Суханронӣ

СУХАНРОНИИ

 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро

дар нишасти матбуотӣ вобаста ба ҷамбасти фаъолияти

мақомоти корҳои  дохилӣ дар соли 2015 

25.01.2016 с.                                                                                                                                                                ш. Душанбе

 Муҳтарам намояндагони

воситаҳои ахбори омма, ҳозирини гиромӣ! 

Қабл аз ҳама барои ҳамкориҳои судманд ҷиҳати инъикоси фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалу кирдорҳои хилофи қонун ва мубориза бо ҷинояткорӣ, ба шумо изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям.  

Боварӣ дорам, имсол низ чун солҳои қаблӣ ҳамкорӣ ва робитаҳои мову шумо низ, бо мақсади таҳкими қонуният, таъмини суботу оромӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, дар ҷомеа тақвият меёбад.

Ҳамагон хуб дарк мекунанд, ки суботу оромӣ ва тинҷиву осудагӣ яке аз омилҳои асосии рушду шукуфоӣ ва пешрафти ҷомеа буда, расидан ба ҳадафҳои созандаю бунёдкорона пеш аз ҳама аз вазъи муътадили сиёсӣ вобастагӣ дорад.

Мақомоти корҳои дохилӣ яке аз пешоҳангони мубориза бо ҷинояткорӣ ва қонунвайронкунӣ, ҳамзамон кафили тинҷиву осоиштагӣ ба ҳисоб рафта, кормандони ин ниҳод дар пайи таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ҷидду ҷаҳд ва ранҷу заҳмати шабонарӯзиро ба харҷ медиҳанд.

Бо мақсади самаранокии фаъолияти хизматӣ ва беҳбудӣ бахшидан ба натиҷаҳои корӣ бо дастгирӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2015 корҳои зиёди бунёдкориву созандагӣ, ҷиҳати беҳдошти шароити моддӣ-маишӣ ва техникӣ ба анҷом расонида шуданд.

Дар соли 2015 дар ҷумҳурӣ 21 ҳазору 585  (2014-19.352) ҷиноят ба қайд гирифта шуда, 2233 адад зиёд аз ин миқдор 19 ҳазору 118 -тои он ошкор карда шудааст. Дараҷаи ошкор кардани ҷиноятҳо 88,5 (2014 - 87,7) фоизро ташкил медиҳад.

Аз маҷмуи ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда ҷинояти

-куштор -121 (2014-107),

-роҳзанӣ - 51 (2014-45),

-ғоратгарӣ-152 (2014-154),

-таҷовуз ба номус - 41 (2014-58),

-қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ - 110 (2014-124),

-авбошӣ -1241 (2014 - 1317),

-қаллобӣ – 3511 (2014-2854),

-ҷиноятҳои иқтисодӣ – 3060 (2014 – 2891) ва

-дуздӣ 4761 (2014 - 3684) ҳолатро, ташкил медиҳанд.

Аз рафти таҳлилҳо бармеояд, ки ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ, таҷовуз ба номус, хариду фурӯши одамон, ғоратгарӣ, авбошӣ кам гардида, ҷиноятҳои куштор, қаллобӣ, дуздӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ  ва ҷиноятҳои иқтисодӣ нисбатан зиёд шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби гурӯҳҳои фаврӣ-тафтишотии таъсисдодаи Вазорат, 634 ҷинояти солҳои пеш содир шуда, аз ҷумла:

-15 - ҷинояти одамкушӣ,

-7-ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ,

-15 - ҳолати муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор,

-275- ҷинояти дуздӣ,

-5- ҷинояти роҳзанӣ,

-97- қаллобӣ,

-11- садамаи нақлиётӣ ва

-209 ҷиноятҳои дигар ошкор карда шуданд.

Мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, экстремизму терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар ин самтҳо натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шудааст.

Дарки баланди масъулиятшиносии кормандони Вазорат имкон дод, ки дар соли гузашта 17 (соли 2014-25) гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ бо аъзогии 132 нафар муайян карда шуд, ки дар содир намудани 247 ҷинояти вазнин даст доштанд.

Ҳамзамон, 835 ҷинояти дорои хусусияти террористиву экстремистидошта ошкор карда шуда, дар натиҷа 247-нафар шаҳрвандон муайяну дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Дар соли сипаригардида 903 нафар аъзоёни ташкилоти экстремистӣ ва террористии:

-“Ансоруллоҳ”,

-“Ҷундуллоҳ”,

-“Ҳизб-ут-Таҳрир”,

-“Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон” ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба кофтукови байналмилалӣ эълон карда шуданд. 

