Зиҳӣ, эй Пешво, бар ҷони мо ҷонӣ, ту меарзӣ!

Дар идомаи чорабинӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президент» аъзои Иттифоқи нависандагон, нависанда Шералӣ Мусо зикр кард, ки боиси ифтихор аст, ки дар ин рӯзи таърихӣ сухан аз ҷасорату корнамоӣ ва сулҳофариву муттаҳидсозии халқи тоҷик, ки бо ҷаҳду талоши фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаддаст, ҳарф мезанем.

Маҳз дар он рӯзҳои вазнин ва тақдирсози кишвари тоҷик дар сессияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамагӣ 40-сол дошт, роҳбарии давлати Тоҷикистонро, ки дар вартаи нобудшавӣ қарор дошт, ба уҳда гирифт.

Ӯ аз лаҳзаҳои аввалини роҳбарӣ иброз дошт, ки «Ман барои Шумо сулҳ меорам» ва ин ҷасорати абармарди шуҷоъ дар амал татбиқ гардид.

Бо кӯшишу ғайрат ва нангу номуси ватандорӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷикро сарҷамъ, гурезагони иҷбориро ба Ватан баргардонида, сулҳу ваҳдат, ягонагию муттаҳидиро дар сарзамини аҷдодӣ пойдор сохт.

Дар идомаи чорабинӣ нависанда Шералӣ Мусо китоби тозанашри худро бо номи «Ҷасорат», ки оид ба корнамоиҳои Пешвои миллат бахшида шудааст,  ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ тақдим намуд.

Сипас, устоди Академияи ВКД, номзади илмҳои фалсафа, профессор, полковники милитсия Ҷураев Раҷаббой Зуҳурович дар мавзӯи «Муаррифӣ ва омӯзиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон»  баромад намуда, қайд кард, ки «Имрӯз миллати соҳбназари тоҷик ва тоҷикистониён гуфта метавонанд, ки дар таҳкими истиқлолият ва бунёди давлатдории миллӣ нақш ва мавқеи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи асосиро соҳиб мебошад.

Дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистон роҳи бисёр мураккаб ва печидаеро пушти сар намуда, аз оташи чандин буҳронҳои амиқи сиёсию иқтисодӣ гузашта, имрӯз ҳамчун як кишвари дорои амният ва суботи комил дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.

Шахсе, ки дар марҳилаи мураккабтарини давлату миллат масъулияти сарварии кишварро ҷасурона ба даст гирифт, ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бояд қайд намуд, ки Президенти мамлакат на танҳо абармарди соҳаи сиёсат, балки ҳамчун олим ва муҳаққиқи масъалаҳои таъриху тамаддуни миллии тоҷикон низ дар доираҳои илмии дохил ва хориҷи кишвар шинохта шудааст.

Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» маҳсули андешарониҳои амиқи муаллиф доир ба таъриху фарҳанги бисёрасраи халқи тоҷик мебошад.

Инчунин асарҳои пурмӯҳтаво аз қабили «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Фарҳанг ҳастии миллат аст», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ва амсоли инҳо арзишҳои таърихӣ дошта, аз таърихи давлатдорӣ ва маданияти қадима ва волои халқи тоҷик, огоҳ будан аз таъриху фарҳанг ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва истиқлолият равшанӣ меандозанд».

Дар идомаи чорабинӣ омӯзгори калони Академияи ВКД майори милитсия Самиев Бахтиёр Салимович дар мавзӯи «Пешвои миллат бунёдгузори давлати миллӣ ва таҳкимбахши ваҳдат» маърӯза намуда, иброз дошт, ки «Ҳар як давраи таърихӣ барои берун кашидани ҷомеа аз ботлоқи маънавӣ ва буҳрони сиёсӣ ашхосеро рӯи кор меорад, ки бо пайкори хеш дар сарнавишти миллату давлат мавқеи калидиро ишғол менамояд. Далели ин гуфтаҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо ҷасорати инфиродии худ дар ин раванд ҷонсупурдагиҳои бемислро анҷом дода, давлати миллии Тоҷикистонро бунёд намуданд».

Устоди Академияи ВКД полковники милитсия Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич дар мавзӯи «Фаъолияти ҷамъиятӣ – сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ» баромад намуда, қайд кард, ки фалсафаи ваҳдат заминаи таърихӣ дорад ва он ҳамчун як илм бояд мавриди омӯзиш қарор гирифта, муҳимияти он тақвият дода шавад.

Гиромидошти Президент муҳимтарин падидаест, ки мардуми тоҷик бо ҳисси эҳтиром ва самимият ин арҷгузориро ифода менамоянд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар рӯзҳои душвортарини ба даст овардани Истиқлолият боризи халқи тоҷик, Пешвои миллат бо фидокорию сарсупурдагӣ ва ҷасорату мардонагӣ ва хираду фарҳанги баланд тавонист давлати дунявӣ, демократӣ, ягона ва ҳуқуқбунёдро эҳё намояд.

Тафаккури сиёсии Пешвои миллат буд, ки мо имрӯз дар фазои тинҷию осоиштагӣ, сулҳу оромӣ, якдилию муттаҳидӣ дар ҳамаи соҳаҳо кору фаъолият намуда, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ менамоем».

Дар хотимаи чорабинӣ Сардабири ҳафтаномаи соҳавии «Қонун ва ҷомеа» полковники милитсия Шерализода Ҳасан Шералӣ атрофи корнамоию ҷасорат ва бунёдкорию созандагии Пешвои миллат ибрози андеша намуда, қайд кард, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таҳти ҳидоятҳои Пешвои миллат барои тинҷию амонӣ ва сулҳу субот дар кишвар бо ҳама гуна зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон бурда, сипари боэътимоди давлату Ватан мебошанд.

Таҷлили «Рӯзи Президент» аз ҷониби ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстию ватандорӣ ва садоқат ба давлату миллат ифода гардида, хотирмон анҷом пазируфт.   

Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова. 

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3819946
ИмрӯзИмрӯз479
МоҳМоҳ19451
ХамагиХамаги3819946

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.