Таҳнияти зодрӯз

Имрӯз (23.08.с.2014), Мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Бухориев Мансур Ғоибович зодрӯз дорад. Соҳибҷашнро ба ин муносибат Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода дар ҳузури ҳайати шахсии Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба ӯ дар фаъолияти хизматӣ барору комёбиҳо ва дар ҷодаи ҳаёт сиҳатии комил, умри дароз ва хушнудию хушрӯзиҳо таманно намуд.

Мавриди зикр аст, ки Бухориев Мансур Ғоибович яке аз кормандони пуртаҷриба ва касбии мақомоти корҳои дохилӣ маҳсуб ёфта, дар  самтҳои гуногуни соҳаи милитсия фаъолият намудааст.

Саҳми Бухориев Мансур Ғоибович дар рушду нумӯъ ва такмил додани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалияи маъмурӣ назаррас мебошад.

Мавсуф ҳамчун корманди ботаҷриба, дар ошкор ва пешгирии ҷиноятҳо, риояи волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши арзанда дорад.

Роҳбарият ва ҳайати шахсии Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Бухориев Мансур Ғоибовичро бо ин рӯзи саид таҳният гуфта, фатҳи қуллаҳои баландтарини муродро таманно менамояд.

 
Мавлуди хуҷастапай

Имрӯз (01.08.с.2014), сардори Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилӣ подполковники милитсия Маҳмадализода Алишер Маҳмадалӣ зодрӯз дорад. Соҳибҷашнро бо ин рӯзи фархунда муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Бузмаков Абдураҳмон Аламшоевич дар ҳузури сардорони раёсатҳо табрику таҳният намуда, ба соҳибҷашн сиҳатмандии комил, рӯзгори хушу осуда ва дар фаъолияти хизматиаш бурдбориҳо таманно намуд.

Маҳмадализода Алишер Маҳмадалӣ дар байни ҳайати шахсӣ бо ахлоқи хубу ҳамида, хоксорӣ ва кордонию инсондӯстиаш соҳиби обрӯю эътибор аст.

 

 
Дарси хизматӣ дар мавзӯи мероси адабии Абдураҳмони Ҷомӣ

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, имсол дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ  - олим, мутафаккир, шоир, нависандаи барҷастаи форсу тоҷик, ки дар осмони илму адаби асри XV монанди як ситораи дурахшон ҷилвагар аст, қайд карда мешавад. Дар дарси хизматие, ки рӯзи 5-уми июни соли ҷорӣ дар Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки тамоми ҳайати шахсии ин раёсат баргузор гардид, мавзӯи машғулияти хизматӣ «Мероси гаронбаҳои мутафиккири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ» интихоб гардида буд.

Барои баррасии мавзӯи асосӣ ходими шоистаи давлатӣ профессор Қушматов Абдувалӣ Акрамович ва мудири кафедраи таърихи адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърихи адабиёт, дотсент Солеҳов Мирзо Одинаевич даъват шуда буданд.

 
Зодрӯз муборак!

 

Имрӯз (03.06.с.2014), сардори Раёсати ташхисӣ-криминалистии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Муҳамадиев Муҳамадӣ Толибович зодрӯз дорад. Бахшида ба ин санаи муборак Муҳамадиев Муҳамадӣ Толибовичро Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҳузури аъзоёни Мушовара ва сардорони Раёсатҳои мақомоти корҳои дохилӣ табрику таҳният гуфт.

Муҳамадиев Муҳамадӣ Толибович то ба ин вазифа таъин шуданаш дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда, аз он ҷумла, сардори шӯъбачаи тафтишотии ШВКД, муовини сардори ШВКД, сардори шӯъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Суғд, сардори Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намуда, дар рушду тараққиёти мақомоти милитсия ва дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ саҳми арзанда гузоштааст.

 
Зиёда аз 30-сол дар хизмати пуршараф

Имрӯз (03.06.с.2014), бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро якчанд нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки синну солашон ба ҳадди ниҳоӣ расида буданд, ба нафақа гусел карда шуданд.

Аз он ҷумла, муовини сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза» полковники милитсия Абдуллоев Қудратулло Зубайдуллоевич, муовини сардори Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД полковники милитсия Ҷумаев Ибодулло Алиевич ва муовини сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Шарипов Тоирхон Қодирович, ки зиёда аз 30-соли мубораки худро дар мақомоти корҳои дохилӣ сарфи хизмати пуршараф намудаанд, ба нафақа гусел карда шуданд.

