Табрикоти зодрӯзӣ!

Имрӯз (27.05.с.2015), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар назди сардорони раёсатҳо ва ҷузъу томҳои ВКД полковники милитсия Қунғуротзода Фотеҳ - сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо бахшида ба зодрӯзаш табрику муборакбод намуда, ба ӯ пеш аз ҳама, умри дароз, сиҳатмандӣ, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти хизматиаш бурдборию комёбиҳои беназир таманно кард.

Зикр гардид, ки Фотеҳ Қунғуротзода аз зумраи кормандони касбии мақомоти милитсия буда, дар ин самт беш аз 32 соли фаъолияти бефосилаи хизматӣ дошта, дар таълиму тарбияи кадрҳои ҷавони мақомот саҳми арзанда мегузорад.

 
Таманниёти зодрӯзӣ ба корманд-зани ВКД

Имрӯз (14.05.с.2015), сардори Котиботи Вазорати корҳои дохилӣ подполковники милитсия Гурезова Дастагул Қурбоналиевна зодрӯз дорад. Мавсуфро ба ин муносибат муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдураҳмон Аламшозода ва муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Икром Умарзода дар ҳузури сардорони раёсатҳо табрику муборакбод намуда, ба ӯ бурдборӣ, хушбахтӣ, саломатӣ ва умри дарози пурбаракат таманно намуданд.

Гурезова Дастагул Қурбоналиевна аз зумраи корманд-занони милитсияе мебошад, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ 18 сол боз дар вазифаҳои гуногуни пурмасъулият самаранок фаъолият намуда истодааст.

 
Талошу ҷонбозиҳо…

Бахшида ба 70-солагии Ғалаба бар фашизм

Макаеев Евгений Яковлевич соли 1925 дар шаҳри Бошқирдистони ИҶШС (ҳозира Федератсияи Россия) таваллуд шудааст. Макеев Евгений Яковлевич бачаи деҳотӣ буда, аз пайи дарёфти ризқу рӯзӣ бо падараш дар колхоз кор мекард.

 
Мояи ифтихори насли ҷавон

Бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

 Ватан то ман сазовори ту бошам,

Бароят то шавам арзанда фарзанд.

Ватан то ки бимонад ҷовидона,

Дар оғӯши ту ҳар як қаҳрамонат.

Гордян Пётр Петрович 24-уми декабри соли 1925 дар  ноҳияи Черомухский вилояти Полтавияи Ҷумҳурии Украина таваллуд шуда, таҳсилоти ҳафтсоларо дар Полтавия гирифтааст.

 
Қадимов Давлатшо - родмарди диловар

Бахшида ба 70-солагии Ғалаба бар фашизм 

Ватан эй гулшани боғу биҳиштам,

Ватан эй рӯзи нек, эй сарнавиштам.

Бирӯяд дар заминат некмардон,

Ки дар он тухми некӯи бикоштам.

Оре, Ватан ин биҳишти рӯи замин, неъмати бебаҳо ва сарнавишти ҳар як инсон аст. Бузурге гуфтааст: «Дар роҳи Ватан мурдан зиндагист». Пас месазад, ки ҳар яки мо баҳри озодии Ватан ҷони худро дареғ надорем.

 
Иштироки Ҷураев Яъқуб зимни насб намудани Парчами Иттиҳоди Шӯравӣ дар Рейхстаг

Дар мулки дилам набарди меҳри Ватан аст,

Бемории ман зи дарди меҳри Ватан аст.

Ватани азизамон Тоҷикистон аз давраҳои қадим ҳанӯз дар давраи Тоҳириён, Саффориён, Сарбадорон, Сомониён зери зулму истибдоди душманон қарор дошт. Он ҳар лаҳза дучори лашкаркашиҳои арабу муғул гардидааст. Аммо ин давлати аҷдодӣ ва кӯҳандиёр ба ин душманони бераҳм ҳеҷ гоҳ сар фуруд наовардааст.

 
Мард намирад ба марг…

Мафрӯш обрӯйи Ватанро зи тарси ҷон,

Номи абад ба ҳиммати мардӣ харид кун.

Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, модари маънавӣ - Ватан ба сарамон дасти навозиш гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст. Месазад, ки ҷони худро баҳри ободию осоиштагии он нисор намоем.

Қурбонов Ҷамил 1-уми январи соли 1926 дар шаҳри Кӯлоб чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм намуда, соли 1943 барои  хизмат ба  сафи Артиши Шӯравӣ   даъват шудааст. Аз 6-уми ноябри соли 1944 ба сифати нишонгири эҳтиётии полки нишонгир хизмат намудааст.

 
Назаров Акрам – ҷанговари қавиирода

Хоки ватан аз тахти Сулаймон хуштар,

Хори ватан аз лолаву райҳон хуштар,

Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ  мекард,

Эй кош гадо буд ба Канъон хуштар.

