Табрикот

Табрикоти

 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич,

бахшида ба Иди касбии кормандони милитсияи тоҷик

Мӯҳтарам кормандон ва собиқадорони

 мақомоти корҳои дохилӣ!

Бо арзи сипосу таманниёти беандоза Шуморо бо Иди касбии кормандони милитсия самимона табрику муборакбод  менамоям.

Таҷлили ҷашни милитсия тоҷик дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки мардуми шарафманду сарбаланд ва тамаддунофари кишварамон, маъракаи муҳиму таърихӣ ва тақдирсоз, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана баргузор намуда, бори дигар якдилона  фарзанди фарзонаи ин миллати бонангу номус, шахси хирадманду бунёдгузор ва маърифатпарвар Эмомалӣ Раҳмонро, ҳамчун Президенти мамлакат интихоб намуданд.

 
Суханронӣ

Суханронии

Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимов Р.Ҳ.

дар вохӯрӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ

 22 майи соли 2013           ш. Душанбе

 Мӯҳтарам ҷавонон,

ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкасбони гиромӣ!

Бо истифода аз ин фурсати муносиб  шумо ва дар симои шумо тамоми сокинони кишварро бо «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон», ки пагоҳ дар сар то сари мамлакат ҷашн гирифта мешавад, самимона муборакбод менамоям.

Имрӯз ба кору фаъолият, мавқеъ ва саҳми ҷавонон дар рушду инкишофи ҷомеа назар карда, моро ҳисси рӯҳбаландӣ ва шодмонӣ фаро мегирад, ки ин  нерӯи созандаву бунёдкори кишвар метавонад барои ободию гулгулшукуфии мамлакат корҳои бузургро анҷом диҳад. 

Дар солҳои аввали даврони истиқлолият, хотима додан ба низоъу муноқишаҳои дохилӣ, таъмини суботу оромӣ ва амнияти шаҳрвандон дар мамлакат, яке аз масъалаи асосӣ дар назди роҳбарияти давлату Ҳукумат ба ҳисоб мерафт.

 
Баромад

Суханронии

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Р. Ҳ. дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба ҷашни 9 - май, рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

09.05. 2013 с.                  ш. Душанбе

Мӯҳтарам собиқадорон ва

иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ,

меҳмонон ва ҳамкасбони гиромӣ!

 Имрӯзҳо дар сар то сари собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ ботантана ҷашн гирифта шуда, диловарӣ ва ҷоннисориҳои ҳазорон ҳазор нафар фарзандони ватандӯсту сулҳхоҳ, ки ба ин ҷангӣ хонумонсӯз хотима гузоштанд, бо некӣ ёдоварӣ карда мешавад.

 
Баромад

Баромади

Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 генерал-лейтенанти милитсия

РаҳимовР.Ҳ.,

дар озмуни 3-юми ҷумҳуриявии

«Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ»

28.05.2013с.                            ш. Душанбе

 

Меҳмонони мӯҳтарам,

Ҳозирини гиромӣ,

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар, ки якчанд рӯз пештар баргузор гардид, собит сохт, ки таваҷҷӯҳи Сарвари давлат ба тақдири ояндаи наврасону ҷавонон хеле зиёд буда, дар симои ин нерӯи бузургу тавоно бунёдгузор ва созандагони фардои кишварро мебинанд.

Баргузории чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ, адабӣ, варзишӣ ва ғайра дар миёни наврасону ҷавонон, шаҳодати дастгирию ғамхории роҳбарияти давлату Ҳукумат буда,  барои баланд бардоштани донишу маърифат, омӯзиши касбу ҳунар ва солимии онҳо дар ҷомеа мусоидат менамояд.

 
Сухани ифтитоҳӣ

Сухани ифтитоҳии

Вазири  корҳои дохилии

Ҷумҳурии  Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимов Рамазон Ҳамроевич

дар Конференсияи байналмилалии

илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба ҷиноятҳои муташаккили трансмилии нашъаҷаллобӣ»    

Меҳмонони гиромиқадр!

Мӯҳтарамҳамкасбон ва иштирокчиёни Конференсияи илмӣ-амалӣ!

Қабл аз ҳама арзи сипоси худро ба ҳамаи шумо, барои иштироки фаъолона ва дастаҷамъона дар Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба мавзӯи «Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба ҷиноятҳои муташаккили трансмилии нашъаҷаллобӣ», ки имрӯз дар он намояндагони Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, Маҷлиси намояндагон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз давлатҳои Қатар, Баҳрайн, Уммон, Халиҷи Форс, намояндагони Сохтори зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай, Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятњои хавфнок дар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Хадамоти Федералии назорат аз болои маводи нашъадори Россия, сафирони аксар кишварҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар созмону корпусҳои дипломатӣ, инчунин олимону сиёсатшиносон ва ҳуқуқшиносони шинохта ширкат доранд,  изҳор менамоям.

