Сипоси сокинони ноҳияи Рӯдакӣ

                                                               Ба Вазири корҳои дохилии

                                                      Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                     генерал-лейтенанти милитсия

                                                               Раҳимзода Рамазон Ҳамро 

Муҳтарам Вазир, 

 Аз номи сокинони маҳаллаи «Коргар»-и ҷамоати шаҳраки ба номи М.Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ барои хизматҳои шоиста ба ҳайати шахсии мақомоти корхои дохилӣ барои бартараф кардани офати табии рӯзи 12-май ба амал омада, арзи миннатдории худро мерасонем.

Ҳамчунин, ба Шумо  ва дар шахсияти Шумо ба ҳамаи кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон арзу сипос ва минатдории худро баён мекунем.

Шахсан аз Шумо барои тарбияи чунин мутахасисони касбӣ сипосгузорем. 

 

Бо эҳтиром, 

Раиси маҳаллаи ҷ/ш

ба номи М.Турсунзодаи

ноҳияи Рӯдакӣ                                                                                М.Шукуров 

 
Арзи сипоси ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Рӯзибой Идиев

Ба Вазорати корҳои дохилӣ ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Рӯзибой Идиев ташриф оварда, миннатдории худро ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати дастгирию кӯмак ба оилаи бародараш, марҳум Алибой Идиев – корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки дар ҳодисаҳои моҳи сентябри соли равон, ҳангоми муқовимати мусаллаҳона алайҳи гуруҳҳои муташаккили ҷинояткор ҳалок гардида буд, иброз намуд.

Рӯзибой Идиев дар сӯҳбат бо мо зикр кард, ки бародараш Алибой Идиев дар мақомоти корҳои дохилӣ тӯли 13-сол фаъолият намуда, ҳамеша дар сафи пеш қарор дошт. Ӯ ҳама вақт дар хизмати халқу Ватан буда, барои тинҷию амонӣ ва осоиштагии ин миллату ин диёр ҷони худро нисор кард. Чӣ тавре бузургон фармудаанд:

 
Изҳори миннатдорӣ

Ба Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳимзода Р.Ҳ. 

   Муҳтарам Рамазон Ҳамро,           

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва РБДА ВКД ҶТ барои таъмини бехатарӣ ва тартиботи  ҷамъиятӣ дар ҷойҳои иқомати меҳмонон, макони баргузории Машварати сеюми Вазирони  адлияи Созмони ҳамкории Шанхай ва роҳбаладӣ дар давраи будубоши меҳмонон-иштирокчиёни чорабинии мазкур сидқан изҳори миннатдории хешро баён менамояд.

Маҳз бо заҳматҳои масъулини вобастакардашуда муваффақ шуд, ки чорабинии мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шавад ва ин низ як обруву нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад. 

Бо эҳтиром, 

Вазир                                                               Р. Шоҳмурод

 
Изҳори сипос

Ба Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ. 

Мӯҳтарам Рамазон Ҳамро, 

Нозироти давлатии иёргарии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ҷиҳати ҳамкорӣ ва ғамхориатон баҳри ғанӣ гардонидани буҷети давлат миннатдории худро баён намуда, ба маълумотатон мерасонад, ки Нозирот тибқи талаботи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъоляти субъектҳои хоҷагидор» мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши истеҳсол, ҳосил намудан, коркард, истифода, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии металл ва сангҳои қимматбаҳо, инчунин дигар амалиёт бо металл ва сангҳои қимматбаҳо ба ҳисоб рафта, кормандони Нозирот ҷиҳати ба амал баровардани вазифаҳои хизматии худ мутобиқи Низомномаи Нозироти давлатии иёргарии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Вазири молияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2007, №113 тасдиқ гардидааст, оид ба назорати маснуотҳои заргарӣ ва дигар маснуоте, ки аз металлҳои қимматбаҳо сохта шудаанд, ба вилояти Суғд сафарбар гардида буданд.

 
Сипосмандӣ

Ба Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ. 

аз номи сокини шаҳри Ваҳдат,

кӯчаи Улуғбек, хонаи 48,

ҳуҷраи 3, Борониева Зиёда 

Номаи сипос 

Мӯҳтарам Вазир, қаблан ба Шумо миннатдории худро изҳор намуда қайд карданиам, ки ман як зани солхӯрда набераам Юсуфи Ҷамшедзодро, ки падараш соли 2007 вафот кард, дар зери тарбияи худам гирифтам. Имсол, набераи ман мактаби таҳсилоти ҳамагониро хатм намуда, хоҳиши ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намуданро кард.

 
Миннатдорӣ ба кормандони милитсия

Муҳтарам Рамазон Раҳимзода!

Маъмурияти Хонаи кӯдакони синни томактабии рақами 1-и шаҳри Душанбе дар шахсияти директори муассиса Мегниева Рукатмо Қаландаровна ва мураббияи ин муассиса Зиёдуллоева Майсара Саидовна ба Шумо изҳори миннатдории худро мерасонанд.

Зеро бо дастгирӣ ва ҳидояти ҳамешагии Шумо кормандони милитсия ҳамеша аз ҳолу аҳвол ва шароити муассисаи мо бохабар шуда, дар доираи имконият ба мо кӯмак мерасонанд.

 
Номаи сипосмандӣ

Ба Вазири корҳои дохилии    

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ. 

Муҳтарам Вазир! 

         Мо як гурӯҳ собиқадорони ВКД дар вилояти Суғд бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза сипос ва миннатдории худ ва кулли собиқадорони мақомоти милитсияи вилояти Суғдро ба Шумо барои ташаббус ва иқдоми некатон дар ташкилу амалинамоии корҳои ободониву созандагӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоиду муосири табобатӣ, ташкилу баргузории вохӯриву мулоқотҳо бо собиқадорон, мунтазам қадршиносӣ намуданатон бо кӯмакпуливу роҳхат ба беҳтарин осоишгоҳҳои  кишвар баён менамоем.

