|
Агар гӯем шоҳаншоҳи давронӣ, ту меарзӣ,
Барои тоҷикон пайғоми Яздонӣ, ту меарзӣ.
Агар гӯем хидматҳои ту бе мислу монанданд,
Ба миллат ҳастият бахшида инсонӣ, ту меарзӣ.
Ба маъруфии худ маъруф кардӣ халқи тоҷикро,
Чӣ хуш дар созмонҳо нутқ меронӣ, ту меарзӣ.
Савори пили зард Эмомалӣ,
Набинад сараш дард Эмомалӣ.
Ба белаш дили куҳу дарё шикофт,
Чи марди ки буд, кард Эмомалӣ
Пиле, ки неруяш ҳазор қувва аст,
Зи аспони хатлӣ на аз зоти паст.
Нишаста шоҳи даврон сари чамбараш,
Дами Вахш - дарёи саркаш бубаст.
Эмомалӣ Андалеби Хатлонӣ, собиқадори ВКД ҶТ
Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд ҳамоиши илмӣ-амалиро таҳти унвони «Масоили навини умури дохилӣ» бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, шодравон, генерал-майори милитсия Ҳобилов Қодир Ҳобилович баргузор намуд.
Дар ҳамоиши мазкур фарзандону пайвандон ва дӯстону ҳамкорони шодравон, раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилоят ва шаҳри Хуҷанд, собиқадорони мақомот, роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд.
Ғозиев Абдуманнон 24 сентябри соли 1947 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон супорида ин муаасисаи олии кишварро бо муваффақият хатм намудааст. Мавсуф пас аз хатм бо ҳидоят ва роҳнамоии донишгоҳ фаъолияти кориашро аз Вазорати корҳои дохилӣ оғоз менамояд.
Роҳбарияти онвақтаи ВКД донишу маҳорат ва одобу ҷаҳонбинии Абдуманнон Ғозиевро мақбул дониста, соли 1973 ӯро муфаттиши шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Б.Ғафуров таъин менамоянд. Номбурда дар муддати начандон тӯлонӣ, аниқтараш пас аз гузашти панҷ-шаш моҳ зимни ифои вазифаи мазкур тавонист маҳорату кордонӣ ва масъулияти баланди хизматашро нисбат ба иҷрои вазифаҳои бар дӯш гузоштааш исбот намояд. Маҳз чунин хислатҳои поккориву садоқатмандии Абдуманнон Ғозиев нисбат ба пешаи интихобнамудааш буд, ки роҳбарияти мақомоти окрҳои дохилӣ ӯро барои такмили ихтисос ба муддати 3 моҳ ба Мактабии олии милитсияи ИҶШС воқеъ дар шаҳри Волгоград сафарбар намуданд.
Имрӯз (09.07.с.2016), дар толори Вазорати корҳои дохилӣ барномаи консертии ҳунарманди шинохта, овозхони ансамбли созӣ-овозии «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ Елена Гордеева доир гардид.
Қабл аз оғози барнома Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро суханронӣ карда, ба овозхони боистеъдод Елена Гордеева дар фаъолияти эҷодиаш комёбию бурдбориҳои беназир таманно намуд.
Имрӯз (30.04.с.2016), дар толори Вазорати корҳои дохилӣ шаби эҷодии ҳунарманди шинохта, овозхони ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ Ҷамшед Низомов баргузор гардид.
Консерти барпогардида бо дастгирии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баргузор гардида, дар он роҳбарият, ҳайати шахсии мақомот, наздикону пайвандон ва мухлисони ин ҳунарманди асил иштирок доштанд.
Бародар, ҷашни наврӯзат муборак!
Баробар шуд шабу рӯзат, муборак!
