Наврӯз меояд...

Пайи Наврӯз меояд ҷавонӣ баp диёри мо,                                           
Муҳаббат медиҳад бар дидаҳои интизори мо.
Насими рӯҳафзову сафояш роҳати дилҳост,
Баҳори файзбораш зам кунад файзу барори мо.
Ҳама сарсабз, ҳама зебо, ҳама гулрезу гулпӯш аст,
Рабояд ин қашангӣ ҳар нафас сабру қарори мо.
Зи нав ошиқ, зи нав шайдо, ҳавои зистан пайдост,
Табиат мекунад ин зиннати худро нисори мо.
Сари хуршед боло мекашад чун ҳиммати тоҷик
Саодат мекунад дар ин фазо номусу ори мо.
Муборак қисмати мо, садоқатпешагии мост,
Ҳамеша сабзоғӯшему, ин аст  ифтихори мо.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия.

 
Гурдофаридҳои Вазорати корҳои дохилӣ

Ҳангоми ба забон овардани номи Зан - Модар шахси латифу нозук, зебову пуртамкин пеши назар меояд. Дар баробари ин вақте сухан дар бораи ВКД меравад пеши назар баробари мардон симои занони шуҷоъи Ватан низ ҷилвагар мешаванд. Зеро имрӯз фаъолияти Вазорати корҳои дохилиро бе занон тасаввур кардан имконнопазир аст. Айни замон, занони мақомоти корҳои дохилӣ дар вазифаҳои гуногун: корманди оперативӣ, муфаттиш, таҳқиқотчӣ, нозир ва ғайра кору фаъолият бурда истодаанд. Баробари дидани онҳо пеши назар инсони бомаърифат, хушмуомила, ҳомии тартибот, шахси тавонову барно, дорои иродаи матин ва нотарсу ғаюр падидор мегардад.

Таърих гувоҳ аст, ки занони тоҷик ба мисли Малика, Томирису Гурдофарид дар қаҳрамонӣ аз мардон камӣ надоштанд. Қаҳрамонони мақолаи ман ҳам аз Гурдофаридҳои асри ХХ1 мебошанд, ки ба латофату назокаташон нигоҳ накарда, бештари вақти худро барои таҷассум намудани корнамоиҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сарф мекунанд.

 
Тифлию домони модар хуб биҳиште будааст…

Модар! Чихел калимаи ширин ва дилангез аст. Вақте ки модар мегӯем тамоми бадану рӯҳамонро як эҳсоси гуворое фаро мегирад, ки мо аз он ҳаловат мебарем.

Модар ба мисли замин яктост ва муҳаббати ӯ барои мо фарзандон беканор ва ҷовидона аст. Модар қимматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бебаҳо, ҳимматбаландтарин шахси башар аст. Канори модар худ мактаби аввалини ҳаёти мост. Мисли оғӯши модар биҳиштосо макони дигаре нест. Модар дар ҳама ҳолат чи ҳозиру чи ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Чунонки бузургон мефармоянд:

 
Ватан

 Бӯи ҷаннат ояд аз сӯйи Ватан,

Мешавад аз бӯйи ӯ хуш руҳу тан.

Кӯҳи зар н-ояд баробар бар кафи хоке зи ту,

Зинда медорад маро як ҷуръаи ҷӯи Ватан.

 
Ҷанг шодӣ нест…

Дар мазори ёдҳои мо,

Гури миллиюнҳо шаҳидон аст.

Ҷанг шодӣ нест,

Як балои осмон аст.

 
Абармардони корзори нангу номус

Бахшида ба пешвози Иди Артиши миллӣ 

Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз санҷишҳои азиме буд барои мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ. Бо шурӯъ намудани ҷанг Германияи фашистӣ хост, ки нахустдавлати сотсиалистиро аз рӯи замин нест кунад, аммо  ба мақсади нопоки хеш нарасид. Муттаҳидӣ ва меҳанпарастии халқҳои Шӯравӣ имконият надод, ки душмани ғаддор нақшаашро амалӣ намояд.

Саҳми мардуми Тоҷикистон дар ин Ғалабаи бузург басо калон аст. Беш аз 250 ҳазор нафар фарзандони гуногунмиллати ин мулки Ховарзамин саҳми хешро дар маҳв намудани душман гузоштанд. Ба 54 нафар тоҷикистониён, ки дар набардҳои ҷанг далерӣ нишон доданд, унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуда, 15 нафарашон бо  ордени «Шараф» дараҷаи 3 сарфароз гардиданд. Ин боиси рӯсурхию сарбаландии мардуми мост.

