КОДЕКСИ ОДОБИ КАСБИИ КОРМАНДОН

Бо фармоиши ВКД Ҷумҳурии  

                             Тоҷикистон аз "19 " июли     

соли 2011, №11 б/з

тасдиқ карда шудааст.

       

КОДЕКСИ ОДОБИ КАСБИИ КОРМАНДОН 

ВА ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИИ МАҚОМОТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Фаъолият дар мақомоти корхои дохилӣ - намуди махсуси хизмати давлатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо иҷроиши ӯҳдадориҳои хизматӣ ва қарзи хизматӣ дар назди халқу давлат алоқаманд аст. Адои хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ифодаи боварии махсус аз тарафи халқу ҳукумат буда, нисбат ба симои ахлоқӣ ва рӯҳии кормандони ин соҳа талаботи бештареро талаб менамояд.

Ҷамъият умед бар он дорад, ки корманди мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми қувваю дониш ва таҷрибаи худро ҳангоми амалисозии фаъолияти касбӣ ба харҷ дода, ба ҷамъият беғаразона ва софдилона хизмат мекунад.

Кодекси одоби касбии кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кодекс) хислатҳои ахлоқии фаъолияти касбии кормандон ва хизматчиёни ҳарбии мақомоти корҳои дохилиро таҷассум намуда, меъёрҳои асосии рафтори кормандони мақомоти корҳои дохилиро муайян мекунад. Бо принсипҳои қонуният, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва поквиҷдонӣ асос меёбад.

Корманди мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор аст, ки оид ба риояи Кодекси мазкур ҳамаи тадбирҳои заруриро андешад.

1. Дар фаъолияти хизматии худ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вазифадоранд:

1.1)  ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқ буда, бонизом онро дар ҳаёт татбиқ намоянд, бо амалҳои худ обрӯи ҳокимияти давлатӣ мақомоти корҳои дохилиро баланд бардошта, манфиатҳои давлатро ҳимоя намоянд; ба содир шудани амалҳое, ки метавонанд номи Вазорати корҳои дохилиро ҳамчун институти ҳокимияти давлатӣ доғдор кунанд, рох надиҳанд;

1.2)   принсипи қонуниятро ба роҳбарӣ гирифта, Конститутсияро (Сарқонунро) бечунучаро риоя намоянд, қатъиян дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намоянд;

1.3)  риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро таъмин намуда, ба амалҳое, ки боиси поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мегарданд, роҳ надиҳанд;

1.4)        дар мустаҳкамгардонии ягонагии халқи Тоҷикистон ва ризоияти байни халқҳо дар кишвар мусоидат намоянд;

1.5)        бечунучаро интизоми давлатӣ, ҳарбӣ ва хизматиро риоя намоянд, талаботи Савганди шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд, қарзи шаҳрвандӣ ва хизматии худро софдилона иҷро намоянд, дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ устуворӣ ва қатъият зоҳир намоянд, ҳангоми адои хизмат оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ, кушодан ва тафтиши ҷиноятхо босамар ва моҳирона амал кунанд;

1.6)  барои анҷом додани кор дар сатҳи баланди касбӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд, бо моликияти давлатии вобастагардида эҳтиёткорона   муносибат намоянд, онро самаранок истифода баранд; эминнигоҳдории яроқи вобастагардида, дигар яроқу аслиҳа ва техникаи махсус, ҳуҷҷатхо ва шаҳодатномаи хизматиро таъмин намоянд; ҳангоми ноилоҷ ва қонунӣ истифода бурдани қувваю воситаҳои махсус истодагарӣ ва худдориро (таҳаммулро) нигоҳ доранд, дар ин мавридҳо амалҳои кормандон барои атрофиён бояд равшану фаҳмо бошанд;

1.7)   ба зуҳуроти коррупсионӣ муқобилият намоянд, ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиониро фаъолона ошкор намоянд ва барҳам зананд;

