Ғолиби озмуни «Авто-Бону-2016» муайян гардид

Дар арафаи «Рӯзи модар» дар тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ чорабиниҳои идона ва озмунҳо баргузор гардида истодааст. Ҳамаи ин гувоҳи эҳтирому қадрдонии Зан-модар дар ҷумҳурӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ мебошад. Аз ин рӯ, Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД дар якҷоягӣ бо рӯзномаи «Вечёрка» бори дуюм аст, ки бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷуҳи сокинони кишвар ба масъалаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, баланд бардоштани малакаи касбии занони ронанда ва таблиғи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ озмуни «Авто-Бону-2016»-ро баргузор менамояд.

Имрӯз (05.03.с.2016) дар Автодроми автоматикунонидашудаи ба номи А. Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе озмуни «Авто-Бону-2016» баргузор гардид. Дар он занони духтарони ронанда аз тамоми ҷумҳурӣ ва ҳамчунин бонувон аз пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Нахуст чорабиниро сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД, генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон оғоз намуда, қайд кард, ки чунин як чорабинии бошукӯҳ соли дуюм аст, ки дар ҷумҳурӣ бо иштироки занон баргузор мегардад. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ занон нисбат ба мардон боэҳтиёттар мебошанд. Имрӯзҳо шумораи занони ронанда дар кишвар кам нестанд, аз ин рӯ умед аст, ки саҳми онҳо дар бехатарии ҳаракат дар роҳҳо босазо хоҳад буд.     

Сипас, иҷрои шартҳои озмун оғоз гардид. Он аз 4 давра: Даври аввал «Варақаи боздид» - «Ман ва автомобилам», даври дуввум  мусобиқаи «Донандагони Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ», даври сеюм Рондани автомобил дар Автодром ва даври чорум «Ёрии аввалияи тиббӣ» иборат буд. Дар озмун имсол 40 нафар занону духтарони  таҷрибадор иштирок намуда, маҳорати ронандагии худро нишон доданд.

Аввалан,  аъзои ҳакамон ба намуди зоҳирии автомобилҳо, зебу зиннати он ва муаррифии ронандагон баҳо гузоштанд. Иштирокчиён мошинҳои худро бо гулдузӣ, нақшу нигори гуногуни зебои баҳори хуҷастапай ва Иди Наврӯз оро дода буданд. Зимни муаррифӣ онҳо оид ба таҷрибаи аввали ронандагӣ, муносибат бо қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, вохӯрии аввал бо корманди БДА кӯтоҳ нақл намуданд.  

Дар идомаи озмун иштирокчиён аз Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ёрии аввалини тиббӣ имтиҳон супориданд. Дар ин бахшҳо дониши пурра ва иҷроиши дурусти ёрирасонӣ, назариявӣ ва амалӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар давраи ниҳоӣ занон маҳорати ронандагии худро дар таълимгоҳи Автодроми автоматикунонидашуда ба воситаи автомобили махсуси бо ҷиҳози иноватсионӣ таҷҳизонидашуда санҷиданд. Баҳодиҳӣ тавассути дастгоҳи махсус амалӣ гардид.

Дар рафти озмун иштирокчиёни фаъол маълум гардида, барои дастгирии он ҳаводорону тамошобинони зиёде ҷамъ омада буданд.

Баъди анҷоми чорабинӣ ғолибони озмуни «Авто-Бону-2016» муайян гардиданд. Барои баҳодиҳии иштирокчиёни озмун ҳакамон ҳозирҷавобӣ, намуди зоҳирии мошин ва натиҷаи холҳои гирифтаи онҳоро аз имтиҳонҳо тариқи компютер ба инобат гирифтанд.

Ҳамин тариқ, иштирокчии озмун Хуршеда Авазматова бо гирифтани ҷойи аввал соҳиби мукофоти пулӣ  ба маблағи 3000 сомонӣ гардид.

Ҷойи дуввумро Сурайё Салмонова сазовор ва соҳиби 2500 сомонӣ гардид ва ҷойи сеюмро иштирокчӣ аз пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия Юлия Александрова ишғол намуд, ки мутобиқан соҳиби маблағи 2000 сомонӣ шуд.

Аз рӯи ҷоизаи таваҷҷӯҳи тамошобинон иштирокчии таҳти рақами 12 Парвина Зайдуллоева ғолиб омада, мукофоти пулиро соҳиб гашт. Тӯҳфаҳоро ба ғолибон сардори РБДА ВКД супорид.

Бояд ёдовар шуд, ки сарпарасти баргузории озмуни«Авто-Бону-2016» ширкатҳои «Фароз», «Умед-88», ҶДММ «Бозори автомобилҳо» ва ҶДММ «Султони Кабир» буданд.

Ҳамчунин аз ҷониби ширкати «Умед-88» ба тамоми иштирокчиёни озмун кортҳои махсуси имтиёзноки ширкат ва аз тарафи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ «Ифтихорнома» ва гулдаста тақдим карда шуд.      

Барои болидагии рӯҳи иштирокчиён, ҳаводорон ва дигар тамошобинон барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони эстирадаи тоҷик ташкил карда шуд.

Озмуни «Авто-Бону-2016» бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷӯҳи аҳолии кишвар ба масоили таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, баланд бардоштани малакаи касбии занони ронанда гузаронида шуд. 

София Шоикова,

Тоҷиддин Латипов

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.