Корномаи марди наҷиб

Ғозиев Абдуманнон 24 сентябри соли 1947 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон супорида ин муаасисаи олии кишварро бо муваффақият хатм намудааст. Мавсуф пас аз хатм бо ҳидоят ва роҳнамоии донишгоҳ фаъолияти кориашро аз Вазорати корҳои дохилӣ оғоз менамояд.

Роҳбарияти онвақтаи ВКД донишу маҳорат ва одобу ҷаҳонбинии Абдуманнон Ғозиевро мақбул дониста, соли 1973 ӯро муфаттиши шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Б.Ғафуров таъин менамоянд. Номбурда дар муддати начандон тӯлонӣ, аниқтараш пас аз гузашти панҷ-шаш моҳ зимни ифои вазифаи мазкур тавонист маҳорату кордонӣ ва масъулияти баланди хизматашро нисбат ба иҷрои вазифаҳои бар дӯш гузоштааш исбот намояд. Маҳз чунин хислатҳои поккориву садоқатмандии Абдуманнон Ғозиев нисбат ба пешаи интихобнамудааш буд, ки роҳбарияти мақомоти окрҳои дохилӣ ӯро барои такмили ихтисос ба муддати 3 моҳ ба Мактабии олии милитсияи ИҶШС воқеъ дар шаҳри Волгоград сафарбар  намуданд.

Пас аз андӯхтани донишу маҳорати касбӣ ва маълумоти иловагӣ оид ба нозукиҳои фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ дар Мактаби олии милитсияи шаҳри Волгоград ба Ватан баргашта фаъолияти меҳнатиашро дар вазифаи муфаттиши ШКД шаҳри Хуҷанд идома дода, то ба вазифаи  сардори шуъбачаи тафтишотии ШКД шаҳри Хуҷанд расидааст. Пас аз чанд моҳи фаъолияти бенуқсон дар вазифаи  сардори шуъбачаи тафтишотӣ, ин маротиба роҳбарияти Раёсати корҳои дохилии вилоят ӯро ба вазифаи сардори шуъбачаи милитсияи шаҳраки «Соҳили рост»-и ШКД шаҳри Хуҷанд таъин намудаанд. Зимни иҷрои вазифаи мазкур тавонист, ки маҳорати роҳбариашро нишон дода, шахсан дар кушодашавии чандин ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин иштирок намояд. Ба андешаи мо шояд мактаби сарвариро маҳз аз ҳамин вазифа омӯхта бошад, ки дар оянда ӯро то ба вазифаи муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамунӣ кардааст.

Абдуманнон Ғозиев лаёқату кордонӣ ва маҳорати корбарӣ бо зердастонро чунон ба роҳ монда буд, ки баъдан вазифаҳои аз ин ҳам баландтарро сазовори ӯ донистаанд. Пас аз чанд соли фаъолият дар вазифаи сардори шуъбачаи милитсияи шаҳраки «Соҳили рост», ӯро бо пешниҳоди онвақта сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ ба вазифаи сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД шаҳри Хуҷанд таъин менамоянд.

Бино ба иттилои шогирдони мавсуф дар муддати начандон тӯлоние, ки Абдуманнон Ғозиев дар ин вазифа фаъолият намудааст, кормандони бахши оперативии милитсияи шаҳри Хуҷанд ба дастовардҳои бузурги хизматӣ ноил гардиданд. Он замон дар ошкорнамоии ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла: одамкушӣ, кушторҳои солҳои пеш, ғоратгарӣ, роҳзанӣ, дуздиҳои силсилавӣ, боздошти ҷиноятпешагони дар кофтуков қарор дошта ва даҳҳо дигар намуд кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ саҳми кормандони шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Абдуманнон Ғозиев насаррас будааст.

