Суханронии Вазири корҳои дохилӣ дар семинари илмӣ-амалӣ бо иштироки ҷавонон

Суханронии

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро

дар Семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи

«Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ»

02.04.2015 сол                                                                                     ш. Душанбе

Ҳамкасбон ва меҳмонони гиромӣ,

муҳтарам иштирокчиёни Семинари илмӣ-амалӣ!

Дар оғоз ҳамаи Шуморо бо фарорасии фасли баҳор, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод намуда, ба маркази ҷумҳурии зебою хуррамамон хуш омадед мегӯям ва барои иштирок ба шумо ва он нафароне, ки ҷиҳати ташкил ва гузаронидани ин чорабинии муҳим заҳмат кашиданд изҳори миннатдорӣ менамоям. Боварӣ дорам  доир намудани чунин як семинар дар самти ҳамкории кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеа, алалхусус ҷавонон дар мубориза бо падидаҳои номатлуби ҷомеа, алалхусус терроризму экстремизм такони ҷиддӣ гардида, баҳри пешгирии шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва гуруҳҳои ифротгаро, ҳамзамон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.

Бо мақсади ба амал баровардани сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, ҷиҳати баланд бардоштани мавқею мароми ҷавонон дар ҷомеа мо ҷавононро аз шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Бадахшони кӯҳӣ, Суғд, минтақа ва ноҳияи Рашт, Кӯлоб ҳамзамон ноҳияҳои тобеи марказ барои иштирок дар семинари мазкур даъват намудем.

Дар чорабинии имрӯза Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Марҳабо Ҷабборӣ,  Раисони Кумитаи варзиш, сайёҳӣ ва кор бо ҷавонон Аҳтам Рустам, Кумитаи  оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Сулаймон Давлатов, раиси Кумитаи кор бо занон  ва оила Хидирзода Мағфират Умар, инчунин намояндагони Прокуратураи генералӣ, Вазоратҳои мудофиа, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин дигар идораву сохторҳо ширкат доранд, ки ташрифи онҳоро хайра мақдам мегуям.

Мавзӯе, ки дар семинар баррасӣ мегардад аз ҳар ҷиҳат муҳим буда, ҷавонон бо ҳиссагузорӣ дар пешрафти ҳаёти ҷомеа, нақши худро дар пешбурди сиёсати давлатӣ боз ҳам мустаҳкам мекунанд.

Ҳамкории мо бо ҷавонон дар мубориза бар зидди ифротгароӣ, умуман ҷинояткорӣ яке аз самтҳои фаъолияти хизматӣ ба ҳисоб рафта, дар ин замина корҳои зиёдеро мунтазам анҷом медиҳем.

Терроризм ва экстремизми байналхалқӣ дар ҷаҳони муосир аз масъалаҳои доғи рӯз ва нигароникунанда ба шумор рафта, ин хатари даҳшатзову марговар сокинони сайёра ва мардуми сулҳхоҳи дунёро ба ташвиш овардааст. Мутаасифона ҳамарӯза дар як қатор кишварҳои дунё, ки ноамнӣ ҳукмрон аст, бар асари таркишу содир кардани амалҳои террористӣ садҳо нафар аз аҳолии осоишта ҷони худро аз даст дода, ҳамчунин захмиву маъюб мегарданд.

Вақте ба мафҳуми терроризму экстремизм назар мекунем,  мебинем, ки зери он чӣ қадар даҳшату ваҳшоният, қатлу куштор ва харобию вайронӣ ниҳон аст.

Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти харобовар дар таълимгоҳҳо, муассисаҳои илмӣ, идораву корхонаҳо ва маҳалҳо вохӯрии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷавонон, донишҷӯён, талабагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва аҳли ҷомеа ба роҳ монда шудааст, ки ба онҳо вобаста ба натиҷа ва пайомади шомилшави ба узвияти ин гуна гурӯҳҳо, сӯҳбату вохӯриҳо доир карда мешаванд.

Бинобар сабаби сатҳи пасти донишу маърифат,  сустии таълиму тарбия ва беназоратии волидон дар оила, бархе аз ҷавонон таҳти таъсири андешаву ақидаҳои гуруҳҳои ифротгаро қарор гирифта, ҳаёти худро дар хатар мегузоранд.

Дар давоми се соли охир садҳо нафар аъзоёни гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ошкору муайян ва даҳҳо нафари дигар бо гуноҳи содир кардани ҷиноят дастгир карда шуданд.

Агар дар соли 2012, дар миқёси ҷумҳурӣ 33 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дастгир шуда бошанд, дар солҳои 2013-2014 ва 3 моҳи аввали соли ҷорӣ 225 нафар барои содир намудани 549 ҷиноятҳои раванди террористӣ ва экстремистӣ дошта муайян ва боздошт гардиданд.