Дар иртибот бо ҳодисаҳои моҳи сентябри соли сипаригардида, дар натиҷаи гузаронидани як қатор амалиётҳои дастаҷамъии сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ 38 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпешаи Назарзода Абдуҳалим безарар ва зиёда аз 200 нафар дастгир  гардида, аз аъзои ин гурӯҳи ҷинояткор миқдори зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ дарёфту мусодира карда шуд. Дар ҷараёни баргузории амалиётҳо алайҳи ин гурӯҳ, мардуми ватандӯст, аҳолӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқро дастгирӣ   ва ҷонибдорӣ намуда, 28 нафар аъзоёни ин гурӯҳи террористиро дастгир ва 11 нафарашон бо таъсири мардум ихтиёран худашонро ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ супориданд.

Фаъолияти самараноки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ин самт имкон дод, ки пеши роҳи содиршавии якчанд амалҳои террористӣ гирифта шуда, аъзоёнӣ ташкилоту гурӯҳҳои ифротгаро дастгир карда шаванд.

Иштирок дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷ, яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб рафта, мақомоти корҳои дохилӣ барои пешгирӣ аз ин амалу рафтори ба ҳаёт ва суботи ҷомеа хатарнок чораҳои судманд меандешад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ 992 нафар  (ВКД-620 нафар) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар задухурдҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷи кишвар махсусан Сурия ва Ироқ ба қайд гирифта шуда, нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Аз ин шумора, 156 нафар дастгир ва дар натиҷаи бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ 61 нафари дигар ба Ватан баргардонида шуда, дар задухурдҳои мусалаҳона 148 нафарашон ҳалок гардиданд. Айни замон аз тарафи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар 699 нафар дар кофтукови расмӣ қарор доранд. Илова бар ин, 1 ҳазору 505 нафар шахсони дар кофтуковбуда дастгир ва 718 нафар шахсони беному нишон гумшуда, муайян карда шуданд.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои тарбиявӣ, вохӯриҳои инфиродӣ бо падару модарон аз 3 ҳазору 233 нафар шаҳрвандон, ки ғайрирасмӣ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, то инҷониб беш аз 3 ҳазор нафар ба Ватан баргардонида шуда, айни замон 228 - нафари дигар боқӣ мондаанд, ки аз ин шумора 57-нафари онҳо дубора ба хориҷа баргаштанд.  

Гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб рафта, дар соли 2015 аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 928  (674-ВКД) ҷинояти вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор ва зиёда аз 2 тонна воситаҳои нашъадор (соли 2014 - 2 тоннаву 806 кг.) мусодира карда шуд, ки ин 43 фоизи маводи мухаддири дар ҷумҳурӣ (4 тоннаву 676 кг) мусодиракардашударо ташкил медиҳад. Дар 20 рӯзи моҳи январ, аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 300 кг маводи нашъадор дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 3060 (2014 - 2891) ҷиноятҳои иқтисодӣ ба қайд гирифта шуд, ки 380 (2014 - 408) ҳолати онро кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ошкор намуданд. Зарари расонидашуда ба буҷаи давлат 110 миллион сомонӣ муайян карда шуда, дар натиҷаи чораҷӯӣ 60 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат барқарор карда шуд.

Ҳамзамон 346 ҳолати худсарона ишғол кардани қитъаи замин ошкор гардида вобаста ба он 85 парвандаи ҷиноятӣ ва нисбати зиёда аз 250 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ оғоз карда шуд.

Бояд таъкид намуд, ки ҷиноятҳои вобаста ба худсарона ишғол кардани қитъаи замин нисбат ба соли гузашта 134 (19,4 фоиз зиёд) ҳолат зиёд гардидааст.

Дар ин давра 27 ҷиноят бо иштироки 30 нафар дар самти қочоқи металҳо ва сангҳои қимматбаҳо муайян ва ошкор карда шуданд, ки аз онҳо ба маблағи беш аз 2 млн сомонӣ сангу металҳои қимматбаҳо (ёқут ва тилло) мусодира карда шуда, ба буҷаи давлат ворид гардид.

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 1994 таҳти № 2 дар соли 2015 зимни гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ ва як қатор тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ имкон дод, ки аз аҳолӣ 1 ҳазору 288 адад силоҳи оташфишон мусодира карда шавад. Миқдори силоҳи аз соли 1994 то инҷониб мусодирагардида, 39 ҳазору 39 ададро ташкил медиҳад.

