«Ҳазору як шаб» - и Сарвиноз

Сарвиноз Юсуфӣ, хатмкардаи Донишкадаи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, як муддат дар риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии миллӣ таҳсил намуда, ҳамчун овозхон фаъолияташро дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон оғоз кардааст. Айни замон дар ансамбли «Сипар»- и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад. Имрӯзҳо Сарвиноз ба консерти ҷадид, ки рӯзи 1- уми май дар Маҷмааи Кохи Борбад баргузор мегардад, омодагӣ мегирад. Дар арафаи тайёрӣ ба консерт, ки барои ҳар як ҳунарманд, ҳамчун имтиҳони зиндагӣ, санҷиши лаёқату истеъдод ва подоши заҳматҳои чандинсола мебошад, бо ин ҳунарманди хушсадою хушсимо ва маҳбуби ҷавонон ҳамсӯҳбат шудем. То овозхон шудан, Шумо дар риштаҳои мухталиф бахтозмоӣ кардед ва ахиран роҳи санъатро интихоб намудед, назаратон дар ин бора:


- Ҳанӯз ҳангоми дар мактаби миёнаи рақами 2-и шаҳри Ваҳдат таҳсил карданам, дар кружоки дастаи ҳаваскорон аъзо шуда,фаъолона баромад мекардам. Баъдан дар оилаамон қариб, ки ҳама дар ин ё он намуди асбоби мусиқӣ ҳунари навозандагиро доштанд. Соли 2000-ум ба факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шудам. Гарчанде онро бомуваффақият мехондам, вале эҳсос кардам, ки аз ман рӯзноманигори хуб намебарояд ва барои беҳуда сарф нагардидани вақт, дар соли дуюми таҳсил онро тарк кардам.
Пас барои чӣ ба Донишкадаи ҳунарҳои зебо нарафта, ба Донишкадаи тиҷоратии Тоҷикистон ҳуҷҷат супоридед?
- Шахсе, ки ба санъат дилбастагӣ ва қасди расидан ба қуллаи муродро дорад, вай ҳама вақт фурсат меёбад, онро фатҳ кунад. Ман андеша кардам, ки аввал бояд касберо аз худ кунам ва баъдан ҳастиямро ба санъат бахшам ва ҳамин тавр ҳам кардам.
Соли 2004 ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон супурда, дохил шудам. Соли 2010 онро бомуваффақият хатм кардам.
Дар як вақт ҳам таҳсил кардан ва фаъолияти эҷодиро пеш бурдан, бароятон душворӣ намекард?
– Агар шахс иродаи мустаҳкам дошта, дар назди худ қарори қатъӣ гузорад, барои ӯ иҷрои якчанд кору вазифа мушкилӣ надорад. Аз оне, ки ҳаёт ин худ талош ва мубориза барои худшиносӣ ва расидан ба мавқею манзалат аст, аз ин хотир набояд аз душвориҳо ҳаросида, аз мубориза даст кашид.
Солҳои 2001 ва 2004 дар ансамбли «Ганҷина» - и Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият намудам ва баъдан ба ансамбли «Сипар»- и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омадам ва маро ин ҷо хеле хуш пазируфтанд.
Сабаби тарки «Ганҷина» кардану ба «Сипар» омаданатон дар чӣ буд?
- Росташ сабку услубе, ки ман интихоб карда будам ва он сурудҳое, ки месурудам, ба он талаботе, ки дар ансамбли «Ганҷина» буд, мувофиқат намекард, зеро «Ганҷина» ин ансамбли фолклорӣ буд, ман бошам майл ба сурудҳои эстрадӣ доштам. Бинобар ин зарур шуморидам ба он чи ки майлу хоҳишам бештар аст, ҳамонро интихоб намоям.
Дар баробари овозхони ансамбли «Сипар»- будан, ҳамчун афсари ВКД чӣ масъулиятеро эҳсос мекунед?
- Барои ман ҳамчун лейтенанти калони милитсия ва ҷамъи ҳамкоронам аз боиси ифтихор аст, ки дар ансамбли «Сипар»-и ВКД баромад мекунем ва дар кулли чорабиниҳо иштирок намуда, хотири кормандони мақомоти корҳои дохилиро шод менамоем. Мо аз Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов сипосгузорем, ки барои пешрафти фаъолияти эҷодӣ пайваста дастгирӣ ва ғамхорӣ зоҳир менамоянд.
Барои ҳар як зан-модар дар баробари касбу ҳунар, рӯзгори оилавӣ дар мадди аввал меистад. Дар ин ҷода албатта масъулияти Шумо зиёд аст?
- Ман соли 2005 ба шавҳар баромадам ва соҳиби як духтарчаи дӯстрӯю доно бо номи Хумор ҳастам ва дар баробари кори эҷодиву масъулияти хона ба тарбияи ӯ аҳамияти зиёд медиҳам.
Барномаи ҷадиди консертӣ ва тавре худ иброз доштед то ҷое афсонавӣ бо номи «Ҳазору як шаб», ки рӯзи 1- уми май дар Маҷмааи Кохи Борбад баргузор мегардад, чӣ навовариеро дар худ дорад?
- Узр мехоҳам, ба ин суолатон ҷавоб намегӯям, беҳтараш худи мухлисон ба консерт омада, боварӣ ҳосил хоҳанд кард, ки барномаи консертиам то чӣ андоза ҷазобу мафтункунанда ва хотирмон аст, зеро он бо як сабку услуби нав, фарқкунанда ва аз диди тоза таҳия гардидааст. Боварӣ дорам истироҳати тамошобинон гуворо, хуш ва фаромӯшношуданӣ хоҳад гузашт.
Мо низ таманно мекунем, барномаи консертиатон писанди умум гардида, дар фатҳи қуллаҳои баланди санъат, бароятон мадад намояд.
- Ташакуур!
Сӯҳбаторо Ҷалолиддин Садриддинов

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3829180
ИмрӯзИмрӯз251
МоҳМоҳ28685
ХамагиХамаги3829180

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.