Ҳамоиши илмӣ-амалии «Масоили навини умури дохилӣ»

Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд ҳамоиши илмӣ-амалиро таҳти унвони «Масоили навини умури дохилӣ» бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, шодравон, генерал-майори милитсия Ҳобилов Қодир Ҳобилович баргузор намуд.

Дар ҳамоиши мазкур фарзандону пайвандон ва дӯстону ҳамкорони шодравон, раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз,  намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилоят ва шаҳри Хуҷанд, собиқадорони мақомот, роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд.

Иштирокдорони ҳамоиш нахуст дар назди лавҳаи хотиравии шодравон генерал-майори милитсия Ҳобилов Қодир Ҳобилович, ки дар бинои Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд қомат афрохтааст, гулчанбарг гузоштанд. Баъдан аз намоишгоҳе, ки дар даромадгоҳи толори Раёсат ба хотири шинос намудани ҳаёт ва фаъолияти шодравон Қодир Ҳобилов бахшида ба 90-солагии мавлуди ӯ ороста шуда буд, дидан намуданд.

Дар ҳамоиши илмӣ-амалӣ нахуст сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон суханронӣ намуда, аз саҳми арзандаи шодравон, генерал-майори милитсия Ҳобилов Қодир Ҳобилович дар таҳкими қонуният ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар ҷумҳурӣ ҳарф зад. Аз ҷумла зикр намуд, ки дар саҳифаҳои таърихи милитсияи тоҷик шахсиятҳои зиёде фаъолияти пурсамар намудаанд, ки бо корнамоиву садоқатмандии хеш ба халқу миллат номи худро ба абад гузоштаанд.

«Зиндагӣ ва корномаи родмардоне, ки ҳастии хешро ба иҷрои бошарафонаи вазифаҳои хизматӣ дар ҷодаи таъмини волоияти қонун, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, ҳифзи сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, муборизаи беамон алайҳи кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ бахшидаанд, барои наслҳои минбаъда чун роҳнамо ва намунаи ибрат боқӣ мемонад» – афзуд Шариф Назардода.

Дар ҳақиқат генерал - майори милитсия, шодравон Ҳобилов Қодир Ҳобилович аз зумраи он родмардонест, ки бо хислатҳои ҳамидаи инсониаш тавонистааст номи неки хешро дар саҳифаҳои таърихи мақомоти  милитсия  абадӣ  созад.

Дар идомаи суханрониаш сардори мақомоти корҳои дохилии вилоят зикр намуд, ки зиндагинома ва фаъолияти пурсамари касбии шодравон генерал - майори милитсия Қодир Ҳобилович,  ки имрӯз мо дар таҷлили 90 - солагии мавлуди эшон қарор дорем, мояи ифтихор ва шоистаи таҳсин аст.

Зеро зимни фаъолияти хеш дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ ин марди наҷибу фидокор тамоми қувва,   донишу маҳорат, малака ва истеъдоди касбиашро ба хотири таҳкиму тантанаи адолат, мустаҳкам намудани тартиботи ҷамъиятӣ, тарбияи мутахассисони варзидаи соҳавӣ дареғ надоштааст.

Мавсуф зикр намуд, ки кормандони ҷавони мақомоти корҳои дохилиро месазад, ки аз чорабинии имрӯза, кору пайкори ҳамин гуна ҷавонмардони ватандӯсту қавиирода дарси ибрат омӯхта, баҳри ҳифзи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, оромиву осудагии кишвар, пешгирӣ ва рафъи ҷинояткорӣ дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дуниявии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, бо азму иродаи қавӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва нангу номуси миллӣ, бо дарки баланди масъулият дар назди наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи миллат аз ӯҳдаи бошарафонаи вазифаҳои хизматӣ  сарбаландона  бароянд.

Ҳобилов Қодир Ҳобилович 7-уми ноябри соли 1926 дар деҳаи Қистақӯз - ҳозира Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи колхозчӣ ба дунё омадааст.