 
Миннатдорӣ аз хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия

Ба Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ. 

Мӯҳтарам Рамазон Ҳамро, 

Миннатдории худро ҳамчун як шаҳрванд ва сокини ҷумҳурӣ ба Шумо ва дар симои Шумо ба кулли кормандони милитсия расонида, ҳамзамон ба муносибати Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи шумоёнро табрику муборакбод менамоям.

 
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Магомет Мирзоев корманди ВКД буд

Магомет Мирзоев (Муҳаммад Ҳоваҷӣ) соли 1910 дар хутори Алхазуровои ноҳияи Урун-Мартан таваллуд шудааст, милаташ чечен. Мактаби миёнаро хатм намуда, ба Донишкадаи педагогӣ дохил шуд ва 3-сол таҳсил кард. Соли 1931 ба Омӯзишгоҳи кавалерии шаҳри Новочеркасск фиристода шуд. Соли 1940 мактаби дусолаи ҳайти миёнаи роҳбарикунандаи Комиссариати халқии корҳои дохилиро хатм карда, барои кор ба Тоҷикистон фиристода шуд. Ӯ ба мақомоти корҳои дохилӣ ба кор омада, то оғози ҷанг дар Ленинобод ба сифати нозири бозрасии идораи оташнишонии шаҳрӣ фаъолият мекунад.

 
Изҳори сипоси сокинони ноҳияи Мастчоҳ

Ба Вазири корҳои дохилӣ

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Рамазон Ҳамро 

Мо як гурӯҳ шаҳрвандони ҷамоати деҳоти ноҳияи Мастчоҳ, Асотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии Ҳоҷӣ Амиров миннатдории худро ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳайати шахсии ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ доир ба иҷроиши дастур ва супоришҳои Сарвари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Р.Ҳ мерасонем.

Аз муҳтарам Вазир эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки чунин иқдомҳо аз қабили семинарҳо дар мавзӯи терроризм, экстремизм ва пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ дар ноҳияи Мастчоҳ низ ба роҳ монда шаванд.

Имрӯз мардуми ноҳияи Мастчоҳ дар фазои сулҳу субот ва рӯҳияи ватандӯстӣ кору фаъолият намуда истода, аз ҳамкориҳои зичи кормандони милитсия бо аҳли ҷамоатчигӣ изҳори қаноатмандӣ менамоянд. 

Бо эҳтиром, 

Раиси ҷамоати деҳоти

ноҳияи Мастчоҳ                                                            Туробов.Т. 

 
Амали хайрхоҳона

Ба Вазири корҳои дохилии                                                      

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ. 

Маъмурияти муассисаи томактабии №4-и шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати ғамхорӣ ва дастгирии пайваста ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳори сипос менамояд.

Қобили қайд аст, ки дар таърихи 14.04.2015, кормандони Шӯъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарбиятгирандагони муассисаи мо ба микдори 30 кило моҳӣ кӯмаки ройгон намуданд, ки ин амали онҳо боиси хушнудии мо гардид.

Бори дигар ба Шумо – Вазири мӯҳтарам барои чунин кадрҳои тарбиятнамудаатон изҳори миннатдорӣ менамоем. 

Бо эҳтиром, 

Роҳбари

муассисаи томактабии № 4                                       С. Бобоева                                                                  

 
Мактуби миннатдорӣ

Ба Вазири корҳои дохилии                                                      

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ. 

Мо кормандони ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами №5, «Парасту»-и шаҳри Ваҳдат бо камоли эҳтиром ба Шумо - Вазири корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва кормандони Шӯъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ миннатдории хешро  мерасонем. Бояд қайд намуд, ки кормандони ин Шӯъба ба ширхоргоҳ-кӯдакистони рақами № 5 ба таври ройгон 2,5 куб ҳезум кӯмак намуданд. Чунин ҳамкориҳо аз ҷониби кормандони милитсия бори аввал набуда, онҳо ҳамеша барои ҳалли мушкилотҳо кӯмаки худро аз мо дареғ намедоранд. 

Бо эҳтиром, 

Мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №5,

«Парасту»-и шаҳри Ваҳдат                                       Т. Додоева                    

 
Арзи сипос

Ба Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Р.Ҳ. 

Маъмурияти муасиссаи томактабии №3 шаҳраки Сомониён, ноҳияи Рӯдакӣ миннатдории худро махсусан ба Шумо – Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва ба кормандони Шӯъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонанд.

Дар таърихи 14.04.2015, ин ҷавонмардони асил ба микдори 60 кило моҳӣ тариқи ройгон ба муассисаи томактабии №3 оварда супориданд, ки ин амали  хайрхоҳонаи онҳо боиси таҳсину офарин аст. 

Бо эҳтиром, 

Роҳбари муассисаи

томактабии № 3                                                         Раҳимова З.                                                                  

 
Сипосномаи Ато Ҳамдам ба Вазири корҳои дохилӣ

Ба Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Рамазон Ҳамро 

Мӯҳтарам Вазир!

Ба иттиллои Шумо мерасонам, ки дар таърихи 31-уми моҳи марти соли 2015 ман ба доми як гурӯҳ қаллобони касбӣ, ки аз соли 1996 инҷониб ба фиреби шахсони мошиндор машғул буда, даҳҳо нафарро сарсону саргардон ва аз мошини шахсиашон маҳрум гардондаанд, афтодам.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3785099
ИмрӯзИмрӯз341
МоҳМоҳ30114
ХамагиХамаги3785099

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.