Нархнома оид ба хизматрасониҳои пулакии БДА

Нархномаи

амалҳо, варақаҳои ҳисоби қатидошта ва аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёт, ядак ва нимядакҳо, ки ба онҳо нархнома (хизматрасониҳои пулакии БДА) муайян карда шудааст.

Дар асоси банди 6 Низомнома дар бораи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №55 аз 18 феврали соли 1998 тасдиқ карда шудааст ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №546 аз 02 ноябри соли 2007 «Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хироҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда».

 

№№

 

Номгӯ

Нарх

бо сомонӣ

1

Аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёти шахсони воқеӣ.

180,00

2

Аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёти шахсони ҳуқуқӣ.

180,00

3

Аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёти мусофиркаши шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ (такси).

180,00

4

Аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёти махсус.

180,00

5

Аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёти  намояндагиҳои ширкатҳо, бонкҳо, воситаҳои ахбори умуми хориҷӣ, намояндагиҳои муассисаҳои консулӣ, сардорони офисҳои (байниҳукуматӣ) созмонҳои ба онҳо баробар кардашуда.

230,00

6

Аломатҳои қайди давлатии ядак ва нимядак.

80,00

7

Аломатҳои қайди давлатии мототсикл.

80,00

8

Барои қабули имтиҳони назариявӣ.

5,30

9

Барои қабули имтиҳони амалӣ.

5,30

10

Шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ.

248,00

11

Иҷозат додан бо роҳи худомӯзӣ гирифтани дараҷаи «А»

380,00

12

Иҷозат додан бо роҳи худомӯзӣ гирифтани дараҷаи «В»

1000,00

13

Иҷозатномаи муваққатӣ.

6,00

14

Ба ронандагони дорои дараҷаҳои «Д» рухсат додан баҳри пайдо намудани ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёти дараҷаи «С»

140,00

15

Ба ронандагони дорои дараҷаҳои «Д» ва «СД»  рухсат додан баҳри пайдо намудани ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёти дараҷаи «В»

70,00

16

Ба ронандагони дорои дараҷаҳои «В», ва «Д» ва «СД»  рухсат додан баҳри пайдо намудани ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёти дараҷаи «А»

 

55,00

17

Варақаҳои (талонҳои) бақайдгирии қайди қойдавайронкунии ҳаракат дар роҳ.

19,00

18

Шаҳодатномаи бақайдгирии воситаҳои нақлиёт намунаи нав (пластикӣ).

180,00

19

Шаҳодатномаи бақайдгирии воситаҳои нақлиёт.

25,00

20

Иҷозат барои даровардани тағйирот ба қайдҳои шаҳодатномаи бақайдгирӣ бе додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ.

5,00

21

Муоинаи автомобил.

6,00

22

Муоинаи мототсикл, ядак ва нимядак.

4,00

23

Варақаҳои (талонҳои) техникӣ.

8,00

24

Барои додани иҷозат ба муассисаҳо, ширкатҳо ва ғайра барои фурӯши воситаҳои нақлиёт ва қисмҳои он.

350,00

25

Рақамҳои муваққатии «Транзит».

30,00

26

Варақаҳои маълумотнома-ҳисобнома (справка-счёт)

65,00

27

Варақаҳои протоколҳои маъмурӣ.

 

28

Варақаҳои шаҳодатномаҳо оиди тайёр намудани ронандагони дараҷаи «А», «В», «ВС», «С», «Д», ва «Е»

13,00

29

Варақаҳои расидҳои пардохти ҷарима.

0,13

30

Додани нишонаҳои фарқкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

13,00

31

Ҳамроҳӣ намудани колонаҳо, автомобилҳои алоҳидаи дорои борҳои хавфнок, калонҳаҷм ва автобусҳо ба воситаи автомобилҳо (барои як соат).

85,00

32

Ҳамроҳӣ намудани колонаҳо, автомобилҳои алоҳидаи дорои борҳои хавфнок, калонҷаҳм ва автобусҳо ба воситаи мототсиклҳо (барои як соат).

50,00

33

Ҳамроҳӣ намудани колонаҳо,  автомобилҳои алоҳидаи дорои борҳои хавфнок, калонҳаҷм ва автобусҳо ба воситаи корманд (барои як соат).

20,00

34

Таъмини бехатарии баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳо дар роҳҳои истифодабарии ҷамъиятӣ ба воситаи автомобилҳо (барои як соат).

85,00

35

Таъмини бехатарии баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳо дар роҳҳои истифодабарии ҷамъиятӣ ба воситаи мототсиклҳо (барои як соат).

40,00

36

Таъмини бехатарии баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангию оммавӣ дар биноҳои пӯшида (варзишгоҳҳо ва ғ.) (барои як соат).

4,00

37

Нигоҳ доштани автомобилҳо дар постгоҳҳо, майдонҳои махсуси нигоҳдории воситаҳои нақлиёти БДА ё истгоҳҳо (барои як соат).

