Суханронии Вазири корҳои дохилӣ

Суханронии

 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро

 бахшида ба Рӯзи кормандони оперативӣ 

ш. Душанбе                                                            05.10.2015 с. 

Муҳтарам ҳамкасбон ва собиқадорон,

меҳмонони гиромӣ! 

Қабл аз ҳама дар оғози чорабинии бошукўҳ кормандони Раёсатҳои оперативии Вазорати корҳои дохилӣ ва дар симои онҳо тамоми кормандоне, ки якҷоя бо онҳо ҳамкории муштарак доранд ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ-ро пеш мебаранд, бо  ин рӯзи фаромӯшнашаванда самимона табрик менамоям.

23-уми январи соли 2014, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки «Роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакатро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, инчунин омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё кунем».

     Дар тақвияти суханони Президенти кишвар гуфтаниям, ки мо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҳақиқат дар давраи хеле ҳассоси ҷаҳонишавии равандҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, экстремизми динӣ, савдои одамон, хариду фуруши силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор қарор дорем ва бевосита мубориза ба ин унсурҳои номатлуб аз мо кормандони оперативӣ дониши мукаммали самти оперативӣ, малакаи баланди касбӣ, ҷасурию чолокиро талаб менамояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз ҷиноятҳои  дар қаламрави кишварамон содиргардида, зиёда аз 90 фоизи онҳоро маҳз ба гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ мекушоянд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки кормандони оперативӣ моҳияти ин самтро дар фаъолияти кориашон дуруст дарк кардаанд, ва дар мубориза ба ҷинояткорӣ муваффақ гардидаанд.

Бо ҳамин мақсад, роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми се соли охир бо иштироки кормандони оперативии мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўии ҷумҳурӣ чандин конференсияҳои илмӣ-амалӣ ба ҳамин мавзўъ бахшидаро дар сатҳи баланд гузаронида, дастури таълими, дастурамалу маҷалаҳо ба чоп расонида, пешкаши кормандони оперативии мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ гардонид, ки ҳамаи субъектони ФОҶ дар фаъолияти ҳаррўзаи худ истифода бурда истодаанд.

Баргузории семинарҳои илмӣ-амалӣ дар мавзўҳои гуногуни самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ дар солҳои 2013 - 2015 дар минтақаи Оқтангии ноҳияи Шаҳристон ва Марғоби шаҳри Ваҳдат бо иштироки ҳамаи кормандони оперативии мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, баҳри он равона гардида буд, ки кормандони оперативӣ бо якдигар оид ба фаъолияти кориашон мубодилаи афкор намуда, аз тарзи дуруст дар амал тадбиқ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ байни якдигар ибрози назар намоянд.

Фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ - милитсияро бе ранҷу заҳмати кормандони Раёсатҳои оперативӣ наметавон тасаввур кард. Зеро асоси фаъолияти ин ниҳоди бонуфузро маҳз дӯст доштани ватан, эҳсоси садоқату самимият ба кору вазифа ва эҳтиром ба давлату миллат ташкил дода, пешрафту самаранокии кори дигар ҷузъу томҳо, аз натиҷаи фаъолияти онҳо сарчашма мегирад.

Ман дар китоби худ «Кори гумоштавӣ-оперативӣ», ки соли равон аз чоп баромад, боби алоҳидаро маҳз ба кормандони оперативӣ бахшидаам. Дар он қайд намудаам, ки кормандони оперативӣ бояд дорои чунин сифатҳо бошанд: инсондустӣ, адолатпарварӣ, вазифашиносӣ, ору номус (шараф), виҷдон, интизомнокӣ, масъулиятшиносӣ, ҳисси ифтихор аз касб, сатҳи баланди зеҳну хирад, хотираи хуби босиравӣ, хотираи хуби сомеавӣ (яъне, шунавоӣ), мушоҳидакорӣ, тезфаҳмӣ, нақшофарӣ, таҷассумшавӣ, зирракӣ, ҳушёрӣ, далерӣ, чусту чолокӣ, шуҷоатмандӣ, сипоҳӣ, пуртоқатӣ, қобилияти бартараф намудани таъсири шароити боду ҳаво, гуруснагӣ ва бехобӣ, доштани маҳорати найрангбозӣ, истифодаи тарзу усулҳои ҳилабандии оперативӣ, пешбининамоӣ, қобилияти таҳлил намудани ҳар гуна зуҳурот, доштани ҳусни муошират, қавииродагӣ, принсипнокӣ, ботамкинӣ (яъне, ба эҳсосот дода нашудан), устуворӣ ба ҳар гуна таъсири ҳолатҳои ҳаяҷон ва ғайра.