1.8)         ба фаъолияти шахсоне, ки бо қабули қарорҳои ба манфиати шахсии корманди мақомоти корҳои дохилӣ дахлдошта алоқаманд мебошанд, дахолат накунанд;

1.9)   ба далелҳои беасос дахолат кардан ба фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳолатҳои пешбарӣ намудани манфиатҳои субъектҳои хоҷагидорӣ алоҳида роҳ надиҳанд;

1.10) иттилооти махфӣ, сирри давлатӣ ва дигар сиррҳои аз чониби қонун ҳифзшавандаро, ки ба онҳо ҳангоми  иҷрои вазифаҳои хизматӣ маълум гардидаанд, фош накунанд ва ба истифодабарии онҳо бо максадҳои ғаразнок роҳ
надиҳанд;

1.11)    дар фаъолияти соҳибкорӣ иштирок накунанд;

1.12)    дар қиморбозӣ ва бозиҳои хусусияти пулию молидошта иштирок накунанд;

1.13)    ба далелҳои қабул кардани тӯҳфаҳо ва хизматрасонӣ аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бинобар сабаби иҷрои вазифаҳои хизматӣ роҳ надиҳанд;

1.14)    ба истиснои ҳолатҳои қонунгузорӣ муқаррар-намуда, даъватҳоро барои анҷом додани сафарҳои сайёҳӣ, табобатию осоишии хориҷӣ ва ғайрае, ки аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пардохт карда мешаванд, қабул накунанд,

1.15)    бо муносибати худ ба кор ва рафтори шахсӣ ба фароҳам овардани фазои устувор ва мусбии ахлоқӣ-рӯҳӣ дар коллектив мусоидат намоянд;

1.16)       ба муқобили амалҳое, ки ба самаранок фаъолият намудани мақомоти давлатӣ ва иҷроиши вазифаҳои хизматӣ аз тарафи кормандони онҳо монеа мешаванд, мубориза баранд; беғаразона ва софдилона вазифаҳои хизматии худро иҷро намоянд, ҳангоми таҳдиди хавфу хатар дар вазъияте, ки наҷот додани ҳаёти одамон, барҳам задани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳоро талаб менамояд, далеру шуҷоъ бошанд;

1.17) ба ҳолатҳои интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо аз рӯи аломатҳои ҳамшаҳрчигӣ ва садоқати шахсӣ роҳ надиҳанд;

1.18)       ба далелҳои вайрон кардани талаботи Кодекси мазкур аз тарафи ҳамхизматон роҳ надиҳанд ва чунин далелҳоро пешгирӣ намоянд;

1.19)       қоидаҳои пушидани либоси низомиро бечунучаро риоя намоянд, бошарафона онро ба бар намоянд, ҳамеша ботартиб ва озода бошанд;

1.20)       бо поквиҷдонӣ ва муносибати боадабонаи худ бо атрофиён дар хизмат ва ҳаёти ҳамарӯза намунаи ибрат бошанд, дар устувор гардидани боварӣ ба адлу адолат дар ҷомеа мусоидат намоянд;

1.21)   ба урфу одатҳои миллатҳо таҳаммулпазирӣ ва арҷгузорӣ намуда, хусусиятҳои фарҳангӣ ё дигар хусусиятҳои гурӯҳҳои этникӣ ва иҷтимоиро ба инобат
гирифта, ба созиши байни миллатҳо мусоидат намояд;

1.22)          ба таври доимӣ ба такмили тахассуси касбии худ машғул шуда, забони давлатиро донад;

1.23)   обрӯи мақомоти корҳои дохилиро паст назада, дар шакли дуруст ва дар доираи одоб баҳсу мулоҳизаронӣ намоянд;

1.24)   манбаҳо ва воситаҳои давлатии (технологияи иттилоотии шабакаи Интернет, почтаи электронӣ, телефон, ксерокс, факсҳо, дигар таҷҳизот, арзишҳои моддию ғайримоддӣ) ба ӯ пешниҳодшударо самаранок ва бовиҷдонона истифода намояд.

