|
Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, имсол дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ - олим, мутафаккир, шоир, нависандаи барҷастаи форсу тоҷик, ки дар осмони илму адаби асри XV монанди як ситораи дурахшон ҷилвагар аст, қайд карда мешавад. Дар дарси хизматие, ки рӯзи 5-уми июни соли ҷорӣ дар Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки тамоми ҳайати шахсии ин раёсат баргузор гардид, мавзӯи машғулияти хизматӣ «Мероси гаронбаҳои мутафиккири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ» интихоб гардида буд.
Барои баррасии мавзӯи асосӣ ходими шоистаи давлатӣ профессор Қушматов Абдувалӣ Акрамович ва мудири кафедраи таърихи адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърихи адабиёт, дотсент Солеҳов Мирзо Одинаевич даъват шуда буданд.
Дар оғози дарси хизматӣ аз ҷониби кормандони Раёсати тиббӣ ва Комиссияи Марказии тиббӣ-ҳарбии Вазорати корҳои дохилӣ аз ашъору осори Абдураҳмони Ҷомӣ порчаҳо қироат карда шуда, саҳначаҳо намоиш дода шуданд, ки хеле ҷолиб буданд.
Дар дарси хизматӣ дотсент Солеҳов Мирзо Одинаевич баромад намуда, оиди ҳаёту фаъолият, ашъору осори гаронбаҳо ва мероси адабии ба насли оянда боқимондаи Абдураҳмони Ҷомӣ пурмуҳтаво суханронӣ намуд. Ӯ дар баромадаш қайд кард, ки аз Абдураҳмони Ҷомӣ тақрибан 99 асари безавол, се девон, «Ҳафт авранг» (иборат аз ҳафт маснавӣ), «Баҳористон» ва «Чиҳил ҳадис» то замони мо омада расидааст, ки ҳар кадоми онҳо дорои аҳамияти калони адабиву эстетикӣ мебошанд.
Ӯ адабиёти зиёда аз 500-солаи форс-тоҷикро дар тамоми соҳаҳо бо асарҳои безаволаш ҷамъбаст намудааст. Асари «Баҳористон» дар пайравии «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ эҷод карда шудааст.
Сипас, дотсент Мирзо Солеҳов аз эҷодиёти нависандаи бузург порчаҳо оварда мазмуну мундариҷаи онро бо як услуби содда ба ҳозирин шарҳ дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки нависандаи беҳамто бе се забон: форсӣ (тоҷикӣ), арабӣ ва туркӣ асарҳо эҷод намуда буд. Ҳамчунин оид ба тарҷумаи ҳоли шоири бузург маълумот дода, аз овони зиндагии мавсуф баъзе қиссаву ҳикояҳоро мисол овард.
Ҳамзамон порчаҳои зерин аз ашъори шоир қироат карда шуд:
Дар ҷавони саъй кун, гар бе халал хоҳӣ амал,
Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст,
***** ***** **** ****
Гар надорад симу зар доно, манеҳ номаш гадо,
Дар бараш дил баҳри дониш, ӯ шаҳи баҳру бар аст
***** ***** **** ****
Ҳар писар, к-ӯ аз падар лофад, на аз фазлу ҳунар,
Филмасал гар дидаро мардум бувад, номардум аст.
Шохи бебар гарчи бошад аз дарахти мевадор,
Чун наёрад мева бор, андар шумори ҳезум аст.
***** ***** **** ****
Дар фарҷоми дарси хизматӣ байни маърӯзачиён ва ҳайати шахсии Раёсати тиббӣ ва Комиссияи Марказии тиббӣ-ҳарбии Вазорати корҳои дохилӣ доир ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти мутафаккири бузург Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ музокираву мубоҳисаҳо сурат гирифта, машғулияти хизматӣ хотирмон анҷом пазируфт.
Хисрав Солиҳов, майори милитсия.
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.