Ғолиби озмуни «Авто-Бону-2016» муайян гардид

Дар арафаи «Рӯзи модар» дар тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ чорабиниҳои идона ва озмунҳо баргузор гардида истодааст. Ҳамаи ин гувоҳи эҳтирому қадрдонии Зан-модар дар ҷумҳурӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ мебошад. Аз ин рӯ, Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД дар якҷоягӣ бо рӯзномаи «Вечёрка» бори дуюм аст, ки бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷуҳи сокинони кишвар ба масъалаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, баланд бардоштани малакаи касбии занони ронанда ва таблиғи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ озмуни «Авто-Бону-2016»-ро баргузор менамояд.

 
МУЗОЯДА

Ба таваҷҷӯҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки санаи 02.04.2016 аломатҳои қайди давлатии зерини силсилаи «PP» - 01  ба таври музояда ба фурӯш монда мешаванд:

 
Э Ъ Л О Н!!!

Ба таваҷҷўҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт

расонида мешавад, ки  санаи  12.03.2016 аломатҳои қайди давлатии силсилаи «РР» - 01  ба таври музояда ба фурӯш монда мешаванд.

 
Э Ъ Л О Н

Ба таваҷҷӯҳи сохибони воситахои нақлиёт расонида мешавад, ки санаи 20.02.2016 аломатҳои қайди давлатии силсилаи «СЕ» - 01 ба таври музояда ба фурӯш монда мешаванд.

 
Озмуни«Авто-Бону-2016»

Бахшида ба муносибати ҷашни «Рӯзи Модар» РБДА ВКД ва рӯзномаи «Вечёрка» 5-уми марти соли 2016, дар Автодроми автоматикунонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе озмуни «Авто-Бону-2016»-ро баргузор менамояд.

Барои ғолибони озмун 3 ҷой бо мукофотҳои пулӣ аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ муқаррар карда шудааст:

- барои ҷойи якум – 3000 сомонӣ;

- барои ҷойи дуюм – 2500 сомонӣ;

- барои ҷойи сеюм – 2000 сомонӣ.

 
МУЗОЯДА!!!

Ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки  санаи  19.12.с.2015 аломатҳои зерини қайди давлатии силсилаи «СЕ» - 01  ба таври музояда ба фурӯш монда мешаванд: 

 
Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак»

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо рӯзномаи «Вечёрка», рӯзи 5-уми соли ҷорӣ озмуни ҷумҳуриявии расмҳоро дар мавзӯи «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак» ҷамъбаст намуд.

 
ЭЪЛОН!!!

Ба таваҷҷӯҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки  санаи 21 ноябри соли 2015 аломатҳои қайди давлатии силсилаи «СЕ» 01 ба таври музояда ба фурўш монда мешаванд:

 
Бархурди автомашина

04.12.с.2016, тахминан соати 09:05-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” марди 24-солаи сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат ба самти кӯчаи С.Айнии шаҳри Турсунзода, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахт бархурдааст.

Дар натиҷаи рух  додани чунин бархурд худи ронанда бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расида, мусофирони автомашина: ду нафар ҷавони 20 ва 27-сола, ду нафар ҷавондухтари 17 ва 18-солаи сокинони шаҳри Турсунзода ва ҷавондухтари 18-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

 
ЭЪЛОН!!!

Ба таваҷҷӯҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки  санаи 24 октябри соли 2015 аломатҳои қайди давлатии силсилаи «DO» 01 ба таври музояда ба фурўш монда мешаванд:

 
Пардохт нагардидани маблағи ҷарима аз ҷониби ронандагон

Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» тавассути воситаҳои махсуси техникӣ далелҳои қоидавайронкуниҳои иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро мунтазам сабт менамояд.

Оиди далелҳои қоидавайронкуниҳо расмҳои сабти видеоии он ва амрномаҳои намунаи муқарраргардида, бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда чоп карда шуда, ба соҳибони воситаи нақлиёт барои пардохти ҷаримаи маъмурӣ пешниҳод карда мешаванд.

 

 
Қоидавайронкуниҳои бақайдгирифташуда тайи як рӯз

Санаи 14-уми сентябри соли 2015, аз ҷониби кормандони Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок дар дар роҳҳои мошингарди қаламрави кишвар 2 ҳазору 625 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракати роҳ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҷумла; -26 далели дар ҳолати мастӣ рондани автомашина, -102 далели рондани мошин бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 20 ҳолати итоат накардан ба талаботи корманди милитсия, 6 далели рондани мошин бе аломати қайди давлатӣ, 4 ҳолати бо аломатҳои қайди бегона, 408 далели суръати баланд ва 3 қатораи тӯй ташкил медиҳанд.

РБДА ВКД ҶТ

 
Рӯйхат

Рӯйхати донишҷӯёне, ки санаи  2-юми сентябри соли 2015 бо автомашинаҳои шахсӣ ба макотиби олӣ омада, Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намудаанд

 
Бақайдгирии қоидавайронкуниҳо дар санаи 2-юми сентябр

Кормандони Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок дар санаи 2-юми сентябри соли 2015, дар роҳҳои мошингарди қаламрави кишвар 3 ҳазору 709 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракати роҳ ошкор ва ба қайд гирифтаанд.

Аз ҷумла; -26 далели дар ҳолати мастӣ рондани автомашина, -144 далели рондани мошин бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 5 ҳолати шишаҳои сиёҳкардашудаи бе иҷозатнома, 18 ҳолати итоат накардан ба талаботи корманди милитсия, 12 далели рондани мошин бе аломати қайди давлатӣ ва 5 ҳолати бо аломатҳои қайди бегона ташкил медиҳанд.

РБДА ВКД ҶТ

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.