Зиҳӣ, эй Пешво, бар ҷони мо ҷонӣ, ту меарзӣ!

Дар идомаи чорабинӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президент» аъзои Иттифоқи нависандагон, нависанда Шералӣ Мусо зикр кард, ки боиси ифтихор аст, ки дар ин рӯзи таърихӣ сухан аз ҷасорату корнамоӣ ва сулҳофариву муттаҳидсозии халқи тоҷик, ки бо ҷаҳду талоши фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаддаст, ҳарф мезанем.

Маҳз дар он рӯзҳои вазнин ва тақдирсози кишвари тоҷик дар сессияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамагӣ 40-сол дошт, роҳбарии давлати Тоҷикистонро, ки дар вартаи нобудшавӣ қарор дошт, ба уҳда гирифт.

 
Табрики соҳибҷашн

Имрӯз (01.04.с.2013) сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазонов Сӯҳроб Кароматуллоевич зодрӯз дорад. Соҳибҷашнро Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бахшида ба рӯзи мавлудаш табрику муборакбод намуда, ба ӯ барору комёбиҳо ва дар фаъолияти хизматиаш натиҷаҳои назаррас таманно намуд.

Мавсуф дар мақомоти корҳои дохилӣ дар вазифаҳои гуногун, аз он ҷумла, муфаттиш-криминалисти шӯъбаи назоратӣ методии Раёсати тафтишотии ВКД, муфаттиши Шӯъбаи тафтиши ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадори Раёсати тафтишотии ВКД, сардори шӯъбачаи шаҳрии милитсия ШКД-и ноҳияи Шоҳмансури РКД-и шаҳри Душанбе ва Сардори ШКД хати фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе дар РВКДН ҶумҳурииТоҷикистон фаъолият намудааст.

 
Мавлуд муборак!

Имрӯз (26.03.2013) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дар ҳузури аъзоёни Мушовара ва сардорони Раёсатҳои мақомоти корҳои дохилӣ сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Зоиров Ҷӯрахон Маҷидовичро бахшида ба зодрӯзаш табрику муборакбод намуда, ба ӯ дар фаъолияти пурсамараш барору комёбиҳо таманно намуд.

Соҳибҷашн - Зоиров Ҷӯрахон Маҷидович то ба ин вазифа таъин шуданаш дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда, аз он ҷумла, муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар нақлиёти ВКД, сардори Раёсати таҳқиқи ВКД, намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар қаламравии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ифои вазифа намуда, дар рушду тараққиёти мақомоти милитсия ва дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ нақши арзанда гузоштааст.

 
Тараннуми наврӯзӣ

Сайри наврӯзӣ

Боз аз нав зинда мегардад замин,

Метапад қалбаш пас аз тӯлонихоб.

Мефишонад домане пур аз гуҳар,

Абр ҳамчун «уштури масти саҳоб».

Накҳати гулҳои наврӯзи аҷам,

Ин замон бар аҳли олам мерасад.

 
Ин рӯзи фирӯзӣ бувад аз давраи Ҷамшеди ҷам

Наврӯз яке аз идҳои қадимаи форсизабонон мебошад. Наврӯзро иди Ҷамшед ҳам мегӯянд, зеро ин ид дар давраи Ҷамшед яъне подшоҳи сулолаи Пешдодиён пайдо шуда, то ба замони мо омада расидааст. Манша ва замони пайдоиши Наврӯз ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашни таърихӣ беш аз се ҳазорсол дорад ва қадимитарин ойини миллӣ дар дунё ба шумор меравад. Дар бархе аз матнҳои куҳани Эрон, аз ҷумла «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ ва «Таърихи Табарӣ», Ҷамшед ва дар баъзе дигар  матнҳо  - Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд.

Абдоъи Наврӯз дар "Шоҳнома" ба ин сурат ривоят шудааст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон дастур дод, то дар он ҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи заррин бар рӯйи тахт нишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ ҷаҳон мунаввар шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро рӯзи нав номиданд.

 
Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст!