Баъди ноил гадидан ба чунин дастовардҳои шоёни хизматӣ роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии кишвар ӯро лоиқи вазифаи муовини сардори ШКД шаҳри Хуҷанд оид ба корҳои оперативӣ дониста, ба ин вазифаи пурмасъул таъин менамоянд. Акнун Абдуманнон Ғозиев мебоист чун пештара корро дар ҳамаи самтҳои оперативӣ ҷоннок намуда, сазовори боварии онвақта Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Бино ба иттилои номбурда, ки худ дастпарвари мактаби милитсияи шаҳри Хуҷанд буд ва тӯли якчанд сол, ки дар ин мақомоти қудратӣ фаъолият намуд, барояш дар ҳамаи самтҳо ягон мушкилӣ эҷод намегардид. Сарбаландона аз тамоми уҳдадориҳои дар наздаш гузошташуда мебаромад. Кормандонаш аз шеваи коргузорӣ ва роҳбарии Абдуманнон Ғозиев ризоят доштанд ва ҳамеша ӯро устоди пешаи хеш меҳисобанд.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон авзои сиёсӣ муташанниҷ гардид. Пайдо гардидани гурӯҳҳои бадхоҳи ҷудоипазир фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро, ки ҳамчун мақомоти таъминкунандаи амнияту субот ва сулҳу оромӣ дар кишвари соҳибистиқлол ба ҳисоб мерафт, дучанд намуд. Маҳз дар ҳамин солҳои вазнин, яъне соли 1992 роҳбарии шуъбаи кофтукови ҷиноии Раёсати корҳои дохилии вилояти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) бар зиммаи Абдуманнон Ғозиев вогузошта мешавад. Дар он лаҳзаҳои вазнин, ки аллакай ҷумҳурии ҷавони Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта буд ва давлату миллат дар вартаи нестшавӣ қарор дошт, роҳбарии як бахши муҳими милитсияи вилоятро ба уҳда дошта, дар таъмини сулҳ ва оромии ҷомеаи навбунёд саҳми хешро гузоштааст. Дар ин муддат кормандони бахшу хадамотҳои кофтукови ҷиноӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) таҳти роҳбарии Абдуманнон Ғозиев дар натиҷаи фаъолияти оперативии босамарона ва ба роҳ мондани коркардҳои оперативӣ дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии вилоят пеши роҳи пайдошавии гурӯҳҳои ҷудоипазирро дар ҳудуди вилоят пурра гирифта тавонистанд.

Малакаи кордониву роҳбарӣ, оянда ӯро ба вазифаҳои баландтару дар навбати худ пурмасъул пешбарӣ намуд. Баъдан дар вазифаҳои муовини сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) оид ба кор бо ҳайати шахсӣ, муовини сардори Раёсати номбурда оид ба корҳои оперативӣ ва муовини аввали сардори РКД вилояти номбурда фаъолияти босамар ва бенуқсон бурдааст. Зимни иҷрои вазифаҳои мазкур дар сафарбарнамоии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии вилоят ба пойтахт ва дигар минтақаҳои кишвар, ки дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ ғутида буданд, саҳмгузор гардида дар таъмину оромии вилояти Ленинобод ва тайёр намудани кадрҳои ботаҷриба дар мақомоти милитсия нақши асосӣ дорад.

Ниҳоят, дар навбати худ роҳбарияти Ҳукумати кишвар ва ВКД ба хотири садоқатмандӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, масъулиятнокӣ ва поквиҷдонӣ соли 1996 Абдуманнон Ғозиевро ба вазифаи сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) таъин намуданд.

Дар он айёми баъдиҷангӣ роҳбарии яке аз мақомотҳои бонуфузи кишвар дар вилояти калонтарини ҷумҳурӣ масъулияти хосаро талаб менамуд, зеро маҳвсозии гурӯҳҳои ҷудоипазир ва пешгирии содиршавии ҷиноятҳои муташаккилона ба дӯши мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардида буд.

Дар ин лаҳзаҳо мақомоти корҳои дохилии вилоят бо роҳбарии полковники милитсия Абдуманнон Ғозиев тавонист, то дар пешгирии якчанд ҷиноятҳои вазнини муташаккилона, ҷудоихоҳӣ, бандитизм, фурӯши ғайриқонунии силоҳ, муайян намудан ва аз муомилоти ғайриқонунӣ боздоштани маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон аз ҷониби гурӯҳҳои нашъаҷаллоб мушарраф гардад.

