Эълон: Барномаи консертии Сураё Мирзоева

24-уми сентябри соли 2016, соати 17:00, дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат», бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи консертии ҳунарманди ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ Сураё Мирзоева ройгон пешкаши тамошобинон гардонида мешавад. 

Телефон барои тамос: 227-79-74

 
Мавлудатон муборак бод!

Имрўз (10.07.2012) сардори Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД генерал-майори милитсия Давлатназар Булбулшоев ва сардори Раёсати таҳқиқи ВКД полковники милитсия Абдулло Навҷувонов зодрӯз доранд. Бахшида ба ин сана онҳоро муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Нурилло Орипов ба қабул пазируфта, соҳибҷашнҳоро бахшида ба зодрӯзашон табрику таҳният гуфт.

Давлатназар Булбулшоев ва Абдулло Навҷувонов то ба ин вазифаҳо таъин шуданашон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ифои вазифа намуда, дар рушду тараққиёти мақомоти милитсия ва дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ саҳми созанда гузоштаанд.

 
Зодрӯз муборак!

Имрўз (04.07.2012) сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Раҷабов Искандар Солеҳович зодрӯз дорад. Бахшида ба ин сана ӯро Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба қабул пазируфта, соҳибҷашнро бахшида ба зодрӯзашон табрику таҳният гуфт. Инскандар Раҷабов то ба ин вазифа таъин шуданаш дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ифои вазифа намуда, дар рушду тараққиёти мақомоти милитсия саҳми арзанда гузоштааст.

 
Солиёни зиёд дар мақомот

Имрӯз (02.06.с.2012) бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич, аъзоёни Мушовара ва ҳайати шахсӣ ду нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ Шариф Ҷабборов ва Қудратулло Азимов ба нафақа гусел карда шуданд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов баромад намуда ба онҳо барои хизмати поквиҷдонона ва содиқонаашон солиёни зиёд дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки «Шумо собиқадорони пуртаҷрибаед, аз ин рӯ ба сафи Шӯрои собиқадорони мақомот ворид шуда, малакаю таҷрибаи кории худро ба корманди ҷавони Вазорати корҳои дохилӣ омӯзонед». Вазири корҳои дохилӣ дар хотима ба онҳо тӯҳфаҳои арзишнок супорида, дар зиндагӣ барору комёбиҳо таманно намуд.

 
Таълими ахлоқии ҷавонону наврасон дар Академияи ВКД

Дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки корманди масъули Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Рашидов бо устодону шунавандагони таълимгоҳи мазкур вохӯрии судманд доир гардид. Онро сардори Академия генерал-майори милитсия Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ ҳусни оғоз бахшид. Баъдан корманди масъули Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Рашидов дар мавзӯи «Сиёсати роҳбари давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таълими ахлоқии ҷавонону наврасон, риояи танзим ва анъанаҳои расму русум, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, барпо намудану қадр кардан ва тарзи солими оиладорӣ» суханронӣ намуд.

 
Чорабинии ҷашнии оташнишонон

Дар арафаи таҷлилёбии санаи ниҳоят муҳим 15-умин солгарди Иди Ваҳдати миллӣ бо фармони Вазири корҳои дохилӣ оид ба ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои тайёрии хизматӣ, омодабошӣ ва ҷисмонии ҳайати роҳбарикунандаи ҷузъу томҳои Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД, мусобиқаи варзишии касбии оташнишонӣ байни ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе ташкил ва гузаронида шуд. Мусобиқаро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Фарҳодбек Шодмонбеков расман оғоз намуд. Мусобиқа байни дастаҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзишӣ аз ҷумла:

