«Ҳазору як шаб» - и Сарвиноз

Сарвиноз Юсуфӣ, хатмкардаи Донишкадаи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, як муддат дар риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии миллӣ таҳсил намуда, ҳамчун овозхон фаъолияташро дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон оғоз кардааст. Айни замон дар ансамбли «Сипар»- и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад. Имрӯзҳо Сарвиноз ба консерти ҷадид, ки рӯзи 1- уми май дар Маҷмааи Кохи Борбад баргузор мегардад, омодагӣ мегирад. Дар арафаи тайёрӣ ба консерт, ки барои ҳар як ҳунарманд, ҳамчун имтиҳони зиндагӣ, санҷиши лаёқату истеъдод ва подоши заҳматҳои чандинсола мебошад, бо ин ҳунарманди хушсадою хушсимо ва маҳбуби ҷавонон ҳамсӯҳбат шудем. То овозхон шудан, Шумо дар риштаҳои мухталиф бахтозмоӣ кардед ва ахиран роҳи санъатро интихоб намудед, назаратон дар ин бора:

 
Ансамбли «Сипар»- и ВКД


Ансамбли «Сипар»- и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2000 - ум таъсис ёфта, то ба имрӯз бо барномаҳои консертии рангину ҷолиб ва ҳунарнамоии хос дар баробари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин ҳаводорону мухлисони зиёдеро аз ҳисоби намояндагони касбу кори гуногун пайдо кардааст. Онҳо дар кулли чорабиниҳои cиёсию фарҳангии ВКД иштирок намуда, бо ҳунару истеъоди худ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ғизои маънавӣ ва рӯҳу илҳоми тоза мебахшанд. Роҳбарии ансамбли мазкурро Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Умар Зиёев ба ӯҳда дорад.

 
ТАЪРИХИ ОРКЕСТРИ ҲАРБИИ РАЁСАТИ ҚУШӮНҲОИ ДОХИЛИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қушӯнҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои оркестри хуби ҳарбӣ мебошад. Ин гувоҳи он аст, ки дар Қушӯнҳои дохилӣ на танҳо устодони маҳорати ҳарбӣ, балки устодони ҳунарҳои санъати нафиса ҳам тарбия ёфта истодаанд. Заминаи пайдоиши ин оркестри ҳарбӣ ба солҳои пеш вобастагӣ дорад. Яъне оркестри ҳарбии Раёсати қушӯнҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи Иттиҳоди Шӯравӣ арзи вуҷуд дошт. То пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ роҳбарии оркестри ҳарбии Раёсати қушӯнҳои дохилииро лейтенанти калон Назаров Олег Викторович ба ӯҳда дошт. Баъд аз он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти худро ба даст овард, яъне аз соли 1991-ум оркестри ҳарбӣ ба таври расмӣ ташкил карда шуд. Роҳбари оркестри ҳарбӣ лейтенант Руштов Рушт Назархудоевич тавонист аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ, сарбозони қисми низомии 6593 ҳайати оркестрро пурра намояд.

 
Фаъолияти фарҳангии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баробари созмон ёфтани Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи собиқ Мактаби миёнаи махсуси милитсияи ш. Душанбе ВКД Иттиҳоди Шӯравӣ, ки соли 2000 ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд, бо назардошти тарбияи фарҳангии ҳайати доимӣ ва тағйирёбанда, клуб ва оркестри нафасӣ низ фаъолият карда истодааст. Самтҳои асосии фаъолияти кории клуб дар марҳилаи имрӯза баланд бардоштани сатҳи маданияти фарҳангии ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани чорабиниҳои ҷашнӣ ва фароғатӣ, барангехтани ҳисси Ватандӯстиву Ватанпарварӣ, садоқат ба савганд ва касби хеш, эҳтиром гузоштан нисбати анъанаву муқаддасоти миллӣ мебошад.

