Суханронӣ ба муносибати Рӯзи модар

Модарони меҳрубон, бонувони муҳтарам ва хоҳарони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Дар оғози фасли баҳор фаро расидани Рӯзи модар – ин ҷашни барои ҳамаи мо бисёр азизро ба кулли сокинони диёрамон, бахусус модарону бонувон ва духтарони Ватани маҳбубамон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу менамоям.

 
Баромади Вазири корҳои дохилӣ

Суханронии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар вохӯрӣ

бо дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия 

 

Муҳтарам дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатӣ, меҳмонон  ва ҳозирини гиромӣ!

Қабл аз ҳама барои ташриф ва иштироки фаъолона ба шумо изҳори миннатдорӣ намуда, боварӣ дорам, ки ҷамъомади имрӯза ба ҳамкории судманди кормандони милитсия бо аҳолӣ, бахусус дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия дар таҳкими қонуният, пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини  тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат хоҳад кард.

Афзудани эътимод ва боварии аҳолӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки сол аз сол масъулияти онҳо дар таъмини суботу оромӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳаллу фасли арзу муроҷиати шаҳрвандон, бештар гардида, сокинони кишвар дар симои кормандони ин ниҳод пуштибон ва ҳимоятгари худро мебинанд.

 
Суханронии Вазири корҳои дохилӣ дар семинари илмӣ-амалӣ бо иштироки ҷавонон

Суханронии

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро

дар Семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи

«Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ»

02.04.2015 сол                                                                                     ш. Душанбе

Ҳамкасбон ва меҳмонони гиромӣ,

муҳтарам иштирокчиёни Семинари илмӣ-амалӣ!

Дар оғоз ҳамаи Шуморо бо фарорасии фасли баҳор, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод намуда, ба маркази ҷумҳурии зебою хуррамамон хуш омадед мегӯям ва барои иштирок ба шумо ва он нафароне, ки ҷиҳати ташкил ва гузаронидани ин чорабинии муҳим заҳмат кашиданд изҳори миннатдорӣ менамоям. Боварӣ дорам  доир намудани чунин як семинар дар самти ҳамкории кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеа, алалхусус ҷавонон дар мубориза бо падидаҳои номатлуби ҷомеа, алалхусус терроризму экстремизм такони ҷиддӣ гардида, баҳри пешгирии шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва гуруҳҳои ифротгаро, ҳамзамон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.

 
СУХАНРОНӢ

СУХАНРОНИИ

Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Рамазон Ҳамро

дар таҷлили Cоли нави 2015 дар

 қисми низомии 5453-и Қушунҳои дохилии

Вазорати корҳои дохилӣ 

Муҳтарам афсарону сарбозон ва

ҳозирини гиромӣ! 

Фарорасии Соли нави мелодиро ба Шумо табрику таҳният намуда бароятон хушбахтиву хуррамӣ, файзу таровати зиндагӣ ва саодати рӯзгорро таманно менамоям.

 
Суханронии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронии

Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Рамазон Раҳимзода

дар вохӯрӣ бо хонандагони Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ

 ш. Душанбе                             22. 11. 2014 сол

 Муҳтарам ҳозирин,

ҳамкасбон ва хонандагони Коллеҷи милитсия

Қабл аз ҳама шумо шогирдони азиз, курсантони Коллеҷи милитсияро, ки аз аввалин шогирдон ва таҳсилкунандагони ин муассисаи таълимӣ ҳастед, барои мушарраф шудан ба номи баланди курсант самимона муборакбод мегӯям.

 
Табрикоти Вазири корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи Дониш

Суханронии

Вазири корҳои дохилии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Рамазон Ҳамро

дар вохӯрӣ бо афсарон ва курсантони

Академияи ВКД

ш.Душанбе                          01.09.с.2014

 Муҳтарам устодон, афсарон ва курсантони гиромӣ!

Шуморо бо оғози соли нави таҳсил ва ҳамзамон бо фарорасии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, ба шумо комёбиҳои назарраси илмӣ, муваффақият дар ҷодаи таълиму тарбияи курсантон ва саодату сарбаландӣ дар кору рӯзгоратон таманно менамоям.