 
Кормандони милитсия дар меҳмонии Филармония

Бегоҳии дирўз (27.01.с.2015) Ансамбли «Тарона ва рақс»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷўраев силсилабарномаҳои консертии худро бахшида ба чорабиниҳои идона: Иди Артиши миллӣ ва ҷашни байналмилалии Наврўз ҳусни оғоз бахшид. Меҳмонон ва тамошобинони нахустини намоиши фарҳангӣ-фароғатии имшаба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо аъзои оилаашон буданд.

 

 

 
Соҳибэътибор

Имрӯз (15.01.с.2015), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода, сардори Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомӣ генерал-майори милитсия Шодмонбеков Фарҳодбекро ба муносибати зодрӯзаш дар ҳузури муовинони Вазир ва сардорони раёсатҳо табрик намуда, ба ӯ барору комёбиҳо таманно кард.

Зикр гардид, ки Шодмонбеков Фарҳодбек бо меҳнати ҳалолу фидокоронааш дар байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ соҳибэътибор буда, сарсупурдаи касби пуршарафи милитсия мебошад.

Ин марди наҷиб дар самтҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намуда, кору пайкори ӯ ибратбахши насли ҷавон аст. 

 
Мавлуди мардони бошараф

Имрӯз (05.01.с.2015), роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума ва сардори Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Раҳмонзода Саиднақш зодрӯз доштанд.

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро соҳибҷашнҳоро дар ҳузури ҳайати Мушовара ва сардорони Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ самимона муборакбод намуда, ба онҳо умри дароз, барору комёбиҳо ва дар фаъолияти хизматиашон бурдбориҳо таманно намуд.

 

 
Зодрӯз муборак !!!

Зодрӯзи сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид ва сардори Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Орифзода Нурулло ба рӯзи якуми Соли Нави мелодӣ рост омад.

 
МИЛИТСИЯ

Одинаев Ҳусниддин Абдуҷалилович,  лейтенанти калони милитсия, ваколатдори калони оперативии Вазорати корҳои дохилӣ.

 

 

 

 

 

 

 

Мардиву  ҳиммат ҳамеша бо ман аст,

Илму дониш ёвари кори ман аст.

Лонаи тоҷик ҳимоят мекунам,

Интизом дар мулк назорат мекунам.

Тан ба қурбон медиҳам баҳри Ватан,

Сар ба сомон медиҳам баҳри ватан.

Ин ҳама тақдири миллат бар ман аст,

Якмаромӣ, якдилӣ кори ман аст.

 
Зодрӯзи хуҷаста

Санаи 2-уми октябр, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Солиева Зумрад Тухтасиновна мавлуди хуҷастаи худро ҷашн гирифт. Мавсуфро ба ин муносибат Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҳузури аъзоёни Мушовара ва сардорони раёсатҳо табрику муборакбод намуда, дар фаъолияти хизматӣ барору комёбиҳо таманно намуд.

Мавриди қайд аст, ки ин бонуи зебою бомаърифат соли 1985 баъди хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба мақомоти корҳои дохилӣ ба кор омада, умри пурбаракати худро ба кори милитсия бахшидааст. Ӯ дар баробари сардори Раёсат боз модар ва ҳамсари меҳрубон буда, бо хоксорию ҳалимӣ дар байни кормандон соҳиби обрую эътибор гаштааст.

Ба қавли шоир:

Касе, к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,

Ба ҳар кас дустрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.

 

 
Аё Қонуни мардумпарвари мо

Ба муносибати 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Аё Қонуни мардумпарвари мо

Ба бахти миллати соҳибтамаддун,

Асилу тоҷдору маърифатбун.

Мураттаб бо ҳама меъёрҳоят,

Қабул гаштӣ ба ҳайси Сарқонун.

Туӣ сарчашмаи бахту саодат,

Сутуни ваҳдату бунёди давлат.

Бароят ҷумла мурдум раъй доданд,

Ки бошӣ муттакои қавму миллат.

 
Адои хизмати пуршараф дар сохтори милитсия

Имрӯз (23.09.с.2014), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҳузури сардорони раёсатҳо бахшида ба таҷлили 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизмати содиқонаю софдилона ва саҳми арзанда гузоштан дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба сардори РВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҷурахонов Саид Қаюмович мукофоти давлатӣ «Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро супорид.

 

 

 

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3826512
ИмрӯзИмрӯз1078
МоҳМоҳ26017
ХамагиХамаги3826512

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.