146 далели рондани мошин беҳуҷҷати ронандагӣ

Аз ҷониби кормандони Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок дар санаи 1-уми сентябри соли 2015, дар роҳҳои мошингарди қаламрави кишвар 3 ҳазору 134 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракати роҳ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҷумла, -25 далели дар ҳолати мастӣ рондани автомашина, -146 далели рондани мошин бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 4 ҳолати шишаҳои сиёҳкардашудаи бе иҷозатнома, -25 ҳолати итоат накардан ба талаботи корманди милитсия, -21 далели рондани мошин бе аломати қайди давлатӣ, -2 ҳолати бо аломатҳои қайди бегона ва -4 далели таҷҳизоти махсуси садо ва равшандиҳандаро ташкил медиҳанд.

РБДА ВКД ҶТ

 
Чорабиниҳо дар роҳҳои мошингард

Санаи 30 августи соли равон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок аз ҷониби кормандони РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар роҳҳои мошингарди қаламрави ҷумҳурӣ 3 ҳазору 192 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракати роҳ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.

Аз он ҷумла:

- 31 далели дар ҳолати мастӣ рондани автомашина,

- 116 далели рондани мошин бе ҳуҷҷати ронандагӣ,

- 3 ҳолати шишаҳои сиёҳкардашудаи бе иҷозатнома,

- 25 ҳолати итоат накардан ба талаботи корманди милитсия,

- 9 далели рондани мошин бе аломати қайди давлатӣ,

- 2 ҳолати рондани воситаи нақлиёт бо аломатҳои қайди бегона ва дигар ҳолатҳоро ташкил медиҳанд.

РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
Ҳолатҳои қоидавайронкунӣ дар роҳҳои ҷумҳурӣ

Рӯзи 28 августи соли равон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ аз ҷониби кормандони Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар роҳҳои мошингарди қаламрави ҷумҳурӣ 3 ҳазору 734 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракати роҳ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. 

Аз он ҷумла:

- 30 далели дар ҳолати мастӣ рондани автомашина,

- 147 далели рондани мошин бе ҳуҷҷати ронандагӣ,

- 4 ҳолати шишаҳои сиёҳкардашудаи бе иҷозатнома,

- 28 ҳолати итоат накардан ба талаботи корманди милитсия,

- 17 далели рондани мошин бе аломати қайди давлатӣ ва дигар ҳолатҳоро ташкил медиҳанд.

РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
Зиёда аз 3000 қоидавайронкунӣ аз ҷониби ронандагон

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок аз тарафи кормандони Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 27 августи соли равон, дар роҳҳои мошингарди қаламрави ҷумҳурӣ 3 ҳазору 713 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракати роҳ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҷумла, -22 далели дар ҳолати мастӣ рондани автомашина, -129 далели рондани мошин бе ҳуҷҷати ронандагӣ, - 4 ҳолати шишаҳои сиёҳкардашудаи бе иҷозатнома, - 29 ҳолати итоат накардан ба талаботи корманди милитсия, - 14 далели рондани мошин бе аломати қайди давлатӣ, - 4 ҳолати бо аломатҳои қайди бегона иборат мебошанд.

Чорабиниҳо дар ин самт идома доранд.

РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
Ҷарима намудани ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс»

Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» тавассути воситаҳои махсуси техникӣ мунтазам далелҳои вайронкунии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро сабт менамояд.

Оиди далелҳои қоидавайронкуниҳо расмҳои сабти видеоии он ва амрномаҳои намунаи муқарраргардида, бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда чоп карда шуда, ба соҳибони воситаи нақлиёт барои пардохти ҷаримаи маъмурӣ пешниҳод карда мешаванд.

 
Фаъолияти кормандони БДА дар рӯзи 26 августи соли ҷорӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок рӯзи 26 августи соли равон, аз ҷониби кормандони Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳҳои мошингарди қаламрави ҷумҳурӣ 3 ҳазору 982 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракати роҳ ошкор ва ба қайд гирифта шуданд.

Аз ҷумла аз ин миқдор: -34 ҳодисаи дар ҳолати мастӣ рондани мошин, 164 далели рондани мошин бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 7 ҳолати шишаҳои сиёҳкардашудаи бидуни иҷозат, 35 ҳолати итоат накардан ба талаботи корманди милитсия, 17 далели рондани мошин бе аломати қайди давлатӣ ва 2 ҳолат бо аломатҳои қайди бегонаро ташкил медиҳад.

 
Ошкор намудани қариб 4000 қоидавайронкуниҳо тайи як рӯз

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок аз ҷониби кормандони Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми рӯзи 25 августи соли ҷорӣ, дар роҳҳои мошингарди мамлакат 3 ҳазору 919 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракати роҳ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҷумла, 33 ҳодисаи рондани мошин дар ҳолати мастӣ, 169 ҳодисаи рондани мошин бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 8 ҳолати шишаҳои сиёҳкардашудаи бидуни иҷозат, 31 ҳодисаи итоат накардан ба талаботи корманди милитсия, 16 ҳодисаи рондани мошин бе аломати қайди давлатӣ, 1 ҳолати бо аломатҳои қайди бегона, 2 ҳодисаи аз меъёр зиёд истифода шудани мошинҳо дар қатораи тӯй, 3 ҳолати васли ғайриқонунии таҷҳизоти махсуси садо ва равшанидиҳандаро ташкил медиҳанд.