Дар арафаи фарорасии Иди бонувон, ошноӣ пайдо намудан бо ҳаёту фаъолияти кории онҳо аз манфиат холӣ нест. Имрӯз боиси хушнудист, ки занони босаводу лаёқатманд дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолона хизмат доранд. Албатта, чи қадаре, ки занон бодонишу бомаърифат бошанд, ҳамон қадар ҷомеа бофарҳанг ва фарзандонамон ботарбияву хушахлоқ мегарданд. Воқеан, имрўз мо дар мақомоти корҳои дохилӣ шумораи зиёди бонувони равшанфикр, бомаърифат, соҳибилм ва ҳамқадами замон дорем, ки боиси ифтихору сарфарозианд. Боиси хурсандист, ки дар Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ теъдоди зиёди занон кору фаъолият доранд. Яке аз онҳо Нағзибекова Файзинисо Бозоровна – муовини сардори Раёсати тиббӣ, ӯ низ сардори Комиссияи Марказии ҳарбӣ-тиббии Раёсати тиббӣ мебошад.

 

 

 
Зодрӯз муборак!

Имрӯз (05.03.с.2013) сардори Раёсати молиявӣ-иқтисодии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Маҳмадшоев Шералӣ Аъзамович зодрӯз дорад. Соҳибҷашнро бахшида ба ин санаи муборак Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дар ҳузури аъзоёни Мушовара ва сардорони раёсатҳо табрику таҳният гуфт.

Маҳмадшоев Шералӣ Аъзамович то ба ин вазифа таъин шуданаш дар мақомоти корҳои дохилӣ дар вазифаҳои гуногун, аз он ҷумла,   сардори шӯъбачаи тафтишотии Раёсати молия ва иқтисодии ВКД; муовини сардори Раёсати молия ва иқтисодии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намуда, дар рушду тараққиёти мақомоти милитсия саҳми созанда гузоштааст.

 
Шеърҳо

Гаҳвораи ориёии ман

Ман ошиқи мулки кӯҳсорам,

Мафтуни ҳавои ин диёрам.

Фахрам ба Ватан, ба Тоҷикистон,

Ман арҷ ба номи он гузорам.

Чун кишвари ман дигар макон нест,

Зебову ба дил фараҳнишон нест.

Ақсои замин гузор як сӯй,

Ҳатто, ки ба иқди каҳкашон нест.

Шукрона ба офаридагорам,

Шукронаи мулки кӯҳсорам.

Шукронаи ин диёри зебо,

Шукронаи файзи бешуморам.

Шукрона, ки мулк ҳаст озод,

Имрӯз зи дирӯз аст обод.

Оромиву ваҳдат аст барпо,

Шукронаи миллати худодод.

Фахрам ба диёри файзборам,

Аҷдоди закии тоҷдорам.

Бар гӯши фалак расида шонаш,

Шукронаи миллати баорам.

Эй меҳани офтобии ман,

Имони ба дил ниҳоии ман,

Оғӯши ту баҳри ман биҳишт аст,

Гаҳвораи ориёии ман.

Ғаффор Амирӣ


Дубайтиҳо

Завқи фалакам гирифту фарёд задам,

Бар гӯши фалак наъраи имдод задам.

Дар саҳнаи зиндагӣ ба сад дарду алам.

Бо захмаи дил мақоми эҷод задам.

___________________________________

Дардо, ки фалак сӯзи маро соз накард,

Бо сози дилам замзама оғоз накард.

Ҳумои ҳавас зи ошиёни дили ман,

Бол бикшоду маҷоли парвоз накард.

____________________________________

Бар набзи фалак набзи дилам ёр омад,

В-аз дасти фалак в-аро чӣ озор омад.

Ором дигар куҷо бигирад аз дард,

Бечора дилам  магар ба гуфтор омад.

Амиров Ғаффор Ғоибович,      

муовини сардори шӯъбаи Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия        


 
Як ҷаҳон таассурот

Имрӯз (15.11.с.2016) бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ як гурӯҳ кормандони мақомот ва ҷузъу томҳои он бахшида ба «Рӯзи Президент» бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз овони мактабӣ ва таҳсили Пешвои миллат ба ноҳияи Данғара ва шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон сафар намуданд.

Сараввал, ҳайати гурӯҳ дар ноҳияи Данғара аз осорхонаи мактабии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан карданд, ки ба тамошобинон мудири Осорхона Мирзохон Бобоев дар бораи таърихи таъсисёбии осорхона, акс ва шиору овезаҳои он мухтасар маълумот дод.

