|
Имрӯз (24.01.с.2014) дар толори Вазорати корҳои дохилӣ бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ шаби эҷодии овозхони ҷавону хушсалиқаи ансамбли «Сипар» - Дубайи Умар баргузор гардид.
Дар ин маҳфил устодону ҳунармандон, санъаткорон, меҳмонон, ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва мухлисони ҳунари волои Дубайи Умар – хурдсолон низ иштирок намуда, аз савту суруд ва лаҳни ширини ин ҳунарманди боистеъдод лаззати маънавӣ бардоштанд.
Мирзо Файзалӣ
Шоири халқии Тоҷикистон
Ба муҳофизони тартибот
Ҳушёру матин, зӯру шарафманд милиса,
Бо халқи Ватан ҳамдилу пайванд милиса.
Чолоку далер аст, ба нанг асту ба ор аст,
Содиқ ҳамаи умр ба савганд милиса.
Дар кор милиса, ҳушёр милиса,
Ғамхор милиса, бедор милиса.
Шоми 5-уми октябри соли равон бахшида ба рӯзи забон ва таъсисёбии бахши кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ дар боғи устод Рӯдакӣ консерти идона бо иштироки ҳурнармандони маъруфи кишвар ва ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ доир гардид.
23-юми сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Забон рукни асосии давлатдорист» доир гардид. Дар ин чорабинӣ омӯзгорон, шунавандагони Академия, олимони забоншиносу дигар меҳмонони расмӣ иштирок намуданд. Семинарро сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Абдулҳакими Розиқзода ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба моҳияти забон ва аҳамияти он дар замони муосир сухан кард.
Муаррифӣ: Султонов Дубай Умарович, 12 сола, дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи ҳунарманд ба дунё омадааст. Ҳунарманди ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ, ғолиби озмуни бачагонаи «Овози тиллоӣ», аз 2-солагӣ ба овозхонӣ шуғл варзида, дар синни 6-солагиаш дар озмуни ҷумҳуриявии «Фалак» дар шаҳри Кӯлоб иштирок намуда, дили ҳамагонро бо садои ҷаззобу дилнишинаш тасхир намудааст. Бештар дар жанрҳои «фалак» ва «эстрада» баромад намуда, сабку равиши санъати арбобони шоистаи ҳунари тоҷик Зафар Нозим, Дустмуроди Алӣ, Одина Ҳошим, Кароматуллои Қурбон, Давлатманди Хол ва Рустами Қосимро меписандад. Аз ин айёми хурдсоли завқи баланди ҳунармандӣ дошта, шаклҳои муосири санъатҳои сарояндагӣ аз ҷумла «Рэпсароӣ»-ро санъати хасакӣ, бегона ва ғайрикасбӣ мешуморад. Айни замон таҳсилкунандаи мактаби мусиқии №1 шаҳри Кӯлоб мебошад.
Раҳимов Хуршед Абдураҳимович, 27 апрели соли 1969 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчии Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД таваллуд шудааст. Соли 1976 ба синфи 1-уми мактаби миёни №1-и ноҳияи Данғара рафта, соли 1986 мактаби миёнаи №38-и шаҳри Душанберо хатм намудааст. Баъди хатми мактаби миёна ба Техникуми геологӣ – кашшофии шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 1987 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Артиши Шӯравӣ даъват шуда, дар округи Ҳарбии шаҳри Москваи Федератсияи Россия хизмат намудааст. Соли 1989 баъди адои хизмат ба сафи хадамоти давлатии оташнишонӣ ба кор даромада, дар ҚМ-5 ХДО ноҳияи Фрунзе ба сифати оташнишон ба кор таъин шудааст. Соли 1990 ба Омӯзишгоҳи оташнишонӣ – техникии шаҳри Тошканд дохил шуда, онро бо ихтисоси техники техникаи зиддисӯхторӣ ва бехатарӣ хатм намудааст.
Мутобиқи сиёсати имрӯзаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ғамхорӣ зоҳир намудан ба ятимону бепарасторон Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 19 нафар ҷавонони ятиму бепарастор ва фарзандони кормандоне, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ба шаҳодат расидаанд ба таҳсил қабул намуд, ки барои онҳо тамоми шароитҳои мусоид ҷиҳати омӯзиши ин соҳаи муҳими давлатӣ ва ҳамчун афсарони ояндаи ин мақомот ба камол расидан, фароҳам оварда шудааст.
Имрӯз (10.07.с.2013) муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич ва Шарипов Изатулло – Раиси Шӯрои собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ҷашни мавлуд доранд.
Дар ҷараёни чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ва озмуни қироати шеър дар васфи Пешвои миллат Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳозиринро бахшида ба таҷлили Рӯзи Президент табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки имрӯз дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи фараҳбахш ва фаромӯшношуданист. Зеро заҳматҳои ин абармарди бонангу ори миллат, амалҳои созандаю бунёдкоронаи ӯ баҳри ободию сарҷамъӣ, тараққиёту пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони азиз равона гардидааст. Ҳазорон шукр, ки мо мардуми шарафманди тоҷик ба ин рӯз расидем.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба халқу Ватан содиқонаю софдилона хизмат менамоянд.