Наврӯз зиндатарин ҷашне дар рӯи Замин буда, воқеан ҳам омадани соли навро ба кураи он ва сабзиши ҷадиди ҷаҳонро башораттар аст. Ин ҷашн ҳар сол як маротиба чун бедориву эҳёи табиат фаро расида, бо ҳар равияи ғоявию фарҳангие, ки дар тӯли таърих рӯ ба рӯ шудааст, созгор омадааст ва боз ҳам зеботару ғанитар гаштааст.
Пайи Наврӯз меояд ҷавони баp диёри мо,
Муҳаббат медиҳад бар дидаҳои интизори мо.
Насими руҳафзову сафояш роҳати дилҳост,
Баҳори файзбораш зам кунад файзу барори мо.
Ҳама сарсабз, ҳама зебо, ҳама гулрезу гулпӯш аст,
Рабояд ин қашангӣ ҳар нафас сабру қарори мо.
Зи нав ошиқ, зи нав шайдо, ҳавои зистан пайдост,
Табиат мекунад ин зиннати худро нисори мо.
Сари хуршед боло мекашад чун ҳиммати тоҷик
Имрӯз (10.03.с.2016), дар арафаи «Рӯзи матбуот» ду нафар кормандони ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа»-и Вазорати корҳои дохилӣ Умед Очилов ва Наврӯз Ҷобиров бо Фармони Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо нишони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Имрӯз (08.03.с.2016), дар толори Кохи Ҷомии пойтахтӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи Модар барномаи консертии сарояндаи маъруфи ҷумҳурӣ, корманди Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳамзамон узви ансамбли созӣ-овозии «Сипар»-и ВКД подполковники милитсия Амрохон Раҳимов барномаи консертӣ таҳти унвони «Фариштаи хаёл» баргузор гардид.
Оламафрӯз - армуғони ҳикмату шеъру сухан,
Оламафрӯз - армуғони оламорои Ватан.
Олами андешаҳову олами ангезаҳо,
Олами фазлу маъонӣ, машъали сад анҷуман.
Бо чунин мисраҳои равону зебо оғоз гардид, маҳфили адабиву фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо номи “Оламафрӯз”. Он бо иштироки доираи васеи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуда, маҳфилоро шоири шинохта Хайрандеш ва базморо овозхони ансамбли «Сипар»-и ВКД Абдулхайри Муъмин буд, ки бо таронаҳои рӯҳбахшу дилнавозаш аз ғазалҳои Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ хотири ҳозиринро шод гардонид.
Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хориҷ аз Ватан сафар менамояд, бояд бо рафтору кирдор ва фарҳангу одоби ҳамидаи хеш ҳамеша муаррифгари ин сарзамини кӯҳнабунёду тамаддунофар бошад, зерои ӯ дар симои хеш на танҳо худро, балки як миллат ва як давлатро муаррифӣ менамояд.
Мехоҳам аз нафаре ҳикоят кунам, ки зимни сафари кӯтоҳи худ дар Федератсияи Россия бо фарҳангу маданият ва рафтору гуфтори хеш дили ҳазорон нафарро тасхир намудаву аз миллати тоҷик таассуроти неку хотирмон боқӣ гузоштааст.
Рӯзи 10.12.с.2015, бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ як гурӯҳ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳли оила ва фарзандон ба Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ташриф оварда, намоишномаи «Модар маро бубахш»-ро тамошо карданд.
Имрӯз (01.10.с.2016), бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангӣ, фароғатӣ, варзишӣ ва аксияи «Шириниҳои шарқ» оғоз гардида, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасон тақдим намудани шириниҳо дар назар аст.
Мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди шоҳмот, шашка, футболи хурд, волейбол, вазнбардорӣ ва тенниси рӯи миз бо шавқу рағбати зиёд ҷараён гирифта, баёнгари тарзи ҳаёти солими ин насли ояндасози миллат ба шумор меравад.
Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.
Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.
Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.
Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.
Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад.
Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.
Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.
Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.
Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj www.vkd.tj).
Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.
Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.
«Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її. истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд.
Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.