 
Суханронӣ

Суханронии

Вазири  корҳои дохилии

Ҷумҳурии  Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимов Рамазон Ҳамроевич

дар таҷлили 20-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

09.04.2013 с.                     ш. Душанбе

Мӯҳтарам  меҳмонони гиромӣ, генералҳо, афсарону сарбозони

Қӯшунҳои дохилӣ,

ҳамкасбони азиз! 

Бо арзу сипоси беандоза Шуморо мӯҳтарам Шералӣ Хайруллоевич, Саймумин Сатторович, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Шералӣ Мирзо ва ҳамаи он нафароне, ки дар инкишофу ташаккулёбии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ саҳм гузоштаанд, хайрамақдам менамоем.

Бо арзи сипоси беандоза ҳамаи шумоёнро бо рӯзи таъсисёбии  Қӯшунҳои дохилӣ,  бо ин ҷашни таърихӣ  табрик намуда, дар иҷрои вазифа ва масъулияти бар душ дошта, муваффақияту комёбиҳои беназирро орзу менамоям.

 

 
Табрикот

Ҳамкасбон ва меҳмонони гиромӣ!

Мӯҳтарам афсарону сарбозон ва

собиқадорон!!

    Мардуми шарафманди Тоҷикистон ва Қувваҳои мусаллаҳи он имрўз 20-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар ин давра ба як нерӯи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфт, ҷашн мегиранд.

20-сол барои Артиши миллии Тоҷикистон, давраи талошу кӯшишҳо, ранҷу заҳмат ва ҷоннисориҳо барои расидан ба ҳадафу мақсадҳои дерин буд.

Дар ин рўзи фараҳбахш мехоҳам ёдовар шавам, ки Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ - дар як давраи бениҳоят вазнин ва  таърихӣ, яъне дар шароите таъсис дода шуданд, ки ояндаи давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт.

 
Суханронӣ

Суханронии

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал- лейтенанти милитсия Раҳимов Р.Ҳ.

дар вохӯрӣ бо устодон, профессорҳо,

дотсентон ва донишҷӯёни мактабҳои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Мӯҳтарам устодон, профессорҳо ва омӯзгорон гиромӣ! 

Ҷомеаро дар тамоми давру замон, новобаста аз чигунагии шароит, бе иштирок ва ҳузури намояндагони илму маърифат, алалхусус маорифчиён тасаввур намудан, ғайриимкон аст.

Он нафароне, ки имрӯз дар кору фаъолият ва зиндагӣ комёб гардидаанд ва ба мартабаҳои баланд расидаанд, дастпарварони донишгоҳу донишкадаҳое мебошанд, ки Шумо дар он ҷо фаъолият менамоед.

Бо назардошти мавқеъ ва саҳми кормандони соҳаи маориф дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маданию фарҳангии кишвар ғамхорӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат сол аз сол беҳтар гардида, шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

 
Баромад

Баромади Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - лейтенанти милитсия  Раҳимов Р.Ҳ. дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни мактабҳои олии вилояти Суғд

ш. Хуҷанд            30.01.2013 сол

 Устодон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Имрӯз дар назди сокинони кишвари азизамон масъалаву вазифаҳои муҳиме истодаанд, ки ҳаллу фасли онҳо аз ҳар яки мову Шумо дониши баланди сиёсиву ҳуқуқӣ, дарки баланди масъулиятшиносӣ, эҳтирому садоқат ба давлату миллат ва ҳисси ифтихор аз Ватану ватандориро талаб менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ баромадан, дар 20 соли Истиқлолият ба дастовардҳои назаррасе ноил гардид, ки онро ҳеҷ кас чашмдор набуд.

Маҳз сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон буд, ки новобаста аз он вазниниву мушкилиҳое, ки дар солҳои 90-ум домангир ва пешорӯи сокинони мамлакат буданд, мо тавонистем ҷомеаи ободу зеборо бунёд ва сулҳу суботро дар сар то сари ватанамон таъмин намоем.

 
Суханронии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамбасти соли 2012

Ҳозирини гиромӣ, мӯҳтарам намояндагони

Расонаҳои хабарии кишвар!

Ҳамаи шумоёнро бо арзи эҳтирому самимият ба маҷлисгоҳи ВКД хайрамақдам  гуфта, пеш аз ҳама барои ташрифатон ва инъикоси пайвастаи фаъолияти кормандони ин сохтори муҳими давлатӣ дар расонаҳои хабарӣ, ки аз таваҷҷӯҳи хосаи шумо дарак медиҳад,  изҳори сипос менамоям.