 
Баромад

Баромади  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия

Рамазон Раҳимзода дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи Конститусияи (Сарқонуни)

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мӯҳтарам ҳамкасбон, собиқадорон ва меҳмонони гиромӣ!

Қабл аз ҳама ташрифи  Шуморо ба толори Вазорати корҳои дохилӣ, ҷиҳати иштирок дар ин ҷашни таърихӣ хайра мақдам мегӯям.

Бо як ҷаҳон арзи сипос ва самимият 20-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо самимона табрику муборакбод намуда, бароятон сиҳату саломатӣ, осмони соф, бахту саодат ва дар таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон муваффақияту комёбӣ таманно менамоям.

Яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият, кабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1994 ба вуқуъ пайваст.  

Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва моддӣ-маишии сокинони кишвар дигаргунӣ ва пешрафтҳои зиёд ба вуҷуд омаданд, ки имрӯз онҳо боиси ифтихор ва сарафрозии сокинони кишвар гардидаанд.

 
Табрикот

Суханронии  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро 

дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба ҷашни 9- май,

Рӯзи ғалаба

Мӯҳтарам ҳамкасбон ва собиқадорон,

иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

ва меҳмонони гиромӣ!

Қабл аз ҳама Шуморо бо фарорасии ҷашни 9-Май, рӯзи Ғалабаи Артиши Шуравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ самимона табрик намуда, ба Шумо саломативу хонаободӣ ва муваффақияту комёбӣ таманно менамоям.

Корнамоиву қаҳрамонии фарзандони миллати тоҷик дар ин ғалаба, нишони олии садоқат ба халқу Ватан ва диёри азизамон буда, моро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, муҳаббат ба обу хоки ин сарзамини муқаддас ва боварӣ ба фардои дурахшон тарбия менамояд.

Воқеан ғалабаи оламшумул дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шуҷоату мардонагӣ, далерӣ ва корнамоии фарзандони тоҷик дарак дода, моро водор месозад, ки аз қаҳрамониҳои падару бобоёнамон  ифтихор намоем.

 
Табрикоти Наврўзӣ

Суханронии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия  Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврўз дар Кохи Ҷомӣ.

Меҳмонони мўҳтарам ва бонувони азиз, ҳамкасбон ва  собиқадорони гиромӣ!

Дар оғози ин ҷаласаи тантанавӣ ҳамаи Шуморо бо фарорасии фасли баҳор, оғози мавсими кишту кор ва эҳёи табиат, соли нави мардуми Машриқзамин яъне Наврўзи ҳуҷаставу фархунда, ки имрӯз меҳмони диёри тоҷикон аст, самимона табрику муборакбод намуда, ба Шумо хушбахтиву саодати зиндагӣ, нишоту хуррамӣ ва файзу баракати рўзгорро таманно менамоям.

Ҷамъ омадани мову Шумо дар ин толори бошукӯҳ аз шарофати омадани Наврӯзи Аҷам ва қудуми мубораки баҳори хуррам ба ин мулки биҳиштосо буда, яке аз суннатҳои ин ҷашни аҷдодӣ - ваҳдату ягонагӣ, муттаҳидӣ ва ҳамдилӣ, имрӯз мову Шуморо  гирди ҳам овардааст.

 
Баромади Вазири корҳои дохилӣ

Баромади

 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия

 Рамазон  Раҳимзода

 бахшида ба рӯзи таъсисёбии кофтукови ҷиноӣ 

Мӯҳтарам ҳамкасбон, собиқадорони гиромӣ ва меҳмонони азиз!

Дар оғози ин ҷамъомади тантанавӣ меҳмонон, ҳамкасбон, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва бахусус кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилиро бо рӯзи таъсисёбӣ самимона табрику таҳният намуда, дар кори масъулиятноку бошараф ва заҳматталабу боифтихорашон барору комёбӣ, муваффақияту сарбаландӣ ва саодату хушбахтиҳои рӯзгорро таманно менамоям.

Мақомоти корҳои дохилиро наметавон бе сохтори кофтукови ҷиноятӣ тасаввур намуд. Зеро асоси фаъолияти ин ниҳоди бонуфузро маҳз ранҷу заҳмати  кормандони кофтукови ҷиноӣ ташкил дода, фаъолияти дигар ҷузъу томҳо аз натиҷаи кори онҳо сарчашма мегиранд.

