Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2013, №1493

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро дар сиёсати иқтисодии давлат яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа муайян намудааст.

Бо ин мақсад соли сипаригардида «Стратегияи баланд бардоштни сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» қабул карда шудааст.

Моҳи апрели соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки дар давраи миёнамӯҳлат маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ аз 12 то ба 16 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расонида шуда, музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия дар ин давра аз дуюним то се баробар зиёд карда шавад. Аз ҷумла марҳилаи аввали он аз 1 сентябри соли ҷорӣ бояд амалӣ гардад.

Ин аст, ки имрӯз Фармони навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2013, таҳти №1493 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба имзо расонида шуд.

Тибқи Фармони мазкур аз 1 сентябри соли 2013 ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат 25 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 250 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шудааст.

Яъне, дар ҳамаи корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, аз 1 сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати моҳонаи кормандон набояд аз 250 сомонӣ кам бошад.

Инчунин тибқи Фармони мазкур маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна, аз ҷумла муаллимони мактабҳои таҳсилотии умумии аз синфи 1 то 11, литсейҳо, гимназияҳо, ҳамаи мактаб интернатҳо, мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла кӯдакистон ва боғчаҳои кӯдакона ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад.

Яъне, имрӯз агар маоши вазифавии муаллими тахассуси дараҷаи олӣ ( аз рӯи меъёри 1 ставка) ба ҳисоби миёна 500 сомониро ташкил намояд, аз 1 сентябри соли ҷорӣ он ба 650 сомонӣ баробар мегардад. Дар баробари ин, ба муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки сарбории роҳбарии синфиро ба ӯҳда доранд ва инчунин тафтиши дафтарро мегузаронанд, ба маоши вазифавии онҳо мутаносибан ба андозаи 15 ва 20 фоиз иловапулиҳо пардохт карда мешавад, ки маоши муаллими тахассуси дараҷаи олии маълумоти олии касбӣ дошта бо дарназардошти иловапулиҳо, аз 1 сентябри соли ҷорӣ 878 сомониро ташкил медиҳад.

Маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф - муассисаҳои таҳсилоти олӣ, мактабҳои махсуси варзишӣ, омӯзишгоҳҳои касбии техникӣ, коллеҷҳо, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос ва дигар марказҳои соҳаи маориф ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад. Дар баробари ин ба кормандони унвони илмӣ доштаи ин муассисаҳо иловапулӣ ба андозаи 30 фоиз пардохт карда мешавад.

Музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд гардида, пардохти он аз рӯи Дастурамал оиди пардохти музди меҳнат амалӣ мегардад, ки андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи мазкур ба 190 сомонӣ баробар карда шудааст. Ҳоло ин нишондиҳанда 157 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин робита маоши вазифавии сартабибон бо дарназардошти иловапулиҳо ва маблағҳои махсус, ба ҳисоби миёна дар беморхонаҳо ба 1582 сомонӣ ва дар дармонгоҳҳо 1821 сомонӣ ва маоши вазифавии табиби категорияи олӣ дар беморхонаҳо 1083 сомонӣ ва дар дармонгоҳҳо ба 1265 сомонӣ баробар мегарданд.

Маоши кормандони соҳаи илм 20 фоиз зиёд карда шуда, вобаста ба ин маоши вазифавии сарходимони илмии институтҳои Академияи илмӣ ба ҳисоби миёна, бо дарназардошти унвони илмӣ, ба 1435 сомонӣ ва сарходимони илмии муассисаҳои соҳавӣ ба 933 сомонӣ расонида мешавад.

Маоши кормандоне, ки дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ фаъолият менамоянд, 20 фоиз зиёд мегардад, яъне маоши вазифавии кормандони маъмурии хона-интернатҳо барои маъюбону пиронсолон ба ҳисоби миёна ба 993 сомонӣ ва кормандони маъмурии дигар муассисаҳо (осоишгоҳҳо, литсей-интернатҳои касбии махсуси маъюбон ва шӯъбаҳои кӯмаки иҷтимоӣ дар хона) ба 804 сомонӣ расонида мешавад.

Маоши вазифавии кормандони соҳаи фарҳанг, аз ҷумла китобхонаҳо, осорхонаҳо, клубҳо, театрҳо, матбуоти даврӣ ва нашрияҳо 20 фоиз зиёд карда мешавад ва дар ин робита маоши вазифавии мудири китобхонаи ноҳия аз 1 сентябри соли ҷорӣ ба 804 сомонӣ баробар мегардад.

Маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбие, ки дар вазифаҳои командири взвод, прапоршикҳо, сержантҳо ва сарбозон адои хизмат мекунанд, инчунин ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи хурди мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 35 фоиз ва хизматчиёни ҳарбие, ки дар вазифаҳои ҳайати афсарон адои хизмат мекунанд ва инчунин ҳайати шахсии роҳбарикунандаи миёна, калон ва олии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шудааст.

Маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз рутбаи қаторӣ то лейтенант – 450 сомонӣ, яъне 30 фоиз ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш – 405 сомонӣ, яъне 15 фоиз зиёд муқаррар карда шудааст.

Барои ҳарчи бештар ба кори хизмати давлатӣ ҷалб намудани мутахассисони болаёқат музди меҳнати мутахассисон, мутахассисони пешбар ва сармутахассисони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот барои ҳисоб намудани маоши вазифавии мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум ва ҳафтуми хизмати давлатӣ андозаи маоши заминавӣ ҳамчун асоси коэффисиентҳои тарифӣ 450 сомонӣ муқаррар карда шудааст, ки вобаста ба ин зиёдшавии музди меҳнати онҳо 30 фоизро ташкил медиҳад.

Барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм ва чорум бошад, маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффисиентҳои тарифӣ ба андозаи 405 сомонӣ муқаррар карда шудааст, ки вобаста ба ин зиёдшавии музди меҳнати онҳо 15 фоизро дар бар мегирад.

Маоши вазифавии кормандони дигар муассисаву ташкилотҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 20 фоиз зиёд мегардад.

Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёдшавии нафақа низ мушаххас муқаррар гардидааст.

Аз ҷумла, ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол 25 фоиз ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол 20 фоиз зиёд карда шуд, ки мутаносибан андозаи онҳо 130 сомонӣ ва 624 сомонӣ дар як моҳ ташкил медиҳад. Дар айни ҳол, андозаи онҳо мутаносибан ба 104 ва 520 сомонӣ баробар аст.
Инчунин нафақаи заминавӣ ҳам ба андозаи 130 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шудааст.

Нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардида, андозаи онҳо аз 200 сомонӣ кам мебошад, ба 200 сомонӣ баробар мегарданд, вале зиёдшавии онҳо дар ҳар ҳолат бояд аз 25 сомонӣ кам набошад.

Нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардида, андозаи онҳо 200 сомонӣ ва аз ин зиёдтарро ташкил менамояд, 25 сомонӣ зиёд карда мешаванд.

Нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории нопурра аз рӯи ҳадди ақали нафақаи аз рӯи синну сол таъин гардидаанд ва нафақаҳои меҳнатии маъюбони гурӯҳи III ва барои маҳрум шудан аз саробон, ки бо дарназардошти собиқаи кории пурра таъин гардида, андозаи онҳо аз ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол кам мебошад, ба андозаи 30 сомонӣ зиёд карда мешаванд.

Андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол (ба ғайр аз модароне, ки даҳ фарзанд таваллуд намуда онҳоро то синни 8 солагӣ тарбия намудаанд), барои маҳрум шудан аз саробон ва аз рӯи маъюбӣ барои маъюбони гурӯҳҳои II ва III (ба ғайр аз маъюбони гурӯҳи II аз овони кӯдакӣ), ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин гардидаанд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори алоҳида зиёд карда мешаванд.

Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёдшавии стипендияҳои давлатии донишҷӯёну аспирантон ба андозаи 20 фоиз пешбинӣ гардида, стипендияи Президентии донишҷӯён аз 525 сомонӣ ба 630 сомонӣ ва аспирантони муассисаҳои олӣ ва илмӣ аз 630 сомонӣ ба 756 сомонӣ расонида мешавад.

Стипендияҳои донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёна касбӣ аз 83 сомонӣ ба 100 сомонӣ расонида мешавад.

Барои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2013, №1493 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 355 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои:

- кормандони соҳаи маориф – 115,7 млн. сомонӣ;

- кормандони соҳаи тандурустӣ – 42 млн. сомонӣ;

- кормандони ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг ва илм – 12 млн. сомонӣ;

- кормандони мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ - 19 млн. сомонӣ;

-маош ва нафақаи кормандони мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – 42 млн. сомонӣ;

- дигар кармонадони соҳаҳои буҷетӣ ва стипендия – 9,2 млн. сомонӣ;

- нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ 115 млн. сомонӣ равона карда мешавад.

Маблағҳои зикргардида дар Буҷети давлатии соли 2013, аз ҷумла дар буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, буҷетҳои вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ҳисор пешбинӣ гардидаанд ва маблағгузории зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия дар 4 моҳи соли ҷорӣ пурра таъмин карда мешавад.

Барои зиёдшавии музди меҳнати кормандони ноҳияҳои субвенсионӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои мақсадноки зарурӣ ҷудо карда мешаванд.
Инчунин барои амалӣ намудани Фармони мазкур маблағҳо аз ҳисоби иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сарфаи дигар моддаҳои хароҷот ва маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ равона карда мешаванд.

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3739244
ИмрӯзИмрӯз1249
МоҳМоҳ18946
ХамагиХамаги3739244

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.