 
Ғамхорӣ ба иштирокчиёни ҷанг

Ба дастуру супориши Роҳбари давлат таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудан, кӯмаку хамхорӣ, дастгириҳои пайваста ва бохабар будан ҳолу зиндагии собиқадорон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳукми анъана даромада, ин амали хайр пайваста аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ нисбати ин родмардон анҷом дода мешавад. Аз ҷумла чунин як ғамхорӣ ва дастгирии моддӣ аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов нисбати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд анҷом дода шуд.Бо супориши Вазири корҳои дохилӣ бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Шӯрои собиқадорон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Шералӣ Сабзов ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дода, собиқадорон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро бо ин санаи фархунда самимона табрик гуфтанд. Инчунин ба ин муносибат чорабинии бошукӯҳе ороста карда шуда, дар он аз заҳмату шуҷоат ва қаҳрамониҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар гардида, саҳми онҳоро дар тарбияву тайёр намудани кормандони ҷавон баҳри ҳифзи марзу буми Ватани азизамон беандоза арзёбӣ намуданд. Вобаста ба ин санаи фараҳбахш ба 32 нафар собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ба маблағи сесад сомонӣ ба ҳар кадомашон ва ба 5 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорсад сомонӣ ва тӯҳфаҳои хотиравии қимматнок қадршиносӣ карда шуданд. Дар чорабинии мазкур инчунин қайд карда шуд, ки мардуми тоҷик ҳеҷгоҳ далериву шуҷоати онҳоро дар ҳимоя сарзамини аҷдодиашон фаромӯш нахоҳад кард ва дар оянда низ чунин амалҳои хайрхоҳона анҷом дода хоҳанд шуд.

 

 

 
Бахшида ба 67-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ

Ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Ғалаба, поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид ва заҳмати беканори онҳое, ки дар ақибгоҳ дар шикасти адӯ саҳм мегирифтанд, худ анъанаи нек ва сабақи ибратомӯз барои наслҳои имрӯза аст. Дар баробари ин Рўзи Ғалаба моро ҳушдор медиҳад, ки сулҳу амният, тинҷию осудагӣ неъмати бебаҳоянд ва мо барои ҳифзи онҳо бояд ҳамеша омода бошем. Ҷанги дуюми љаҳон аз лиҳози вусъату андоза ҷанги даҳшатноктарин дар таърихи инсоният ба шумор меравад. Онро мамлакатҳои империалистӣ тайёр карда буданд. Ин мамлакатҳо кӯшиш мекарданд, ки қаламрави давлатҳои дигарро забт карда, халқи онҳоро ба асорат гирифтор намуда, ҳукумронии худро дар ҷаҳон таъмин намоянд. Зиддияти онҳо аз он сабаб боз ҳам тезутунд мегардид, ки дар солҳои 20-ум ва 30-юми асри гузашта нобаробарии тараққиёти иқтисодӣ ва сиёсии мамлакатҳои сармоядор ба марҳалаи нави худ вуруд гашт. Давлатҳое, ки аз мустамликаҳо, манбаъҳои ашёи хом ва бозори фурӯши мол камтар таъмин буданд, бо мамлакатҳои дорои мустамликаҳои зиёд ба рақобати шадид даст мезаданд. Дар ин давра мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ақибмондатари империалистӣ ба мамлакатҳои мутараққии сармоядорӣ расида гирифта, аз ин мамлакатҳои мустамликадор ҳиссаи барои худ сазоворро кашида гирифтанӣ буданд.

 
Зодрӯз муборак!

Имрӯз (01.05.2012) муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Шералӣ Сабзов зодрӯз дорад. Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бахшида ба рӯзи мавлудаш ӯро ба ҳузур пазируфта, ба генерал Сабзов ҳамчун корманди соҳибтаҷрибаи мақомоти милитсия барору муваффақиятҳо таманно намуд.

 
Ҷашни нимасра муборак!

Инчунин дар ин рӯз (01.05.2012) сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД полковники милитсия Ҷамшед Ҳалимов низ зодрӯз дошта, ба синни мубораки 50 қадам ниҳод. Ӯро низ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба ҷашни нимасраи умраш табрику муборакбод карда, рӯзгори хушу фаъолияти пешрафтаро орзу намуд.

 
Иди касбӣ муборак!