 
Баромад

Суханронии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Р.Ҳ. бахшида ба рӯзи 21-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам афсарону сарбозон, ҳамкасбон ва меҳмонони гиромӣ!

Дар оғози ин ҷаласаи тантанавӣ,  Шуморо ба муносибати рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, бароятон осомони софу беғубор, осоиши рӯзгор, хотирҷамъӣ ва дар кору зиндагиатон барору комёбӣ таманно менамоям.

Боварӣ дорам, ки афсарону сарбозони Артиши миллӣ ва Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, ки як ҷузъи ҷудонашавандаи он ба шумор мераванд, масъулияти бар душ доштаашонро баҳри ҳифзи марзу бум, амнияти шаҳрвандон ва якпорчагии Ватани азизамон, бо сарбаландӣ иҷро менамоянд.

 
Баромад

Баромади Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия  Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар

Модарону хоҳарони азиз!

Бонувони мӯҳтарам!

Ҳамкасбон ва меҳмонони гиромӣ!

Фарорасии баҳори Аҷам – ин фасли хурраму зебо ва рӯзи Модарро, ки дар оғӯши арӯси сол ҷашн гирифта мешавад,  ба ҳамаи шумо самимона табрику муборакбод намуда, бароятон файзу таровати зиндагӣ, саодату сарбаландӣ, хушбахтӣ ва осоиши рӯзгорро таманно менамоям.

Зан-Модар тимсоли ҳаёт, идомадиҳандаи насли инсон ва наҷотбахши одамон ба ҳисоб рафта, бо ҳузури худ дар зиндагӣ моро рӯҳу тавон мебахшад.

Зан-Модар, ки худ эҷодкор, офаранда ва бунёдгузори ҳастии инсон аст, бубинед ҷашнашон дар айёме сурат мегирад, ки замин низ ҳамчун офаранда табиатро зинда месозад ва ҳама муъҷизоти оламро, гўё аз нав эҳё менамояд, ки аз бузургӣ, тавоноӣ ва қудрати ў шаҳодат медиҳад

 
Сухани ифтитоҳӣ

Сухани ифтитоҳии

Вазири корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро

Роҳбарони ҳайатҳои мӯҳтарам!

Ҳамватанони азиз!

Хонумҳо ва ҷанобон!

Пеш аз ҳама арзи сипоси худро ба ҳамаи шумо барои иштироки фаъолона ва дастаҷамъона дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ бахшида ба мавзӯи «Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ чун яке аз ҷанбаҳои муҳими ҳимояи ҳуқуқи инсон» изҳор менамоям.

Боиси хушнудӣ аст, ки чорабинии имрӯзаи мо бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки аз ягонагии инсон ва табиату кайҳон, инчунин ваҳдати инсоният дарак медиҳад, рост омада истодааст. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш қабл аз ҳама мехоҳам мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳи табиату баҳор, оғози сарсабзиву хуррамӣ, яъне Наврӯзи оламафурӯз, ки имрӯзҳо бо қадамҳои неку мубораки худ дар диёри зебову дилрабои Тоҷикистон фаро гирифта истодааст, самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва умуман мардуми сайёра оромиву осоиш, хушбахтиву комронӣ ва дастурхони пурфайзи наврӯзиро орзу намоям.

 
Суханронӣ

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10.07.с.2014,         шаҳри Душанбе

 Муҳтарам кормандони мақомоти прокуратура, роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ!

 Дар сатҳи Конститутсия давлати демокративу ҳуқуқбунёд эътироф шудани Тоҷикистон, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, ин ҳуқуқу озодиҳо пайгирона татбиқу таъмин карда мешаванд, дастоварди муҳимтарини даврони истиқлол мебошад.

Тоҷикистон оид ба таъмини волоияти Конститутсияву қонунҳо, кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои ҳар шахс ва дар асоси мустақилияту баробарӣ таъмин намудани принсипи таҷзияи ҳокимият ҳамаи тадбирҳои заруриро тибқи меъёрҳои муосир амалӣ мегардонад.

 

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.