Суханронӣ

Суханронии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Р.Ҳ. дар Анҷумани ҷумҳуриявии кормандони ғайриштатии милитсия ва дружиначиёни ихтиёрӣ 

Меҳмонони гиромӣ!

Мӯҳтарам ҳамкасбонкормандони ғайриштатии милитсия

ва дружиначиёни ихтиёрӣ!

Қаблан барои иштирок дар вохўрии имрўза, ба Шумо изҳори сипос намуда, боварӣ дорам, чорабинии мазкур барои боз ҳам беҳтар гардидани ҳамкории дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилӣ бо кормандони ғайриштатии милитсия ва дружиначиёни ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа ва пешгирии ҷинояткорӣ нақши ҳалкунанда бозида, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мусоидат менамояд.

 
Баромад

Баромади

Вазири корҳои дохилӣ

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимов Рамазон Ҳамроевич

дар нишасти матбуотӣ вобаста ба ҷамъбасти Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба ҷиноятҳои муташаккили трансмиллии нашъаҷаллобӣ»

 Мӯҳтарам намояндагони расонаҳои хабарӣ!

Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз хатарҳои муосирест, ки ба ҳаёту саломатӣ ва пешрафту тараққиёти олам таҳдид намуда, сарчашмаи сар задани ҷиноятҳои вазнин ба монанди терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона ба шумор меравад.

Вобаста ба пешгирии оқибатҳои фоҷеабори муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир пайваста аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ва сохторҳои қудратии мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас дода мешавад.

 Роҳбари давлат дар паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар, дар суханронии «Рӯзи милитсияи тоҷик» ва дар аксар ҷаласаҳои муҳими давлатӣ пайваста ин масъаларо мавриди таъкиду баррасӣ қарор медиҳад.

 

 
Суханронӣ

Суханронии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Р.Ҳ.  дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба  22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Меҳмонони азиз, ҳамкасбони гиромӣ ва собиқадорони мӯҳтарам!

Дар арафаи ин ҷашни бошукӯҳу таърихӣ ва барои тоҷикистониён хотирмон, ки тамоми сокинони мамлакат ба таҷлили он омодагии ҳамаҷониба мегиранд, шумо ва дар симои ҳар яки шумо тамоми мардуми сарбаланди диёри азизамонро бо 22-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, бароятон саодати рӯзгор, оромиву  осудагӣ,  файзу баракати зиндагӣ ва барору комёбиҳои нав ба навро таманно менамоям.

Истиқлолият барои ҳар як давлату миллат, алалхусус мо тоҷикон аз беҳтарин дастовард, арзиши олии давлатдорӣ ва нангу номуси ватандорӣ,  инчунин ифтихор аз таъриху тамаддун ва фарҳанги бою оламшумули аҷдодонамон ба ҳисоб рафта, шароит фароҳам овард, ки  дар 22 соли даврони соҳибистиқлолӣ  дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, сиёсату иқтисодиёт, саноату энергетика, кишоварзӣ ва илму фарҳанг ба комёбиву муваффақиятҳои назаррас ноил гардем.

 
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана ба муносибати Рўзи милитсия

Мўҳтарам кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ!
Ҳозирини гиромӣ!

Пеш аз ҳама ҳар кадоми шуморо ба ифтихори иди касбиатон, яъне рўзи таъсисёбии милитсияи тоҷик самимона табрик мегўям ва дар иҷрои вазифаи басо мушкилу масъулиятнок ва дар айни замон, рисолати пурифтихоратон барору комёбиҳо орзу менамоям.
Мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти ҷомеа ва таҳкими оромиву суботи кишвар нақш ва мавқеи хоса доранд. ҳайати шахсӣ ва кормандони ин мақомот ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солҳои барои таърихи навини кишварамон вазнин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштаанд.
Дар он солҳои ниҳоят хатарнок ва ноором кормандони милитсия дар ҳимояи саломатӣ ва ҳаёти мардум, истиқрори сулҳу субот ва амнияти ҷомеа, безарар гардонидани гурўҳҳои силоҳбадасту ҷиноятпеша якҷо бо дигар мақомоту сохторҳои низомӣ бо саъю кўшишҳои фидокоронаву ватандўстона нақши арзанда гузоштаанд.
Маҳз талошҳои ватандўстонаи шумо - кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни дигар сохторҳои низомӣ буд, ки танҳо дар давоми зиёда аз даҳ соли охир 290 гурўҳу дастаҳои силоҳбадасту ҷиноятпеша безарар гардонида шуданд.
Дар роҳи барқарорӣ ва ҳифзи сулҳу суботи мамлакат зиёда аз якуним ҳазор нафар кормандони милитсия қурбон шуданд, ки мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон номи нек ва ҷасорату мардонагии онҳоро ҳамеша пос медоранд.

