Баромад

Баромади

 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода 

дар нишасти матбуотӣ бо иштироки хабарнигорони ВАО-и

 Ҷумҳурии Тоҷикистон 

    ш. Душанбе                                                         25.07.2015 с 

Муҳтарам намояндагони расонаҳои хабарии кишвар,

ҳозирини гиромӣ! 

Барои иштироки фаъолона дар нишасти матбуотии имрӯза, ки дар он натиҷаҳои хизматии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва саҳми онҳо дар таъмини суботу оромӣ баррасӣ мешаванд, изҳори сипос менамоям.

Ҳамзамон ҷиҳати ҳамкории судманд дар инъикоси фаъолияти кормандони милитсия дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, ки шумо мунтазам инъикос менамоед, миннатдории худро баён намуда, боварӣ дорам, ки ҳамкории наздики мову шумо дар оянда низ, идома хоҳад ёфт.

Натиҷаи ҳамкорӣ ва дастгирии шумо буд, ки фаъолияти кормандони милитсия дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва дастовардҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар воситаҳои ахбори умум ба таври васеъ пайваста инъикос ва дастраси мардум гардиданд.

Камбудӣ ва эроду танқидҳо низ дар саҳифаҳои матбуот ҷой доштанд ва объективона фаъолияти моро дар ин ҷода дарҷ намуданд.

Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон” аз тарафи роҳбарияти Вазорат зиёда аз 27 ҳазору 600 муроҷиати шаҳрвандон дар самтҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, корҳои шиносномадиҳӣ, раводид ва бақайдгирӣ, тафтишот, кадр ва кофтукови ҷиноӣ қабул карда шуда, мавриди чораҷӯӣ қарор гирифт.

Тариқи телефони “Боварӣ" бошад 1232 хабар оид ба содиршавии ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкуниҳо ва арзу шикояти шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  611 (2014- 621) муроҷиат зиёд мебошад. Ин аз шаҳодат медиҳад, ки сол аз сол робитаи кормандони милитсия бо аҳолӣ беҳтар гардида, онҳо бештар оиди ҳалли мушкилоту масъалаҳои ба миёнмеомада, ба мо муроҷиат менамоянд.

Муроҷиати шаҳрвандон бештар оиди баргардонидани пулӣ қарз,  содиршавии ҷиноятҳои дуздӣ, авбошӣ, лату кӯб ва арзи миннатдорӣ ба кормандони милитсия ба қайд гирифта шудаанд.

Дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 10 ҳазору 411 (2014-9309) ҷиноят ба қайд гирифта шуда, аз он 9151 тояш ошкор гардидааст. Кушодашавии ҷиноятҳо 94,3 фоизро ташкил медиҳад.

Аз ин миқдор 2 ҳазору 203 (2014-1976) ҳолатро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ 51 ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шуда, 1 ҳолати он дар ШВКД дар ноҳияи Ҳисор нокушода боқӣ мондааст.

(3 апрели соли 2015, дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Ҳисор, дар канори рости роҳ ҷасади зани тахминан 20-25 сола, бо аломатҳои марги маҷбурӣ, бо роҳи буғӣ кардан, дарёфт карда шуд.)

Аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар дар ин давра 12 (соли 2014-14) гурӯҳи муташаккил дар ҳайати 100 (соли 2014-61) нафар дар содир намудани 208 (соли 2014-98) ҷиноят муайян ва дастгир карда шуданд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 88 - нафар  аъзои ташкилотҳои террористиву экстремистии «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон» - 24 нафар, «Ансоруллоҳ» - 14, «Ҳизб-ут-Таҳрир» - 2, «Салафия» - 25, «Ҷабҳат-ан-Нусра» - 3, ва «Давлати исломӣ (Давлати исломии Ироқу Шом)» - 18 нафар барои содир намудани 133 ҷинояти хусусияти террористиву экстремистӣ дошта, дастгир гардиданд.  