Дуруст ба роҳ намондани корҳои тарбиявӣ дар оила ва муассисаҳои таълимӣ, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, омӯзишгоҳ ва коллеҷҳо, беназоратии волидон нисбати тақдири фарзандон, сабаби содир намудани ҷиноят аз ҷониби наврасону ҷавонон гардидааст.

Дар доираи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ, як қатор корҳои профилактиву пешгирикунанда гузаронида шудаанд.

Мутаассифона, содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва ҷавонон ташвишовар буда, дар соли сипаригашта аз ҷониби ноболиғон 742 (2014 - 800) ҷиноят ва аз тарафи ҷавонон 5 ҳазору 840 (2014 - 5 ҳазору 341) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Нисбати падару модарон, шахсони онҳоро ивазкунада, инчунин масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки ӯҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд, 12 ҳазору 566 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, тибқи тобеият барои андешидани чораҳои қонунӣ ба мақомоти судӣ ирсол карда шуданд.

Содиршавии ҷиноятҳои ахлоқӣ, аз он шаҳодат медиҳад, ки баъзе занону духтарон бидуни нангу номус ба танфуруши ору номуси худро мефурушанд. Дар соли 2015 дар ҷумҳурӣ 852 ҷинояти ахлоқи (фоҳишагӣ) ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 161 ҳолат коҳиш ёфтааст. Дар ин давра 219 ҳолати ташкил ва нигоҳ доштани фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ ба қайд гирифта шуд. Нисбати 3 нафар занон, ки мубталои каслиҳои сирояткунанда, барои паҳн намудани касалиҳои сирояткунанда, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Ҳодисаҳои роҳу нақлиёт чун ҳамешагӣ боиси нигаронӣ мебошад. Дар ин давра бар асари 1 ҳазору 475 садамаи нақлиётӣ 1 ҳазору 576-нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, 449-нафари дигар ба ҳалокат расидаанд. Дар натиҷаи назорати ҳамарӯзаи ҳаракати нақлиёт зиёда аз 1 миллиону 190 ҳазор ҳолати қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст. Нисбат ба соли гузашта садаманокӣ гарчанде кам гашта бошад ҳам, аммо ташвишовар аст.

Дар ин давра беш аз 4 ҳазор ҳолати вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шуда, барои баррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол карда шудаанд. Ҳамзамон, 564 далели истифодабарии автомашинаҳои давлатӣ аз тарафи хизматчиёни давлатӣ ба манфиати шахсӣ, ошкор карда шуд.

Дар соли 2015 аз тарафи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ санҷиши ҳолати бехатарӣ аз сӯхтор дар 44 ҳазор иншоотҳо гузаронида шуда, нисбати 37 ҳазор нафар роҳбарону масъули хоҷагиҳо ва шахсони алоҳида протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва онҳо ба маблағи 7 миллион сомонӣ ҷаримабандӣ гардиданд.

Ба ин нигоҳ накарда, дар давраи сипаригашта 1413 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, маблағи зарар аз сӯхтор зиёда аз 7 миллион сомониро ташкил дода, маблағи эмин доштан ва наҷот додани молу мулк аз сӯхтор 168 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи сӯхторҳо 20 нафар фавтида, ҳаёти 255 нафар шаҳрванд наҷот дода шуд.

Бо мақсади рафъи оқибатҳои заминларза, ки дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух дод, тибқи дастури Президенти кишвар ба аҳолии зарардида барои расонидани кӯмак ба аҳолӣ 300-нафар кормандон равона карда шуданд.

Инчунин, барои пешгирии хатари обхезӣ, ки дар ноҳияи Шуғнон ба вуҷуд омада буд, аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ  ёрии амалӣ расонида шуд.

Барои таҳкими мунсибатҳои дӯстона дар миёни ҷавонон, алоқаи зич бо ҳамдигар, таъмини ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии Тоҷикистон, ҳамзамон мубодилаи афкор сафари онҳо ба Федератсияи Россия, шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб, Қурғонтеппа ва водии Рашт ташкил карда шуд, ки аз чунин иқдом ҷавонон таассуроти зиёде бардоштанд.

Бо мақсади таъмини шафофият дар фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва инъикоси натиҷаҳои хизматӣ телефони «Боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ, Сомонаи Вазорат, намоишҳои криминалии Маркази матбуот фаъол гардида, арзу муроҷиати шаҳрвандон сари вақт баррасӣ ва натиҷаҳо дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, пайваста инъикос карда мешавад.