 
Суханронии Вазири корҳои дохилӣ дар Анҷуман

Суханронии Вазири корҳоидохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал- лейтенанти милитсия РаҳимовР.Ҳ.


дар Анҷумани аввалини дружинаҳои ихтиёрӣ дар шаҳри Душанбе

Мўҳтарам Раёсат, меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!

Қаблан барои иштироки фаъолона ва дастаҷамъона дар Анҷумани аввалини дружинаҳои ихтиёрӣ, ки дар он намояндагони ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президент, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дружиначиёни ихтиёрӣ иштирок мекунанд, ба Шумо изҳори сипос менамоям. Анҷумани дружинаҳои ихтиёрӣ дар рўзҳое баргузор мегардад, ки баъди шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вуҷуди ҳар яки мову Шумо эҳсоси баланди инсондӯстӣ, маърифатпарварӣ ва садоқат ба Ватани азизамон боз ҳам боло мегирад. Чуноне ки дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:

«Дар радифи амалӣ намудани ҳадафҳои стратегияи миллии кишвар доир ба таъмини истиқлолияти энергетикиву амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат ба рушди бахши воқеӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳар як сохтору мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад».

 
БАРОМАД

Суханронии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Р.Ҳ. дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 20-ӯмин солгарди таъсисёбии мақомоти БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 июли соли 2012

Ҳамкасбон ва

собиқадорони мӯҳтарам!

Меҳмонони гиромӣ!

 

Гарчанде таърихи таъсисёбӣ ва фаъолияти мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ аз солҳои 30-юми асри гузашта оғоз мегардад, вале мо онро ҳамқадами Истиқлолияти кишвари азизамон медонем. Зеро ба даст овардани Истиқлолият такони ҷиддие дар фаъолияти ин мақомот ва сохторҳои дигар гардид, ки ба рушду инкишоф, фароҳам овардани шароити моддӣ техникӣ, интихоби кадрҳои ботаҷриба ва беҳдошти вазъи хизмат мусоидат намуд. Ба ин муносибат, ҳамаи кормандон ва собиқадорони мақомоти Бозрасии давлатии автомобилиро самимона табрик гуфта, дар иҷрои вазифаҳои масъулиятноку пурифтихор барору комёбӣ орзу менамоям. Ҳанӯз аз солҳои аввали пайдоиши Ҳокимияти Шӯравӣ, Ҳукумат ба масъалаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ғамхорӣ зоҳир менамуд.

 
БАРОМАД

БАРОМАДИ

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимов Рамазон Хамроевич

дар Мизи мудавар

13.07.2012 ш.Душанбе

Хонумон ва ҷанобон!

Меҳмони азиз ва ҳамкасбонӣ гиромӣ!

 

Ман ҳамаи шумоёнро ба ин чорабинии муҳим самимона хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ менамоям, ки ҷаласаи навбатии мо боз як қадами устувор дар роҳи омӯзиш ва истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар раванди ислоҳоти милитсия ва бартарфкунии шиканҷа дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ мегардад. Намояндагони ташкилоти байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакатро, барои иштирок дар ҷаласа қадам ранҷа намудаанд, изҳори сипос намуда, ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва сафоратхонаҳои Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Олмон, Хитой ва Британияи Кабир барои бевосита дастгирӣ ва мусоидат намудан дар фаъолияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории хоса изҳор менамоям.

