳои гарнизони Хатлон изҳори миннатдорӣ менамояд.

 
Арзи сипоси рӯзноманигор ба Вазири корҳои дохилӣ

Ба Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ. 

Аз ҷониби сокини ш.Ғафуров,

Мустафоева Лианура Нуриевна.

Рӯзноманигор.

                      Мӯҳтарам Рамазон Раҳимзода! 

Ман ҳамчун як рӯзноманигор ва як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории худро ба Шумо ва ба кулли кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд баён медорам.

 
Миннатдории собиқадори милитсия ба Вазири корҳои дохилӣ

Санаи 18 марти соли ҷорӣ, сокини ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ Ҳомидов Одина ба қабули Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳозир гардида, миннатдориашро оиди фаъолияти кормандони милитсия изҳор намуд.

 
Қаноатмандӣ аз фаъолияти нозирони минтақавии милитсия

Раиси маҳаллаи Гагарини ноҳияи Ҷаббор Расулов, Кенҷаева Шаҳло зимни қабули Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон, ки 18-уми марти соли 2015 дар бинои РВКД дар вилояти Суғд баргузор гардид,  миннатдории худро оиди саҳми назарраси фаъолияти кормандони милитсия дар таъмини амният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгиринамоиии ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиёт баён намуд.

 
Қаноатмандии Шӯрои адлия аз ҳамкориҳои дуҷониба бо ВКД

Ба Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ.

Мӯҳтарам Рамазон Ҳамро,

Сипосномаи худро барои пешниҳод намудани китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» нашри сеюм, ки ҷиҳати баланд бардоштани дониши касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ва Шӯрои адлия заминаи муносиб мебошад, баён менамоем.

 
Сипосномаи пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода ба Вазири корҳои дохилӣ

Ба Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти

милитсия  Раҳимзода Р. Ҳ. 

Маъмурияти муассисаи давлатии «Хона – интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода» ба Шумо - Вазири муҳтарам барои дастгирии доимӣ ва дар соли 2014 ёздаҳ маротиба кӯмакҳои хайрия аз қабили хӯрокаву маводҳои зарурӣ расонидан ва бохабар шудан аз ҳолу аҳволи пирону барҷомондагони муассиса изҳори минатдорӣ менамояд.

Барои ғамхориатон аз ҳолу аҳволи 230 нафар пирону маъюбони муассиса, ки доимо дасти ёрӣ дароз менамоед ва дар моҳи марти 2015 барои ҷашнгирии ҷашни «Наврӯзӣ» - хуҷастапайи ҷаҳонӣ аз тарафи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ бо маҳсулотҳои хӯрока ба монандӣ:

 
Ифтихори собиқадори милитсия аз насли ҷавон

Ба Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

муҳтарам Рамазон Раҳимзода,

аз номи Ғаниев Саттор

истиқоматкунандаи н.Ғончӣ,

деҳаи Қалачаи Азим, нафақахӯри ВКД  

 С И П О С Н О М А

Мӯҳтарам Вазир, зиёда аз 10 сол мешавад, ки ман нафақахӯрам ва дар системаи ВКД зиёда аз 35 соли тақвимӣ яъне аз моҳи майи соли 1969 то моҳи июни соли 2005 кор кардаам, ҳоло бошад давраи пирӣ ронда истодаам, норозигӣ надорам, шукр мекунам ва шукри ҳамин хел сарзамини тинҷу осоишта мекунам.

 
Сипоснома

 
Номаи сипоси маъмурияти «Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе»

Ба Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳимзода Рамазон Ҳамро 

                              Муҳтарам Рамазон Ҳамро, 

Маъмурияти «Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе» аз самими қалб барои кӯмаку дастгирии беғаразонаи Шумо изҳори сипос ва миннатдорӣ баён менамояд. Муассиссаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе» умед дорад, ки бо Шумо дар оянда низ ҳамкориҳои самаранокро идома диҳад.

 
Изҳори сипос аз ноҳияи Рашт

Ба Вазири  корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия                                                         

Раҳимзода Рамазон Ҳамро 

Мақомоти  иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо камоли эҳтиром ба маълумоти Шумо мерасонад, ки бо кӯшиши кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт зиёда аз 600 адад воситаҳои нақлиётие, ки тӯли чанд соли охир маблағи андози онҳо пардохт нашуда буданд, ошкор ва андозбандӣ карда шуданд.

 
Арзи сипоси омӯзгорони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб

Ба Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ. 

Мӯҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро!

Маъмурияти мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб ба Шумо арзи сипоси худро расонида маълум менамояд, ки дар мактаб-интернати зикргардида 250-нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, тамоми шароитҳои маданӣ ва маишию фароғатӣ фароҳам оварда шудааст.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3869877
ИмрӯзИмрӯз640
МоҳМоҳ20381
ХамагиХамаги3869877

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.