ДАР СИТОИШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ


Агар гӯем шоҳаншоҳи давронӣ,  ту меарзӣ,

Барои тоҷикон пайғоми Яздонӣ, ту меарзӣ.

 

Агар гӯем хидматҳои ту бе мислу монанданд,

Ба миллат ҳастият бахшида инсонӣ, ту меарзӣ.

 

Ба маъруфии худ маъруф кардӣ халқи тоҷикро,

Чӣ хуш дар созмонҳо нутқ меронӣ, ту меарзӣ.

 

Хати барномаат шуд барқу нақбу роҳу озуқа,

Ба кишвар аз ту шуд файзу фаровонӣ, ту меарзӣ.

 

Парешон халқи тоҷик буд зи дасти аҷнабӣ, аммо

Раҳо кардӣ Ватанро аз парешонӣ, ту меарзӣ.

 

Ба шири модарат хурдӣ қасам: «Ман сулҳ меорам!»,

Харидӣ ҷони ҳар як тоҷикистонӣ, ту меарзӣ.

 

Гурусна мондани халқат ҳама буда зи наҳси ҷанг,

Кунун шуд сер мардум, ғалла арзонӣ, ту меарзӣ.

 

Сипосу арзу дарди дил бигӯяд халқ пеши ту,

Чӣ ҷои гап, ки бар ҳар дард дармонӣ, ту меарзӣ.

 

Ба ҳар ҷое сафар кардӣ, фазои тира шуд равшан,

Худододе чу хуршеди дурахшонӣ, ту меарзӣ.

 

Асоси Сулҳу Истиқлолу Ваҳдатро ту бинҳодӣ,

Зиҳӣ, эй Пешво, бар ҷони мо ҷонӣ, ту меарзӣ.

  

Дуои модарат пеш аз видоъаш мустаҷоб омад,

Баландиқболию осудаармонӣ, ту меарзӣ.

 

Кашидӣ хатти барқу роҳу пул бар мулки ҳамсоя,

Вафову дӯстиро  сахтпаймонӣ, ту меарзӣ.

 

Бинои НОБ-и Роғун арсаи номусу нангат шуд,

Аз ин ҷовид дар таърих мемонӣ, ту меарзӣ.

 

Ба рушди мактабу илму маориф тақвият додӣ,

Тавонбахшандаи фарҳангу ирфонӣ, ту меарзӣ.

 

Чу ислоҳот андар киштгардони заминҳо шуд,

Фузун гардид файзи кори деҳқонӣ, ту меарзӣ.

 

Ба варзиш равнақ овардӣ, ки Дилшоди Назар имрӯз

Ҷаҳонӣ гашт андар гурзгардонӣ, ту меарзӣ.

 

Саноат нақшаи ояндаи созандагӣ бошад,

Ту ҳам наққош, ҳам меъмор бар онӣ, ту меарзӣ.

 

Пайи Барномаи оби зулолат Созмони даҳр,

Сарез ояд ба дарёҳои найсонӣ, ту меарзӣ.

 

Чакан пӯшидану атлас ба бар кардан бишуд эҳё,

Батанзимовари расми ниёгонӣ, ту меарзӣ.

 

Муборак иди Артиш, Модару Наврӯзу Истиқлол,

Бувад Ваҳдат бақои сулҳи Раҳмонӣ, ту меарзӣ.

 

Зи ҷаҳдат ҷашни Наврӯзи Аҷам рӯи ҷаҳон бигрифт,

Русуми рафтаро эҳё бигардонӣ, ту меарзӣ.

 

Баробар рӯзу шаб гардад зи пайки нусрати Наврӯз,

Шурӯи кишт созӣ, дона пошонӣ, ту меарзӣ.

 

Чу санъат бо «Фалак», бо «Шашмақом», Опера шуд зебо,

Муаллиф, ҳам муҳаррир, ҳам саробонӣ, ту меарзӣ.

 

Бишуд осори некат аз ниёгон шоҳиди зинда,

Кафили ҳастии ояндадавронӣ, ту меарзӣ.

 

Шуҷоатманд фарзандони миллатро набуд қисмат,

Зи сидқ эҳёгари ин қаҳрамононӣ, ту меарзӣ.

 

«Бузургонро бузургон зинда медоранд», мегӯянд,

Шарафманде миёни ин бузургонӣ, ту меарзӣ.

 

Ятиму бекасу бесарпарастонро падар гаштӣ,

Парастори сағирону кабиронӣ, ту меарзӣ.

 

Мақому нақши занро зина-зина мебарӣ боло,

Ба пеши пои модар гул барафшонӣ, ту меарзӣ.

 

Бигӯӣ пешбурди ҷомеа аз наврасон фардост,

Умеду такягоҳи навҷавононӣ, ту  меарзӣ.

 

Ба вақти мушкилӣ кардӣ ту ташкил Артиши миллӣ,

Ба кишвар худ кафили сулҳхоҳонӣ, ту меарзӣ.

 

Ба ҷон ҳастӣ ба ҳифзи марзу буми хоки аҷдодӣ,

Расидан пойи бадхоҳе намемонӣ, ту меарзӣ.

