Тасхиргари дилҳо

Офаридгор ҳар як инсонро барои кору шуғле офарида,  ҳар яке, аз онҳоро  вобаста ба ҳунару завқашон  шахсият, ҳунарманд ва соҳибистеъод ташаккул дода, ба ҷомеа муаррифӣ месозад. Боиси ифтихор аст, ки дар гузашта ва имрӯз  миллати тоҷик  соҳиби фарзандони заҳматкашу бунёдгар ва шинохта аст.

Ба қавле «Ҳама касбҳо хубу бошарафанд, агар ҳунари комил дошта бошӣ». Моҳият, нақш  ва арзишмандии ҳар як касбро бешак  соҳибкасбон ба ҷомеа муаррифӣ месозанд. Дар ин нигоштаҳои мо сухан дар бораи зане меравад, ки ӯ бо ҷасорату матонати худ, иродаи ватандӯстонааш, бо таҳияи гузоришҳои телевизонӣ, дарҷи маводҳои ҷолиб вобаста ба фаъолият, дастоварду корнамоиҳои милитсияи тоҷик тавонист дар раванди фаъолияти хизматиаш дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ саҳми назарраси худро гузорад.

 

 
Табрикот

Ба муносибати Иди касбии милитсияи тоҷик имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораю корхонаҳои давлатӣ ба кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он кӯмакҳо расонида мешавад.

Бахшида ба ин Иди фархунда 10-нафар кормандон бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода сарфароз гардиданд.

 
Саҳми милитсияи тоҷик дар таърихи навини тоҷикон

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сулҳи байни тоҷикон барқарор ва устувор гардид ва давлати мо аз хатари даҳшатбори нобудӣ раҳо ёфт. Аз рӯзҳои аввали муборизаҳои шадиди сиёсии мухолифин ва Ҳукумати ҷумҳурӣ солҳои 1992-1997 ҳазорон кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба Ватан ва қарзи шаҳрвандии худ содиқ монда, баҳри таъмини амнияти дохилӣ, мубориза ба муқобили ҷинояткориҳои муташаккил ва падидаҳои нави он, терорризм, экстремизм, сепаратизм, қочоқи маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа муборизаи беамон бурда, дар ҳифзи Ҳукумати конститутсионӣ шуҷоату мардонагӣ ва қаҳрамонӣ нишон додаанд.

 
Озмуни қироати шеър

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми ноябри соли 2016, соати 13:00, бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президент» озмуни қироати шеър дар васфи Пешвои миллатро эълон менамояд.

Иштирокчиён бояд шеърҳоро азёд, бо лаҳни шево ва санъати суханварии бурро пешкаш намоянд.

Дар озмун тамоми шаҳрвандон, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва фарзандони онҳо, курсантони Академияи ВКД ва собиқадорони милитсия метавонанд иштирок намоянд.

Ҷамъбасти озмун дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ғолибони озмунро тӯҳфаҳо интизор аст.

Телефонҳо барои маълумот: 223-23-31, 934-45-09-35. 

 
Магар сазои некӣ бадист? , ё худ «Нидои гаҳвора»

Яке аз рӯзҳои сарди зимистон, ки замин ба худ кӯрпаи гарми нуқрафоми барфин пӯшида, рӯз дар аҳди худ ҳукми дароз ва тӯлонӣ буданро ба  шаб дода ва шоҳи гармӣ чун ҳамешагӣ аз лашкари сардӣ мағлубият дида, барои муддате аз тахти шоҳӣ поин омада буд, хонадони Шамсиддин Сайфиев ба нури ҷилваи ҷамоли Худованд бо қудуми нахусти тифлаке муштипар мунаввар гардида, шодиву сурури аҳли хонаводаро ҳадду канор набуд. Шамсиддин ғофил аз қазову қадар ва қисмату тақдири пешона, тағофул аз нигориши хаттоти азал, аз ба олами ҳастӣ омадани нахустписараш шодӣ мекарду меболид. 25- уми  декабри соли 1977 дар ҳаёти ӯ ҳамчун санаи хотирмон нақш баст ва ӯ худро хушбахттарин фарди олам мешумурд, зеро тавлиди писар, ки давомдиҳандаи насли мард маҳсуб меёбад, ӯро ба дунёи хаёлоти ширину фасонаҳои рангини ҳаёт мебурд ва ифтихормандии ӯву ҳамсараш тасаввурнопазир буд.