 
Ҳалокати пиёдагардон дар садамаҳои нақлиётӣ

28.11.с.2016, тахминан соати 19.30-дақиқа ронандаи автомашинаи номаълум ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ленини шаҳри Истаравшан, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, зани 35-солаи сокини шаҳри мазкурро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гунаҳкори ҳодиса - ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” марди 25-солаи сокини шаҳри Истаравшан дастгир карда шуд. 

28.11.с.2016, тахминан соати 19.25-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” марди 42-солаи сокини ноҳияи Қубодиён  ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тахти-Сангини ноҳияи мазкур пиёдагард, марди 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти зикргардидаро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

29.11.с.2016, тахминан соати 18.40-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-66” марди 36-солаи сокини ноҳияи Ховалинг ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти ноҳияи Ховалинг, бехатарии ҳаракат дар роҳро риоя накарда, зани 45-солаи сокини шаҳри Кӯлобро пахш намудааст. Дар натиҷа, зани ҷабрдида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

 
Ҷаримапардозии ронандагон барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ

Тавассути воситаҳои махсуси техникии Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» мунтазам далелҳои вайронкунии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ сабт мегарданд.

Оиди далелҳои қоидавайронкуниҳо расмҳои сабти видеоии он ва амрномаҳои намунаи муқарраргардида, бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда чоп карда шуда, ба соҳибони воситаи нақлиёт барои пардохти ҷаримаи маъмурӣ пешниҳод карда мешаванд.

 
Тавассути наворҳои видеоии «Шаҳри бехатар» дастгир гардидани ронандагони гуреза

Рӯзи 16 августи соли 2015 тавассути воситаҳои махсуси техникии Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Душанбе ду ҳолати зер кардани пиёдагардҳо аз ҷониби ронандагони воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки ронандагон аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дар гузаргоҳи пиёдагарди чорроҳаи Н.Қарабоев-Абай соати 08:42 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Соната» рақами давлатиаш 75-31 DD01 пиёдагард, зани 41-солаи сокини шаҳри Кӯлобро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

 
ЭЪЛОН!!!

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ зимни сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, рӯзи 22 апрели соли равон аз соати 07:30 то 08:30-дақиқа ва аз соати 14:30 то 15:30-дақиқа дар ҳолатҳои зарурӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар  кӯчаҳои  Шероз, Шевченко, Қаҳҳоров хиёбони Саъдии Шерозӣ то Неъмат Қарабоев, роҳи автомобилгарди Душанбе-Ёвон то деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон муваққатан маҳдуд карда мешавад.

Ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд аз хиёбонҳои Рудакӣ, Сомонӣ, Сино, кӯчаҳои Карамов, Н.Қарабоев, Мастонгулов ва Ҷ.Расулов истифода баранд.

 
Сабти қоидавайронкуниҳо тавассути воситаҳои махсуси техникӣ

Аз 05 ноябри соли 2013 то 07 августи соли 2015 ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-GX470», аломати қайди давлатиаш 5050 АО01 Зоиров Искандар Мардонқулович -55 далели вайронкунии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ содир намудааст.

Вобаста ба 52 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, расмҳои сабти видеоии ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва амрномаҳои намунаи муқарраргардида бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда чоп карда шуда, ба соҳиби воситаи нақлиёт барои пардохти ҷаримаи маъмурӣ пешниҳод карда шудааст.

 
Таъини ҷаримаи маъмурӣ нисбати ронандаи «БМВ-523»

Тавассути воситаҳои махсуси техникии Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ-523» аломати қайди давлатиаш 8897 ВС 01 аз санаи 17 ноябри соли 2013 то 16 июли соли 2014, 53 далели вайронкунии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сабт гардидааст.

Оид ба 53 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, расмҳои сабти видеоии ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва амрномаҳои намунаи муқарраргардида бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда чоп карда шуда, ба соҳиби воситаи нақлиёт барои пардохти ҷаримаи маъмурӣ пешниҳод карда шудааст.

 
Ҳалокати се нафар дар пайи як садамаи нақлиётӣ

28.11.с.2016, тахминан соати 14:00-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” марди 22-солаи сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Рӯдакӣ ба самти шаҳраки Ёвон бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ки ба марди 26-солаи сокини ноҳияи Ёвон тааллуқ дорад, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи “Мерседес-Бенс”-и якум ва мусофирони автомашина, сокинони ноҳияи Ёвон, ду нафар марди 26 ва 27-сола, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. Инчунин, мусофири дигар, марди 25-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.