Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак»

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо рӯзномаи «Вечёрка», рӯзи 5-уми соли ҷорӣ озмуни ҷумҳуриявии расмҳоро дар мавзӯи «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак» ҷамъбаст намуд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Насли ҷавони Тоҷикистон» шарикони лоиҳаи мазкур мебошанд. Моҳи ноябри соли равон озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи «Шаҳри бехатар аз нигоҳи кӯдак» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳру навоҳии кишвар эълон карда шуд. Дар як муддати кӯтоҳ ба унвонии озмун зиёда аз 600 расм дар мавзӯи пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон ирсол карда шуд. Ҳайати тадорукоти озмун баъди шиносоӣ маълум намуданд, ки сазовори ҷойи якум Шукронаи Муҳаммадзода аз шаҳри Ваҳдат ва Диловар Шарипов аз шаҳри Душанбемебошанд. Ҷойи дуюм ба Бахтовари Далер аз ноҳияи Рашт ва Тоҷиддин Ғафуров аз ноҳияи Ҷалолиддин Румии вилояти Хатлон, ҷойи сеюм бошад, ба Алибахшов Хушнуд аз ВМКБ ва Абдуллоев Муминҷон аз н.Конибодоми вилояти Суғд дода шуд.

Ҳамчунин ба 26 нафар наврасоне, ки дар озмун бо кашидаҳои беҳтарини хеш иштирок доштанд, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар ҷамъбасти озмун дар баробари кӯдакону наврасон ҳамчунин намояндагони шуъбаҳои маориф ва Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат варзиданд.

Сардори Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генарал-майори милитсия Саидзода М.Б. иброз намуд, ки соли дуюм аст, ки  дар асоси иҷроиши талаботи «Барномаи беҳдошти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, озмуни ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз гузаронидани ин озмун  пеш аз ҳама пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва ҷалби ҳарчи бештари  кӯдакону наврасон дар риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ мебошад.  

Ташаббускори дигари озмун сармуҳаррири рӯзномаи «Вечёрка» Гулнора Амиршоева қайд намуд, ки гузаронидани чунин озмунҳо дар байни кӯдакону наврасон дар пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт дар байни ноболиғон мусоидат мекунад. Расмҳое, ки хонандагон ба ин озмун пешниҳод намуданд, шаҳодати ин гуфтаҳост.

Расмҳои беҳтарине, ки дар озмун баҳои баланд гирифтанд, минбаъд тавассути варақаҳо ва  таҳияи роликҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар байни кӯдакону наврасон паҳн карда  мешавад.

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.