Дар нишасти имрӯза натиҷаҳои як соли мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳамзамон камбудиву норасогиҳоеро, ки то ҳанӯз дар ҷомеа ва дар фаъолияти мо ба чашм мерасанд, мавриди баррасӣ қарор хоҳем дод.

Соли 2012 барои ҷумҳуриамон соли бобарору пурфайз, пур аз дастоварду чорабиниҳои муҳими сиёсиву байналмилалӣ ва боз як қадами устувор ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ ва пешрафту тараққиёт дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварамон буд ва соли сипаришуда барои кормандони милитсия низ босамару бобаракат буда, бо дастгирӣ ва ғамхории Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ беҳтарин шароитҳои хизмативу маишӣ омода карда шуданд.

 
ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ!

Сухани табрикотии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ба муносибати

Ҷашни Байналмилалии Наврӯз

Наврӯз ҳамчун ҷашни куҳани ниёгон дар таърихи давлатдории миллии мо, тоҷикон, мақоми хоса дорад. Он чун муждаи озодии табиат аз сармо, берун омадани муҳит аз карахтӣ, оғози кишту кори баҳорӣ ва қадам ниҳодани мардум ба соли нави аҷдодӣ тӯли асрҳои зиёд тавонистааст моҳияти хешро ҳифз созад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар ситоиши ҳамин мавқеи устувори Наврӯзи Аҷам чунин баён кардаанд:

«Вақте ба таърихи пайдоиш ва такомули ҷашни Наврӯз дар тамаддуни ориёӣ назар меафканем, мебинем, ки ин ойини куҳани аҷдодӣ дар низоми давлатдориҳои ниёгони мо мақому манзалати басо арзанда доштааст».

 
Баромад

Баромади  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Р. Ҳ.  дар маҷлиси ботантана бахшида ба Иди касбии милитсияи тоҷик 

Мӯҳтарам ҳамкасбон, собиқадорони гиромӣ

ва меҳмонони азиз!

Дар оғози маҷлиси тантанавӣ ҳамаи меҳмонон, кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро бо Иди касбии милитсияи тоҷик самимона табрику таҳният намуда, дар ин кори масъулиятноку бошараф ва заҳматталабу боифтихор барору комёбӣ, муваффақияту сарбаландӣ ва саодату хушбахтиҳои рӯзгорро таманно менамоям.

Милитсияи тоҷик дар тӯли таърихи фаъолият, баҳри таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, безарар гардонидани дастаҳои муташаккили ҷиноӣ ва  гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ, инчунин бетартибиҳои оммавӣ аз набарду муборизаҳои сангин ва имтиҳони сахти рӯзгор сарбаландона гузашта, ба як сохтори пурқудрату боэътимод ва кафили тинҷиву осоиштагии давлату миллат табдил ёфтааст.

 
Суханронӣ

Суханронии

Вазири  корҳои дохилии

Ҷумҳурии  Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимов Рамазон Ҳамроевич

дар Конференсияи умумиҷумҳуриявии кормандони ғайриштатии милитсия

 16.04.2013с                            ш. Душанбе

 Меҳмонони гиромӣ!

Мӯҳтарам ҳамкасбон ва  кормандони ғайриштатии милитсия!

Пеш аз ҳама барои ташриф ва иштироки фаъолона дар Конференсияи умумиҷумҳуриявии кормандони ғайри-штатии милитсия   изҳори миннатдорӣ намуда, боварӣ дорам, ки ҷамъомади имрӯза ба ҳамкории судманди корман-дони мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ, бахусус кормандони ғайриштатии милитсия   дар таҳкими қонуният, пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини  тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат хоҳад кард.

 
Суханронии Вазири корҳои дохилӣ

Суханронии Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал- лейтенанти милитсия

Раҳимов Р.Ҳ.

дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни мактабҳои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Устодон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Масъалаи ҷинояту ҷинояткорӣ, даст ба қонунвайрокунӣ задани наврасону ҷавонон ва донишҷӯён аз масъалаи доғи рўз ба ҳисоб рафта, боварӣ дорам вохӯрии имрўза бо Шумоён намояндагони илму маърифат ва муассисаҳои таълимии бонуфузи кишвар, ки дар пешрафти соҳаи маориф ва тарбияи олимону мутахассисони ҷавон нақши арзанда доред, судманд ва ҷолиб мегузарад. Вохӯрии мо бо Шумо дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки баъди шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вуҷуди ҳар яки мову Шумо эҳсоси баланди инсондӯстӣ, маърифатпарварӣ ва садоқат ба Ватани азизамон боз ҳам боло мегирад. Ноил шудан ба дастовардҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-фарҳангӣ моро водор месозад, имрӯз аз дирӯз ва фардо аз имрӯз боз ҳам беҳтару бештар ба нафъи халқу Ватан ва миллат меҳнат кунем. Ончуноне, ки дар Паёми Президент омадааст:

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.