 
ТАБРИКОТ

Табрикоти

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов  ба муносибати фарорасии Соли нави 2013

Барои миллати тоҷик боз як соли барору комёбиҳо пушти сар шуд. Соли 2012 бо як қатор ҳодисаву рӯйдодҳояш дар хотири ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз нақш хоҳад баст. Дар ин сол мо, тоҷикон, зери роҳбарии Сарвари хирадманду сулҳофарамон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардидем. Аз ҷумла, халқу давлати мо рӯйдодҳои таърихиеро, ки барои дар сатҳи баланд баргузор кардани онҳо омодагии зиёд медид, таҷлил намуд. Манзурам 15-солагии Ваҳдати миллӣ ва ҷашни пуршукӯҳи 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки на танҳо сокинони сарзамини таърихиамон, инчунин, тоҷикони тамоми дунё онҳоро сазовор пешвоз гирифтанд.

Боиси зикр аст, ки барои мо, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, соли 2012 низ бо як қатор рӯйдодҳояш дар хотир нақш мебандад. Аз ҷумла, дар ин сол иди касбиамон - Рӯзи милитсияи Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор карда шуд, ки дар он Сарвари давлат бо суханронии пурмӯҳтавои хеш аз нақши хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини субот дар ҷомеа ва вазифаҳои онҳо баҳри минбаъд таҳким бахшидани сулҳу оромӣ дар Ватани маҳбубамон ёдовар гардид.  

Ҳамкасбони азиз!

 
Бахшида ба рӯзи милитсия

Эй милиса

Ҳамеша дар қаторӣ, эй милиса,

Фақат шабзиндадорӣ, эй милиса.

Алорағми ҷиноӣ дар набардӣ,

Ба ӯ носозгорӣ, эй милиса.

Надорӣ лаҳзае орому роҳат,

 
Дар роҳи «Муҳофиза»

Агарчӣ ба даст овардани молу мулк, нуфузу эътибори миллӣ ва ғановату дороӣ кори саҳлу осон набошад, вале нигоҳдорӣ ва ҳимояи ин дастовардҳо аз он ҳам мушкилтар мебошад. Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихори муҳофизати ин дастовардҳо, бинову иншоот ва моликияти давлативу ҷамъиятиеро, ки барои кишвари азизамон аҳамияти ҳаётан муҳим доранд ба дӯш дорад ва аз замони мавҷудият то ба имрӯз ин вазифаи мураккабу пурмасъулиятро сарбаландона иҷро намуда истодааст.

Санаи 29 октябри соли равон дар хадамоти мазкур иди касбии кормандони ин бахши муҳими мақомоти корҳои дохилӣ таҷлил карда шуд, ки дар он роҳбарият, ҳайати шахсӣ, собиқадорон ва дигар меҳмонони олиқадр иштирок намуданд.

 
Тантанаҳои солинавӣ

Чун дар тамоми вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаву корхонаҳо дар раёсату шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ низ чорабиниҳои идонаи солинавӣ бо маром идома дорад.

Аз ҷумла тибқи тавсия ва супориши Роҳбари давлат дар арафаи соли нави мелодӣ ба оилаҳои камбизоат ва ятимону бепарасторон кӯмакҳои моддиву тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуданд.

