Озмуни«Авто-Бону-2016»

Бахшида ба муносибати ҷашни «Рӯзи Модар» РБДА ВКД ва рӯзномаи «Вечёрка» 5-уми марти соли 2016, дар Автодроми автоматикунонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе озмуни «Авто-Бону-2016»-ро баргузор менамояд.

Барои ғолибони озмун 3 ҷой бо мукофотҳои пулӣ аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ муқаррар карда шудааст:

- барои ҷойи якум – 3000 сомонӣ;

- барои ҷойи дуюм – 2500 сомонӣ;

- барои ҷойи сеюм – 2000 сомонӣ.

Ҳамчунин иштирокчиёни фаъоли озмун бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.

Озмуни «Авто-Бону-2016» бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷӯҳи аҳолии кишвар ба масоили таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, баланд бардоштани малакаи касбии занҳои ронанда, ташвиқи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои нақлиётӣ гузаронида мешавад.

Занон ва духтароне, ки собиқаи ронандагиашон на камтар аз 1 сол мебошад ва воситаи нақлиётро тибқи асосҳои қонунӣ соҳибӣ менамоянд, дар озмун иштирок карда метавонанд.

Барои иштирок намудан дар озмун довталабон дархости хатиро, ки намунаи он дар матбуоти даврӣ ва сомонаҳои интернетӣ ҷойгир карда шудааст, хонапурӣ намуда, ба суроғаи ташкилкунандагон Раёсати БДА шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷ.Расулов-69, (93-508-70-72, 236-79-85, 236-07-58),  ҳафтаномаи «Вечёрка», хиёбони С.Шерозӣ-16 (238-54-18) (vecherkatj@gmail.com) ирсол менамоянд.

Санаи 5-уми марти соли 2016, соати 09:00 иштирокчиён ва ташкилкунандагони озмун дар назди «Наврӯзгоҳ» ҷамъ мешаванд. Бақайдгирӣ ва қуръапартоӣ барои муайян намудани рақами тартибии иштирокчиён ва даврҳои навбатӣ,  соати 09:00.

Оғози ҳаракати қатораи автомобилҳои ҳамаи иштирокчиёни озмун бо мушоияти автомобилҳои патрулии БДА ва мототсиклронҳои Клуби умумитехникии ҷамъияти мададгори мудофиа, бо кӯчаҳои шаҳр то макони гузаронидани озмун – Автодром, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи Айнӣ, соати 10:00.

Дар давоми гузаронидани озмун дар майдончаи махсусе, ки даври дуюми озмун гузаронида мешавад, инчунин дар синфхонаҳо сигоркашӣ ва истифодаи ашёҳои оташангез манъ аст.

ДАВРҲОИ ОЗМУН

Даври I. «Варақаи боздид» - «Ман ва автомобилам» (ороиши автомобил)

Иштирокчиёни озмун дар шакли саҳнавии дилхоҳ дар бораи худ, автомобили худ, таҷрибаи аввали ронандагӣ, вохӯрии аввал бо корманди БДА, ҳолатҳои омӯзиш дар мактаби ронандагӣ ва ғайра  нақл мекунанд. Дар вақти нақл намудан, аслият, кӯтоҳ будан ва ҳиссиёти ҳаҷвӣ доштан ба инобат гирифта мешавад. Иштироки гурӯҳи мухлисон пазируфта мешавад. Ороиши автомобил бо истифода аз лиҳозе, ки пешакӣ тайёр карда шудааст: - пуффакҳо, гулҳо ва ғайраҳо ба шарте, ки ин ороишот ба идоракунии автомобил халал нарасонад, иҷозат дода мешавад.

Ҳадди ниҳоии баҳогузорӣ 10 хол. 

Даври II.   Мусобиқаи «Донандагони ҚҲР»

Иштирокчиён бояд ба 20 савол аз Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ (як билети имтиҳонӣ, ки аз тарафи Раёсати БДА тасдиқ карда шудааст) ҷавоб диҳанд. Санҷиш (тест) дар синфхонаи таълимии Автодром бо истифода аз компютер гузаронида мешавад. Барои ҳар як ҷавоби дуруст 2 хол дода мешавад. Ҷамъи холҳо – 40. 

Даври III. Рондани автомобил дар Автодром

Ба иштирокчӣ востаи нақлиёти автомобилии махсуси бо ҷиҳози инноватсионӣ таҷҳизонидашуда пешниҳод карда мешавад. Иштирокчӣ мувофиқи нақшаи пешниҳодшуда дар Автодром ҳаракат мекунад.

Баҳодиҳӣ тавассути дастгоҳи махсус муайян карда мешавад. Доварон ғолибонро аз рӯи холи камтарини қоидавайронкунӣ муайян менамоянд. 

Даври IV. «Ёрии аввалияи тиббӣ»

Аз тарафи доварон аз рӯи ҷадвали 10-хола, 5 холӣ барои назария ва амалӣ баҳо дода мешавад.

Дар билет 2 савол, назариявӣ ва амалӣ пешбинӣ шудааст. Дониши пурра ва иҷроиши дурусти ёрирасонӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. 

Давраи  V. «Намоиши овезаи тарғиботӣ»

Иштирокчиёни озмун ба доварон овезаи (плакати) хосияти тарғиботию рекламавӣ ё ахборию таълимӣ доштаро, дар варақи  стандартии формати А1 пешниҳод  менамоянд.

Ҳайати ҳакамон аз рӯи меъёрҳои зерин: ташаббуси эҷодӣ, маҳорати иҷроиш, пешниҳоди мавод, баҳогузорӣ менамоянд.

Ҳадди ниҳоии баҳогузорӣ 10 хол. 

Ташкилотчиёни озмун Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзномаи «Вечёрка» мебошанд.

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.