Қодир Ҳобилов фарзанди аввалини оила буда, аз овони хурдсолӣ ба меҳнату донишандӯзӣ шавқу рағбати хеле зиёд дошт.

Дар шароити вазнини давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯ мактаби миёнаро бо муваффақият хатм, солҳои 1944 - 1946 дар мактаби дусолаи милитсияи шаҳри Сталинобод - ҳозира Душанбе  идомаи  таҳсил намуда, аз тамоми нозукиҳои фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ бархурдор гардид.

Пас аз хатми Мактаби мазкур Қодир Ҳобилов дар асоси роҳхати махсус барои фаъолияти касбӣ сараввал ба шӯъбаи 7-уми Вазорати корҳои дохилӣ ва баъдан бо сабабҳои вазъи оилавӣ ба ҳайси ёрдамчии оперативии Шӯъбаи мубориза бо бандитизми Раёсати Ленинободии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон фиристода мешавад.

Ёдовар аз он бояд шуд, ки фаъолияти оперативӣ - хизматии Шӯъбаи мубориза бар зидди бандитизм ҳанӯз дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷиҳати муборизаи беамон алайҳи гурӯҳҳое, ки бо истифода аз шароитҳои мушкили давраи ҷанг машғули роҳзаниву ғоратгарӣ буданд, равона карда шуда буд.

Қодир Ҳобилови ҷавон таи 3 соли фаъолияти хеш дар Шӯъбаи мазкур таҷрибаи назариявию амалии хешро такмил дода, дар чорабиниҳои муҳими мубориза бар зидди ҷинояткорӣ фаъолона иштирок, дар торумор ва несту нобуд сохтани дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон саҳми босазо гузоштааст.

Моҳи марти соли 1949 бо Фармони Вазири корҳои дохилии он вақтаи Тоҷикистон генерал - лейтенант Харченко Андрей Владимирович   Қодир Ҳобилови 23 - сола бо назардошти хислатҳои кордониву ташкилотчигӣ ва масъулиятшиносиаш ба вазифаи «Сардори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри  Панҷакент» таъин мегардад.

Солҳои 1951 - 1952 Қодир Ҳобилов барои такмили ихтисос ба Мактаби махсуси Кумитаи бехатарии давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ дар  шаҳри Фрунзе фиристонида мешавд.

Пас аз хатми Мактаби мазкур - солҳои 1952 - 1956 Қодир Ҳобилов вазифаи «Сардори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Конибодом» ва аз солҳои 1956 - 1957 вазифаи басо пурмасъул «Сардори Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Раёсати корҳои дохилии вилояти Ленинобод»-ро ба зимма дошт.

Соли 1957 майори милитсия Қодир Ҳобилов барои сайқал додани маҳорату малака ва таҷрибаи касбӣ ба курси 6 - моҳаи такмили ихтисоси «Сардорони шӯъбаҳои республикавию округӣ ва вилоятии БХСС»-и шаҳри Москва фиристода мешавад.

Баъди хатми курси мазкур солҳои 1958 - 1960 ба ҳайси «Сардори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ленинобод» фаъолият менамояд.

Соли 1960 бошад подполковники милитсия Қодир Ҳобилов дар асоси нишондиҳандаҳои баланди касбиаш ба вазифаи «Сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Ленинобод» таъин ва дар вазифаи мазкур то соли 1963 фаъолият менамояд.

 Зимни фаъолият дар вазифаи мазкур Қодир Ҳобилов тавонист, ки дар кулли ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии вилоят амалҳои созандагиву ободкориро анҷом диҳад.

Солҳои 1963 дар асоси Фармони Вазири корҳои дохилӣ Бобо Маҳкамов бо назардошти номусоидии вазъи оперативӣ - криминогенӣ дар ноҳияи Конибодом роҳбари соҳибтаҷриба Қодир Ҳобилов дафъаи дуюм ба вазифаи «Сардори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Конибодом» таъин мегардад.

