Фарҳанг муаррифгари тамаддун ва асолати миллист!

Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хориҷ аз Ватан сафар менамояд, бояд бо рафтору кирдор ва фарҳангу одоби ҳамидаи хеш ҳамеша муаррифгари ин сарзамини кӯҳнабунёду тамаддунофар бошад, зерои ӯ дар симои хеш на танҳо худро, балки як миллат ва як давлатро муаррифӣ  менамояд.  

Мехоҳам аз нафаре ҳикоят кунам, ки зимни сафари кӯтоҳи худ дар Федератсияи Россия бо фарҳангу маданият ва рафтору гуфтори хеш дили ҳазорон нафарро тасхир намудаву аз миллати тоҷик таассуроти неку хотирмон боқӣ гузоштааст.

Моҳи декабри соли 2014 муовини роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ подполковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ (он замон сардори шӯъбаи минтақавӣ оид ба ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияи Ҳисор буд) аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати такмил додани ихтисос ба Донишгоҳи умумироссиягии курсҳои такмили ихтисоси ВКД  Федератсияи Россия фиристода шуд.

Мавсуф дар муддати таҳсил дар Донишгоҳи мазкур ва дарсҳои амалӣ дар терминали гумрукии фурӯдгоҳи байналмилалии Домодедово ва бахши минтақавии хадамоти кинологии ВКД Федератсияи Россия дар шаҳри Москва оиди фаъолияти ин сохторҳо дар самти  ошкор ва дарёфт намудани воситаҳои нашъадор аз наздик шинос гардид.

Дар вокзали роҳи оҳани шаҳри Москва бевосита дар муоинаи қатораҳо иштирок варзида, оиди роҳҳои бо таври қочоқ интиқол ёфтани воситаҳои нашъдор тавассути қатораҳо маълумот гирифта, дар суди шаҳрии Домодедово бошад, бо сохтори судӣ ва таҷрибаи судӣ оиди баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ошноӣ пайдо кард.

Ҳамчунин дар рафти омӯзиш Мизи мудаввар дар якҷоягӣ бо намояндагони дигар кишварҳои  Осиёи миёна, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доир гардида, дарси муколамавӣ ва  табодули таҷриба гузаронида шуд.

Дар ин машғулиятҳо тарзи гузаронидани ташхисҳои  судӣ  дар  озмоишгоҳҳои  махсус, ки  бо таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз гардида буданд, нишон дода шуда, оиди пайдо ва тарзи тайёр кардани намудҳои нави моддаҳои психотропӣ ва сатҳи гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҷомеаи муосир маълумот дода шуд.  

Дар рафти курсҳои такмили ихтисос аз тарафи сардори Донишгоҳи мазкур генерал-лейтенанти политсия Демидов Ю.Н. барои иштирокчиёни ин курсҳо дарси кушод дар мавзӯи «Масоили ташкилӣ–ҳуқуқӣ ва тактикии таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар шароити муосир» гузаронида шуд.

Ҳангоми гузаштани курсҳои такмили ихтисос дар Донишгоҳи умумироссиягии курсҳои такмили ихтисоси ВКД  Федератсияи Россия чорабинии фарҳангӣ баҳри шунавандагон ташкил гардида, пешниҳод шуд, ки ҳар як шунаванда метавонад дар он баромад намуда, таъриху фарҳанг ва ҳунару санъати миллати хешро муаррифӣ созад.

Қобили қайд аст, ки дар қатори намояндагони губернияҳои гуногуни Россия аз Осиёи Миёна танҳо подполковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ хоҳиши муаррифӣ намудани давлати худ - Тоҷикистонро карда, бо қироати рубоиҳо аз ашъори  шоирони бузурги миллати тоҷик Умари Хайём ва  Саъдии Шерозӣ бо забони русӣ ин чорабинии фарҳангиро ҳусни оғоз бахшид.

Баъди анҷоми ин чорабинӣ роҳбари аввали Донишгоҳи мазкур генерал-лейтенант Демидов Ю., ки дӯстдори ашъори классикони форсу тоҷик, хусусан Умари Хайём мебошад, рӯи саҳна омада бо қироати рубоиҳо аз ашъори Умари Хайём ба мардуми бофарҳанги Тоҷикистон ва иштирок дар ин чорабинии фарҳангӣ ба Умарҷони Эмомалӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Дар анҷоми курсҳои омӯзишӣ генерал-лейтенант Демидов Ю. дар байни шунавандагони дигар давлатҳо бори дигар аз таъриху фарҳанги миллати қадимаи тоҷик ёдовар шуда, барои иштироки фаъолона дар чорабинии фарҳангӣ ва қироати шеърҳои бузургон, подполковники милитсия Умарҷони Эмомалиро бо Ифтихорнома сарфароз гардонид.

Дар навбати худ аз ҷониби муовини роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ подполковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Донишгоҳи мазкур тӯҳфаҳои пурарзиш - ашъори Умари Хайём ва Куллиёти Саъдию Ҳофизи Шерозӣ, ки бо забони русӣ нашр шудаанд, тақдим гардид.

Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова.

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3824593
ИмрӯзИмрӯз664
МоҳМоҳ24098
ХамагиХамаги3824593

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.