Имрӯз (07.05.с.2012) рӯзи касбии кормандони соҳаи алоқа ва радио мебошад. Соҳаи алоқа ва радио яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти халқ ба шумор рафта, ҷомеаи муосири ҷаҳониро бевоситаҳои робитавӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Раёсати алоқаи Вазорати корҳои дохилӣ барои хуб кор кардани таҷҳизотҳои алоқа ва техникаҳои ҳозиразамон фаъолона амал менамояд. Кормандони Раёсати мазкур мутахассиси касби худ буда, ифтихор аз он доранд, ки ба халқу Ватан содиқона хизмат менамоянд.

 
Сарвиноз Юсуфӣ саҳнаи ҳунарро бо маҳорати баланд оро дод

Рӯзи 1-уми майи соли 2012 дар Маҷмааи «Кохи Борбад» консерти сарояндаи мумтоз ва хушовози ансабли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ Сарвиноз Юсуфӣ бо шаҳомати хоса баргузор гардид. Сарвиноз Юсуфӣ бо маҳорати баланд баромад намуда, ҳамчун ҳунарманди касбӣ диққати мухлисонро бо таронаҳои ҷаззобу рангин ҷалб намуда, ба онҳо ғизои маънавӣ бахшид.

 
Табрикот

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Р. Ҳ. бахшида ба ҷашни 9-май, рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Мӯҳтарам собиқадорон,

иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ!

Бо арзи сипосу эҳтироми беандоза, Шумо собиқадорон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва онҳоеро, ки дар он солҳои душвору айёми сарнавиштсоз дар ақибгоҳ ба муқобили душмани инсоният-фашизми гитлерӣ мубориза бурда, заҳмат кашиданд, бо Ғалабаи оламшумул, аз самими дил табрику таҳният менамоям. Ин рӯз ва ин санаи таърихиро мардуми сулҳхоҳ ва тараққипарвари сайёра, бахусус онҳое, ки дар зери зулму асорати фашизм буданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Маҳз шуҷоату далерӣ, садоқату матонат ва эҳсоси ватандӯстӣ буд, ки дар муттаҳидӣ халқияту миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ бо душмани саропо мусаллаҳ ғалаба карданд.

 
Зодрӯз муборак!

Мӯҳтарам Рамазон Ҳамроевич!


Ҳайати Мушовара ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо ба ифтихори зодрӯзатон бо як ҷаҳон меҳру садоқати самимӣ ва эҳтироми хоса табрику муборакбод менамояд. Бароятон дар зиндагӣ саодатмандии комил, умри бардавоми бобаракат, хушбахтии оилавӣ, баландтарин қуллаҳои рӯзгор ва тамоми лаҳзаҳои ширини ҳаётро орзу намуда, дар иҷрои вазифаи пурмасъулатон баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ, манфиати ҷамъият ва давлат, оромиву осоиштагӣ ва пойдориву шукуфоии Тоҷикистон барору комёбиҳои нав таманно дорем.
Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо Вазорати корҳои дохилӣ дар муддати кӯтоҳ дар таъмини волоияти қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми хизматӣ, муборизаи беамон бар зидди ҷинояткорӣ, сиёсати ояндасози кадрҳо, ривоҷи ҳамкориҳои байналхалқӣ ва ҳалли босалоҳияти проблемаҳои фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Мо - кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, бахри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Шумо ҷиҳати пойдорӣ ва хифзи соҳибистиқлолии мамлакат, ваҳдати миллӣ ва ҳаёти осоиштаи мардум омодагии доимӣ нишон дода, бо интизоми намунавии хизматӣ амнияти дохилии кишварро таъмин менамоем. Бори дигар ҷашни мубораки мавлудро шодбош гуфта хоҳони онем, ки тамоми умри Шумо бо хушиҳои зиндагӣ ва неъматҳои дунявӣ дарозу пурбарак гузарад.

Сарбаландӣ ва муваффақиятҳо ҳамеша ёратон бод!

Бо эҳтиром,
Ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3834101
ИмрӯзИмрӯз1461
МоҳМоҳ33606
ХамагиХамаги3834101

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.