Дар умум метавон гуфт, ки кормандони оперативӣ таҳкурсии (пойсутуни) иқтидори зеҳнии ФОҶ ба ҳисоб мераванд.

Муборизаи беамон бурдан бо ҷинояткорони хавфнок ва гуруҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор, дастгиру безарар гардонидани ашхоси ҷиноятпеша, аз масъулияти басо муҳиму ҳасос ва хатарнок ба ҳисоб рафта, аз кормандони Раёсатҳои оперативии Вазорати корҳои дохилӣ маҳорату малакаи хуби касбӣ, лаёқату истеъдоди корбарӣ ва дарки баланди масъулиятро тақозо менамояд.

Ҳамкасбони гиромӣ, савол ба миён меояд, ки барои чӣ 5-уми октябрро мо рузи иди тамоми кормандони оперативӣ эълон намудаем, на ин ки танҳо як рўзи кормандони ҷустуҷўӣ ҷиноятӣ (уголовный розыск)! Барои он ки кори тамоми бахшҳои оперативӣ аз фаъолияти ҷустуҷўӣ ҷиноятӣ манша гирифтааст ва, бояд қайд намоям, ки фаъолияти тамоми бахшҳои оперативӣ, баҳри иҷрои як вазифа сафарбар шудаанд.

Агар ба таърихи ташаккули бахши оперативӣ назар созем, мебинем, ки он дар шароити ниҳоят душвор ва мураккаб ба вуҷуд омадааст.

Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ, кормандони оперативӣ новобаста аз мушкилоти моддӣ-маишӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва техникӣ тавонистан манфиатҳои миллии ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистонро ҳимоя ва масъулияти ба зимма доштаашонро сарбаландона иҷро намоянд.

Воқеаҳои ахире, ки аввали моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Ваҳдат ва пойтахти кишвар рух доданд, ин идомаи ҳамон амалу кирдори гуруҳҳои ифротгаро ва ҷинояткор буд, ки аввали солҳои 90-ум ва охири солҳои 2000-ум вазъро дар кишвар ноором сохта буданд.

Дар муқовимати мусаллаҳона алайҳи гуруҳи террористӣ ва ҷинояткори Абдуҳалим Назарзода ва ҳаммаслакони ӯ саҳми кормандонии оперативӣ ва воҳидоти махсуси мақомоти корҳои дохилӣ, ниҳоят назаррас буд. Дар натиҷаи бурдани корҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсатҳои оперативӣ беш аз 100-нафар аъзои гурӯҳ дастгир, 32-нафар безарар ва зиёда аз 650-адад силоҳи оташфишон (КДАМ-14 адад силоҳ), миқдори зиёд тирҳои қутрашон гуногун ва дигар муҳимоти ҷангӣ дарёфту мусодира карда шуд.

Вазъияти ноороми ҷаҳони имрӯза, ҷангу муноқишаҳои дохилӣ ва хатари терроризму экстремизм моро ҳушдорӣ медиҳад, ки дар заминаи фаъолияти дастаҷамъона, ҳамкории самараноки аҳолӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба муқобили ин зуҳуроти ба ҳаёти инсонҳо хатарнок, дар якҷоягӣ мубориза барем.

Душманони давлату миллат мехоҳанд зери ниқоби дини мубини ислом бо роҳандозӣ намудани ақидаҳои ифротгароӣ вазъи сиёсиро халалдор ва ҳадафҳои душманонаи худро амалӣ созанд.

Бояд таъкид намоям, ки ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ муносибат ва умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешаванд.

Ҳаёт борҳо собит намудааст ҳар касе, ки ба муқобили давлату миллат, халқ ва ормонҳои мардуми кишвар мебарояд, оқибат ба нокомӣ дучор мегардад.