Соли 1969 баъд аз нав таъсис дода шудани вилояти Ленинобод Қодир Ҳобилов ба вазифаи «Сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят» таъин гардида, то соли 1983 - муддати 13 сол      фаъолияти пурсамар кардааст.

Хизматҳои Қодир Ҳобилов дар бунёди бинои нави маъмурии Раёсати корҳои дохилӣ; таъсиси Шӯъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ; фабрикаи бофандаги барои 500 нафар маҳбусони муассисаи ислоҳотӣ ва хобгоҳ мақомоти корҳои дохилӣ; ҳамасола гирифтани 30 ҳуҷраҳои истиқоматӣ барои кормандони милитсия басо муҳим ва саривақтӣ зикр карда мешавад.

Ба шарофати ҳамин хислатҳои созандагиву бунёдкориаш генерал-майори милитсия Қодир Ҳобилов  соли 1983 ба вазифаи «Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон» таъин ва дар ин ҷода то соли 1988 фаъолият намудааст.

Соли 1993 Қодир Ҳобилов аз фаъолияти амалӣ ба кори таълиму тарбия  гузаронида шуда, то соли 1998 «Сардории факултети Хуҷандии Мактаби олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба ӯҳда дошта, тӯли ин муддат барои ҳайати шахсии устодону профессорон ва шунавандагони факултет корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.

Хизматҳои шоистаи беш аз 55-солаи Қодир Ҳобилов дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ ва аз он 25 сол дар рутбаи «генерал - майори милитсия» чун рамзи баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба халку Ватан эътироф гардида бо орденҳои «Ситораи Сурх» ва «Байрақи Сурхи Меҳнат»; медалҳои «Барои шуҷоати ҳарбӣ», «Барои ҳифзи аълои тартиботи ҷамъиятӣ» ва беш аз 15 номгӯи дигари медалҳои соҳавӣ, нишони сарисинагии «Корманди шоистаи ВКД» қадршиносӣ карда шудааст.

Дар идомаи ҳамоиши илмӣ-амалӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Б.Ғафуров суханронӣ намуда, номаи меҳри мақомотро ба фарзандони шодравон Қодир Ҳобилов супориданд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин дӯстону пайвандон ва ҳамкорону шогирдони генерал-майори милитсия Қодир Ҳобилов суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, яке аз шогирдони равоншод Ҳобилов Қодир Ҳобилович генерал-майори мустаъфӣ Абдуманнон Ғозиев суханронӣ намуда, афзуд, ки хислатҳои бузурги инсонӣ ва нерӯи тавонои роҳбарии Қодир Ҳобиловро  шогирдонашон дар ҳар маҳфилу вохӯрӣ ва чорабиниҳо ба некӣ ёдовар мешаванд. Ёдоварӣ аз Қодир Ҳобилов барои ҳар яки мо дарси ибрату мардонагӣ ва садоқат ба касби пурифтихори ҳомии низому тартибот аст.

Ёдоварӣ аз бузургон ва устодону ҳамкорон, абадзинда доштани хотираи неки онҳо - иҷрои қарзи бузурги инсонӣ ва рисолати пайғамбарӣ дар назди наслҳои имрӯзаву оянда ба шумор меравад. Генерал - майори милитсия, шодравон Ҳобилов Қодир Ҳобилович аз зумраи он родмардонест, ки бо хислатҳои ҳамидаи инсониаш тавонистааст номи неки хешро дар саҳифаҳои таърихи мақомоти  милитсия  абадӣ  созад-афзуд генерал-майори мустаъфӣ-Абдуманнон Ғозиев.

Муҳсин Юсупов

корманди РВКД дар вилояти Суғд

лейтенанти калони милитсия 

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3834056
ИмрӯзИмрӯз1416
МоҳМоҳ33561
ХамагиХамаги3834056

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.