Аз ин байти пурмазмун чунин бармеояд, ки Ватан ноёбтарин неъмат, ифтихор, шаъну шараф, сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ ганҷе наметавон иваз кард. 

 
Ғалаба дар ҶБВ рамзи ватандӯстӣ ва рӯҳи шикастанопазир буд

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён, низ азиз ва гиромӣ аст. Рӯзи Ғалаба рамзи ватандӯстӣ, фидокорӣ, иттиҳод ва рӯҳи шикастанопазири халқҳои мост. Ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Ғалаба, поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид ва заҳмати беканори онҳое, ки дар ақибгоҳ дар шикасти аду саҳм мегирифтанд, худ анъанаи нек ва сабақи ибратомӯз барои наслҳои имрӯза аст. Дар баробари ин Рӯзи Ғалаба моро ҳушдор медиҳад, ки сулҳу амният, тинҷию осудагӣ неъмати бебаҳоянд ва мо барои ҳифзи онҳо бояд ҳамеша омода бошем.

 
Ба ифтихори ҷашни бузурги Ғалаба «Фарзанди шарафманди Тоҷикистон»

Чутак Уразов соли 1919 дар деҳаи Долони ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Ӯ соли 1943 ба фронт меравад. Дар полки 375-уми тирандозии 219-уми дивизияи тирандозии Идритский дар взводи сержант Х.Ахмедгалин пулемётчик шуда, бар зидди фашистон меҷангад.

Аз моҳи июни соли 1944 сар карда, барои озод намудани республикаҳои назди Балтика ҳарбу зарбҳои пуршиддат  сар шуд. Ҳайати фармондиҳии фашистони немис барои дар дасти худ нигоҳ доштани Наздибалтика бисёр тадбирҳо меандешиданд ва ба замми ин флоти фашистон ҳанӯз дар баҳри Балтик ҳукмронӣ мекард. Дар назди ҷанговарони Шӯравӣ вазифа меистод, ки дар сафҳои фашистон воҳима андохта, ба онҳо имконият надиҳад, ки дар Рундени мустаҳкам ҷойгир шавад.

 
Барномаи консертии ҳунарманди асилу нотакрор Абдулхайр Муминов

Имрӯз (27.08.с.2016), дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев консерти ҳунарманди маъруф, овозхони ансамбли созию овозии «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ Абдулхайр Муминов бахшида ба пешвози ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон пешкаши мухлисону ҳаводорони санъати асил гардонида шуд.

Нахуст Абдулхайр Муминов аҳли толор ва мардуми кишвари азизамонро бо фарорасии санаи фархунда – 25-солагии Истиқлолият табрику муборакбод намуда, изҳор дошт, ки бо дастгирӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунару санъат ва фарҳанги миллӣ рушду нумӯъ ёфта, ҳунармандон бо барномаҳои рангини консертӣ хотири тамошобиноро шод мегардонанд.

 
Бахшида ба 70-солагии Ғалаба бар фашизм

Тошев Мухтор - сарсупурдаи миллат

Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам,

Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам.

Ватанро бинозам маро дар канор,

Чу модар гирифту намуд бахтёр.

Оре Ватан аст, ки мо дар оғӯши он орому осуда ва хуррамона зиндагӣ дорем. Ватан - сипар, пуштибон ва паноҳгоҳи ҳар як шахс маҳсуб меёбад. Он тавлидгари ҳазорон мардони шуҷою барӯманд мебошад, ки дар арсаи ҷаҳонӣ номи тоҷику Тоҷикистонро бо қаҳрамониҳои худ машҳур намудаанд.

 
Корнамоии родмардони Ватан

Олимов Бурӣ – посдори сулҳ

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш,

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи он хизмат кардан мебошад. Шукуфоии Ватан ба масъулиятшиносӣ ва некандешии мо вобаста аст.

 
Усмонов Ҷумъа – муборизи ҳаёти осоишта

Бахшида ба пешвози 70-солагии Ғалаба бар фашизм 

Ватан  бар ман азизӣ ҳамчуноне бар танам, ҷонам,

Ба ҷуз нафъи Ватан чизи дигарро ман намедонам.

Ба номат эй диёри бахт ин аст аҳду паймонам,

Тамоми ҳастиям пайваста бо ту эй Ватан, ҷонам.

Дар роҳи Ватан ҷоннисорӣ кардан нишони ҷавонмардист. Ҳифзи манфиатҳои Ватан, миллат, модар аз дигар манфиатҳо дида болотару пурарзиштаранд. То дар тан рӯҳ ва дар бадан ҷон дорем баҳри Ватан ҷонфидоӣ хоҳем кард.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3861514
ИмрӯзИмрӯз74
МоҳМоҳ12018
ХамагиХамаги3861514

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.