Сафаров Маҳмадулло – ҷанговари шуҷоъ

Бахшида ба пешвози 70-солагии Ғалаба бар фашизм 

Он заминеро, ки авлоди башар кам дидааст,

Он маконро, ки на Искандар, на Рустам дидааст.

Бо саманди чусти оҳантан шумо тай кардаед.

Баҳри мулки худ зафарҳои паёпай кардаед.

Дар ҳақиқат ин қаҳрамони мо дар ҷасорату матонат аз Рустами достон мондание надорад. Корнамоӣ ва музаффариятҳои ӯ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беназир буда, шоистаи таҳсинанд.

 
Корнамоӣ ва мардонагии падарон дар солҳои ҶБВ

Бахшида ба пешвози 70-солагии Ғалаба бар фашизм 

Шамсов Тоҷиддин - фахри миллат 

Номи пуршаъни шумо шуд ифтихори мамлакат,

Аз шумо афзуд чандон эътибори мамлакат.

Шуҳрати мардонагитон рафта ин дам ҳар куҷо,

Дафтари таърихи дунё пур шуд аз номи шумо.

Дар ҳақиқат боиси ифтихори мо тоҷикон аст, ки чунин мардони шуҷоъу ватандӯст дорем. Месазад, ки номи эшон дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардад.

 
Бахшида ба пешвози 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Бойматов Ҳамро – Муҳофизи Ватан 

Қаҳрамонони Ватан, танҳо на дунёву замин,

Месазад гӯяд шуморо осмон ҳам офарин. 

Меҳри  Ватан аз ҳама чиз болотар ва муқаддастар аст. Дар ҳимояи Ватан ҷонисорӣ кардан шарафи ёру марзу буми диёрро дифоъ кардан аст.

 
Корнамоии абармардони ҷабҳаи ҷангу набард

Бахшида ба пешвози 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ                     

Қаюмов Абдувалӣ - номбардори Ватан

Офарин, сад офарин, эй номдорони Ватан,

К-аз зафарҳои шумо гул кард, даврони Ватан.

Номи пуршаъни шумо шуд ифтихори мамлакат,

Аз шумо афзуд чандон эътибори мамлакат.

Маҳз далериву шуҷоати шумо боис гашт, ки имрӯз кулли мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, дӯстию рафоқат ва тинҷию амонӣ  зиндагӣ доранд.

 
Адои хизмати пуршараф дар мақомоти корҳои дохилӣ

Имрӯз дар маҷлисгоҳи РВКД дар вилояти Суғд ба муносибати ба нафақа гусел намудани 4 нафар кормандоне, ки ба синни нафақа расидаанд: полковники милитсия Мирзонаим Муртазоев - сардори Шӯъбаи нозиротӣ-ташкилӣ, полковники милитсия Одина Ҷумаев - сардори Шӯъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, подполковники милитсия Шарифҷон Урунов -сармуфаттиш ва майори милитсия Левандовский Игор Антонович - нозири калони ШБДА чорабинӣ баргузор гардид.

 
Абдуллоев Ибодулло - ҷонфидои Ватан

Бахшида ба пешвози 70-солагии Ғалаба бар фашизм

 Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,

Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунем.

Қаҳрамонони миллати тоҷик тавонистанд, ки тамоми нерӯву тавоноии худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баҳри ҳифзи  Ватан нисор намоянд. Агар лозим мешуд ҷони хешро дареғ намедоштанд. Абдуллоев Ибодулло аз зумраи чунин абармардон аст.

Абдуллоев Ибодулло санаи 3-юми январи соли 1923 дар шаҳри Истаравшан (собиқ Уротепппа)-и вилояти Суғд дар оилаи мӯзадӯзи асил Ашуров Абдулло таваллуд шудааст.

 
Саодати умри табиби асил

Имрӯз (10.04.с.2015), сардори Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ полковники хизмати дохилӣ Исмоилов Намоз Ғоибович зодрӯз дорад. Мавсуфро  ба ин муносибат муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дар ҳузури сардорони раёсатҳо табрику муборакбод намуда, ба ӯ сиҳатмандии комил, умри дарози пурбаракат ва дар фаъолияти хизматӣ, ки ҳамчун табиби ҳозиқ ба ҷони чандин нафарон ҳаёти дубора мебахшанд, муваффақиятҳои беназир таманно намуд.

 
Ба пешвози 70-солагии Ғалаба бар фашизм

                           Набиев Сияр - Ҳомии Ватан

 Гар, Ватан дилро ту мехоҳӣ, фидо созам ба ҷон,

 Дил барои меҳри ту, эй меҳри ман, бошад макон

 Дил куҷо тоқат намояд душманат гар дам занад.

