Қоидавайронкунӣ ҳангоми баргузории тӯйи домодиву арӯсӣ

Санаи 06 августи соли 2015, тахминан соатҳои 17-43 дақиқа, ҳангоми маросими баргузории туйи домодию арӯсии шаҳрванд Азизов Баҳром Абубакрович, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ - бародари ҳофизи эстрадаи тоҷик, Азизов Шаҳром Абубакрович, бар хилофи талаботи моддаи 10-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳангоми ҳаракат аз мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тавассути кӯчаи Сомонӣ, аз чорроҳаи кӯчаи Сомонӣ-Шероз ба самти кӯчаи Синои пойтахт, дар ҳаракати қатори иборат аз 21 адад автомашинаҳои тамғаи гароннарх,

тамғаи «Ленҷ-ровен» рақами қайди давлатиаш 60-07 ВА, тамғаи «Галингваген» рақами қайди давлатиаш AH 00-10 РТ 01, «Лексус-Ҷип» рақами қайди давлатиаш 60-14 ВМ 01, «Порше» рақами қайди давлатиаш 74-74 AM 01, «Галинваген» О1-01 СХ 01, «РАВ-4» 11-00 ВК 01, «Тойота-королла» 56-85 АВ 01, «Ленҷровен» 21-00 АХ 01, «Тойота-Лендкрузер» ХК 963 01, «Тойота-королла» 80-40 DD 01, «Лексус» 00-93 АК 01, «Тойота-кэмри-4» 45-54 АО 01, «Порше» 66-66 ВН 01, «Мерседес классик» 00-10 АМ 01, «Ҷип мерседес» 00-83 АР 07, тамғаи «Тойота-кэмри» 48-38 ВС 01, тамғаи «Мерседес МL» рақами қайди давлатиаш 00-08 АР 07, тамғаи «Мерседес МL» рақами қайди давлатиаш 00-07 ВК 01,тамғаи «Галинваген» 61-61 АМ 01,ду автомашинаи дигари тамғаи хориҷӣ рақамҳои 19-09 СВ 01 ва 06-85 ЕВ 01 ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт  монеъагӣ эҷод намуда, ба роҳбандӣ ва тамбашавии  воситаҳои нақлиёт оварда расониданд.

Ҳамаи далелҳои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ аз чониби ин гурӯҳи ронандагон тавассути Маркази худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт  «Шаҳри бехатар» ба қайд гирифта шуда, сабтҳои видеои онҳо дар бойгонии он мавҷуд аст.

Дар айни ҳол 6 ронандаи автомашинаҳои тамғаи «Ленҷровер» рақами қайди давлатиаш 21-00 АХ 01 Мақсудов Ишонҷон Маҳмаднурович, соли таваллудаш 1959, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Рудакӣ, тамғаи «Тойота-кэмри» рақами қайди давлатиаш 45-54 АО 01 Myродов Меҳробшо Мирзоевич, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ, тамғаи «Тойота-кэмри» рақами қайди давлатиаш   48-38 ВС 01, Дарвешов Хайриддин Сайёдович, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳаёти нав, тамғаи «Мерседес-МL» рақами қайди давлатиаш 00-07 ВК 01, Саидов Шаҳром, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Шотта Руставели, тамғаи «Порше» рақами қайди давлатиаш 66-66 BН 01, Зоиров Далер Мирзоалиевич, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе кӯчаи Клара Сеткина, тамғаи «Галингавен» рақами қайди давлатиаш 01-01 СХ 01 Ғоибов Мирзо Эмомович, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Неъмат Қарабоев ба ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе дасграс карда шуда, нисбати онҳо дар асоси талаботи моддаи 328 Кодекси Ҳуқуқвайронкунии мaъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд. Нисбати боқимонда 15 адад воситаиҳои наклиётии дигар дар ҳаракати гурӯҳӣ иштирокдошта, корҳои ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Ҳамонзамон муайян карда шуд, ки соҳиби тӯйи домодию арӯсӣ шаҳрванд Азизов Шаҳром Абубакрович, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Рӯдаки буда, барои дар доираи талаботи Қонуни Ҷуҳурии «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикисгон» тибқи чораҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ маводҳо ба мақомотҳои дахлдор пешниҳод карда шудааст.

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.