0,40

38

Нигоҳ доштани мототсиклҳо, моторолер ва мотоколяскаҳо дар постгоҳҳо, майдонҳои махсуси нигоҳдории воситаҳои нақлиёти БДА ё истгоҳҳо (барои як соат).

0,30

39

Нигоҳ доштани велосипед дар постгоҳҳо, майдонҳои махсуси нигоҳдории воситаҳои нақлиёти БДА ё истгоҳҳо (барои як соат).

0,20

40

Варақаҳои (талонҳои) азназаргузаронии солонаи ҳолати техникӣ.

6,00

41

Муоинаи техникӣ ва додани иҷозатнома барои кашонидани борҳои хавфнок.

12,00

42

Иҷозатнома барои кашонидани одамон дар автомобилҳои бордондори боркаш.

12,00

43

Додани иҷозатнома барои аз нав таҷҳизонидани автомобилҳои боркаши бордондори фургондор барои кашонидани одамон.

25,00

44

Иҷозатнома барои азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт ва қисмҳои он.

20,00

45

Муоина ва иҷозати азнавтаҷҳизонии системаи таъминот (питания).

30,00

46

Иҷозат барои ҷойгир намудани рекламаҳо дар автомобилҳо.

30,00

47

Иҷозат барои ҷойгир намудани рекламаҳо дар мотосиклҳо.

20,00

48

Мувофиқасозии лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои техникӣ барои азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт, қисмҳо ва агрегатҳои он.

150,00

49

Санҷиши истгоҳҳои ёрии техникӣ ва дигар корхонаҳо барои иҷозати гузаронидани муоинаи техникӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёт ба садама дучоршуда, инчунин корхонаҳои махсусгардонидашуда барои азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт барои кор бо намудҳои гуногуни сӯзишворӣ.

120,00

50

Муоинаи  техникӣ  ва  додани  иҷозатнома  ба автомобилҳои худсохт  барои  бақайдгирӣ дар хадамоти  БДА.

150,00

51

Хароҷот барои муоинаи  техникӣ  ва  додани  иҷозатнома  ба мототсиклҳои  худсохт  барои  бақайдгирӣ дар хадамоти  БДА.

100,00

52

Муоинаи  техникӣ  ва  додани  иҷозатнома  ба ядакхо ва нимядакҳои  худсохт  барои  бақайдгирӣ дар хадамоти  БДА.

85,00

53

Мувофқасозии лоиҳаҳо  барои  сохтмони  шаҳрҳо,  шаҳракҳо  ва  дигар  нуқтаҳои  аҳолинишин ва додани хулоса ба  онҳо.

40,00

 

54

Мувофиқасозии  лоиҳаҳо  барои  сохтмони  нуқтаҳои  савдо,  хӯрока  ва ғайра дар  наздикии  роҳ.   

40,00

 

55

Мувофиқасозии  лоиҳаҳо  барои  сохтмонҳо  ва  азнавкунии  кӯчаҳо,  роҳҳо,  купрукҳо  ва  гузаронидани  корҳои  разведкавӣ дар сатҳҳои  гуногун.

30,00

56

Мувофиқасозии  хатсайри  воситаҳои  нақлиёт оиди кашонидани  борҳои  вазнини   хатарнок  бо  роҳҳои  автомобилгард.

35,00

57

Иштирок   намудан  дар  кори  комиссия  оиди  кушодани  сайрхатҳои  автобусҳо  дар роҳҳои  автомобилгарди  истифодаи  умум (соат).

4,00

58

Иштирок  намудан  дар  кори  комиссия  оиди  қабул барои  истифодабарии  роҳҳои  автомобилгард,  танзимкунии  ҳаракати роҳ ва дигар иншоотҳо (соат).

8,00

59

Мувофиқасозии нақшаи ташкили ҳаракати роҳ ва ҷойгиркунии  аломатҳои  роҳ  дар  роҳҳои  автомобилгард  ва  кӯчаҳо.

60,00

60

Мувофиқасозии  нақша  ва  тайёр  намудани  хулоса  оиди  сохтмони  нуқтаҳои  маишӣ,  савдо  ва  таъмини  сӯзишворӣ дар назди  роҳҳои  автомобилгарди истифодаи умум.

40,00

61

Мувофиқасози нақшаи ҷойгиркунии рекламаҳои берунӣ дар роҳҳои автомобилгард ва кӯчаву роҳҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳо.

60,00

62

Мувофиқасозии нақша ва гузаронидани таъмир ва сохтмони роҳ дар роҳҳои автомобилгард ва кӯчаҳо.

20,00

63

Хариди расидаҳои пардохтҳои хазинавӣ.

0,06

Эзоҳ:1. Нархномаи амалкунанда бо назардошти 30 фоизи зиёдатии даромад ба буҷет ҳисоб карда шудааст.

2. Аз пардохти ҳаққи хизматрасонӣ маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони интернатсионалист ва маъюбони садамаи Чернобил озод мебошанд.

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.