Мутаасифона вақтҳои охир баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба доми фиреби гурӯҳҳои ҷиноятпеша афтода, бо баҳонаи ҷиҳод кардану соҳиби сарвату мол гардидан, рузгори осудаву ором, ватани ободу зебо, волидайн ва ҳамсару фарзандони худро тарк намуда, дар кишварҳои хориҷ дар шароити вазнину ғайриинсонӣ ва дар хорию зорӣ, алайҳи дигарон меҷанганд.

Дар барномаҳои телевизионӣ мо бархе аз онҳоро нишон додем, ки чи хел аз волидайни худ рӯй гардониданд, ё ҳодисаи охирине, ки дар расонаҳо пахш гардиданд куштори як нафар духтар (Фархунда) аз Афғонистон аз дасти гурӯҳҳои ифротгаро, ки хеле нанговар аст.

Айни замон дар давлати Сурия беш аз 200-нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳайати гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар муқовиматҳои мусаллаҳона иштирок менамоянд. Теъдоде аз онҳо несту нобуд шуда, гурӯҳҳои дигар бинобар сабаби пойбанди хоҷагони манфиатҷӯй гардидан, наметавонанд аз доми фиреби онҳо раҳоӣ ёбанд.

Аксар он ҷавононе, ки дар минтақаҳои ноороми кишварҳои хориҷ меҷанганд, маълумоти пурра ва саводи дуруст надошта, мавқеъи худро дар ҷомеа гум карда, рӯзгори худро бо машғул шудан ба амалу рафтори номатлуб, корҳои беҳуда ва бадахлоқӣ гузаронидаанд. 

Ташвишовар ва нигаронкунанда аст, ки бархе аз ҷавонони раҳгумзада дар баробари ба гирдоби  ҷанги бемаънӣ афтодан, инчунин ҳамсару фарзандони худро ба кишварҳои ҷангзада даъват намуда, ҳаёти онҳоро низ дар хатар мегузоранд. Бо талошу кӯшишҳои мо пеши роҳи ба давлати Сурия ва Ироқ рафтани якчанд нафар занону духтарон гирифта шуд.

Гарчанде дар Тоҷикистон ба хотири амнияту осоиштагӣ ва ободию шукуфоӣ фаъолияти чунин ҳизбу ҳаракатҳо тибқи қонун манъ шуда бошад ҳам,  ҷои таасуф аст, ки ҷавонони моро гурӯҳҳои ифротгаро бо ваъдаи маблағҳои ночизе, ки ба ивази ҷони онҳо дода мешавад, гумроҳ менамоянд.

Дар ду соли охир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  чандин далели гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ муайяну ошкор карда шуданд.

Пайомади ҳама гуна ҷангу низоъ ва ихтилофоту кашмакашиҳо хунрезӣ ва харобӣ мебошад. Даъват ба ҷиҳод алайҳи ҳамдигар, миёни мардуми як қавм ва як дину оин ба ҷуз манфиатҷӯӣ, хусумату ихтилофҳои мазҳабӣ дигар чизе беш нест. Ин ҷавонон, ҳамон гурӯҳҳои раҳгумзадае мебошанд, ки барои иҷрои фармони хоҷагони хориҷии худ худро қурбон месозанд. 

Феълан бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ба мо муяссар гардид, ки чандин нафар ин гуна ҷавонони ба доми фиреб афтодаро аз ин роҳи хато баргардонида, ба тарзи ҳаёти солим ва зиндагии дуруст раҳнамоӣ намоянд.

Тибқи таҳлилҳо шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ дар вилояти Суғд аз ҳисоби сокинони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Спитамен, Б.Ғафуров ва Ашт бештар ба назар расида, чунин тамоюли афзоиш дар шаҳру ноҳияҳои Кулоб, Қубодиён, Бохтар, Шаҳритуси вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор Шаҳринав ва Душанбе низ ба мушоҳида мерасад.

Дар соли 2014 ва 3 моҳи аввали соли 2015,  144 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар воҳидҳои мусаллаҳ ва муқовиматҳои ҷангии давлатҳои Сурия ва Ироқ, ҷумҳуриҳои Исломии  Афғонистон ва Покистон иштирок доштанд, муайян гардида, 12 нафари онҳо дастгир карда шуданд. Нисбати ҳамаи онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбати 34 нафари дигар ҷустуҷӯи байналхалқӣ эълон карда шудааст.

Ин зуҳуроти даҳшатзо даҳсолаҳои ахир дар тамоми гӯшаву канори дунё мардуми рӯшанфикру озодипарастро ба ташвиш овардааст.

Дар баробари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ инчунин мардуми равшанфикр, ватандӯсту тараққипарвар ва сулҳхоҳро зарур аст, ки бо ин амалу кирдорҳои ваҳшиёна  ва ғайриинсонӣ дар мубориза бошанд ва нагузоранд, ки душманони давлату миллат бо амалу корҳои зишт ва ғайриинсонӣ вазъро ноором ва ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор созанд.

