Фаъолияти фарҳангии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баробари созмон ёфтани Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи собиқ Мактаби миёнаи махсуси милитсияи ш. Душанбе ВКД Иттиҳоди Шӯравӣ, ки соли 2000 ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд, бо назардошти тарбияи фарҳангии ҳайати доимӣ ва тағйирёбанда, клуб ва оркестри нафасӣ низ фаъолият карда истодааст. Самтҳои асосии фаъолияти кории клуб дар марҳилаи имрӯза баланд бардоштани сатҳи маданияти фарҳангии ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани чорабиниҳои ҷашнӣ ва фароғатӣ, барангехтани ҳисси Ватандӯстиву Ватанпарварӣ, садоқат ба савганд ва касби хеш, эҳтиром гузоштан нисбати анъанаву муқаддасоти миллӣ мебошад.

 

 

Тамоми чорабиниҳои ҷашнӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ, варзишӣ ва маданӣ дар асоси нақшаҳои кории тасдиқшуда, саривақт дар мӯҳлатҳои муайяншуда ва дар сатҳи баланд гузаронида мешаванд.
Ҷиҳати истироҳату фароғати кормандон ва курсантон чораҳои судманд андешида мешавад. Бо ин мақсад сайругашти гурӯҳӣ ба ҷойҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва гӯшаҳои зебои табиат, иштирок дар намоишномаҳои театрӣ, кинофилмҳо, консертҳо, осорхона, гузаронидани ҳар гуна озмунҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкил карда мешаванд. Инчунин бахшида ба ҳар як ҷашн чорабиниҳои фароғатӣ-фарҳангӣ дар сатҳи баланд, бо иштироки худи курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳунармандони ҷумҳурӣ ба ин базмҳо ҳамчун меҳмон даъват мешаванд. Аз давраи таъсис додани клуб то инҷониб шахсони зиёде дар вазифаи нозир (сардори клуб) фаъолият намудаанд. Аз соли 2003 то инҷониб майори милитсия Раҳимов Амрохон Абдуллоевич ин вазифаи пурмасъулро ба ӯҳда дорад.

Майори милитсия Раҳимов Амрохон Абдуллоевич 20 июли соли 1969 дар қишлоқи Кулчашмаи ноҳияи Ленингради (ҳозира ноҳияи Муминобод) вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Аз соли 1976 дар мактаби миёнаи №4 ба номи Луначарский ноҳияи Муминобод таҳсили худро оғоз намуда, ҳамзамон дар мактаби мусиқии ноҳия нозукиҳои сарояндагиро аз худ менамуд. Баъд аз хатми мактаби миёна ва мактаби мусиқӣ дар курси ронандагӣ таҳсил кардааст. Аз соли 1987 то соли 1989 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС дар округи ҳарбии Урал адои хизмат намудааст. Дар вақти адои хизмат ба дастаи ҳаваскорони қисми ҳарбӣ шомил буда, доимо баромад менамуд, ки ин ба ҳамхизматонаш писанд буд. Баъд аз ба итмом расонидани адои хизмати Ватан-модар санъатро пешаи худ интихоб намуда, дар чандин корхонаҳо то соли 2001 ба ҳайси роҳбари бадеӣ фаъолият намудааст. Ҳамзамон дар тамоми маҳфилу ҷамъомадҳо фаъолона иштирок карда, сарояндагӣ менамуд. Ӯ бо сурудҳои дилчаспу фараҳбахшаш ба дилҳои шунавандагон роҳ ёфта, мухлисони зиёде пайдо намуд. Дар баробари санъат меҳр ба варзиш низ дорад, ки ин боиси зиёд иштирок намуданаш дар чорабиниҳои варзишӣ мебошад. Бинобар ин низому садоқатмандӣ, Ватандӯстиву Ватанпарварӣ яке аз хислатҳояш буд, ки ин ӯро водор сохт аз соли 2001 ба мақомоти корҳои дохилӣ рӯ оварад ва аз соли 2003 то инҷониб ба ҳайси нозир, ӯ низ сардори клуби Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Ӯ доимо баҳри баланд бардоштани савияи донишаш кӯшиш мекунад. Ин аст, ки дорои ду маълумоти олӣ мебошад, соли 2005 шӯъбаи ғоибонаи факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва соли 2009 шӯъбаи ғоибонаи факултети фарҳангшиносии Донишкадаи санъати ба номи М.Турсунзодаро хатм намудааст. Шахси серғайрату фаъол, Ватандӯсту Ватанпарвар, соҳибзавқу хушсалиқа мебошад. Бо назардошти ин хислатҳои беназираш, ба замми сурудҳои зиёди пурмазмуну дилчаспаш якчанд сурудҳои ватанпарваронаро дар васфи «Ватан» ва «милитсия» тарҳрезӣ намуда, сароидааст. Ӯ аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии якчанд озмунҳои фарҳангӣ, аз ҷумла: Суруди сол, Суруди «Сарбози Ватан» ва ғайра мебошад. Дорандаи медалҳои «Барои хизмати аъло дар ВКД», медалҳои ҷашнии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаву раҳматномаҳо мебошад. Дар давраи кории Раҳимов А.А. фаъолияти клуб ҷоннок карда шуд. Аз ҷумла, иштироки фаъолонаи курсантонро соли 2006 дар «Маҳфили Зарифон», соли 2007 дар фестивал – озмуни «Сарбози Ватан», соли 2008 дар фестивали «Суруди Сарбоз» ва дигар чорабиниҳо ташкил намуд. Ҳамасола бо роҳбарии ӯ курсантон дар фестивал-озмуни Суруди «Сарбози Ватан», ки дар байни вазоратҳои қудратӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Ҳар як ҷашн дар Академия бо шукуҳу шаҳомати хоса ва бо даъватӣ ҳунармандони ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Аз ҷумла, Рӯзи Модарон, Наврӯзи Аҷам, Иди Ғалаба ва дигар чорабиниҳо бо намоишномаҳои театрикунонидашуда баргузор мегарданд, ки курсантон бо маҳорати баланд дар саҳнаҳои ҳаҷвӣ ва ҳассос нақш меофаранд. Дар чорабиниҳои ҷашнии сатҳи Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷумҳурӣ низ фаъолона иштирок намуда, номераҳои консертӣ ва рақсии худро намоиш медиҳанд. Ҳамзамон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи оркестри нафасӣ низ аз нав ташкил карда шуд. Дар он курсантони лаёқатманд, ки аз ӯҳдаи иҷрои навохтани асбобҳои мусиқӣ ба хубӣ мебароянд, ҷалб карда шудаанд. Роҳбарии оркестри нафасиро лейтенанти калони милитсия Содиқов Рустам Назарович ба ӯҳда дорад. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Қирғизистон ба номи Б.Бейналиева дар соли 1981 мебошад. Фаъолияти бисёрсолаи пурсамар дар ҷодаи навохтани оҳангҳои зиёд дорад. Ин даста низ дар тамоми чорабиниҳои ҷашнии Академия, Вазорати корҳои дохилӣ ва сатҳи ҷумҳурӣ фаъолона иштирок мекунад. Тамоми сафороиҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштирок ва таҳти мусиқиҳои ин даста баргузор мегардад.

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3824038
ИмрӯзИмрӯз109
МоҳМоҳ23543
ХамагиХамаги3824038

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.