 
Саҳифае аз таърихи сарбозони башардӯст

 Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ сарбозони «ҷанги афон» дар самтҳои гуногун заҳмат мекашанд. Ва онҳо аз ҷумлаи ашхосе буданд, ки бо тақозои тақдир он ҷо афтода ва чӣ рӯзҳоеро аз сар нагузаронидаанд. Ҳама ҳолу вазъ ва рӯзҳое, ки Тоҷикистон ва мардуми он тӯли солҳои 1990 диданд, онҳо қаблтар вохӯрда буданд. Осмони сиёҳи кишварашон, хусусан, таъби онҳоро тиратар сохт, вале онҳо омодаву ҳамеша боҷасорат буданд.

 15 феврал ба аз қаламрави Афғонистон берун шудани қушунҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ 24 сол пур мешавад. Навиштаҳои зер поррае аз ёдоштҳои шоҳидони воқеаҳои кишвари ҳамсоя, ки ҳоло дар Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият доранд мебошад.

 
Артиши миллӣ – сипари боэътимоди кишвар!

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳакам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароитҳои моддиву техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамояд. 23 феврали соли равон аз бунёди Артиши миллӣ, ки он зодаи Истиқлолияти давлатӣ мебошад, 20 сол пур мешавад. Дар остонаи ин ҷашни бошукӯҳи таърихӣ ҳар як фарди Ватандӯст беихтиёр роҳи тайнамудаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро албатта пеши назар меорад.

Нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ 23 феврали соли 1993 баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

 

 
Адои хизмати пуршараф

Имрӯз (15.01.с.2013) бо Фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки синну солашон ба ҳадди ниҳоӣ расида буд, ба нафақа гусел карда шуданд.

Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ҷурахонов Саид Қаюмович ба онҳо барои хизмати поквиҷдонона ва содиқонаашон солиёни зиёд дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки «Шумо собиқадорони пуртаҷрибаед, аз ин рӯ ба сафи Шӯрои собиқадорони мақомот ворид шуда, малакаю таҷрибаи кории худро ба кормандони ҷавони Вазорати корҳои дохилӣ омӯзонед».

Ҷурахонов С.Қ. ба онҳо аз номи роҳбарияти Вазорат тӯҳфаҳои арзишнок супорида, дар зиндагӣ барору комёбиҳо таманно намуд.  

 
Қадрдонӣ

6 феврали соли равон дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба хотири ба нафақа гусел намудани ду нафар кормандон-собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар ин Хадамот солҳои зиёд кор кардаанд, ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Подполковники милитсия Қаюмова Людмила Урунбоевна фаъолияти кории хешро аз моҳи апрели соли 1974 оғоз намуда, то имрӯз дар вазифаҳои гуногун бо як ҳисси ватандӯстӣ хизмат намудааст.

Прапоршики милитсия Боймурзоева Елена Фёдоровна, ки то рӯзи ба нафақа баромадан дар вазифаи корманд-мутахассиси Бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД кор мекард, фаъолияти хизматии хешро аз моҳи апрели соли 1999 дар мақомоти корҳои дохилӣ оғоз намуда, солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.

Дар чорабинӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД собиқ кормандони худро барои фаъолияти шоиста ва бенуқсони худ баҳри хизмат ба халқу Ватан таҳният гуфта, дар фазои тантанавӣ ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Р. Илёсов, майори милитсия

 

 
Тилисми нигин

Агар дар замони ҷанг яроқи ҳастаӣ аз ҳама хавфноктару маргафкан бошад, пас дар замони осоиштагӣ низ девсиратон, душманони насли инсонӣ бо сурати одамӣ, ки мекушанд ниҳоли ин махлуқи бошуурро аз реша баркананд, танҳо худ ҳамчун ҳокими мутлақ боқӣ бимонанд ва бо ҳамин мақсад ниҳоли дигаре мепарваранд, ки ҳосили он марг аст…..

Бар ҳар куҷо, ба ҳар сарзамине, ки ин бори маргафкан ворид шавад орому номаълум аввал хиради одамонро барҳам зада, оташи ҷинояту қатлу кушторро аланга мебахшад ва маргу маҳбас ҳамқадами ӯст.

Пас он аз яроқи ҳастаӣ низ хавфноктараст, зеро яроқ танҳо дар вақти ҷанг истифода мегардад, вале барои истифодаи ин бор замону макон, пиру ҷавон ҳеҷ аҳамияте надорад. Мехоҳӣ, ки туву пайвандонат аз шарри он дар амон бошӣ? Пас дар мубориза бар зидди воридоту паҳншавии маводи фоҷеабори мухаддир бетараф набош!!!

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3736572
ИмрӯзИмрӯз51
МоҳМоҳ16274
ХамагиХамаги3736572

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.