ТАЪРИХИ ОРКЕСТРИ ҲАРБИИ РАЁСАТИ ҚУШӮНҲОИ ДОХИЛИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қушӯнҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои оркестри хуби ҳарбӣ мебошад. Ин гувоҳи он аст, ки дар Қушӯнҳои дохилӣ на танҳо устодони маҳорати ҳарбӣ, балки устодони ҳунарҳои санъати нафиса ҳам тарбия ёфта истодаанд. Заминаи пайдоиши ин оркестри ҳарбӣ ба солҳои пеш вобастагӣ дорад. Яъне оркестри ҳарбии Раёсати қушӯнҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи Иттиҳоди Шӯравӣ арзи вуҷуд дошт. То пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ роҳбарии оркестри ҳарбии Раёсати қушӯнҳои дохилииро лейтенанти калон Назаров Олег Викторович ба ӯҳда дошт. Баъд аз он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти худро ба даст овард, яъне аз соли 1991-ум оркестри ҳарбӣ ба таври расмӣ ташкил карда шуд. Роҳбари оркестри ҳарбӣ лейтенант Руштов Рушт Назархудоевич тавонист аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ, сарбозони қисми низомии 6593 ҳайати оркестрро пурра намояд.


Дар он давра оркестри ҳарбии РҚД ВКД яке аз аввалин оркестрҳои ҳарбии давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб мерафт. Ҳайати оркестр аз 8-нафар навозанда иборат буда, хизмати Ватанро содиқона иҷро менамуданд. Дар ҳама чорабиниҳову ҷашнҳо, машқҳои ҳарбии ВКД ва РҚД саҳми босазои худро гузоштаанд. Дар ҷашну маросимҳои муҳими давлатӣ-пешвозгирии меҳмонони олимақоми хориҷӣ, ҷашнгирии санаҳои таърихию сиёсии давлатӣ ва парадҳои ҳарбӣ, ки дар ҷумҳурӣ гузашта буданд, оркестри ҳарбӣ фаъолона ширкат меварзид. Соли 1994-ум, вақте, ки Президенти Туркия Сулаймон Демирел ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, ҳайати шахсии оркестри Раёсати қушӯнҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими пешвозгирии расмиро бо иҷрои маршҳои ҳарбии туркӣ гузарониданд. Маршҳо дар ин маросими расмӣ чунон моҳирона иҷро шуданд, ки меҳмони олимақоми хориҷӣ таҳайюру ҳаяҷони худро ошкор кард:
- Офарин, гумон надоштам, ки дар як кишвари ҷангзада чунин оркестри ҳарбӣ мавҷуд бошад.
Воқеан ҳам дар рӯзҳои мушкили бӯҳрони сиёсии мамлакат дар ҳайати ягон сохтори ҳарбӣ оркестрҳои мукаммали касбӣ намонда буданд. Ҳатто дар сохторҳои ҳарбии Руссия, ки муқими Тоҷикистон буданд он айём нарасидани навозандагони касбӣ ҳис карда мешуд. Як гурӯҳ ҳунармандони оркестри ҳарбии Қушӯнҳои дохилӣ, ки асосан русҳо ва намояндагони миллатҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, бар асари ҳодисаҳои бӯҳронӣ баромада рафтанд. Танҳо эҳсоси фидокорию ифтихори миллӣ, дӯстдории касб як зумра ҷавонони санъаткори тоҷикро дар оркестри ҳарбӣ сарҷамъ намуд. Бо вуҷуди мушкилиҳои зиёди хизмативу иҷтимоӣ ҷавонмардони бонангу ор, ҳунари касбашонро хор накарда, оркестрро ободу коршоям нигоҳ доштанд.
Як зумра аз он ҷавонони бонангу ор ҳанӯз ҳам дар саф истодаанд. Аз ҷумла, Сардори оркестри ҳарбии РҚД ВКД полковник Маҳмудов Қурбоналӣ, муовини сардори оркестр капитан Мародасейнов Пайрав, ёрдамчии калони сардори оркестр лейтенанти калон Давлатшоев Муҳаббатшоҳ, афсари калони оркестр лейтенанти калон Давлатмамадов Назарӣ, афсари калони оркестр лейтенанти калон Кабутаршоев Қадам, консермейстри калони оркестр лейтенанти хурд Муродов Дилшод ва дастурдиҳандаи калони оркестр прапоршики калон Довудов Кароматулло ва дигарон.
Аз соли 1991-ум то ба имрӯз ҳайати шахсии оркестри ҳарбии РҚД ВКД аз 8-нафар ба 45-нафар расид, ки дар ҳайати оркестр аз намояндагони миллатҳои дигар: рус, тотор, узбек, қазоқ ва дигар содиқона хизмат мекунанд.
Роҳбарии оркестри ҳарбиро баъди ба нафақа баромадани собиқ сардори оркестр полковник Руштов Р.Н, аз соли 2007-ум полковник Маҳмудов Қурбоналӣ Азизович ба ӯҳда дорад.
Солҳои охир мо асарҳои нави мусиқиро эҷод карда, оҳангҳои нави мутантан барои гузаронидани маросимҳои давлатӣ, ҳарбӣ, чорабиниҳои дар сатҳи баланди давлатиро дар репертуараи оркестр ҷой додем.
Аз он ҷумла, ба суруди «Горди Миллӣ», ки ба қалами С.Аюбӣ тааллуқ дорад, сардори оркестри РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Маҳмудов Қурбоналӣ оҳанг баста, то ҳозир аз тарафи ҳамаи хизматчиёни Горди миллӣ, ҳамчун Гимни горди миллӣ хонда мешавад. Ин оҳанг аввалин маротиба соли 2005-ум ҳангоми гузаронидани чорабинии Горди миллӣ, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шуда гузашт аз тарафи тамоми ҳайати шахсии Горди миллӣ садо дод.
