Баромад

Баромади

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Рамазон Ҳамро

дар маҷлиси ботантана бахшида ба

             Иди касбии милитсияи тоҷик                  

                         ш. Душанбе                                       10.11.с.2015                                                                                  

Муҳтарам ҳамкасбон, собиқадорон ва меҳмонони гиромӣ! 

Бо арзи эҳтирому самимият ҷашни пурифтихор - Иди касбии кормандони милитсияро ба Шумо муборакбод намуда, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, саодату сарбаландӣ ва дар ин кори бошарафу масъулиятнок барору комёбӣ таманно менамоям. 

Мақомоти корҳои дохилӣ аз рӯзҳои аввали ба фаъолият оғоз намудан, барои таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои хилофи қонун дар сафи пеши муборизаҳо қарор дошт.

Дарки баланди масъулият, самимият ба касби пешакарда ва далерию мардонагӣ дар солҳое, ки вазниниву мушкилиҳо пешорӯи кормандони милитсия буданд,  натавонист азму иродаи онҳоро шиканад. Ба ин душвориҳо нигоҳ накарда, кормандони милитсия масъулияти баланди касбиро бо сарбаландӣ ба ҷой меоварданд.

Маҳз бо дастгириву ғамхории пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ин  муддат мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимод, кафили амнияти дохилии  кишвар ва яке аз фаъолтарин сохтори қудратии давлат мубаддал гардид. Он дар муқовиматҳои шадиди ҷанги шаҳрвандӣ ва мубориза ба муқобили гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша, террористон, қочоқчиёни маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа обу тоб ёфта, таҷрибаи баланди касбӣ пайдо намуд.

Ҳозирини гиромӣ!

Натиҷаи чунин дастгирию ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки садҳо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили истиқоматӣ, қитъаҳои замин ва дигар мукофотҳо таъмин гардида, дар баробари он таҷдиду азвнавсозии  биноҳои маъмурии милитсия, инчунин бо нақлиёт, техникаҳои ҳозиразамон ва сарулибос таъмин намудани ҳайати шахсӣ, роҳандозӣ гардид. 

Дастгириву ғамхории Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати мақомоти корҳои дохилӣ кормандони милитсияро водор месозад, ки масъулияти кориро дучанд намуда, ӯҳдадориҳои хизматиро содиқона ба ҷой оранд.

     Ман бо боварии том гуфта метавонам, ки дар ҷавоби ғамхорию таваҷҷӯҳи Сарвари давлат, тамоми ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ҷидду ҷаҳд ва талошу кӯшиши худро барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини амнияту осоиштагии сокинони мамлакат бо як нангу номуси баланд равона менамоянд.

Танҳо бо дарки баланди масъулият, эҳсоси садоқат ба Ватану миллат ва Сарвари давлат мо метавонем, сулҳу субот ва амнияту осоиштагиро, ки асоси зиндагии арзандаю шоиста ва рӯзгори пурсаодати сокинони кишвар ба ҳисоб мераванд, таъмин намоем.

Бо дастуру супориши Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Иди касбии кормандони милитсия дар сатҳи баланди касбӣ дар тамоми ҷумҳурӣ бо тантана таҷлил карда мешавад ва ин чорабинии фарҳангӣ бо дастгирии Сарвари давлат ва иштироки меҳмонон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, ҳамзамон кормандони милитсия  бо шукуҳи хоса ҷашн гирифта мешавад.

Бори дигар, Шумо меҳмонони гиромиқдарро ба ин ҷаласаи тантанавӣ хайра мақдам гуфта, бо таманниёту орзуҳои нек дар ин рӯзи ҷашн, рӯзи таъсисёбии милитсия ба ҳамаи Шумо ва аҳли хонавода бахту саодат,  рӯзгори ободу зебо ва дар кору зиндагиатон барору комёбӣ орзу менамоям.

Ид муборак ҳамкасбони гиромӣ!

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.