Ҳафтаномаи писандида

"Қонун ва ҷомеа"-ро барои худ писандидатарин ҳафтанома меҳисобам. Моҳи феврали соли равон яке аз шумораҳои ҳафтаномаи мазкурро дастрас кардам. То ин дам чунин ҳафтаномаро намедонистам. Ҳафтаномаро мутолиа кардам. Ба ман писанд омад. Гарчанде синни мубораки ман ба 77 сол расидааст, бо хоҳиши худам ҳамон рӯз дар шаҳри Панҷакент обуна шудам. Ҳар шумораи онро бо навбат мутолиа менамоям, ғизои маънавӣ мегирам, ба далелу рақамҳои нав-навин шинос мешавам. Аз хурдӣ, яъне аз синни понздаҳсолагиам рӯзномаҳо, маҷаллаҳои дилхоҳи худро мехонам. Фараҳманд ҳастам, ки қариб ба ҳаштод расида бошам ҳам, бе айнак мехонам.

Сифати ҳафтанома хеле хуб аст. Суратҳо диққатҷалбкунандаанд. Маводҳо мухтасар ва пурмазмун мебошанд. Доир ба фармонҳои Президенти муҳтарам, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои ҳукуматӣ, тағйироти кадрӣ, хизмати хуби кормандони корҳои дохилӣ, муносибати нек бо давлатҳои минтақа, мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷашнномаҳо, чидаахбор, баланд бардоштани дониши сарбозони қӯшунҳои дохилӣ, оё медонед? латифаҳо, роҳу усулҳои тафтиши ҷиноятҳои қаллобӣ ва ғайраҳо маводҳои хонданӣ чоп мешаванд.

Яке аз сифатҳои фарқкунанда нисбат ба дигар ҳафтаномаҳо аз он иборат аст, ки ҳафтаномаи "Қонун ва ҷомеа" дар саҳифаҳои худ гӯшаи адабӣ ташкил кардааст, ки шеърҳои кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон, шуарои муосир, панду андарзҳои гузаштагонамонро чоп мекунад. Дар баробари ҳамаи ин дар саҳифаҳои кроссворд, чайнворд, муаммо, Чайн-криптограмма хуб мешуд номи кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон, ки хизматҳои арзанда карда, ҷони худро барои Ватани азиз нисор кардаанд, саволномаҳо ҷой дода мешуд.

Ҳамчунин, бисёр хуб мешуд, ки обунаи ҳафтанома дар байни шаҳрвандон низ ташкил карда шавад, зеро дар маҳалҳо (ман маҳаллаи худро дар назар дорам), доир ба ҳафтаномаи "Қонун ва ҷомеа" аксар тасаввурот надоранд. Дар ҳафтанома доир ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи фарзанд, дар бораи ҳаёти иҷтимоии шаҳрвандон мунтазам маводҳо чоп мешаванд, ки барои тафаккур ва ҷаҳонбинии шаҳрвандон аҳамияти аввалиндараҷа доранд.

Аз ҷумла, дар мақолаи "Дилдодаи касб"-и У.Олим аз 7-уми марти соли 2013 омадааст:

"Шӯълаи меҳри хизматчии мақомоти корҳои дохилӣ шудан ҳанӯз дар замони наврасӣ, ҳангоми мутолиаи китобҳои бадеӣ, ки дар онҳо порчаҳо аз ҳаёту фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ оварда мешуданд, дар қалби ӯ афрӯхта гардид".

Аз ин ҷумла бармеояд, ки шавқи касб дар давраи наврасӣ ба вуҷуд омадааст. Аз ин рӯ, хуб мешуд дар баъзе маводҳои тарҷумаиҳолӣ дар бораи кормандони соҳа, номи омӯзгорони накӯноми мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ дар мавридаш баён карда мешуд, яъне чун устоди аввалин.

Дар охир дар бораи ҳафтаномаи "Қонун ва ҷомеа" гуфтаниам, ки кормандони эҷодии он ҳамеша саломату сарбаланд бошанд. Аксари онҳо соҳибситора мебошанд, ситораи бахт болои сарашон ҳамеша дурахшон бошад!

Шариф Исматӣ, собиқадори маориф аз ш. Панҷакент

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3822424
ИмрӯзИмрӯз170
МоҳМоҳ21929
ХамагиХамаги3822424

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.