Ба ғайр аз ин боз суруди «Гулхандаи Замин», ки суруди машҳур буда, бо оҳанги оҳангсози Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Мародасейнов тааллуқ дорад аз тарафи муовини сардори оркестр капитан П.Мародасейнов такмил дода шуда, дар оркестри ҳарбии имрӯза навохта мешавад.
Оркестри РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки бештар оҳангҳои тоҷикиро таҳия намуда, дар репертуараи худ ҷой диҳад ва ба ин ҳам муваффақ шуда истодааст.
Ҳоло ҳайати шахсии оркестр бо мутахассисони бо маҳорати ин соҳа пурра гардида, барои фаъолияти он ҳама гуна шароитҳо муҳайё карда шуда истодаанд. Дар ҳайати шахсӣ ҳоло 19-нафар бо маълумоти олии мусиқӣ, 20-нафар бо маълумоти миёнаи махсуси мусиқӣ ва 5-нафар дастпарварон аз ҳисоби сарбозони қатории РҚД иборат буда, кору фаъолият карда истодаанд.
Оркестри РҚД ВКД доимо бо оркестрҳои сохторҳои дигари қудратӣ, аз он ҷумла бо оркестри ҳарбии Гвардияи Миллӣ, оркестри Вазорати Мудофиа ҳамкорӣ дошта, дар вақтҳои лозимӣ тайёр аст, ки ба онҳо ёрии худро ҳамаҷониба расонад. Аз он ҷумла, дар тамоми чорабиниҳои калони давлатӣ: Масалан 5, 10 ва 15-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оркестри РҚД ВКД дар якҷоягӣ бо оркестрҳои Горди Миллӣ ва Вазорати Мудофиа фаъолона ширкат варзид ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳӯрӣ бо мукофотҳои гуногуни давлатӣ сарфароз гардид. Моҳи ноябри соли 2006-ум оркестри РҚД ВКД дар якҷоягӣ бо оркестрҳои сохторҳои дигари қудратӣ дар қасамёдкунии Президенти Ҷумҳӯрии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, чорабиниро дар сатҳи баланди касбӣ гузарониданд.
Барои бо сатҳи баланд гузаронидани «Иди Ғалаба» оркестри РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо Муасиссаи давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон ҳамкории доимӣ дорад ва дар чорабиниҳои оммавии мадании ин муасисса ширкат меварзад.
Моҳи феврали соли 2010-ум аз тарафи собиқ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал полковник Қаҳҳоров А.А тамоми ҳайати шахсии оркестр бо медали 85-солагии Милитсияи тоҷик мукофотонида шуданд.
Оркестри РҚД ВКД бо Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон робитаи доимӣ дорад. Узви ин иттифоқи эъҷодкорон, бастакор Зокир Нишонов бо оркестр ҳамкории зиёд дорад.
Барномаи мусиқиҳои сафороии оркестр зиёда аз 40 асарҳои мусиқӣ иборат буда, ҳама рӯза барои баланд бардоштани маҳорати касбии худ машқҳои оркестриро мегузаронанд ва ин боиси пешрафти оркестр мебошад.
Дар оркестр хизматчиёни бисёре хизмат мекунанд, ки зиёда аз 15-сол боз кору фаъолияти худро давом дода истодаанд. Аз ҷумла; лейтенанти калон Давлатмамадов Н., капитан Мародасейнов П., лейтенанти калон Давлатшоев М., лейтенанти калон Кабутаршоев Қ., лейтенанти калон Ҳакимов Ҷ., лейтенант Саъдуллоев З., прапоршики калон Довудов К. ва лейтенанти хурд Муродов Д. мебошанд, ки ҳамеша барои пешравии кори оркестр саҳми босазои худро мегузоранд ва дар тарбияи фарҳангӣ-маданӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ, дӯстиву бародарӣ ва меҳанпарастии ҷавонони ҳайати шахсӣ доимо фаъол мебошанд. Ин аст, ки дар ҳайати шахсии оркестр дӯстиву бародарӣ дар мадди аввал меистад.
Оркестри РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишу ғайрат менамояд, ки аз ин баъд сатҳи сифати навозандагӣ, интизоми ҳарбӣ ва муносибатҳои дӯстонаро дар ҳайати шахсӣ пурзӯр намуда, баҳри хизмати содиқона ба Ватанро шиори ҳаррӯзаи худ шуморад. Ҳоло оркестр барои боз ҳам мукаммалтар гардидани репертуараи худ кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки як студияи сабти овозро ташкил кунад ва тамоми репертуари худро сабт намуда, барои боз ҳам бо сифати баланди касбӣ гузаронидани чорабиниҳои давлатӣ истифода барад ва ин кор ҳам, аллакай бо дастгирии Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати қушӯнҳои дохилӣ ҳалли худро ёфта истодааст.


Сардори Оркестри ҳарбии Раёсати қушӯнҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Маҳмудов Қ.А.


Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3819890
ИмрӯзИмрӯз423
МоҳМоҳ19395
ХамагиХамаги3819890

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.