2. Дар муносибат бо шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ кормандон ва хизматчиёни ҳарбии мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун намояндагони ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд:

2.1) ба мустаҳкам гардонидани боварии шаҳрвандон ба
институтҳои давлат мусоидат намоянд;

2.2)   хоксор бошанд, мавқеи мансабии худро махсус таъкид накунанд ва истифода набаранд, аз ҷумла ҳангоми истифода аз хизматрасониҳои нақлиётӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо;

2.3)   бо амал ва қарорҳои худ имкон надиҳанд, ки мавриди танқиди асоснок дар ҷомеа карор гиранд, ба таъкибсозӣ барои танқид роҳ надиҳанд, нисбат ба он ботаҳаммул бошанд, танқиди созандаро барои беҳтар намудани фаъолияти касбии худ истифода баранд;

2.4)   ба зуҳуроти бюрократизм ва кашолакорӣ ҳангоми баррасии муроҷиатҳо роҳ надиҳанд, аз рӯи онҳо дар мӯллатҳои муқаррарнамудаи қонун тадбирҳои зарурӣ андешанд;

2.5)   шарафу шаъни инсон ва шаҳрвандро новобаста аз аслу нажод, вазъияти иҷтимоӣ, мансабӣ ва молумулкӣ, ҷинс, миллат, забон, муносибат ба дин, эътиқод, ҷои зист ва дигар ҳолатҳо эҳтиром намоянд;

2.6)  меъёрҳои умумиэътирофшудаи ахлоқиро риоя намоянд, ба забони давлатӣ ва дигар забонҳо, расму одат ва анъанаҳои халқи Тоҷикистон муносибати боэҳтиром
дошта бошанд;

2.7)     хушмуомила ва боодоб (дурустрафтор) бошанд.

2.8) корманд оид ба масъалаҳои хизматӣ, сирри давлатӣ дар назди хешовандон, ёру дӯстон ва дигар ашхос кушоду равшан суханронӣ накунад ва аз ибрози ақида оиди ин масъалаҳо дар миёни омма худдорӣ намояд. Ба ҳамкорӣ худ ҳангоми роҳ додан ба ин камбудӣ эрод гирифта, ислоҳи онро талаб намояд.

2.9) ҳангоми баромад миёни коллективи меҳнатӣ, муошират бо шаҳрвандон ботамкин буда, суханҳои худро бо далелҳои раднашаванда тасдиқ намояд.

3. Кормандоне, ки зердаст доранд, вазифадоранд:

3.1)       вазифаҳо ва ҳаҷми ваколатҳои хизматии зердастони худро мувофиқи вазифаҳои ишғолнамудаи онҳо аниқ муайян намоянд, ба зердастон фармоишҳои баръало иҷронашаванда надиҳанд ва аз онҳо иҷрои супоришоти берун аз доираи вазифаҳои хизматии онҳо бударо талаб накунанд;

3.2)  ба айбдоркунии беасос, далелҳои дағалӣ, паст задани шаъни инсонӣ, беадабӣ нисбат ба зердастон роҳ надиҳанд;

3.3)  зердастонро ба содир кардани кирдору рафторҳои зиддиҳуқуқие, ки бо меъёрҳои умумиэътирофшудаи ахлоқӣ мувофиқ нестанд, маҷбур накунанд;

3.4)  донишу таҷрибаи амалии ҷамъовардашударо ба кормандони ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ омӯзанд; ҳамарӯза зердастонро дар рӯҳияи риояи қатъии Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, софдилона ва содиқона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, муносибати оштинопазир бо дағалӣ ва бешафқатӣ тарбия намоянд;

3.5)  ҳимояи иҷтимоӣ-ҳуқуқии зердастонро таъмин намоянд, собиқадорон, оилаҳои кормандон, аз ҷумла кормандони ҳангоми адои хизмат ҳалокгардидаро бо
таваҷҷӯҳу ғамхорӣ фаро гиранд:

3.6) аз тарафи зердастон риоя кардани меъёрҳои Кодекси мазкурро таъмин намоянд;

 

3.7) ҷиддан ба далелҳои вайрон кардани талаботи Кодекси мазкур эътино намоянд, шахсони гунаҳкорро мувофиқи фармону дастурамалҳои амалкунанда ба ҷавобгарӣ ҷалб намоянд;

3.8) дар риояи меъёрҳои Кодекси мазкур барои зердастон намунаи ибрат бошанд.

4. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ набояд дар назди ҷомеа ақидаи худро оид ба масъалаҳои сиёсати давлатӣ ва фаъолияти хизматӣ иброз намоянд, агар он:

4.1)    ба самтҳои асосии сиёсати давлат мутобиқат накунад;

4.2)    иттилооти хизматиеро, ки интишор шудани он иҷозат дода нашудааст, ошкор намоянд;

4.3) дар бораи шахсони мансабдори давлатӣ гуфтаҳои берун аз доираи одобро дар бар гирад.

  1. Дар сурати мавҷуд будани айбдоркунии беасоси оммавӣ нисбат ба корманди мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи идора намудани ташкилотҳои тиҷоратӣ, машғул будан бо фаъолияти соҳибкорӣ ва ё пешбарӣ кардани манфиатҳои ягон кас, ӯ бояд ба тариқи дахлдор иттилоотеро интишор намояд, ки чунин айбдоркуниҳоро рад намояд.
  2. Дар ҳолати айбдоркуниҳои оммавии корманди мақомоти корҳои дохилӣ дар коррупсия, ӯ бояд ҷиҳати рад кардани ин айбҳо тадбирҳо андешад, аз ҷумла бо тартиби Судӣ.

7. Риоя намудани Кодекси мазкур аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қарзи хизматии онҳо мебошад.

8. Барои вайрон кардани талаботи пешбининамудаи Кодекси мазкур кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шаванд.

9. Назорати риояи кодекси одоб, тартиби ташкил ва фаъолияти комиссия оид ба одоб:

9.1)          назорати риояи Кодекси мазкур аз тарафи комис­сия оид ба одоб амалӣ карда мешавад;

9.2)   Комиссия оид ба одоб бо фармоиши роҳбари мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳайати Раис, муовин, аъзоёни комиссия иборат аз 5 то 7 нафар, аз ҷумла котиби масъул таъсис дода шуда, роҳбари мақомот ва ё муовини ӯ ба ҳайси раиси Комиссия интихоб карда мешавад;

9.3)          Комиссия дар ду моҳ як маротиба ва аз рӯи зарурият ҷаласа доир менамояд. Ҷаласа ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар кори он аз се ду қисми ҳайати он иштирок дошта бошанд. Ҳангоми баробар будани овозҳо зимни қабул намудани қарор овози Раиси Комиссия ҳалкунанда хисоб меёбад;

9.4)          Комиссияи одоб дар асоси пешниҳодоти роҳбари мақомот, бо дархости корманд ва аз рӯи муроҷиати хаттии шаҳрвандон парвандаи интизомӣ оғоз намуда, дар мӯҳлати се ҳафта мавриди баррасӣ қарор медиҳад;

9.5)          То баррасии парвандаи интизомӣ дар ҷаласа аз ҷониби Комиссия санҷиш гузаронида шуда, ҳолатҳо ва маълумотҳои марбут ба парванда баррасӣ карда шуда, аз шахсони муайян баёнот гирифта шуда, маводҳои лозима ҷамъ оварда мешавад:

9.6) Комиссия санҷиши ҳолатҳои вайрон намудани Кодекси мазкурро тибқи тартибе, ки барои гузаронидани санҷиши хизматӣ муқаррар гардидааст, мегузаронад.

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3822237
ИмрӯзИмрӯз1471
МоҳМоҳ21742
ХамагиХамаги3822237

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.