 Аз барои дафъи ӯ кӯшиш намояд ҳар замон. 

Саҳми мардуми Тоҷикистон бахусус онҳое, ки дар  мақомоти корҳои дохилӣ кор мекарданд дар пирӯз гаштани Иттиҳоди Шӯравӣ  бар Германияи Фашистӣ хеле зиёд аст.

 
Зодрӯз муборак!

Имрӯз (14.04.с.2015), сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ подполковники милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмон,  корманди ҷавону лаёқатманд, соҳибфарҳангу мутахассиси соҳаи худ зодрӯз дорад. 

Соҳибҷашнро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом дар ҳузури сардорони раёсатҳо ба муносибат ҷашни зодрӯзаш самимона табрику муборакбод намуда, ба ӯ умри дароз, сиҳатмандӣ ва дар фаъолияти хизматиаш бурдборию комёбиҳои беназир таманно кард.

 
Фаъолияти пурмаҳсули Саид Ҷурахонзода дар мақомоти корҳои дохилӣ

Имрӯз (08.04.с.2015), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҳузури сардорони раёсат ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ собиқ сардори РВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҷурахонзода Саид Қаюмро  ба муносибати ба нафақа баромаданаш табрик намуда, аз хизматҳои шоиста дар мақомоти корҳои дохилӣ ва саҳми арзандаи гузоштааш дар тарбияи кадрҳои ҷавон ёдовар шуд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода барои фаъолияти пурмаҳсул ва заҳматҳои шабонарӯзӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба  генерал-майори милитсия Ҷурахонзода Саид Қаюм изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки боиси ифтихор аст, тӯли солҳои зиёд чунин марди наҷиб бо иродаи қавӣ дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ бе нуқсон фаъолият намудааст.  Изҳори боварӣ карда шуд, ки мавсуф минбаъд низ ҳамчун собиқадори ботаҷриба бо мақомоти милитсия дар иртиботу ҳамкорӣ, ҷиҳати тарбияву омодасозии кадрҳои ҷавон саҳми бевоситаи худро мерасонад.

 
Чорабинии фарҳангии «Ҳамешабаҳор»

Ҳафтаи сипаригардида дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба эълон шудани соли 2015 ҳамчун «Соли оила»  бо иштироки шоири шинохта ва маъруфи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Хайрандеш (Хайриддин Қурбонов) ва ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Ҳамешабаҳор» доир гардид.

 
Зодрӯз муборак!

Имрӯз (01.04.с.2015), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Рамазонзода Суҳроб Кароматуллоро ба муносибати зодрӯзаш дар ҳузури муовинони Вазир ва сардорони раёсатҳо табрику муборакбод намуда, ба мавсуф умри дароз, сиҳатмандӣ ва дар фаъолияти хизматӣ барору комёбиҳо таманно кард.

Зикр гардид, ки Рамазонзода Суҳроб ҳамчун корманди ҷавону лаёқатманд бо маҳорати баланди касбию дониши амиқ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

 
Мавлуди хуҷаста

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҳузури аъзоёни Мушовара ва сардорони Раёсатҳо, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Раҳимзода Абдураҳим Абураҳмонро бахшида ба мавлудаш  табрику таҳният намуда, ба мавсуф сарфарозию сарбаландӣ ва дар ҷодаи хизмат пешравию комёбиҳо таманно кард.

Вазири корҳои дохилӣ қайд кард, ки Абдураҳим Раҳимзода бо кордонию масъулияти баланд ва малакаю маҳорати касбӣ дар тамоми самтҳои хизматӣ аз ӯҳдаи вазифаҳои ба дӯшаш гузошташуда мебарояд ва ҳамчун корманди пуртаҷриба яке аз кадрҳои болаёқати мақомоти корҳои дохилӣ маҳсуб меёбад.

Роҳбарият ва ҳайати шахсии Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Абдураҳим Раҳимзодаро бо ин рӯзи саид таҳният гуфта, фатҳи қуллаҳои баландтарини муродро таманно менамоянд.

 
Консерти сарояндаи ансамбли «Сипар» Сурайё Мирзоева

Имрӯз (24.09.с.2016), дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон консерти ҳунарманди ҷавон, сарояндаи хушсадои ансамбли созию овозии «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ Сурайё Мирзоева таҳти унвонии «Дуто барг» баргузор гардид.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3861565
ИмрӯзИмрӯз125
МоҳМоҳ12069
ХамагиХамаги3861565

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.