Ба ёди шоири зиндаёди тоҷик

Ало эй қарни 21-аҷаб нест, ки оғозат бувад анҷоми Лоиқ. Аз марги Лоиқ Шералӣ агар 14-сол ҳам гузашта бошад, аммо ҳанӯз ӯ дар ёди тамоми дӯстдорони шеъру суруд зинда аст ва зинда хоҳад монд. Мо дар арафаи ҷашни зодрӯзи марҳум Лоиқ Шералӣ қарор дорем. Лоиқ Шералӣ 20-майи соли 1941 дар қишлоқи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд (пештара вилояти Ленинобод) ба дунё омадааст, Лоиқ Шералӣ яке аз шахсони бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, эҷодиёти бою ғании ӯ ба мисли «Зарафшон», «Ном», «Ба модарам», «Хонаи дил», «Хонаи чашм», «Офтобборон», «Фарёди бефарёдрас» ва ғайраҳо айни замон гирди забони ҳар як фарди Ҷумҳурии Тоҷикистон, форсизабонони дунё ва дӯстдорони ӯ ҷилва мекунад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Лоиқ зиндааст ва зинда хоҳад монд.

Лоиқ Шералӣ адабиёти тоҷикро зебову ғаниву бою гуворо гардонида, ба тамоми ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Шоири мардумии тоҷик, соҳибҷоизаи давлатии адабии Рудакӣ ва дорандаи ҷоизаи байналмилалии «Нилуфар» ва соҳиби якчанд ҷоизаву мукофотҳои давлативу байлалмилалӣ сарфароз гардонида шуда буд. Ба ҷуз офарандаи шеър буданаш якчанд асарҳои хориҷиро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда, обрую этибори хосаро сазовор гардидааст. Яке аз хизматҳои шоистаи ӯ дар такмили ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад, он замоне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро задухӯрдҳои шаҳрвандӣ фаро гирифта буд, ӯро низ бетараф нагузошт ва чунон, ки худи шоир қайд кардааст:

Субҳе ба тоҷи бе сари миллат гиристам,

Шоме ба марги мазҳари миллат гиристам.

Якпорчагишро ҳамекардам орзу, дареғ,

Бар пора-пора пайкари миллат гиристам.

Фарзандҳояш бе ҳадаф мурданд бе мазор,

Ман бар мазори модари миллат гиристам.

Маҳз ана ҳамин гуна шаҳрвандон буданд, ки ба зуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфт ва имрӯз бингаред бо ташаббуси Сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба чӣ гуна пешравиҳо ноил гаштем. Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон яке аз давлатҳои пешрафтаву зебову тараққикарда ба ҳисоб меравад. Агар имрӯз Лоиқ Шералӣ мебуд, ӯ ба синни 73-қадам мениҳод ва медид, ки мо ба кадом комёбиҳои назаррас ноил гаштаем.

Имрӯзҳо дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шеърҳои эҷоднамудаи устод, ки заҳматҳои зиёдеро харҷ кардааст, сарояндаҳои тоҷик оҳангсозӣ намуда месароянд. Матбуоти тоҷикро бе ашъору шеъру ғазалҳои устод тасавур кардан ғайриимкон аст, чунки марди барӯманди тоҷик фарҳанги тоҷикро, обрӯи тоҷику тоҷикзабононро баланд бардоштааст. Устод Лоиқ Шералӣ хизматҳои шоҳонае нисбати халқи худ, Ватани худ ва миллати худ кардааст, мо тоҷикзабонем ва имрӯзҳо аз шеъру ғазалҳои устод истифода мебарем ва хоҳем бурд.

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

Гуфтаҳои устод Лоиқ Шералӣ далолати онанд, ки ҳисси миллӣ, ватандӯстдорӣ ва баландбардории обрӯи миллати тоҷикро нишон медиҳад. Ин шоири барӯманди тоҷик аз ҳама бештару беҳтар ба ҳаммиллатон дарси ифтихори миллӣ гуфт, эҳтиёт кардан ва дӯст доштани сунатҳои ниёгонро талқин кард, тавассути ҷасорати адабиаш ба мо ҷасорати таърихӣ омӯхт ва мо низ аз устод Лоиқ Шералӣ баҳра мебарем ва то абад ёди устод дар дили миллати тоҷику тоҷикзабон зинда хоҳад монд.

Он лаъли гетиро бигӯ,

Лоиқ видоят карду рафт,

Он ёри маҷнунро бигӯ,

Лоиқ видоят карду рафт.

Қолаб тиҳӣ созам агар

Хору ҳазин ҷони падар,

Рав беди маҷнунро бигӯ,

Лоиқ видоят карду рафт.

Дар дидаам дил бурдаам

Ҷоми пайёпай хӯрдаам,

Он ҷоми ворунро бигӯ

Лоиқ видоят карду рафт.

Ин дафтари шеъру ғазал

Чун ман намирад аз аҷал,

Рав чархи гардунро бигӯ

Лоиқ видоят карду рафт.

 

Рӯҳат шод бошад Устод.

Обиддинов Х.И., муовини сардори Раёсати тиббии ВКД, Раиси Комиссияи Марказии ҳарбӣ-тиббии Раёсати тиббии ВКД, майори хизмати дохилӣ. 

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3824050
ИмрӯзИмрӯз121
МоҳМоҳ23555
ХамагиХамаги3824050

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.