Ҳамин тариқ дар маҷмуъ 415 ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистдошта муайян ва ошкор карда шуд, ки он ба муқобили амнияти давлату миллат ва ҳаёти шаҳрвандон равона карда шуда буд.

Санаи 03.07.2015 сол, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯӣ дар бозори «Корвон» шаҳрванд Бобоҷони Раҷабалӣ, 21.11.1990 соли таваллуд, зодаи шаҳри Кӯлоб, (суроғаи мувақаттиаш шаҳри Душанбе, кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон хонаи 13), ки ҳамчун соҳибкор дар бозори зикршуда ба хариду фурӯши либосҳои кӯдакона машғул буд, дастгир гардид.

Ҳаммаслаки ӯ - шаҳрванд Ҷабборов Садриддин, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ҷамоати Зайнабобод, низ боздошт гардид.

Дар натиҷа маълум гардид, ки номбурдагон ба ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» шомил шуда, ба ҷалб намудани ҷавонон барои иштирок дар задухурдҳои мусалаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ дар давлати Сурия машғул шуда, ба воситаи дарёфти силоҳи оташфишон ва 10-ҳо адад балонҳои оксиген мақсад доштанд, ки якчанд шӯъбаҳои корҳои дохилиро тарконанд.

Дар ин давра 407 ҷинояти мансуб ба хариду фурӯши одамон ва 5 ҷиноят дар самти амнияти иттилоотӣ ошкор гардид.

Аз 22(2014-17) ҷинояти роҳзанӣ 19 ва аз 68 (2014-87) ҷинояти ғоратгарӣ  61-ҳолати он кушода шудааст.

Ҳодисаи таҷовуз ба номус нисбат ба соли гузашта кам гардида, дар ин давра 16 ҳолат (2014-22) ба қайд гирифта шудааст, ки онҳо пурра ошкор гардидаанд.

Содиршавии ҷинояти дуздии амволи ғайр низ нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфта, аз 2 ҳазору 741 (2014- 1903) ҷинояти дуздӣ, 1 ҳазору 556- тояш кушода шудааст.

Ҷинояти қаллобӣ низ, нисбатан зиёд гардида, дар ин давра 1 ҳазору 902 (2014-1606) чунин ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 596 ҳолат зиёд мебошад. Аз ин 1 ҳазору 826 ҳолат ошкор гардидааст.

Мубориза алайҳи гардиши ғайиқонунии маводи мухаддир яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб рафта, аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар дар ин давра беш аз 2 ҳазору 666 (2014-3287) кг маводи нашъаовар мусодира карда шудааст. Аз ин миқдор зиёда аз 1 тоннаву 377 (2014-1193) килограммро кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мусодира намуданд, ки ин 51,6 (2014-47,5) фоизи маводҳои нашъадори дар миқёси ҷумҳурӣ гирифташударо ташкил медиҳад.

Дар ин давра 20 - ҳолати қочоқи металҳо ва сангҳои қимматбаҳо нисбати 30 - нафар ошкор карда шуда, аз онҳо ба миқдори 332 грамм металли қимматбаҳои тилло бо арзиши 63 ҳазору 707 сомонӣ ва 194 грамм сангҳои қиматбаҳои навъи ёқути сурх бо арзиши 68 ҳазору 816 сомонӣ мусодира карда шудааст.

Аз аҳолӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1052 (2014-985) адад силоҳи оташфишони ғайриқонунӣ (аз аввал то ба имрӯз 38 ҳазору 803адад силоҳу лавозимоти ҷангӣ) дарёфт ва мусодира карда шуд.

Дар ин давра аз 3 ҳазору 79 нафар шахсони дар кофтуков қарордошта, 844 нафари онҳо муайян ва дастгир карда шуда, 2 ҳазору 235 нафар мавриди кофтуков қарор доранд.

Аз 677-нафар шахсони беному нишон гумшуда 410-нафарашон дарёфт карда шуда, 277-нафари дигар дар кофтуков боқӣ монданд.