Ба ҷавононе, ки имрӯз дар ин семинар иштирок доранд, муроҷиат карда таъкид менамоям, ки Шумо нерӯи тавоно ва қувваи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб меравед. Имрӯз бо дастгирӣ ва ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ аз қабили кору таҳсил, ҳунаромӯзӣ, машғул гардидан ба варзиш фароҳам оварда шудааст. Шумо бо донишу маърифат ва ҳунари худ метавонед дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва илмӣ-фарҳангии кишвар мавқеи назаррас дошта бошед.

Аз ин рӯ Шумо бояд ба боварии Сарвари давлат сазовори ин сарзамин, халқу миллат бошед ва дар рушду тараққиёти Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузоред.

Муҳтарам меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!

Боварӣ дорам, Семинари илмӣ-амалии имрӯза барои бадоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои олии давлату миллат ва азиз доштани ин Ватан, давлат миллат ва сарзамини ободу зебо мусоидат намуда, ҳар як шаҳрванди кишварро водор месозад, ки баҳри таъмини суботу оромӣ, осудагиву осоиштагӣ ва рушду шукуфоии сарзамини аҷдодидамон талошу кӯшиш намояд.

Боварӣ дорам, ин нангу номуси баланди ватандӯстиву ватанпарвариро ҳар яке аз ин ҷавонони нишаста. сазовор ҳастанд.            Аз ин нишаст истифода намуда бо ҳам дӯст, рафиқ ва дастгири ҳамдигар дар роҳи созандагӣ, пешрафту тараққиёти ҷомеа, тинҷву амонии давлат, саҳмгузор бошем.

Ба шумо дар идомаи кори Семинар муваффақият мехоҳам.

Матни шарҳи шумо…

Захисний код
Аз нав

Видео

Ҳафтаномаи «Қонун ва Ҷомеа»

ФОҶ дар давраи таърихӣ ва муосир

Китоби Оперативно-розыскная деятельность: история и современность (Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: таърих ва замони муосир)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаиТоҷикистон, бо забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад.

Дар китоб масъалаҳои таърихи ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони кӯҳан ва муосир, ки то ҳоло дар илми ҳуқуқшиносӣ инъикос нагардидаанд, дарҷ ёфтаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Китоби тозанашри Вазири корҳои дохилӣ


Китоби Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ)-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро – Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, бо забони муоширати байни миллатҳо – забони русӣ ба тозагӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин тартиби пешниҳод намудани натиҷаҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба муфаттишон, мақомоти таҳқиқ, прокурорҳо ва судҳо баррасӣ гардидаанд.

Китоби мазкур барои омӯзгорон, адъюнктантҳо, шунавандагон, курсантҳо ва кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардидааст.

Нашри сеюми китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»

Китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо назардошти талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии навин омода гардида, ҷабҳаҳои умумии ин намуди фаъолияти ҳуқуқиро фарогир мебошад.

Китоби мазкур ба хотири пешбурди соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба омӯзгорон, аспирантҳою адъюнктон, донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, ҳимоячиҳо ва инчунин шаҳрвандон пешкаш мегардад. 

Телефони 1919

Бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони пайвасткунандаи 1919 ба тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Шаҳрвандон метавонанд бо ин рақам ба воситаи телефонҳои мобилӣ, (GPRS, CDMA), хонагӣ, корӣ, занг зада, ба Раёсатҳо, Шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави кишвар пайваст шуда, арзу шикоят, дархост ва маълумоти худро расонанд.

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Низомномаи 

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин намудани иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар ҷараёни ислоҳоти милитсия созмон дода шуда, доир ба ин мавзӯъ назардошту пешниҳоди аҳли ҷомеа ва шаҳрвандони алоҳидаро ҷиҳати татбиқунонӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ вобаста ба ҳамкории милитсия бо ҷомеаро ба маълумоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидан ва ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ, инчунин назорати ҷамъиятӣ аз рафти ислоҳоти милитсия, таъсис дода шудааст.

Оид ба истифодабарии итилооти сомона

Ҳамаи маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ воситаҳои ахбори омма, дар серверҳои шабакаҳои интернетӣ ё ин, ки дар ҳама паҳнкунандаҳо бе  ягон мамоният бо андоза ва мӯҳлати нашр, метавонанд истифода бурда шаванд.

Истифодаи маводҳо ба ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, шабакаҳои радиоӣ, телевизионӣ, сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ иҷозат дода мешавад. Шарти ягонаи истифодабарии маводҳои Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани сарчашмаи аввалияи мавод мебошад (www.mvd.tj  www.vkd.tj).

Барои нашр ва чопи маводҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқаи пешакӣ талаб карда намешавад.

Хабарнигори фаврӣ

Дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ» (новобаста аз шаҳрвандӣ) таъсис дода шуд, ки шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

 «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber, WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии (+ 992) 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ця електронна адреса захищена від спам-ботів. вам потрібно увімкнути JavaScript, щоб побачити її.   истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.