 

 

 
19-умин солгарди Қӯшунҳои дохилӣ

Бахшида ба 19-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 5453 ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар он роҳбарияти ВКД, намояндагони сохторҳои қудратӣ, собиқадорон ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ иштирок намуданд. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дар суханронии худ афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилиро бо ин санаи хотирмону фаромӯшношуданӣ табрик намуда, қайд кард, ки онҳо сипари боэътимод, такягоҳу муҳофиз ва ҳамқадами Истиқлолияти кишвари азизамон буда, дар тӯли солҳои сипаригардида, вазифаи худро содиқона ва софдилона ба ҷо оварданд.

 

 

 

 
Зодрӯз

4 апрели соли равон Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич дар ҳузури сардорони раёсатҳо роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ Раҳимов Абдураҳим Абдураҳмоновичро бахшида ба ҷашни мавлудаш табрику таҳният гуфта, барояш саломатӣ, хушбахтӣ ва дар роҳи хизмат намудан ба Ватан барору комёбиҳо таманно намуд.

 

 

 

 
Кӯмак ба собиқадорон ва иштирокчиёни ҷанги бузурги ватанӣ

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорону маъюбони ин ниҳод кӯмаки моддӣ расониданд. Хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кори хайру сахо дар арафаи ҳар иду ҷашнвораҳо ба ҳукми анъана даромада, табақаи ниёзманду камбизоат пайваста мавриди таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ қарор мегиранд ва он нафароне, ки барои халқу меҳани хеш хизмати сазовор кардаанд, аз мадди назар дур набуда ба онҳо кӯмаки ҳамаҷониба расонида мешавад. Ба хусус иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ собиқадорону маъюбони Вазорати корҳои дохилӣ, ки баҳри халқу меҳани худ хизматҳои сазовор кардаанд ва дар суботу оромии Ватан саҳми ин бузургмардон беандозааст.

 

 
Табрикоти Вазири корҳои дохилӣ бо Иди Байналмилалии Наврӯз

Аз номи ҳайати мушовара, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ Шумо ва дар шахсияти Шумо ҳамаи афсарон ва аскарони Раёсат, қисмҳои ҳарбии қўшунҳои дохилиро ба муносибати 19-ӯмин солгарди таъсисёбии Қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ самимона табрик ва муборакбод менамоям. Боиси ифтихор аст, ки аз оғози таъсисёбӣ то имрўз ҳайати шахсии қўшунҳои дохилии кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохта, имрўз метавонем бо сарбаландӣ изҳор намоем, ки онҳо ҳамеша аз ўҳдаи иҷрои вазифаҳои хизматӣ, қарзи шаҳрвандӣ ва рисолати инсонии худ баромада тавонистанд. Онҳое, ки ба хотири ҳифзи амнияти давлат ва оромиву суботи ҷомеа ҷони худро нисор кардааанд, дар қалби мо абадан боқӣ хоҳанд монд. Ман итминони комил дорам, ки афсарону аскарони қўшунҳои дохилӣ минбаъд ҳам баҳри ҳифзи давлати тозаистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон дониш, малака ва маҳорати касбии худро дареғ надошта, ҷасорату шуҷоат, далериву мардонагӣ нишон медиҳанд ва фаъолияти фидокоронаву кордонии онҳо кафолати пешравӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар мегардад. Бо чунин эътимоди бузург бори дигар ҳамаи Шуморо бо ҷашни фархунда табрик намуда, ба Шумо саодати комил, осудагӣ дар хонадон ва хизмати садоқатмандонаро баҳри Ватан-Модар ва сулҳу осоиш дар кишвар таманно дорам.