Дар самти ошкор намудани ҷиноятҳои солҳои пешин дар ин муддат аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 431 ҷиноят ошкор карда шудааст. (То имрӯз беш 25 ҳазор  ҷиноятҳои солҳои пешин нокушода боқӣ мондааст.)

Вобаста ба иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 15 ҳолати  таълимоти ғайриқонунии динӣ, ки дар онҳо 37 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 29 нафар ноболиғон бидуни иҷозатномаи мақомоти давлатӣ ба фаъолияти илмӣ-динӣ машғул буданд, ошкор карда шуд.

            Ҳамзамон, 178 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таълимоти ҳатмӣ муайян  ва ба қайд гирифта шуд. Қисмати зиёди донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар ба таҳсилоти ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шудаанд, ба ватан баргардонида шуда, айни замон 196-нафар боқӣ мондаанд. 

Дар ин давра аз ҷониби ноболиғон 422 (соли 2014 - 468) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46 ҳолат камтар мебошад.

Аз тарафи ҷавонон бошад 3063 (соли 2014-2594) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Дар муқоиса бо соли гузашта 469 ҳолат зиёд гардидааст, ки боиси ташвиши ҷомеа гардидааст.

Дар ин давра 326 ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳолат зиёд буда, 181 нафарашонро мардон, (20 нафар ноболиғ) ва 145 нафарро занон, (33 нафар ноболиғ) ташкил медиҳанд.

Вақтҳои охир беаҳмиятӣ ва беназоратӣ дар нисбати кору амали ноболиғону ҷавонон сабаби рух додани ҳодисаҳои нохуш дар кӯлу дарёчаҳо ва фавтидани одамон мегардад, ки ин хело ташвишовар мебошад. Ҳавои гарми имсола боиси зиёд гардидани сатҳи об дар ҳавзу дарёчаҳо шуда, дар ин давра дар натиҷаи 103 ҳодисаи ғарқшавӣ 109 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд, ки 62 нафари онҳо ноболиғон мебошанд.

Дар самти ҷиноятҳои вобаста ба ахлоқ, фоҳишагӣ ва даллагӣ дар ин давра 2 ҳазору 66 нафар занони бадахлоқ муайян карда шуданд, ки 51 нафари онҳоро ноболиғон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон дар ҷумҳурӣ 157 фоҳишахона ба қайд гирифта шудааст, ки 76 - тои он дар шаҳри Душанбе мебошад.

Дар соли равон дар ҷумҳурӣ 642 (2014-596) ҳодисаи нақлиётӣ, ки 163 ҳолати он садамаи марговар мебошад, ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа 196 нафар ҳалок (2014-187) ва 688 (2014-735) ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.

Қисмати зиёди садамаҳои нақлиётӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанноқ, 46 ҳодисаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 28 нафар ҳалок ва 58 нафар маҷрӯҳ гардиданд.

Дар роҳи автомобилгардиДушанбе-Турсунзода 26 ҳодисаи роҳу нақлиёт ба вуқуъ пайвастааст, ки дар натиҷа 20 нафар ҳалок ва 43 нафар маҷрӯҳ гаштанд.     Дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Қурғонтеппа-Панҷи Поён, дар натиҷаи 31 ҳодисаи роҳу нақлиёт 12 нафар ҳалок ва 36 нафар маҷрӯҳ гардидаанд.

Сабабҳои асосии ба вуқуъ пайвастани садамаҳои нақлиётӣ ва бархӯрии онҳо дар роҳҳои мазкур, пеш аз ҳама ин аз тарафи ронандагон риоя нагаштани талаботҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла баланд намудани суръати ҳаракати нақлиёт, баромадан ба самти муқобили ҳаракат, вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ, истифодаи нодурусти таҷҳизотҳои равшанидиҳанда ба ҳисоб мераванд.