Афзудани таваҷҷӯҳи хонандагон ва намояндагони воситаи ахбори умум ба Сомона дар он зоҳир мегардад, ки ҳамарӯза зиёда аз 4000 нафар ба он вориди гардида, аз фаъолияи Вазорати корҳои дохилӣ огоҳ мешаванд. То имрӯз беш аз 1 миллиону 870 ҳазор нафар  муштариён аз дохил ва хориҷи кишвар аз Сомонаи Вазорат истифода карданд.

Тавассути бахши «Саволу ҷавоб» бошад, 143 нафар ба суоли худ посух гирифтанд. Инчунин ба воситаи почтаи электронии Вазорат 117 муроҷиат ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҷониби масъулини Раёсатҳо баррасӣ гардида ҷавоб гардонида шудааст.

Дар ин давра 2 ҳазору 539 хабар тариқи телефони “Боварӣ”-и Вазири корҳои дохилӣ, аз ҷумла 883 хабар нисбати кормандони милитсия, ки аз он 211 хабар тасдиқ шудааст, 1 ҳазору 468 хабар оиди содир гардидани ҳуқуқвайронкунӣ ё ҷиноят, ки 617-тояш тасдиқ гардидааст. Вобаста ба 40 хабари воридгардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Ба воситаи телефони “Боварӣ” инчунин даҳҳо арзи миннатдорӣ ҳам ба роҳбарияти Вазорат ва ҳам ба кормандони алоҳида ворид шудаанд.

Масъалаи риояи интизоми хизматӣ ва қонуният, яке аз омилҳои пешрафти фаъолияти хизматӣ ба ҳисоб рафта, дар соли 2015 58 - нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ даст ба қонуншиканӣ заданд. Инчунин аз тарафи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ, барои дағалона вайрон намудани интизоми хизматӣ, аз мақомоти корҳои дохилӣ 120 нафар ва  аз вазифаи ишғол намудаашон 160 нафар “озод”, инчунин зиёда аз 1700 нафар ба ҷазоҳои гуногуни интизомӣ ҷалб карда шуданд.  

Дар соли 2015 дар баробари анҷом додани корҳои зиёд дар самтҳои асосии фаъолият, инчунин зиёда аз 195 вохӯрию сӯҳбати роҳбарияти Вазорат бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, фаъолони шаҳру ноҳияҳо, ҷавонон ва дигар табақаҳои ҷомеа доир гардида, конференсия, семинару ҷаласаҳо гузаронида шуданд. Инчунин 52 чорабинии варзишӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ барпо гардид, ки варзишгарони мақомоти корҳои дохилӣ соҳиби ҷому мукофотҳои олӣ ва ҷойҳои ифтихорӣ  шуданд.

Аз ҷониби олимону донишмандони соҳаи ҳуқуқ ва дигар соҳаҳои Вазорат 64 китобу маҷалла, нашрияҳои илмӣ-амалӣ, дастури таълимӣ, монография ва барномаҳои таълимӣ ба табъ расиданд.

Бо мақсади тадбиқи «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020» ва «Барномаи ислоҳоти милитсия барои ин давра» аз тарафи гурӯҳи кории байниидоравӣ коркард гардид. Вобаста ба ислоҳоти милитсия 11 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва як қисмати онҳо тасдиқ гардиданд. Бо дарназардошти он, ки яке аз ҳадафҳои стратегии ислоҳоти милитсия ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани фаъолияти милитсия мебошад, аз тарафи гурӯҳи кории Вазорат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» таҳия гардида, лоиҳаи қонуни мазкурро бо ҷалби Шӯроҳои ҷамъиятӣ, коршиносони байналмилалӣ ва миллӣ мавриди коркард ва такмили ҳамаҷониба қарор додем.

Бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо аҳолӣ, баланд бардоштани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирӣ ва ошкоркунии ҷиноято, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон институтҳои «Дружиначиёни ихтиёрӣ» ва «Кормандони ғайриштатии милитсия» барқарор карда шуда, айни замон зиёда аз 16.928 дружиначиён ва 14.734 кормандони ғайриштатии милитсия бо МКД ҳамкорӣ менамоянд. Мунтазам гузаронидани вохӯриҳо бо аҳолии маҳалли хизматӣ оид ба ҳолати ҷинояткорӣ, таҳлил ва муҳокимаи он ба роҳ монда шуда дар ин давра 950 вохӯрӣ доир карда шудааст.

Дар доираи ислоҳоти милитсия бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти шаффоф ва дар ин замина таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шахсони дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда, ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла қисмҳои навбатдорӣ, ҳуҷраҳои пурсиш ва қабулгоҳ-таҳвилгоҳҳои муваққатӣ бо камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шудаанд.

Ба диққататон ташаккур!

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.