 

 

 
Вохӯрӣ бахшида ба пешвози Рӯзи Забон

Бахшида ба рӯзи Забон, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри соли 2012 аз соли 2009 инҷониб бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад, дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ бо Раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Додихудо Саймиддинов ва устодону шунавандаҳои Академияи мазкур баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ профессор Додихудо Саймиддинов дар бораи мақоми давлатӣ гирифтани забон, аҳамият ва моҳияти он, тоза ва беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ баромад намуда, изҳор кард, ки забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, онро муқаддас ва пос мебояд дошт. Дар хотима, байни шунавандагону устодон ва Раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Додихудо Саймиддинов саволу ҷавоб сурат гирифта, иштирокчиёни вохӯрӣ аз сӯҳбат бо мавсуф як ҷаҳон таассуроти нек ва лаззати маънавӣ бардоштанд.

Шобадалов А. лейтенанти милитсия

 
Забон ифтихори миллат аст

Ба тасдиқи Қонун «Дар бораи забон», ки аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 22 июли соли 1989 қабул шуда буд, 23 сол сипарӣ мешавад. Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон дар бораи забон қонуни давлат вуҷуд надорад. Барои ҳамин гуфта метавон, ки дар мо ин қонун феномен аст. Аммо бархе аз олимон дар матбуот ва баҳсҳои илмӣ бар он ақидаанд, ки дар замони шӯравӣ мо аз забони модари бебаҳра мондем, ки ба ин фикр розӣ шудан мумкин нест. Дар давраи шӯравӣ ҳам, ба масъалаи забонҳои халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла забони тоҷикӣ диққат дода мешуд.

 
Дилдодаи касби хеш

Нозири Шӯъбачаи таҳқиқи Шӯъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон лейтенанти калони хизмати дохилӣ Маҳмадулло Абдуллоев масъулиятшинос буда, нисбат ба вазифаи хизматиаш серталаб аст. Ӯ хатмкардаи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ мебошад.

 
Таҷлили Иди касбии оташнишонон

Дар толори маҷлисгоҳи Маркази таълимии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30 июли соли равон ба ифтихори 84-умин солгарди таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонии ҷумҳурӣ чорабинии хотирмон баргузор гардид. Дар он доираи калони собиқадорони хадамот ва меҳмонон иштирок намуданд. Чорабинии мазкурро сардори Сарраёсат полковники милитсия Мирулло Шарифов оғоз намуда, иштирокчиёни ҷамъомади тантанавиро бо Иди касбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ табрику таҳният гуфта, дар маърӯзаи худ аз таърихи хадамоту корнамоиҳои собиқадорон ва саҳми арзандаи кормандони фаъолу соҳибкасби имрӯзаи он суханронӣ намуд.

 
Суханронии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Р.Ҳ. дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба иди 8-март, Рӯзи Модар

Модарон ва хоҳарон!

Бонувони мӯҳтарам!

Ҳамкасбон ва

меҳмонони гиромӣ!

Дар оғози ин ҷамъомади тантанавӣ, шуморо бо иди 8-Март-Рӯзи Модар самимона муборакбод намуда, бароятон хушиҳои рӯзгор, ободии хонадон, хушбахтии фарзандон ва дар кору фаъолияти хизматӣ барору комёбиҳоро таманно менамоям. Иди модарон дар рўзҳое таҷлил мегардад, ки ба сарзамини биҳиштосои мо фасли зебои сол-баҳор ва Наврӯзи Аҷам қадам ранҷа мекунад. Фарорасии ин ҷашнҳо, ки ба худ таърихи хоса доранд, аз ҳар ҷиҳат барои сокинони кишварамон хотирмон ва фаромӯшнашаванда мебошад, зеро Зан ва Баҳор рамзи зебоӣ, ободию шукуфоӣ ва идомаи ҳаёти инсон мебошанд. Хушбахтии ҳаёт, зебоӣ, гармӣ ва рӯшании рӯзгори мо маҳз аз шарофати зан-модар, идомадиҳандаи насли инсонҳо мебошад, ки дар ҳама лаҳзаҳои зиндагӣ дастгиру мадагори мардон ҳастанд.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3826565
ИмрӯзИмрӯз1131
МоҳМоҳ26070
ХамагиХамаги3826565

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.