Фаъолияти босамари Раёсатҳои оперативӣ имкон дод, ки кушторҳо ва роҳзаниҳои бераҳмонае, ки миёни мардум боиси ҳар гуна овоза ва сарусадо гардида буданд, ошкор карда шаванд. Боздошт гардидании қотилони оилаи Бобоевҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Бурҳоновҳо дар шаҳри Хуҷанд, куштори бародарон Каримовҳо, сокинони ноҳияи Ҳисор ва роҳзании оилаи Содиқовҳо дар шаҳри Душанбе  натиҷаи фаъолияти пурсамари кормандони оперативӣ буд.

Пешгирии амалҳои террористӣ ва дастгир намудани аъзои гурӯҳи муташаккили ҷинояпеша, таҳти роҳбарии Маханов Аламурод, бо тахаллуси «Устод» ва «Ҳазрат», ки роҳбарии «Ҳаракати исломии Узбекистон» - ро дар Тоҷикистон ба ӯҳда дошт, ҳамзамон боздошти шаҳрвандон Бобоҷони Раҷабалӣ, сокини шаҳри Душанбе ва Ҷабборов Садриддин, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо дастуру супориши хоҷагони худ аз давлати Сурия, қасди тарконидани якчанд биноҳои шӯъбаҳои корҳои дохилӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар шаҳрҳои Кулоб, Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро доштанд, барҳам зада шуд.                                                              

Ошкору дастгир намудани гурӯҳи муташаккил, иборат аз сокинони шаҳри Турсунзода, аъзоёни гуруҳи террористии «Мусулмонони солеҳ», ки қасди тарконидани Ширкати Алюминийи тоҷик, биноҳои маъмурии Ҳукумат, прокуратура, КДАМ ва дигар иншоотҳоро доштанд, натиҷаи заҳмати кормандони оперативӣ буд, ки пеши роҳи содиршавии актҳои террористӣ гирифта шуд.

Муомилоти ғайриқонуни воситаҳои нашъадор аз масъалаи доғи рӯз ба ҳисоб рафта, ҳамасола бо талошу кӯшиш ва ранҷу заҳмати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, бахусус шӯъбаву Раёсатҳои оперативӣ ҳазорҳо килограмм маводи мухаддир аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира карда мешавад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳар сол зиёда аз 50 фоиз маводи мухадирае, ки дар ҷумҳури мусодира карда мешавад, ба МКД рост меояд.

Барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбӣ дар соли 2014 ва нуҳ моҳи соли ҷори беш аз 300 нафар кормандони оперативӣ ба хориҷи кишвар сафар намуда дар курсҳои омузиши, конференсияҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳо иштирок намуданд.

Инчунин баҳри баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ ва нерӯи зеҳнии кормандони ин соҳа, соли гузашта озмун бо иштироки кормандони оперативии Раёсатҳо ва шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамзамон сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар баргузор гардид, ки ғолибон бо тӯҳфа ва мукофотҳо қадршиносӣ карда шуданд.

Бо мақсади боло бурдани мавқеи онҳо нишони сарисинагии «Корманди беҳтарини оперативӣ» бо маблағи пулӣ таъсис дода шуд, ки ҳар нафари онро соҳиб гардида, аз имтиёзҳои зиёд, аз ҷумла барои ба вазифаҳои баланд таъин гардидан, хона гирифтан, ҷиҳати иштирок дар конференсия, Мизи мудаввар ва сӯҳбату вохуриҳо ба хориҷи кишвар сафар кардан имконият медиҳад.

Дар соли 2014 ва соли ҷорӣ садҳо нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, бахусус оперативӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумла ордену медал, нишони сарисинагӣ, ифтихорнома, тӯҳфаҳои пулию молӣ сарфароз гардиданд.

Танҳо дар амалиёти ахир алайҳи гуруҳи мусаллаҳи ҷинояткорӣ Абдуҳалим Назарзода, беш аз 600 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо ордену медал, туҳфаҳои пулӣ ва рутбаҳои баланди ҳарбӣ қадршиносӣ гардиданд.

Боварӣ ва эътимоди зиёд дорам, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз дастгириву ғамхории роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, рӯҳбаланд гардида, масъулияти бар душ доштаашонро содиқона ва сарбаландона иҷро менамянд.

Бори дигар, ҷашни кормандони оперативиро ба шумо табрику таҳният намуда, бароятон саломатӣ, рўзгори осуда, осмони софу беғубор ва дар кору фаъолияти заҳматталабу боифтихоратон барору комёбӣ, таманно менамоям.   

Ид муборак кормандони шӯъбаву Раёсатҳои оперативӣ! 

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.