Эълон барои довталабони Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади таъмини мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилӣ ва мувофиқ сохтани онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи фар-моиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №37 аз 26 майи соли 2016 ба Дастурамал дар бораи тартиби интихоб ва қоидаҳои қабули довталабон ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 12 б/з аз 20.02.2014 тасдиқ гардидааст, тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шуданд:

 
Дастурамал дар бораи тартиби интихоб ва қоидаҳои қабули довталабон ба Академияи ВКД ҶТ

Бо Фармоиши ВКД

Ҷумҳурии Тоҷикистон

таҳти №12 аз 20.02.с.2014

тасдиқ карда шудааст. 

Д А С Т У Р А М А Л 

дар бораи тартиби интихоб ва қоидаҳои қабули

довталабон ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 

1. Муқаррароти умумӣ 

1. Дастурамал  «Дар бораи тартиби интихоб ва қоидаҳои қабули довталабон ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

 
Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Дар ҷаласаи Гурӯҳи  кории                                                      Бо Фармони

идораи  ислоҳоти  милитсия                                                    Вазорати корҳои дохилии

(сатҳи сиёсӣ) 11 октябри соли 2014                                        Ҷумҳурии  Тоҷикистон,

қабул карда шудааст                                                               №841 аз «11» ноябри с.2014  

                                                                                                  тасдиқ  карда  шудааст

 

НИЗОМНОМАИ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

 
ФАРМОН

ВАЗОРАТИ КОРОИ ДОХИЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Ф А Р М О Н


аз «01» январи соли 2006 № 1

ш. Душанбе

«Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати
бодиққати кормандони мақомотҳои корҳои
дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қушунҳои
дохилӣ бо шаҳрвандон»

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини ҳимояи боэътимоди ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, амнияти ҷомеа ва давлатро ҳаллу фасл менамояд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти он, таҳкими қонуният ва интизом дар байни ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қушунҳои дохилӣ, хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати онҳо дар муомила бо шаҳрвандон ба шумор меравад.
Поквиҷдонӣ, маданияти баланд, иxроиши бечунучарои талаботи қонун дар мувофиқат бо софдилона адо намудани қарзи хизматии худ, ҷасорат ва мардонагӣ дар муборизаи беамон бар зидди ҷинояткорӣ, роҳ надодан ба поймолсозии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, бояд аз сифатҳои ҳатмии ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчии ҳарбии қушунҳои дохилӣ қарор дода шавад.
Маҳз таъмини ҳамин гуна муносибат ба хизмат ва дарди дигаронро ҳамчун дарди худ эҳсос кардан, боиси сипосгузории мардум мегардад, фазои эҳтиром ва бовариро нисбат ба мақомоти корҳои дохилӣ ба вуxуд оварда, обрӯӣ онҳоро дар байни аҳолӣ баланд мебардорад. Танҳо бо дастгирии бевоситаи шаҳрвандон, ҳамкории ҳамаxонибаи онҳо ба натиҷаҳои мусбӣ дар таъмини сатҳи баланди тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат, баланд бардоштани самаранокии кор оид ба пешгирӣ ва кушодани ҷиноятҳо ноил гаштан мумкин аст.

 
КОДЕКСИ ОДОБИ КАСБИИ КОРМАНДОН

Бо фармоиши ВКД Ҷумҳурии  

                             Тоҷикистон аз "19 " июли     

соли 2011, №11 б/з

тасдиқ карда шудааст.

       

КОДЕКСИ ОДОБИ КАСБИИ КОРМАНДОН 

ВА ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИИ МАҚОМОТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Фаъолият дар мақомоти корхои дохилӣ - намуди махсуси хизмати давлатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо иҷроиши ӯҳдадориҳои хизматӣ ва қарзи хизматӣ дар назди халқу давлат алоқаманд аст. Адои хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ифодаи боварии махсус аз тарафи халқу ҳукумат буда, нисбат ба симои ахлоқӣ ва рӯҳии кормандони ин соҳа талаботи бештареро талаб менамояд.

Ҷамъият умед бар он дорад, ки корманди мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми қувваю дониш ва таҷрибаи худро ҳангоми амалисозии фаъолияти касбӣ ба харҷ дода, ба ҷамъият беғаразона ва софдилона хизмат мекунад.

Кодекси одоби касбии кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кодекс) хислатҳои ахлоқии фаъолияти касбии кормандон ва хизматчиёни ҳарбии мақомоти корҳои дохилиро таҷассум намуда, меъёрҳои асосии рафтори кормандони мақомоти корҳои дохилиро муайян мекунад. Бо принсипҳои қонуният, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва поквиҷдонӣ асос меёбад.

Корманди мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор аст, ки оид ба риояи Кодекси мазкур ҳамаи тадбирҳои заруриро андешад.

 
Н И З О М Н О М А

Бо Фармони ВКД Ҷумҳурии

Тоҷикистон аз 31 майи соли 2005,

№ 331 тасдиқ шудааст.

 

Н И З О М Н О М А

дар бораи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

I.Муқаррароти умумӣ

 

1. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Раёсати БДА) воҳиди алоҳидаи сохтори дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти махсуси назоратӣ, нозиротӣ, иҷозатдиҳӣ ва фармоишгариро дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ амалӣ менамояд.

 
НОМГӮ

Замима ба Фармони

ВКД ҶТ №298 б/з

аз «05» апрели соли 2010

НОМГӮИ

амалҳо, варақаҳои ҳисоби қатидошта ва аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёт, ядак ва нимядакҳо, ки ба онҳо нархнома (хизматрасониҳои пулакии БДА) муайян карда шудааст:

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3708211
ИмрӯзИмрӯз409
МоҳМоҳ16405
ХамагиХамаги3708211

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.