 

Низомӣ медиҳад ҷонаш барои сулҳу осоиш,

Ба худ инро шуморад қарзи виҷдонӣ, ту меарзӣ.

 

Бигӯӣ, даъвати ифротиён хавфу хатар дорад,

Хатокории гумроҳон бифаҳмонӣ, ту меарзӣ.

 

Хурофотӣ кунад тарғиби дину мазҳаби дигар,

Зи реша қасди бадхоҳон бисӯзонӣ, ту меарзӣ.

 

Агарчи ҳизббозон майли ғасби давлатат карданд,

Саросар нест шуд ин макру шайтонӣ, ту меарзӣ.

 

Бувад як хислатат дарки ҳама кирдори номатлуб,

Зи номатлубҳо моро нигаҳбонӣ, ту меарзӣ.

 

Ба ҷонат душманони халқу миллат қасдҳо карданд,

Шуда ноком, монда дар пушаймонӣ, ту меарзӣ.

 

Ҷинояткори бадкирдор дар маҳбас фузун бошад,

Бикардӣ авф бар ақвоми зиндонӣ, ту меарзӣ.

 

Далерию шуҷоат хоса мансуби ҷавонмардист,

Қавидил, боҷасорат, марди майдонӣ, ту меарзӣ.

 

Бузургиҳои шахс аз донишу илму хирадмандист,

Дар ин раҳ ҳамрадифи наҷми кайҳонӣ, ту меарзӣ.

 

Ба сурат ҳастият зебо, ба сират зиннати дунё,

Зиёбахшанда чун шамъи фурӯзонӣ, ту меарзӣ.

 

Ба саҷда асрҳо бар қуллаҳои Тоҷикистонанд,

Баланд аз қуллаи кӯҳи Бадахшонӣ, ту меарзӣ.

 

Пагоҳӣ хеста, бар кор рафтан бар ту шуд одат,

Дарахту гул саҳаргоҳон чу бишнонӣ, ту меарзӣ.

 

Шуда хурду калони кишварам мадҳу дуогӯят,

Ба ҳар ҷо пуштибони аҳли пиронӣ, ту меарзӣ.

 

Шифо ёбанд беморон зи суҳбатҳои ширинат,

Давобахшо ба монанди табибонӣ, ту меарзӣ.

 

Зи меъмории ту симои шаҳру деҳа шуд зебо,

Чу подевори ҳар бино ту мемонӣ, ту меарзӣ.

 

Бишуд ислоҳ номи ҳар маҳал бо номи арзанда,

Нишоне ҳаст аз таърихи Сосонӣ, ту меарзӣ.

 

Ба рафти гардиши соат зи ободӣ навид ояд,

Ба сони пайки Исмоили Сомонӣ, ту меарзӣ.

 

Фидои ин Ватан, ин сарзамин, гуфтӣ, шудан бояд,

Ҳалолат бод, худ аз ҷонфидоёнӣ, ту меарзӣ.

 

Шуда бар Парчаму бар Гимну Асъору Нишон соҳиб,

Зи Сарқонун бувад ҳар ҷо суханронӣ, ту меарзӣ.

 

Шукуҳи Парчамат бар кас ғурури нанг омӯзад,

Ҳазор аҳсан, ки аз ҳимматбаландонӣ, ту меарзӣ.

 

Чи дар дохил, чи дар хориҷ сиёсатмарди доноӣ,

Кунӣ ҳар мушкилеро ҳал ба осонӣ, ту меарзӣ,

 

Туро бо меҳр истиқбол гирад садри ҳар кишвар,

Яке покизатиннат байни ёронӣ, ту меарзӣ.

 

Барои тоҷикони рӯи олам такягаҳ гаштӣ,

Аз ин гӯем шоҳаншоҳи шоҳонӣ, ту меарзӣ.

 

Зи ҷӯи Мӯлиён бигзашта ҳамчун он ҳадиси шоҳ,

Бирафтӣ ҷониби халқат ба меҳмонӣ, ту меарзӣ.

 

Агар гуфтем сад раҳ, гаштаву баргашта мегӯем,

Ҳалолат бод тоҷу тахти султонӣ, ту меарзӣ.
           

Зи Суғду Рашту Кӯлобу Бадахшон мужда меоранд,

Ки шуд беҳ сатҳи кору ҳоли инсонӣ, ту меарзӣ.

 

Бидида чеҳраҳоро шоду ҳар як хонадон обод,

Кунем аз шавқи дил шеъру ғазалхонӣ, ту меарзӣ.

 

Басо таҳлил ҳар иқдоми арзишманди ту кардем,

Сазовори ҳазорон шеъру дастонӣ, ту меарзӣ.

 

Агарчанде навиштам ошкоро арзи қалби хеш,

Ниҳонӣ монд дар ашъор пинҳонӣ, ту меарзӣ.

                                                         Ниҳонӣ 

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3819916
ИмрӯзИмрӯз449
МоҳМоҳ19421
ХамагиХамаги3819916

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.