 
БАРОМАД

БАРОМАДИ

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич дар нишасти матбуотӣ вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар нимсолаи аввали соли 2012

Мӯҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи Шумоёнро ба толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам намуда, мехоҳам қайд намоям, ки ин чорабинии манфиатбахш, ки бевосита бо ташаббус ва Амри Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, чун дигар иқдомҳои некашон дар ҳалли бисёре аз мушкилоти мардум сабаб гардида аст. Зеро шаҳрвандон тавассути расонаҳои хабарӣ ба ҳама саволу масъалаҳои ташвишовари ҷомеа ҷавоби мушаххас гирифта, метавонанд ба ҳалли мушкилии худ комёб шаванд. Чунин нишастҳои матбуотӣ, ки бевосита бо иштироки роҳбарони аввали ҳамаи вазорату идораҳо сурат мегирад дар шаффофияти инъикоси фаъолият ва тамоми натиҷаву дастовардҳо ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта таъсири калон мерасонад.

 
Суханронии Сарвари давлат дар маҷлиси ботантана ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик, ш. Душанбе , 10 ноябри соли 2012

Муҳтарам кормандон ва хизматчиёни
мақомоти корҳои дохилӣ!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҷашни таъсисёбии мақомоти милитсияи тоҷик дар замоне таҷлил мегардад, ки кишвари мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол муддати бисту як сол дар арсаи байналмилалӣ арзи ҳастӣ дорад.
Дар ин давра бо кӯшишҳои пайвастаи якҷоя аҳкоми давлатдорӣ пойдор гардида, ҳаёти мардуми кишварамон дар муҳити орому осоишта ва рушди босубот идома дорад.
Дар ин лаҳзаҳо бо камоли ифтихор мехоҳам ҳамаи шумо - кормандон, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилиро, ки дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд саҳми арзанда мегузоред, бо иди касбиатон - Рӯзи милитсияи тоҷик табрику таҳният гуфта, ба шумо тани сиҳат, хонаи обод ва дар фаъолияти душвору пуршарафатон муваффақиятҳо орзу намоям.
Мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният ба сомон мерасонанд.
Баъди ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ милитсияи тоҷик ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо унсурҳои ҷинояткор, ки халалдор намудани хаёти осоиштаи сокинони мамлакат, поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инчунин заиф гардонидани пояҳои давлатдориро мехостанд, қарор гирифта буд.
Махсусан таъкид карданиам, ки аз масъулияту шуҷоатмандии кормандони милитсия ва натиҷаҳои судманди фаъолияти ин мақомот аз бисёр ҷиҳат инкишофу пойдории давлати имрӯзаи тоҷикон ҳамчун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва озоду ягона вобаста аст.

 
Баромад

Баромади Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар маҷлиси ботантана бахшида ба Иди касбии милитсияи тоҷик

 

ш. Душанбе                                                 10.11.с.2016

 

Муҳтарам ҳамкасбон, собиқадорон ва меҳмонони гиромӣ!

 

Бо арзи эҳтирому самимият ҷашни пурифтихор - Иди касбии кормандони милитсияро ба Шумо муборакбод намуда, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, саодату сарбаландӣ ва дар ин кори бошарафу масъулиятнок барору комёбӣ таманно менамоям. 

Мақомоти корҳои дохилӣ аз рӯзҳои аввали ба фаъолият оғоз намудан, барои таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои хилофи қонун дар сафи пеши муборизаҳо қарор дошт.

Дарки баланди масъулият, самимият ба касби пешакарда ва далерию мардонагӣ дар солҳое, ки вазниниву мушкилиҳо пешорӯи кормандони милитсия буданд,  натавонист азму иродаи онҳоро шиканад. Ба ин душвориҳо нигоҳ накарда, кормандони милитсия масъулияти баланди касбиро бо сарбаландӣ ба ҷой меоварданд.

 
Табрикот

Табрикоти 

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

(6 ноябри соли 2016)

 

Муҳтарам кормандони милитсия ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ,

Шуморо бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намуда, дар ин рӯзи фараҳбахш бароятон дар роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон барору комёбиҳои беназир таманно дорам.

Конститутсия – шиносномаи миллат буда, дар он инсон арзиши олӣ маҳсуб меёбад. Маҳз бо шарофати Конститутсия ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати моро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ шинохта, дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд мустаҳкам карда шудааст.  

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.