Тифлию домони модар хуб биҳиште будааст…

Модар! Чихел калимаи ширин ва дилангез аст. Вақте ки модар мегӯем тамоми бадану рӯҳамонро як эҳсоси гуворое фаро мегирад, ки мо аз он ҳаловат мебарем.

Модар ба мисли замин яктост ва муҳаббати ӯ барои мо фарзандон беканор ва ҷовидона аст. Модар қимматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бебаҳо, ҳимматбаландтарин шахси башар аст. Канори модар худ мактаби аввалини ҳаёти мост. Мисли оғӯши модар биҳиштосо макони дигаре нест. Модар дар ҳама ҳолат чи ҳозиру чи ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Чунонки бузургон мефармоянд:

Модар, модар каси боҳиммат бошад,

Дидори шарифи ӯ ғанимат бошад.

Махзани панди ӯ бигир арзонӣ,

Фардо чи кунӣ, ки ганҷи қимат бошад.

Модар-Ватан! Ин ду калима, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтаанд, дар мазмуну мундариҷа он қадар маънӣ, шукӯҳу шаҳомат доранд, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида шудаанду ғазалу таронаҳо сароида мешаванд.

Ин ду мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддасанд, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд. Тифл баробари ба олами ҳастӣ омадану чашм кушодан аз бӯи онҳо машом муаттар карда, бо ҷону дил дӯсташон медорад. Дар оғӯши Модар-Ватан хору зор нашуда, зиста ба воя мерасад.

Дилам хоҳад равам бар кӯи модар,

Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар.

Тамоми рӯи дунёро бигаштам.

Надидам рӯи хуш ҷуз рӯи модар.

Ба андешаи ман зани тоҷик, ки намунаи олитарини зан-модар аст, дар доираи модарсолорӣ аз аввал то имрӯз боқӣ мондааст. Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст.

Зан - модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Бузургии зан - модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбияткунанда ва бакамолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад(с) дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: «Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан».

Бо ин маънӣ занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода месозанд, зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ тавоно ба қадру  манзалати падару модар ва Ватан мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.

Ин масъулияти бузург модаронро водор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парсаторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ  онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳуввияту ифтихори миллӣ ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст.

Аҳсан ба он заноне, ки имрӯз дар радифи мардон дар мақомоти корҳои дохилӣ кору фаъолият доранд ва саҳми босазои хешро дар таъмини сулҳу субот, оромӣ ва танзими тартиботи ҷамъиятӣ мегузоранд.

Имрӯзҳо заноне ҳастанд, ки мардонавор дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намуда истодаанд. 

Ман ҳамаи модарони Тоҷикистон, инчунин занон- модароне, ки айни замон дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият доранд ба муностбати идашон табрик мегӯям ва аз даргоҳи Яздони пок барояшон тансиҳатӣ, бурдборӣ ва дар ҳифзи марзу буми кишвари азизамон матонату ҷасоратро таманно дорам ва аз забони шоир барояшон гуфтаниям:

Чу Саъди пир гардед кам набинед,

Чу Ҳофиз шод бошеду ғам набинед.

Чу Сино дар дилу дар дида бошед.

Чу Ҷомӣ оқилу фархунда бошед.

                Бори дигар идатон муборак модарони азиз!

Юсупов Саидмавлон, таҷрибаомӯзи факултети журналистикаи ДМТ.

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3829141
ИмрӯзИмрӯз212
МоҳМоҳ28646
ХамагиХамаги3829141

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.