Баромад

Баромади

Вазири корҳои дохилӣ

генерал-лейтенанти милитсия

Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар мавзӯи

«Ҳамкории милитсия бо ҷомеа: кор бо Шӯроҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма» 

Муҳтарам хонумон ва ҷанобон!

Муҳтарам меҳмонон!           

Пеш аз ҳама иҷозат диҳед, бори дигар ҳамаи иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, ба Сафири Иёлоти муттаҳидаи Амрико – хонум Сюзан Эллиотт ва иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон – ҷаноби Шон Марк Гриви барои кӯмакҳои машваратӣ, техникӣ ва молиявӣ, ки ҷиҳати баланд бардоштани инфраструктураи мақомоти корҳои дохилӣ, сатҳи касбият ва маърифати ҳуқуқии кормандони милитсия мусоидат мекунанд, миннатдории худро баён намоям.

Инчунин коршиносони байналмилалиро, ки дар ин чорабинӣ иштирок менамоянд, хайрамақдам мегӯям.

Вобаста ба ислоҳоти милитсия Вазорати корҳои дохилӣ аллакай як қатор корҳоро амалӣ карда истодааст, аз ҷумла «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013‐2020» «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020» ва Нақшаи амаликунонии он қабул карда шуд.

Дар заминаи ислоҳоти милитсия дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории зич бо ҷомеа, мушовири Вазири корҳои дохилӣ оиди кор бо ҷомеа ва дар назди сардорони ШВКД дар шаҳру ноҳияҳо воҳиди кории ёрдамчии сардор оид ба ҳамкорӣ бо созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷорӣ карда шуд. Дар Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ Телефони боварии Вазир таъсис дода шудааст, чунин телефонҳои «Боварӣ» дар Раёсатҳои минтақавии Вазорати корҳои дохилӣ низ амал мекунанд, ки ба воситаи онҳо ҳар сол зиёда аз 1000 арзу муроҷиатҳо ворид мегарданд.

Илова бар ин, сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ низ дар ин самт фаъолият намуда, дар соли 2014 ва се моҳи соли ҷорӣ 88 арзу шикоятҳо ва дархостҳои шаҳрвандон, ки ба воситаи сомона ворид гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.  

Қабули шаҳрвандон дар Дастгоҳи марказӣ ва дар ҷойҳо бевосита аз ҷониби роҳбарони аввал ба роҳ монда шудааст. Бо дастури бевоситаи Роҳбари Давлат қабули шаҳрвандон дар ҳамаи минтақаҳои кишвар аз ҷониби ман амалӣ гардида истодааст, ки шаҳрвандон метавонанд арзу муроҷиати худро озодона иброз намоянд.

Дигаргунсозии системаи таълим дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба тайёр намудани кормандони касбӣ, тарзи қабул, баланд бардоштани савияи дониш ва мукаммалсозии системаи таълимӣ дар базаи Академияи мазкур, тарзи қабули шаҳрвандон (довталабон) ба ин муассисаи таълимӣ ва ба ин раванд ҷалб намудани аҳли ҷомеа барои шаффофияти  тарзи қабули довталабон, яке аз ҳадафҳои асосии ислоҳот ба ҳисоб меравад.

Бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, сохтмони бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ оғоз гардид, ки дар он тамоми шароитҳо барои таҳсили донишҷӯён муҳайё карда мешавад.

Барои ба ҳадафҳои стратегии ислоҳоти милитсия расидан аз ҷониби мо дар ҳамаи маркази вилоятҳо утоқҳои кории махсус барои аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия ҷудо карда шуд, ки мувофиқи нақшаи якҷоя бо Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ин биноҳо таъмиру тармим карда шуда, бо таҷҳизотҳои компютерӣ ҷиҳозонида мешаванд.

Чи хеле, ки Шумо тариқи васоити ахбори омма огаҳ ҳастед, дар давоми як моҳи охир дар тамоми вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва минтақаҳои Кӯлобу Рашт интихоботи Раис, муовин, Роҳбари Гурӯҳи корӣ ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия баргузор гардид. Аз фурсат истифода бурда, ҳамаи Шуморо барои интихоб шуданатон бо ин мақоми бонуфузи ҷамъиятӣ табрик мегӯям ва барои фаъолияти минбаъдаи пурсамар ва хайрхонаи Шумо ҷиҳати барпо намудани робитаи мустаҳкам миёни милитсия ва ҷомеа муваффақиятҳо орзумандам.

Бояд тазаккур дод, ки дар заминаи таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ ба аъзоёни он ваколатҳои бевосита дода шудааст, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ иштироки фаъолона дошта бошанд ва ҳар лаҳза метавонанд фикру ақидаҳои хешро ба самъи роҳбарияти Вазорат ва ҷамъият расонанд ва бо ин роҳ дар пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳиссагузор бошанд.

Бо дастгирии Сафоратхонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қаламрави ҷумҳурӣ системаи «комюнити – полисинг» яъне Марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа созмон дода шуд, ки айни замон шумораи онҳо ба 30-адад мерасад ва натиҷаи хуб ҳам оварда истодааст. Тибқи «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020» чунин шӯроҳо бояд дар тамоми Шуъбаҳои корҳои дохилӣ ташкил карда шавад. Айни замон мо Низомномаи чунин шӯроҳоро коркард намуда истодаем, ки пас аз муҳокима бо ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Дар фаъолияти марказҳои таъсис гардида, аъзоёни фаъоли ҷомеа, шахсони обрӯманди деҳот ва маҳалҳо, инчунин адвокатҳо, ходимони илму адабиёт ва ғайраҳо шомил мебошанд, ки ин фаъолиятро минбаъд бояд Шумо роҳбаладӣ намоед.

Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ барои дастгирии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, махсусан нозирони минтақавӣ ва милитсионерони посбониву пайраҳадорӣ нақши муҳим доранд. Ин барои пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат мекунад.

Ҳозирини гиромӣ, мо кормандони милитсия дар оянда ният дорем, ки тибқи Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 дар мисоли кишварҳои пешрафтаи Аврупо дар Тоҷикистон системаи нави ҳамкории милитсияро бо аҳолӣ  ҷорӣ намоем, агар ин пешниҳод аз ҷониби  кишварҳои донор дастгирӣ ёбад, фикр мекунам, ки ҳамаи нақшаҳои стратегии милитсияи тоҷик ба зудӣ дар амал тадбиқ мегарданд.

Дар навбати худ Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо Шумо - муҳтарам аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ ҷиҳати  баланд бардоштани обрӯю нуфуз ва мақому манзалати милитсия ва ташаккули фаъолияти кормандон дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳамаи чораҳоро меандешад.

Ташаккур ба диққататон!

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.