Бо камоли эҳтиром,

В А З И Р

генерал – лейтенанти милитсия Р.Раҳимов


 
Зодрӯз

Имрӯз (02.04.2012) муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон генерал-майори милитсия Ҷӯрахонов Саидхон Қаюмович зодрӯз доранд. Генерал Ҷӯрахонов солҳои зиёд дар мақомоти корҳои дохилӣ дар вазифаҳои гуногун ба хусус роҳбарӣ фаъолияти босамар дошта, дар тарбияи кадрҳои ҷавон ва рушду пешрафти соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши назаррас дорад. Вазири корҳои дохилии кишвар генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов соҳибҷашнро ба ҳузур пазируфта, аз номи худ ва кулли ҳайати шахсии мақомоти милитсия бахшида ба зодрӯзашон табрику муборакбод гуфт.

 
Маросими идона дар Раёсати тиббӣ


Бо иқдоми некбинонаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Наврӯз, 30-уми марти соли равон дар Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ тӯйи як нафар корманди Раёсати мазкур баргузор гардид.

 

 

 

 

 
Дастрахони туйёна

Имрӯз (29.03.2012) бо ғамхорию дастгирии роҳбарияти ВКД дар тарабхонаи Раёсати бозрасии давлатии автомобили вазорати мазкур дастрахони туйёна ороста шуда, 30-нафар фарзандони оилаҳое, ки саробонҳои онҳо ҳангоми адои хизмат фавтидаанд туйи хатна карда шуданд.

 

 
Ярмаркаи Наврӯзӣ

Бахшида ба фарорасии Наврӯзи фархундапай дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи маҳсулоти хӯрока барои кормандони мақомоти мазкур доир гардид. Дар ин ярмарка маҳсулоти хӯрока аз қабили гушту биринҷ, равғану шакар, тухму орд, сабзавот ва дигар маҳсӯлоти ғизоӣ пешкаши харидорон карда шуд.

 

 

 
Зодрӯз


Имрӯз доктори илмҳои ҳуқуқ, ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди шоистаи мақомоти корҳои дохилӣ, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД, генерал-майори милитсия Зоиров Ҷӯрахон Маҷидович 55-умин баҳори умри хешро таҳлил намуд.
Вобаста ба ин санаи фархунда, ки баробар бо таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврӯз» ва дар фасли зебои баҳор рост омадааст, дар ВКД ҷаласа доир карда шуд, ки дар он Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов аз хизматҳои шоистаи Ҷӯрахон Зоиров ёдовар гардида, ӯро бо зодрӯзаш аз номи худ, роҳбарияти Вазорат ва ҳайати шахсӣ самимона табрик карда, барояш барору комёбӣ ва сиҳативу бурдборӣ таманно намуд ва ба ӯ сипосномаи Вазорати корҳои дохилӣ ва тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Ҷӯрахон Зоиров солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногун адои хизмат намуда, баҳри ҳифзи осоиштагии мардум, манфиатҳои миллӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат хизматҳои шоиста намудааст.


 
Академияи ВКД бахшида ба ҷашни Наврӯз

Дар Академияи ВКД бахшида ба ҷашни Наврӯз бо иштироки роҳбарияти Вазорат ва шунавандагони ин муассисаи олии таълимӣ чорабинии бошукӯҳи идона барпо гардид. Иштирокчиёни маҳфил наврӯзро бо оини ҳазорсолаи ниёгон, яне кушодани дастархони идона аз қабили "ҳафсину" "ҳафшин" оғоз намуданд. Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидхон Ҷурахонов дар сухани табрикии худ аз расму оин ва рафтори ҳамидаи гузаштагони мо яне саховату дасти ёри дароз кардан ба ятимону бепарасторон ёдовар шуда, ҳамзамон таъкид кард, ки таҳсилкунандагони ин даргоҳи илму маърифат бояд дорои ҳамин гуна хислатҳои ҳамида бошанд зеро амнияту оромии мардум аз башардӯстӣ, муомилаи хушу инсондӯстонаи онҳо вобаста мебошад. Ҳамчунин аз номи роҳбарияти Академия ба шунавандагони бепарастор кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3876700
ИмрӯзИмрӯз866
МоҳМоҳ27204
ХамагиХамаги3876700

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.