Баромад

Суханронии

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро

дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии

Ҷумҳурии Тоҷикистон 

10. 09.с. 2015                                                      ш. Душанбе 

Меҳмонони азиз ва ҳамкасбони гиромӣ,

муҳтарам собиқадорон!

Дар ин санаи таърихию ҷашни бошукӯҳ ва барои тоҷикистониён хотирмон, шумо ва дар симои ҳар яки шумо тамоми мардуми сарбаланди диёри азизамонро бо 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, бароятон саодати рӯзгор, оромиву  осудагӣ,  файзу баракати зиндагӣ ва барору комёбиҳои нав ба навро таманно менамоям.

Истиқлолият барои ҳар як давлату миллат, алалхусус мо тоҷикон аз беҳтарин дастовард, арзиши олии давлатдорӣ ва нангу номуси ватандорӣ мебошад.

Маҳз бо талошу кӯшишҳои пайгирона, хизмату заҳмати устуворона ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикону тоҷикистониён ба ҳадафу мақсади ниҳоии худ, ки аз бунёди  ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва як давлати аз нигоҳи сиёсӣ орому осуда ва муътадил иборат буд, расиданд.

Ба хотири таҳкими амнияту оромии шаҳрвандон, мубориза бо дастаҳои  муташаккили ҷинояткор ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин рафъи хатару таҳдидҳои душманони миллат беш аз 2000 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷони худро аз даст доданд, ки хотираи неки онҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

Дар суханрониҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз ранҷу заҳмати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ёдовар гардида, ба фаъолияти шабонарӯзии кормандони ин ниҳод баҳои баланд медиҳанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таъмини шароити моддӣ ва маишии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, бо дастгириву ғамхории Сарвари давлат садҳо бинову иншотҳои мақомоти корҳои дохилӣ азнавсозӣ ва тармиму таҷдид гардиданд.

Мутаасифона воқеаҳое, ки рӯзҳои охир рух доданд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки бархе аз душманони мо аз муваффақияту пешрафти давлати мо шод нестанд. Онҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд суботу оромиро халалдор ва ба раванди рушду инкишофи ҷомеа монеъ шаванд.

Ҳуҷуми мусаллаҳонаи гуруҳи ҷинояткори Абдуҳалим Назаров, ки дар натиҷа якчанд нафар кормандони милитсия ҳалок ва захмӣ гардиданд, хиёнат ба давлату миллат, мардуми тараққихоҳи кишвар ва ватани ободу зебо мебошад.

Ҳангоми ҳуҷуми мусаллаҳона кормандони милитсия  вазифаҳои хизматии худро содиқона иҷро намуда, сари вақт чораҳои зарурӣ андешиданд.

Ман ба наздикону пайвандони кормандони милитсия, ки ҳангоми адои вазифа ҷони худро аз даст доданд, изҳори тассалият менамоям. Хотираи неки онҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

Аз ин рӯ мо бояд ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва нагузорем, ки ашхоси бадсиришту хиёнаткор оромиву осоиштагӣ ва зиндагии бомароми  моро халалдор  созанд.

Боварӣ дорам, истиқлолияти кишварамон абадан пойдор монда, мо ҳамагон барои таҳкими он ва пешрафту тараққиёти Ватани азизамон саҳми худро мегузорем.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо ифтихору самимияти беандоза бори дигар Шуморо бо ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, бароятон рӯзгори ободу ҳаёти хуррамона, хушбахтии оилавию саодати рӯзгор ва дар кору фаъолияти ҳамарӯзаатон барору комёбӣ таманно менамоям.           

Бо фармони Президенти кишвар се нафар кормандони милитсия соҳиби рутбаи баланди генералӣ ва 31-нафар бо ордену медалҳо қадршиносӣ гардиданд.

Бо фармони ман бошад, 380 нафар кормандони милитсия қадршиносӣ гардиданд.           

Ташаккур ба диққататон! 

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.