Хадамоти давлатии оташнишонӣ – вазифа ва ӯҳдадориҳои он
Хадамоти давлатии оташнишонӣ яке аз хадамотиҳои бонуфузи Вазорати корҳои дохилӣ ба шумор рафта, фаъолияти он асосан дар ду самт; омодагӣ барои сӯхторхомӯшкунӣ ва назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор амалӣ карда мешавад.
Назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ин маҷмӯи чорабиниҳои профилактикие мебошад, ки аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхтор ва таъмини риояи ҳатмии талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтори амалкунанда, дар тамоми субъектҳои хоҷагидор, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, инчунин ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи ҳаёту саломатии онҳо ва эмин нигоҳ доштани тамоми намудҳои моликият, ба амал бароварда мешавад.
Дар идомаи чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҷамъбасти озмуни қироати шеър дар васфи Пешвои миллат, гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» ва дигар ҳаводорони шеъру шоирӣ аз ҷумла, Бобоева Шаҳзода, Мирзода Шӯҳрат, Зарангези Файзалӣ, Нигора Толибова, Шоистаи Саидҷаъфар ва Ғуломов Саидшо шеърҳоро дар васфи Пешвои миллат бо лаҳни бурро ва садоқати бепоён қироат намуданд.
Дар рафти барномаи имрӯза ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг» суруди «Саодати Ватан»-ро, ки ба қалами шоири маҳбуб Бозор Собир тааллуқ дорад, бо маҳорати баланди сурудхонӣ иҷро намуданд.
Дар ин бахш ҳамчунин дар иҷрои Каримов Акбарҷон «Фалаки Хатлонӣ» бо лаҳни шевою гуворо пешкаши тамошобинон гардид, ки бо кафкӯбиҳои давомнок пазируфта шуд.
Имрӯз (16.11.с.2016), дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҷамъбасти озмуни қироати шеър дар васфи Пешвои миллат бахшида ба «Рӯзи Президент» бо иштироки шаҳрвандон, наврасону ҷавонон, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорон ва меҳмонон доир гардид.
Барномаи фарҳангӣ-фароғатиро Сардабири ҳафтаномаи соҳавии «Қонун ва ҷомеа» полковники милитсия Шерализода Ҳасан Шералӣ ҳусни оғоз бахшида, сараввал ҳозиринро бо ин рӯзи фараҳбахш - «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» самимона табрику таҳният намуд.
Нахуст озмуни қироати шеър оғоз гардида, Сарбоззода Шифои 8-сола шеъри «Дар ситоиши Пешвои миллат»-ро бо лаҳни ширину бурро азёд қироат намуд.
"Қонун ва ҷомеа"-ро барои худ писандидатарин ҳафтанома меҳисобам. Моҳи феврали соли равон яке аз шумораҳои ҳафтаномаи мазкурро дастрас кардам. То ин дам чунин ҳафтаномаро намедонистам. Ҳафтаномаро мутолиа кардам. Ба ман писанд омад. Гарчанде синни мубораки ман ба 77 сол расидааст, бо хоҳиши худам ҳамон рӯз дар шаҳри Панҷакент обуна шудам. Ҳар шумораи онро бо навбат мутолиа менамоям, ғизои маънавӣ мегирам, ба далелу рақамҳои нав-навин шинос мешавам. Аз хурдӣ, яъне аз синни понздаҳсолагиам рӯзномаҳо, маҷаллаҳои дилхоҳи худро мехонам. Фараҳманд ҳастам, ки қариб ба ҳаштод расида бошам ҳам, бе айнак мехонам.
Сифати ҳафтанома хеле хуб аст. Суратҳо диққатҷалбкунандаанд. Маводҳо мухтасар ва пурмазмун мебошанд. Доир ба фармонҳои Президенти муҳтарам, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои ҳукуматӣ, тағйироти кадрӣ, хизмати хуби кормандони корҳои дохилӣ, муносибати нек бо давлатҳои минтақа, мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷашнномаҳо, чидаахбор, баланд бардоштани дониши сарбозони қӯшунҳои дохилӣ, оё медонед? латифаҳо, роҳу усулҳои тафтиши ҷиноятҳои қаллобӣ ва ғайраҳо маводҳои хонданӣ чоп мешаванд.
Имрӯз (04.04.13) дар толори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии адибони шинохтаи кишвар, Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев, нависанда Амирхон Маҳмадхонов ва тарҷумон Амирхон Азимов бо устодону шунавандагони Академияи мазкур вохӯрӣ-чорабинии адабӣ баргузор гардид. Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Академияи ВКД генерал-лейтенанти милитсия Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ оғоз бахшида, вобаста ба асарҳо ва нақши адибони мазкур дар рушди адабиёти муосир ибрози андеша намуд.
![]() | Имрӯз | 164 |
![]() | Моҳ | 12108 |
![]() | Хамаги | 3861604 |
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.