Маҳз ҳамин хизматҳои шоёни Абдуманнон Ғозиевро роҳбарияти Ҳукумати кишвар ба инобат гирифта бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 8 феврали 1997 ӯро бо рутбаи махсуси «генерал-майори милитсия» қадршиносӣ намуданд. Ҳамчунин дар ин ҳангом бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин гардид. 

Бино ба иттилои номбурда тӯли 9 соле, ки дар вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдааст, роҳбарии чандин амалиётҳои нобудсозии гурӯҳҳои исёнгар, душманони сохти конститутсионӣ дар минтақаҳои даргири кишвар - Ваҳдат, водии Рашт, Шаҳритуз, Қабодиёнро ба уҳда дошта, сарбаландона иҷрои онҳоро таъмин намудааст.

Собиқ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ғозиев Абдуманон махсусан зимни безараргардонии дастаҳои муташаккили ҷинояткори Раҳмон Сангинов, Мансур Муаккалов, Мулло Абдулло ва Маҳмуд Худойбердиев ҳиссаи сазовор гузоштааст. Барои саҳми арзанда дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон меҳнату заҳматҳои ин марди наҷиб аз тарафи роҳбарияти олии мамлакат ва ВКД бо мукофотҳои давлативу соҳавӣ қадр карда шудааст.

Имрузҳо аксари шогирдоне, ки аз мактаби касбии Абдуманнон Ғозиев таҷриба андухтаанд, дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият дошта, рутбаҳои баландро соҳиб шудаанд.

Охирин вазифае, ки дар сафи милитсия генерал-майори мустаъфӣ Абудманон Ғозиев ба уҳда дошт, Фармондеҳи Раёсати Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ буд. Собиқаи бенуқсони 35-солаи корӣ дар мақомот ӯро соҳибэътибор ва обрӯманд гардонид.

Айни ҳол генерал-майори мустаъфӣ дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад. Падари се фарзанд ва ҳашт набера мебошад. Фарзанди хурдӣ Рустам Ғозиев ҳамчун пайрави падар дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият дорад.

Қаҳрамони мо дар нафақа бошад, ҳам ба мақомот робитаи зич дошта, дар чорабиниҳо ҳамчун меҳмони фахрӣ иштирок менамояд. Ӯ барои кормандони феълии мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун раҳнамо хизмати худро дареғ надошта, дар пешравии кори милитсия саҳми босазо мегузорад.

Зиндагиномаи Абдуманон Ғозиев басо рангину пурпечутоб буда, сафҳаҳои он бо корнамоию ҷавонмардӣ, ватандӯстию фидокорӣ ва ҳақҷӯию ростқавлӣ муназзам гардида, фазилатҳои хуби инсонии ин родмарди шуҷоъ, хизматҳои фидокорона ва боризи ӯ намунаест барои насли ҷавони милитсия. 

Ин шоҳбайти бузургонро маҳз ба хотири инсонҳое, чун  устод, собиқадор, роҳнамо, генерал-майори милитсия ва марди наҷибу хоксор Абдуманон Ғозиев метавон изҳор кард:     

Касе к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,

Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.

Акбар Шарифов, Муҳсин Юсупов.

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

Табиат

Омор

3824080
ИмрӯзИмрӯз151
МоҳМоҳ23585
ХамагиХамаги3824080

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ

 

Телефонҳои боварии ҷузъу томҳои ВКД ҶТ

РВКД дар ш.Душанбе

(8372) 221-15-00


РВКД дар вилояти Суғд

(83422) 6-22-22

РВКД дар вилояти Хатлон

(83222) 2-13-13

РВКД дар ВМКБ

(83522) 2-21-21

Қисми минтақавии РВКД-и Хатлон дар  Кӯлоб

(83322) 3-39-79

РВКД дар минтақаи РАШТ

(83131) 2-21-21

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

КОДЕКС

                             Лоиҳа 

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ ПОЛИТСИЯ 

1. Муқаррароти  умумӣ

     1) Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба кормандон бармеояд, муайян менамояд.

     2) Мақсади Кодекси мазкур муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди политсия (минбаъд-корманд), мусоидат кардан ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

     3) Амали Кодекси мазкур нисбат ба корманде, ки мансаби давлатиро дар мақомоти корҳои дохилӣ, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ишғол менамояд, паҳн мегардад. 

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.