Дар натиҷаи гузаронидани як қатор рейдҳои мақсаднок 350 далели истифодаи нақлиёти давлатӣ ба манфиати шахсӣ, 1176 ҳолати аз меъёри муқарраршуда зиёд истифодаи воситаи нақлиёт дар тӯйю маъракаҳои арӯсиву домодӣ ва 130 далели бо автомашинаҳои шахсӣ ба дарс омадани донишҷӯён ошкор карда шудааст.

Таҳлилҳои ҳодисаҳои роҳу нақлиёт нишон медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд намудани суръати ҳаракат - 19 ҳазору 613 ҳолат, идора кардани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ - 2446 ҳолат, дар ҳолати мастӣ - 252, бо оинаҳои сиёҳ-156 ҳолат, ба амал овардани вазъияти хавфнок - 244 ҳолат ва дигар қоидавайронкуниҳо зиёд ба қайд гирифта шудааст.  

Бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор, инчунин таъмини риояи қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, аз тарафи масъулини хадамоти давлатии оташнишонии Вазорат зиёда 44 ҳазор иншоотҳо ва беш аз 394 ҳазор манзилҳои истиқоматӣ санҷишҳои ҳолати бехатарӣ  аз  сӯхтор  гузаронида шуданд.

Дар  шаш моҳи соли ҷорӣ 546 (2014-603) ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 13  нафар (2014-23) ҳалок ва 20 (2014-17) нафар ҷароҳати бардоштанд.Маблағи зарар зиёда аз 1 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бо талошу кӯшишҳои ин ниҳод наздик ба 65 миллион сомонӣ молу ашё аз сӯхтор эмин нигоҳ дошта шуд.

Дар соли сипаригардида аз тарафи 29 нафар (соли 2014 - 25) корманди мақомоти корҳои дохилӣ 39 (соли 2014 - 25) ҷиноят содир гардидааст. Ҳамчунин барои риоя накардани қонуният ва интизоми хизматӣ 977 (соли 2014-1074) нафар ба ҷазои интизомӣ ҷалб карда шуда, аз ин 186 (2014-294) нафар аз мақомот озод карда шуданд.  

Барои даст ба қонунвайронкунӣ задан, сардори Маркази худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт “Шаҳри бехатар” майори хизмати дохилӣ Гиёзода Собирҷон аз вазифаи ишғолнамудааш, сардори шуъбачаи оператории Маркази номбурда, капитани милитсия Бобоев Алишер ва муҳандиси ин шуъба лейтенанти милитсия Бобохонов Камолиддинхон аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуданд. Онҳо аз мансаби худ сӯистифода намуда бо мақсади ғайриқонунӣ иваз намудани иттилооти компютерӣ, ки дар махзани Маркази “Шаҳри бехатар” нигоҳ дошта шудааст, бо роҳи сохтакорӣ соҳибмулкони воситаҳои нақлиётро аз пардохти маблағи ҷарима қисман озод намудаанд.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва омӯзиши таҷрибаи муосир 37 китоби таълимии методӣ ва мақолаҳои илмӣ ба чоп расонида, 115 нафар кормандони мақомот дар ҷаласаҳо, курсҳо, семинарҳо, мизи муддавар ва дигар чорабиниҳое, ки дар қаламрави кишвар баргузор гардиданд иштирок варзида, 61 нафари дигар ба хориҷи кишвар сафар карда, зиёда аз 450 нафар ба истироҳатгоҳҳои «Баҳористон», «Уротеппа», «Ҳавотоғ» ва осоишгоҳҳои «Садбарг», «Шифо» ва «Сипар» равон карда шуданд.

Инчунин, ба собиқадорон, нафақахӯрон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои кормандони дар вақти адои хизмат фавтида, маъюбон, нобиёнон ва бепарасторон ба маблағи зиёда 1 миллиону 260 сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

Муҳтарам намояндагони  Воситаҳои ахбори омма!

Ин буд, шарҳи мухтасари натиҷаҳои фаъолияти корӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои ғайриқонунӣ, ки дар ин давра ба қайд гирифта шудаанд.

Ба диққататон ташаккур!

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.