 
Чорабинии фарҳангӣ бо иштироки Гулназар Келдӣ

Рӯзи 13 майи соли ҷорӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба «20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Зоиров Ҷурахон Маҷидович, шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи матни Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ ва ҳайати устодону курсантони Академия иштирок намуданд.

Чорабиниро сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Зоиров Ҷурахон Маҷидович ҳусни оғоз бахшида, оид ба моҳият ва аҳамияти тақдирсози ин санади муҳим – Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза кард.

 
Ба ёди шоири зиндаёди тоҷик

Ало эй қарни 21-аҷаб нест, ки оғозат бувад анҷоми Лоиқ. Аз марги Лоиқ Шералӣ агар 14-сол ҳам гузашта бошад, аммо ҳанӯз ӯ дар ёди тамоми дӯстдорони шеъру суруд зинда аст ва зинда хоҳад монд. Мо дар арафаи ҷашни зодрӯзи марҳум Лоиқ Шералӣ қарор дорем. Лоиқ Шералӣ 20-майи соли 1941 дар қишлоқи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд (пештара вилояти Ленинобод) ба дунё омадааст, Лоиқ Шералӣ яке аз шахсони бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, эҷодиёти бою ғании ӯ ба мисли «Зарафшон», «Ном», «Ба модарам», «Хонаи дил», «Хонаи чашм», «Офтобборон», «Фарёди бефарёдрас» ва ғайраҳо айни замон гирди забони ҳар як фарди Ҷумҳурии Тоҷикистон, форсизабонони дунё ва дӯстдорони ӯ ҷилва мекунад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Лоиқ зиндааст ва зинда хоҳад монд.

Лоиқ Шералӣ адабиёти тоҷикро зебову ғаниву бою гуворо гардонида, ба тамоми ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Шоири мардумии тоҷик, соҳибҷоизаи давлатии адабии Рудакӣ ва дорандаи ҷоизаи байналмилалии «Нилуфар» ва соҳиби якчанд ҷоизаву мукофотҳои давлативу байлалмилалӣ сарфароз гардонида шуда буд. Ба ҷуз офарандаи шеър буданаш якчанд асарҳои хориҷиро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда, обрую этибори хосаро сазовор гардидааст. Яке аз хизматҳои шоистаи ӯ дар такмили ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад, он замоне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро задухӯрдҳои шаҳрвандӣ фаро гирифта буд, ӯро низ бетараф нагузошт ва чунон, ки худи шоир қайд кардааст:

 
Маросими дипломсупорӣ дар Академияи ВКД

Санаи 26-уми  апрели соли равон дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ маросими дипломсупорӣ ба хатмкунандагони факултаи сеюми Академияи мазкур доир гардид. Ин маросими тантанавӣ дар саҳни Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо ворид намудани парчами Академия ва гузашти низомии хатмкунандагон ифтитоҳ ёфт.

Дар ин чорабинӣ Раиси Комиссияи имтиҳоноти атестатсияи давлатии хатмкунандагони Академияи ВКД, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умаров Икром Исломович ва Сардори Академияи мазкур генерал-майори милитсия Зоиров Ҷурахон Маҷидович иштирок намуданд.

 

 

 
Маҳфили Хайрандеш дар Академияи ВКД

Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили Хайрандеш баргузор гардид. Дар он сардори Академияи ВКД доктори илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Ҷурахон Зоиров, муовини сардори китобхонаи миллии Тоҷикистон Сафар Сайҷаъфаров, шоир Хайрандеш ва курсантону муаллимони Академия иштирок намуданд.

Нахуст сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Ҷурахон Зоиров меҳмононро хушомадед гуфта, оид ба шарҳи ҳол ва ҳаёту фаъолияти шоир Хайрандеш маълумот дод. Номбурда гуфт, ки мо баҳри баланд бардоштани дониши курсантону шунавандагони ин даргоҳ ва завқи баланд доштанашон ба назм тасмим гирифтем маҳфилро бо иштироки шоир Хайрандеш ташкил намоем, то ки шоир бо шеърҳои ватандӯстона ва пурмазмунаш хотири иштирокдоронро шод гардонида,  ба дилҳо фараҳ бахшад.

 
Озмуни «Калидчаи заррин» дар мактабҳои ноҳияи Варзоб

Бо мақсади ташвиқу тарғиби риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар байни мактаббачагон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва зиёд намудани ифтихори миллии онҳо аз тарафи мутахассисони Дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо коршиносони Сарраёсати ХДО ВКД ва Раёсати маорифи ноҳияи мазкур дар муассисаи таълимии №46-и ба номи Мирзоамин Ҳусейнови ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб, ки дар он зиёда аз 600 нафар муҳассилин ва 39 нафар омӯзгорон ба донишандӯзӣ ва кору фаъолият фароҳам оварда шудаанд, озмуни «Калидчаи заррин» ташкил ва гузаронида шуд.

