Таҷлили таъсисёбии Бозрасии давлатии автомобилӣ

Имрӯз (02.07.с.2016), дар Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии ин ниҳод ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сардорони раёсат ва хадамотҳои Дастгоҳи марказии ВКД, намояндагони Иттифоқи нависандагон ва васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ, роҳбарият, собиқадорон ва ҳайати шахсии бозрасии давлатии автомобилӣ иштирок доштанд.

Қабл аз оғози чорабинӣ, роҳбарият ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар пояи Муҷассамаи хотиротии кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ, ки зимни адои вазифа баҳри сулҳу субот дар кишвар, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, таъмини волоияти қонун ва мубориза бо ҷинояткорӣ ҳалок гардидаанд, гулчанбар гузошта, хотираи неки онҳоро пос доштанд.

Ҷаласаи тантанавиро сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон оғоз бахшида, зикр кард, ки бозрасии давлатии автомобилӣ аз рӯзи таъсисёбиаш то кунун баҳри таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, амнияти шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ саҳми босазо гузоштааст.  

Сипас, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода баромад намуда, тамоми ҳайати шахсӣ ва собиқадорони Бозрасии давлатии автомобилиро бо ҷашни касбиашон табрику муборакбод кард. Зикр гардид, ки Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳамчун яке аз шохаҳои муҳими мақомоти корҳои дохилӣ вазифаҳои пурмасъули таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба зимма дорад. Сол то сол бо назардошти рушди ҷамъият, афзун гаштани аҳолӣ ва зиёдшавии шумораи воситаҳои нақлиёт талабот ба таъмини бехатарии ҳаракат дар кӯчаву роҳҳо ва ташкили назорат аз ҳолати техникӣ ва истифодаи дурусти онҳо низ афзун меёбад. 

Аз замони таъсисёбӣ то ба имрӯз Бозрасии давлатии автомобилӣ боз ҳам рушду такмил ёфта, бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва тамоми шароити корӣ таъмин гардидааст. Дар давраи ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтор, шакл ва тарзи фаъолияти Бозрасии давлатии автомобилӣ тағйироти куллӣ ворид карда шуда, масъулияти кормандон дучанд гардид. 

Имрӯзҳо дар сафи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе мутахассисони соҳа хизмати арзанда бурда истода, дар таъмини бехатарии шаҳрвандон саҳми арзанда мегузоранд. Ҳамасола баҳри баланд бардоштани савияи касбии кормандони ин ниҳод чораҳо андешида мешаванд. Нозирони бехатарии роҳ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда мекӯшанд баҳри амнияти шаҳрвандон ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ содиқонаю софдилона хизмат намоянд.

Дар идомаи чорабинӣ ҳамчунин аъзои Шӯрои собиқадорони ВКД Сафаралӣ Гулов суханронӣ намуда, аз номи собиқадорони соҳа тамоми кормандонро ба муносибати Рӯзи касбиашон табрику таҳният намуда, дар кори пурмасъулашон бурдбориҳо таманно намуд. Ба муносибати Рӯзи касбии Бозрасии давлатии автомобилӣ бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро як қатор кормандони пешқадами самти бозрасии давлатии автомобилӣ, барои муносибати софдилонаашон нисбати иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо рутбаҳои махсуси навбатӣ, медалҳои ҷашнӣ, Ифтихорнома, Сипоснома ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.

Ҳамчунин, бо фармони Вазири корҳои дохилӣ барои гузоштани саҳми арзанда дар рушду нумӯи фаъолияти ин ниҳод як қатор кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бо медали ҷашнии «Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд. Бо фармони дигари Вазири корҳои дохилӣ ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии маҳорати касбии кормандони хадамоти роҳбонии БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то ин вақт муайян гардиданд, бо унвони «Бозраси беҳтарини Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.

Дар ин озмун ҷойи аввалро прапоршики калони милитсия Файзуллоев Бахтиёр Хоҷаевич - бозраси хадамоти роҳбонии РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи дуюмро старшинаи милитсия Назаров Фирдавсҷон Ғиёсович - бозраси хадамоти роҳбонии Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи сеюмро старшинаи милитсия Хушвахтов  Фаррух Неъматуллоевич - бозраси хадамоти роҳбонии ШБДА РВКД дар вилояти Хатлон ишғол намуданд.

Дастаи шӯъбаи БДА РВКД дар шаҳри Душанбе дар ин озмун миёни дастаҳо сазовори ҷойи аввал гардид. Барои ғолибони озмун Ифтихорномаи Вазорати корҳои дохилӣ ва тӯҳфаҳои арзишнокро Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро тақдим намуд.

Ҳамчунин барои ҳамкориҳои судманд бо Бозрасии давлатии автомобилӣ дар инъикоси хабару ҳодисаҳои тарғиботию ташвиқотӣ, самти бехатарии ҳаракат дар роҳҳо як қатор рӯзноманигороне, ки дар Озмуни «Роҳи бехатар» иштироки фаъолона доштанд, бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд. 

Х. Солиҳов

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.