 
Озмуни расми беҳтарин дар ноҳияи Рӯдакӣ

Бо мақсади ташвиқу тарғиби риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сухтор дар байни муҳасилини муассисаҳои таълимӣ, зиёд намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарварӣ ва дилсӯз будани мактаббачагон ба дастовардҳои халқу диёр аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳамкорӣ бо Шӯъбаи маорифи ноҳия, тибқи нақшаи чорабиниҳои асосии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 15-уми марти соли равон дар Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А.С. Пушкини ноҳияи мазкур ҷамъбасти озмуни «Расми беҳтарини зиддисӯхтории мактаббачагон» доир гардид.

 

 
Эй модари меҳрубону пирам…

     Бахшида ба пешвози Рӯзи модар – 8 март                                    

Модарҷони азизам чандест, ки бароят номае ифшо насохтааму, аз ҳолу аҳволат бохабар нашудаам. Аҳволат чӣ тавр аст? Медонам, масофа хеле ва хеле дур аст, аммо қалбҳои мову меҳру муҳаббат ҳамеша наздик аст, модарҷон. Хеле зиёд пазмони дидорат шудаам, вале чи илоҷ, ки насибу тақдир чунин будааст, ки зиндагӣ моро ба дуриҳои дур ва пурпечутоби зиндагӣ равон месозад, ки ҳар кадоми  мо бояд аз санҷишу мушкилиҳои он  бигзарем.

Модарҷон, ҳар субҳ, ки аз хоби ноз чашм во менамоям, ҳамоно пеши назарам қомати хамидаву чеҳраи нурониат, ҳамон дастони ларзони меҳрофарину лафзи ширинат падидор мегардад. Нонҳои лазизу ширмолат аҷаб лаззате доранд, модарҷон. Баъзан чунин гумон мекунам, ки мисли модари ман дар ҷахон модаре нест.

 
Варзиш ин ҳаёти солим ва дӯстию рафоқат аст

Рӯзи 14.03.с.2014, дар толори бинои Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб конференсия дар мавзӯи интихоби ҳаёти солим ва мубориза бар зидди нашъамандӣ бо иштироки Ёвари барномавии Созмони Амният ва Ҳамкориҳои Аврупо дар шаҳри Кӯлоб Қандиева Бибихол, шарики барномавӣ-роҳбари Ташкилоти наҷоти кӯдакони шаҳри Кӯлоб Қосимова Қурбонгул, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, варзишгарони иштирокчии мусобиқаҳои кушоди даставӣ ва дигар донишҷӯёну ҷавонони шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Дар конференсия сараввал Ёвари барномавии Созмони Амният ва Ҳамкориҳои Аврупо дар шаҳри Кӯлоб Бибихол Қандиева баромад намуда, қайд кард, ки мақсад аз ҷамъомад ин ташвиқу тарғиби ҳаёти солим дар байни ҷавонон, паст намудани сатҳи нашъамандӣ ва муборизаи якҷоя бо ин зуҳуроти номатлуб мебошад.

 
Аз пӯшидани либоси низомӣ ифтихор дорам!

Ҷомеаи навинро бе иштироки зан тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ин аст, ки Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадру манзалат ва мақоми бонувонро дар ҷомеа баланд бардошта,  хизмати содиқонаву софдилонаи онҳоро ҳамеша қадрдонӣ менамояд.

Зан-модар ҳомии Ватан, табиби ҳозиқу розиқ, тарбиятгари насли наврасу ояндасози миллат, олими намоёну билохира бонуи хонадон аст.

Яке аз чунин занони бомаърифату бофарҳанг ва фаъолу дӯстдоштанӣ полковники милитсия Отабоева Лола Ортуковна мебошад. Ин зани ҳалиму меҳрубон пеш аз ҳама модари ду писари баркамол буда, дар баробари таълиму тарбия ва ҳамсари хуб будан, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Ин бонуи хушсалиқаву хоксор фаъолияти хизматии хешро дар мақомоти корҳои дохилӣ соли 1996 аз Академияи Вазорати корҳои дохилӣ оғоз намуда, дар вазифаҳои гуногун, аз он ҷумла,  ба ҳайси мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ ифои вазифа намудааст. Айни замон ӯ сардори шӯъбаи тайёрии кадрҳои Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайти шахсии Вазорати корҳои дохилӣ мебошад.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3861624
ИмрӯзИмрӯз184
МоҳМоҳ12128
ХамагиХамаги3861624

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.